Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2012, № 156
тасдиқ шудааст
Тартиби пардохти ҷуброни зарар ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар натиҷаи мусодира ва нобуд кардани ҳайвонот ва маҳсулоти аз ҳайвонот истеҳсолшудаи барои саломатии ҳайвонот ва инсон хатарнок
1. Муқаррароти умумӣ
1. Мутобиқи моддаҳои 3 ва 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи байторӣ" яке аз принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи байторӣ, ҷуброни арзиши ҳайвонот ва маҳсулоти он маҳсуб меёбад, ки бинобар ба саломатии ҳайвонот ва инсон хатар доштанаш аз тарафи мақомоти назорати давлатии байторӣ мусодира карда мешавад.
2. Тартиби пардохти ҷуброни зарар ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар натиҷаи мусодира ва нобуд кардани ҳайвонот ва маҳсулоти аз ҳайвонот истеҳсолшудаи барои саломатии ҳайвонот ва инсон хатарнок (минбаъд-Тартиб) мутобиқи талаботи моддаҳои 3, 4 ва қисми 3 моддаи 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи байторӣ" муайян гардида, тартиби ягона ва шартҳои ҷуброни зарари дар натиҷаи мусодира ва нобуд кардани ҳайвонот ва маҳсулоти аз ҳайвонот истеҳсолшудаи барои саломатии ҳайвонот ва инсон хатаррасонидашударо муқаррар менамояд.
3. Зарари зикршуда ба андозае, ки комиссияи таъсисдодаи мақоми ваколатдори давлатии байторӣ бо риояи талаботи Тартиби мазкур муайян менамояд, пардохт карда мешавад.
4. Пардохти ҷуброни зарари мазкур аз ҳисоби Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксуғурта" тибқи тартиби муқарраргардида ба шарте, ки шахси воқеӣ ё шахси ҳуқуқӣ бо ташкилоти номбурда шартномаи суғуртавӣ дошта бошад ва пардохти маблағи суғуртавӣ пеш аз ошкор шудани бемории сироятӣ ба суратҳисоби филиали суғурта ворид шуда бошад, амалӣ мегардад.
5. Ҷуброни зарари мазкур ва ҳамчунин хароҷоти марбут ба кашонидан бо нақлиёт, забҳ намудани чорво ва гузаронидани чорабиниҳои безараргардонӣ, ба истиснои маблағи аз ҷониби ташкилоти давлатии суғурта пардохтгардида, аз ҳисоби "Фонди чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ" пардохта мешавад.
6. Ба фурӯш расонидани гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ ва дигар маҳсулоти аз ҳайвоноти гирифтори бемориҳои брутселлёз ва сил истеҳсолшуда дар нуқтаҳои савдо пас аз коркарди саноатӣ ва гирифтани хулосаи мақомоти байтории шаҳр (ноҳия) иҷозат дода мешавад.
7. Забҳи ҳайвоноти мусодирашудаи гирифтори бемории брутселлёз ё сил танҳо дар саллоҳхонаҳои дорои аттестатсияи байторию санитарии шароити истеҳсолии аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии байторӣ додашуда иҷозат дода мешавад.
8. Маҳсулоти мусодирашудаи ҳайвоноти барои саломатии ҳайвонот ва инсон хатарнок барои коркард ва безараргардонӣ ба корхонаҳои коркарде супорида мешавад, ки аз аттестатсияи байторию санитарии шароити истеҳсолӣ гузаштаанд.
2. Муайян намудани андозаи зарар
9. Арзиши аслии ҳайвонот ва маҳсулоти мусодирашудаи чорво мутобиқи маълумоти ҳисоботии баҳисобгирии хоҷагӣ ё вазни ҳайвонот дар рӯзи забҳи маҷбурӣ ё фавти бо санади таҳиянамудаи комиссияе, ки мувофиқи Тартиби мазкур тасдиқ гардидааст, бо дарназардошти нархҳои бозорӣ муайян карда мешавад ва ҷуброни зарари расонидашуда ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ аз рӯи ҳисоби ба як сар ҳайвони мусодирашуда ва 1 киллограм маҳсулоти хоми аз ҳайвонот истеҳсолшуда, амалӣ карда мешавад.
3. Шартҳои пардохти ҷуброни зарари расонидашуда
10. Қарор дар бораи пардохти ҷуброни зарари мазкур аз ҷониби комиссия бароварда мешавад.
