Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2007, № 511 "Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 № 175"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 № 175

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба банди 1 Нақшаи инфиродии реструктуризатсияи Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" барои солҳои 2007-2008, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 № 175 "Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи инфиродии реструктуризатсияи Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" тасдиқ шудааст, зербанди 1.2. бо мазмуни зайл илова карда шавад:

+----+----------------------+----+---------------------+-------------ҷ
|1.2.|Таҳия ва ба Ҳукумати  |2007|Кумитаи марказии     | Бо мақсади  |
|    |Ҷумҳурии Тоҷикистон   |    |Ташкилоти ҷамъиятии  | эҳёи        |
|    |пешниҳод намудани     |    |мададгори мудофиаи   | хавопаймоии |
|    |лоиҳаи санади         |    |Ҳукумати Ҷумҳурии    | хурд ва     |
|    |Ҷумҳурии Тоҷикистон   |    |Тоҷикистон,          | мубориза ба |
|    |барои истифодаи ройгон|    |Кумитаи давлатии     | муқобили    |
|    |ба Кумитаи марказии   |    |сармоягузорӣ ва      | ҳашароти    |
|    |Ташкилоти ҷамъиятии   |    |идораи амволи        | зараррасони |
|    |мададгори мудофиаи    |    |давлатии Ҷумҳурии    | соҳаи       |
|    |Ҷумҳурии Тоҷикистон   |    |Тоҷикистон,          | кишоварзӣ   |
|    |гузаронидани          |    |Корхонаи воҳиди      |             |
|    |фурӯдгоҳҳое, ки дар   |    |давлатии ҳавопаймоии |             |
|    |ноҳияҳои Қумсангир,   |    |"Тоҷик Эйр",Вазорати |             |
|    |Фархор, Мир Сайид     |    |нақлиёт ва           |             |
|    |Алии                  |    |коммуникатсияи       |             |
|    |Ҳамадонӣ ва Шаҳритус  |    |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |             |
|    | воқеъ мебошанд.      |    |мақомоти иҷроияи     |             |
|    |                      |    |махаллии ҳокимияти   |             |
|    |                      |    |давлатӣ              |             |
+----+----------------------+----+---------------------+-------------+

2. Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Қумсангир, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Шаҳритус вазифадор карда шаванд, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида ҳуҷҷатҳои заминсозиро нисбати ин фурӯдгоҳҳо тайёр намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 1 октябри соли 2007 № 511

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 апреля 2007 года №175

В соответствии со статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. В пункт 1 Индивидуального плана реструктуризации Государственного унитарного авиационного предприятия "Таджик Эйр" на 2007-2008 года утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 апреля 2007 года №175 "Об утверждении Индивидуального плана реструктуризации Государственного унитарного авиационного предприятия "Таджик Эйр" дополнить подпункт 1.2. следующего содержания:

+----+-------------------+------------------------------+------------ҷ
|1.2.|Подготовка и       |2007   Центральный Комитет    |В целях     |
|    |представление в    |       Общественной           |возрождения |
|    |Правительство      |       организации содействия |малой       |
|    |Республики         |       обороне Республики     |авиации и   |
|    |Таджикистан проекта|       Таджикистан,           |борьбы с    |
|    |акта Правительства |       Государственный        |вредителями |
|    |Республики         |       комитет по инвестициям |в отрасли   |
|    |Таджикистан о      |       и управлению           |сельского   |
|    |передаче на        |       государственным        |хозяйства   |
|    |безвозмездное      |       имуществом Республики  |            |
|    |пользование        |       Таджикистан,           |            |
|    |Центральному       |       Государственное        |            |
|    |комитету           |       унитарное авиационное  |            |
|    |Общественной       |       предприятие "Таджик    |            |
|    |организации        |       Эйр", Министерство     |            |
|    |содействия обороне |       транспорта и           |            |
|    |Республики         |       коммуникации           |            |
|    |Таджикистан        |       Республики             |            |
|    |аэропортов,        |       Таджикистан, местные   |            |
|    |находящихся в      |       исполнительные органы  |            |
|    |Кумсангирском,     |       государственной власти |            |
|    |Фархорском, Мир    |                              |            |
|    |Сайид Али          |                              |            |
|    |Хамадонском и      |                              |            |
|    |Шахритусском       |                              |            |
|    |районов            |                              |            |
+----+-------------------+------------------------------+------------+

2. Обязать Агентство по землеустройству, геодезии и картографии при Правительстве Республики Таджикистан, местные исполнительные органы государственной власти Кумсангирского, Фархорского, Мир Сайид Али Хамадонского и Шахритусского районов подготовить в установленном порядке документы землеустройства по этим аэропортам.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                Э.Рахмонов

от 1 октября 2007 года № 511

 г. Душанбе