Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012, № 811 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 "Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 191; с. 2011, №6, мод. 453), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд :

1. Ба банди д) қисми 1 моддаи 11 баъд аз калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои ", сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ" илова карда шаванд.

2. Дар моддаи 12:

- дар банди д) қисми 1 аломати нуқта ба аломати нуқта вергул ";" иваз карда шавад;

- ба қисми 1 банди е) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"е) бо парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки вобаста ба онҳо санадҳои судӣ эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, инчунин бо парвандаҳои қатъгашта ё маводе, ки оид ба онҳо аз оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шудааст, бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи маълумотҳое, ки дорои сирри давлатӣ, тафтишотӣ, тиҷоратӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда мебошанд, шинос шуда, аз онҳо маълумоти заруриро рӯйнавис ё нусхабардорӣ кунад.";

- қисми 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"3. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад дар иҷлосияҳо, ҷаласаҳои якҷоя ва алоҳидаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ иштирок намояд.";

- қисмҳои 4 ва 5 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"4. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё бо супориши хаттии ӯ корманди Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ доранд бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисҳои тамоми марҳилаҳои судӣ, аз ҷумла маҷлисҳои пӯшидаи судӣ иштирок намоянд.

5. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон метавонад оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шахсоне, ки бинобар вазъи саломатӣ ё дигар сабабҳои узрнок қобилияти мустақилона истифода бурдани воситаҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои худро надоранд, ба суд ва ё дигар мақомоти дахлдори давлатӣ муроҷиат намояд, аз ҷумла аризаи даъвогӣ пешниҳод кунад.".

3. Дар моддаи 22:

- дар банди б) аломати нуқта ба аломати нуқта вергул ";" иваз карда шавад;

- банди в) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"в) ба мақомот ва шахсони мансабдори ваколатдори давлатӣ оид ба қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ҳуқуқи инсон ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо пешниҳод ирсол намояд.";

- матни модда қисми 1 ҳисобида, қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон метавонад ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати додани тавзеҳоти дастурӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон муроҷиат намояд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

16 апрели соли 2012 № 811

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 29 феврали соли 2012, № 708

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                М.Убайдуллоев

ш. Душанбе, 29 марти соли 2012 № 284

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ УПОЛНОМОЧЕННОМ ПО ПРАВАМ ЧЕЛОВЕКА В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 20 марта 2008 года "Об Уполномоченном по правам человека в Республике Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №3, ст. 191; 2011 г., №6, ст. 453), следующие изменения и дополнения:

1. Пункт д) части 1 статьи 11 после слов "Республики Таджикистан" дополнить словами ", структур гражданского общества".

2. В статье 12:

- в пункте д) части 1 знак точки заменить знаком точки с запятой ";";

- часть 1 дополнить пунктом е) следующего содержания:

"е) ознакомиться с уголовными, гражданскими, семейными, экономическими делами и делами об административных правонарушениях, судебные решения по которым вступили в законную силу, а также с прекращенными делами или материалами, по которым отказано в возбуждении уголовных дел с соблюдением требований законодательства Республики Таджикистан о защите информации, которая содержит государственную, следственную, коммерческую или иную тайну, охраняемую законом, выписывать из них необходимые сведения или снимать с них копии.";

- часть 3 изложить в следующей редакции:

"3. Уполномоченный по правам человека вправе участвовать на сессиях, совместных и раздельных заседаниях Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, а также на заседаниях Правительства Республики Таджикистан и других государственных органов.";

- дополнить частями 4 и 5 следующего содержания:

"4. Уполномоченный по правам человека или по его письменному поручению сотрудник Аппарата Уполномоченного по правам человека с соблюдением требований законодательства Республики Таджикистан вправе присутствовать на заседаниях судов всех инстанций, в том числе на закрытых судебных заседаниях.

5. Уполномоченный по правам человека может обратиться в суд или другие соответствующие государственные органы, в том числе с исковым заявлением в защиту прав и свобод лиц, которые по состоянию здоровья либо по другим уважительным причинам не способны самостоятельно использовать правовые средства защиты своих прав.".

3. В статье 22:

- в пункте б) знак точки заменить знаком точки с запятой ";";

- дополнить пунктом в) следующего содержания:

"в) обратиться в компетентные государственные органы и к компетентным должностным лицам с предложением о принятии нормативных правовых актов, связанных с правами человека или внесении изменений и дополнений к ним.";

- текст статьи считать частью 1 и дополнить частью 2 следующего содержания:

"2. Уполномоченный по правам человека может обратиться в Верховный Суд Республики Таджикистан и Высший экономический суд Республики Таджикистан для дачи руководящих разъяснений по вопросам прав человека.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 16 апреля 2012 года, № 811

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об Уполномоченном по правам человека в Республике Таджикистан"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об Уполномоченном по правам человека в Республике Таджикистан".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан Ш. Зухуров

г. Душанбе, 29 февраля 2012 года, №708

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об Уполномоченном по правам человека в Республике Таджикистан"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об Уполномоченном по правам человека в Республике Таджикистан", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об Уполномоченном по правам человека в Республике Таджикистан".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан М.Убайдуллоев

г. Душанбе, 29 марта 2012 года, №284