Комиссия бо пешниҳоди сарнозири давлатии байтории шаҳр (ноҳия) бо фармоиши ташкилоти дахлдори шаҳрии (ноҳиявии) мақоми ваколатдори давлатии байторӣ, ки барои барҳам додани манбаи бемориҳои сироятии хавфнок масъул мебошад, ташкил карда шуда, аз намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақоми Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, нозири давлатии байтории маҳалли дахлдор ва соҳиби чорво иборат аст.
11. Барои баровардани қарори комиссия дар бораи пардохти ҷуброни зарари расонидашудаи мазкур инҳо асос шуда метавонанд:
- санадҳо дар бораи мусодира ва нобуд кардани ҳайвонот ва маҳсулоти аз ҳайвонот истеҳсолшуда, ки аз ҷониби аъзои комиссия ба имзо расидаанд;
- хулосаи санҷиши озмоишгоҳи байторӣ, ки дар натиҷаи ташхис ё гузаронидани муоинаи байторию беҳдоштии объектҳои таҳти назорати байторӣ дода мешавад;
- супориши хаттии нозири давлатии байтории шаҳр (ноҳия) дар бораи мусодира кардани ҳайвонот ва маҳсулоти аз ҳайвонот истеҳсолшуда барои саломатии ҳайвонот ва инсон хатарнок мебошанд;
- шартномаи суғуртавии шахси воқеӣ ё шахси ҳуқуқӣ бо ташкилоти дахлдор ва ҳуҷҷатҳое, ки ба суратҳисоби филиали суғурта пеш аз ошкор гардидани бемории сироятӣ ворид шудани пардохтҳои суғуртавиро тасдиқ менамоянд;
- шиносномаи байтории чорво бо нишон додани рақами инфиродӣ, гузаронидани чорабиниҳои ҳатмии зиддиэпизоотикии чорво (ташхис, эмгузаронӣ);
- расиди (квитансияи) пардохти арзиши маҳсулоти коркардшудаи ҳайвоноти барои саломатии ҳайвонот ва инсон хатарнок дар корхонаҳои коркард (сехҳои ҳасиббарорӣ) ва корхонаҳои коркарди ашёи хоми ҳайвонот.
12. Ҷуброни зарари мазкур дар ҳолати аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ риоя нагардидани ӯҳдадориҳои муқарраркардаи моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи байторӣ" пардохт намешавад.
4. Тартиби пардохти ҷуброни зарар
13. Баррасии ҳуҷҷатҳоро, ки барои пардохти ҷуброни зарари мазкур асос мебошанд, ташкилоти байтории шаҳрии (ноҳиявии) мақоми ваколатдори давлатии байтории барои барҳам додани манбаи бемориҳои сироятии махсусан хавфнок масъул амалӣ менамояд.
14. Ташкилоти давлатии байтории шаҳр (ноҳия), ки барои барҳам додани манбаи бемориҳои сироятии махсусан хавфнок масъул мебошад, оид ба корҳои (хизматрасониҳои) анҷомдода бо нишондоди маблағе, ки бояд ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои ҷуброни арзиши ҳайвонот мусодира ва нобуд кардашуда, маҳсулоти аз ҳайвоноти сироятёфтаи истеҳсолшуда, бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, ки дар Тартиби мазкур нишон дода шудаанд, ба мақоми ваколатдори давлатии байторӣ санад пешниҳод менамояд.
15. Баъди аз мақоми ваколатдори давлатии байторӣ ворид гардидани маблағҳои зарурӣ барои корҳои (хизматрасониҳои) анҷомдода оид ба барҳам додани манбаи бемориҳои сироятии хавфноки брутселлёз ё сили ҳайвонот ва гирифтани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти зарари расонидашуда аз ташкилоти суғуртаи маҳалли дахлдор, ташкилоти давлатии байтории шаҳр (ноҳия) дар мӯҳлати даҳ рӯз ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ қисми пардохтнагардидаи ҷуброни зарари расонидашударо пардохт менамояд.
16. Ҷуброни арзиши ҳайвонот ва маҳсулоти аз ҳайвонот истеҳсолшудаи мусодира ва нобуд кардашуда ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ аз ҷониби ташкилоти давлатии байтории шаҳр (ноҳия), ки барои барҳам додани манбаи бемориҳои сироятии махсусан хавфноки ҳайвонот масъул аст, бо пешниҳоди қарори комиссия мувофиқи Тартиби мазкур амалӣ карда мешавад.