Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "3" апрели соли 2012 № 143
тасдиқ шудааст
Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ барои солҳои 2012-2015
1. Қоидаҳои умумӣ
1. Ташаккулёбии арзишҳои демократӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, гузаронидани ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, инкишоф ва рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои муҳими низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани самтҳои асосӣ ва тарзу усулҳои такмили қонунгузорӣ тибқи принсипҳои давлатӣ соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ талаб менамояд, ки Барномаи мазкур таҳия гардида, рушд ва инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2015 таъмин карда шавад.
2. Сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона равона карда шудааст, ки ин аз моҳияти моддаи 1 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз мазмуну мундариҷаи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд. Аз ин рӯ, дар шароити дигаргунсозиҳои демократӣ нақш ва мавқеи ҳуқуқ дар танзими ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва давлатию ҷамъиятӣ устувор мегардад, ки ҳамаи ин тавассути таҳия ва қабули қонунҳо амалӣ карда мешавад.
3. Таъмин ва иҷрои қонунҳои амалкунанда бе пешгӯӣ ва рушди қонунгузорӣ ғайриимкон аст. Барномаи давлатӣ оид ба тадбиқ ва амалӣ гардонидани консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ барои солҳои 2012-2015 (минбаъд - Барнома) дар асоси мазмуну мундариҷаи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011, № 1021 тасдиқ шудааст, қабул карда мешавад.
2. Асосҳои ҳуқуқӣ ва молиявии Барнома
4. Асоси ҳуқуқии Барномаро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилии эътирофнамудаи Тоҷикистон, қонунгузории амалкунанда, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи пешгӯии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда ташкил менамояд.
5. Асоси молиявии Барномаро маблағҳои аз тарафи буҷети давлатӣ ҷудошаванда, инчунин маблағҳое, ки аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдори дар Барномаи зикршуда ҷудо карда мешаванд, ташкил медиҳанд.
6. Маблағҳои аз тарафи вазорату идораҳои дахлдор ҷудошаванда дар доираи чорабиниҳои пешбининамудаи Барномаи мазкур, бо мақсади татбиқи самараноки ин чорабиниҳои ҳуқуқӣ, истифода бурда мешаванд.
3. Мақомоти татбиқкунандаи Барнома
7. Дар раванди татбиқи Барномаи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.
8. Ташкилотҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ҷамъиятии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда дар татбиқ намудани Барнома ҳамчун ҳамоҳангсоз ҳамкорӣ менамоянд.
4. Мақсадҳои асосии Барнома
9. Мақсади асосии Барномаи мазкур баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо ва татбиқи самарабахши онҳо дар ҳаёти ҷомеа буда, ба чунин мақсадҳо равона карда шудааст:
а) вобаста ба рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ба талаботи замон мутобиқ гардонидани қонунгузории амалкунанда;
б) дар ҷараёни мураттабсозии қонунгузорӣ ворид намудани талаботи санадҳои байналмилалӣ;
в) аз байн бурдани мухолифатҳои қонунгузорӣ ва таъмини мувофиқатии фазои ягонаи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5. Чорабиниҳо баҳри татбиқи талаботи Барнома
10. Бо мақсади такмили қонунгузорӣ дар низоми қарздиҳию молиявӣ андешидани тадбирҳои зерин зарур аст:
а) навсозии методологияи ташаккул ва иҷрои буҷет, батартибдарории санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои буҷетӣ ва қабули Кодекси буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои бонкӣ дар доираи санади ягона - Кодекси бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) такмили минбаъдаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҳангоми баррасӣ ва қабули тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намудани ислоҳоти қонунгузории андоз дар самтҳои:
- истифодаи муносибати тафриқанок дар андозбандии объектҳои таъиноти гуногун;
- навсозии усулҳои ҳисобҳо, механизм ва принсипҳои ситонидани андозҳо аз арзиши иловашуда, барои фоида аз шахсони ҳуқуқӣ, аксизҳо, андоз аз даромади шахсони воқеӣ, андоз аз истифодабарандагони қаъри замин;
- батартибандозии меъёрҳои мухталифи танзими пасткунии андоз, пардохтҳо, боҷҳо ва озодкунӣ аз онҳо;
- барҳам додани таҷрибаи озодкунӣ аз андозҳо бо дарназардошти ҷорӣ намудани меъёрҳои камтарин дар қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон.
г) фароҳам овардани шароит барои ташаккули минбаъдаи қонунгузорӣ, ки муносибатҳоро дар соҳаи аудити молиявӣ, муомилоти қоғазҳои қимматнок, аз ҷумла саҳмия, вексел, сертификати бонкӣ, коносамент, нархгузорӣ, инчунин сиёсати давлатии зиддиинҳисориро танзим мекунанд.
6. Татбиқи талаботи Барнома
11. Бо мақсади иҷрои мундариҷа ва муқаррароти Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Барномаи мазкур Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои Барномаи давлатии рушди қонунгузорӣ дар соҳаи молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ барои солҳои 2012-2015 таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
Ниг.ба Замима.