ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ЯРОҚ"
Моддаи 1. Ба моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1996 "Дар бораи яроқ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №4, мод.57; с. 2001, №4, мод. 152; с.2003, №4, мод.143; с.2004, №12, қ.1, мод.695; с.2005, №3, мод. 115; №12, мод.645; с.2006, №7, мод.338; с.2007, №5, мод. 360; с.2009, №7-8, мод. 492; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2011, №777) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- ба қисми сеюм баъд аз калимаҳои "яроқҳои пневматикиро" калимаҳои ", ба истиснои таппончаҳои пневматикӣ," илова карда шаванд;
- ба қисми чорум баъд аз калимаҳои "ҳақ доранд" калимаҳои "таппончаи пневматикӣ ва" илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
16 апрели соли 2012 № 807
ш. Душанбе
16 апрели соли 2012 № 807
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи яроқ"
Мутобиқи моддаи 36 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
...