ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, № 7-8, мод. 503) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати сеюми моддаи 1 калимаи "салоҳияти" ба калимаи "ваколатҳои" иваз карда шавад.
2. Дар қисми 2 моддаи 6 калимаи "маҳаллӣ" ба калимаҳои "шаҳрак ва деҳот" иваз карда шавад.
3. Дар номи боби 2 калимаи "САЛОҲИЯТ" ба калимаи "ВАКОЛАТҲО" иваз карда шавад.
4. Дар қисми 7 моддаи 8, сархати панҷуми моддаи 10, сархатҳои сеюм ва чоруми қисми 1 моддаи 17, ном ва қисми 1 моддаи 30, қисми 2 моддаи 32, қисми 1 моддаи 34 калимаҳои "таъйини", "таъйин", "Таъйини" мутаносибан ба калимаҳои "таъини", "таъин", "Таъини" иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 10:
- дар номи модда калимаи "Салоҳияти" ба калимаи "Ваколатҳои" иваз карда шавад;
- дар сархати нӯҳум калимаҳои "ташкилоту муассисаҳо" ба калимаи "ташкилотҳо" иваз карда шаванд;
- дар сархати даҳум калимаҳои "тасдиқ ва" ба калимаҳои "тасдиқ ё" иваз карда шаванд.".
6. Дар моддаи 11:

- дар сархати панҷум калимаҳои "корхонаҳои хурд" ба калимаҳои "корхонаҳои коммуналӣ ва дигар корхонаҳо" иваз карда шаванд.
7. Дар ном ва матни моддаи 12 калимаи "Салоҳияти" ба калимаи "Ваколатҳои" ва калимаҳои "салоҳиятҳои", "салоҳияти" ба калимаи "ваколатҳои" иваз карда шаванд.
8. Дар ном ва матни моддаи 13 калимаи "Салоҳияти" ба калимаи "Ваколатҳои", калимаи "салоҳиятҳои" ба калимаи "ваколатҳои", калимаҳои "бозорҳои худӣ" ба калимаҳои "бозорҳои маҳаллӣ" иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 15:
- ба қисми 3 пас аз калимаҳои "вазифаҳои хизматӣ (корӣ)" калимаҳои "бо нигоҳ доштани музди меҳнат" илова карда шаванд;
- аз қисми 4 калимаҳои "бо қарори Ҷамоат" хориҷ карда шаванд;
- ба модда қисми 5 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"5. Масъалаи пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколати вакили Ҷамоат дар маҷлиси Ҷамоат баррасӣ гардида, он бо қарори маҷлиси Ҷамоат бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Ҷамоат қабул карда мешавад.".
10. Дар моддаи 17:

- аз қисми 1 калимаҳои "дар доираи салоҳияти худ" хориҷ карда шаванд;
- дар сархати шашуми қисми 1 калимаи "маҳаллӣ" ба калимаҳои "шаҳрак ва деҳот" иваз карда шавад.
11. Дар қисми 1 моддаи 18 калимаҳои "Бо мақсади" ба калимаҳои "Ҷамоат бо мақсади" иваз карда шуда, калимаи "Ҷамоат" баъд аз калимаи "давлатӣ" хориҷ карда шавад.
12. Дар ном ва сархати чоруми моддаи 20 калимаҳои "Салоҳияти" ва "салоҳияти" ба калимаҳои "Ваколатҳои" ва "ваколатҳои" иваз карда шаванд..
13. Дар моддаи 21:

- дар сархати шашум калимаҳои "корхонаҳои хурд" ба калимаҳои "корхонаҳои коммуналӣ ва дигар корхонаҳо" иваз карда шаванд.
14. Дар номи моддаҳои 22 ва 23 калимаи "Салоҳияти" ба калимаи "Ваколатҳои" иваз карда шавад.
15. Дар моддаи 26:
- матни модда қисми 1 ҳисобида шавад;
- қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"2. Манбаъҳои молиявии шаҳрак ва деҳот тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.".
16. Дар моддаи 33:
- дар номи модда калимаи "интихоботӣ" ба калимаҳои "интихоботи Ҷамоат" иваз карда шавад;
- сархати сеюми қисми 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- комиссияҳои ҳавзавии интиҳоботро ташкил мекунад;";
- дар сархати даҳуми қисми 1 ва қисми 2 калимаҳои "салоҳиятҳои" ва "салоҳияти" ба калимаи "ваколатҳои" иваз карда шаванд.
17. Ба моддаи 36 қисми 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"4. Номзад ба вакили Ҷамоат узви комиссияи интихоботи Ҷамоат, инчунин комиссияи ҳавзавии интихобот, ки овоздиҳиро дар ҳавзаи дахлдори интихобот ташкил мекунад, буда наметавонад. Шахсе, ки номзадиаш ба вакили пешбари шудааст ва узви яке аз ин комиссияҳо мебошад, аз вақти ҳамчун номзад ба вакилӣ ба қайд гирифта шуданаш аз узвияти ҳамин комиссия озод карда мешавад.".
18. Дар қисми 3 моддаи 37 калимаҳои "5 рӯз пеш аз рӯзи овоздиҳӣ" ба калимаҳои "15 рӯз пеш аз рӯзи овоздиҳӣ оғоз гардида, 5 рӯз қабл аз он" иваз карда шаванд.
19. Дар моддаи 41:
- қисми 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"3. Агар дар ҳавзаи интихобот номзадии на бештар аз ду кас барои вакил шудан ба овоз монда шуда, ҳеҷ яке аз онҳо интихоб нагардида бошанд ё интихобот дар ҳавзаи интихобот барпонашуда ё беэътибор дониста шуда бошад ва ё овоздиҳии такрорӣ имкон надода бошад, ки вакили интихобшуда муайян гардад, комиссияи интихоботи Ҷамоат дар ин ҳавзаи интихобот интихоботи такрорӣ мегузаронад. Дар ин ҳолат он метавонад дар бораи гузаронидани интихоботи такрорӣ ва ташкили комиссияи ҳавзавӣ дар ҳайати нав қарор қабул намояд. Овоздиҳӣ дар ҳамон ҳавзаи интихобот мувофиқи рӯйхати интихобкунандагон, ки барои интихоботи асосӣ тартиб дода шуда буд, гузаронида мешавад.";
- қисми 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"4. Интихоботи такрорӣ дар мӯҳлати на дертар аз ду моҳ баъд аз интихоботи асосӣ гузаронида мешавад. Таъсиси комиссияи интихобот, бақайдгирии номзадҳо ба вакилӣ ва чорабиниҳои дигар мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур сурат мегиранд.".
20. Ба Қонун моддаи 41(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 41(1). Гузаронидани интихоботи вакилон ба ивази вакилони хориҷшуда
1. Дар сурати аз ҷониби маҷлиси дахлдори Ҷамоат беэътибор дониста шудани ваколатҳои вакилони алоҳида, бо сабабҳои дигар пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколатҳои вакилон, дар ҳавзаи дахлдори интихоботӣ дар мӯҳлати ду моҳи баъд аз лаҳзаи хориҷ шудани вакил интихоботи нав гузаронида мешавад. Интихобот аз тарафи маҷлиси дахлдори Ҷамоат на дертар аз як моҳи пеш аз гузаронидани он таъин гардида, бо риояи талаботи Қонуни мазкур ташкил карда мешавад.
2. Дар сурати камтар аз як сол қабл аз ба охир расидани мӯҳлати ваколатҳои маҷлиси дахлдори Ҷамоат хориҷ шудани вакил интихоботи вакили дигар ба ивази вакили хориҷшуда гузаронида намешавад.".
21. Дар қисми 2 моддаи 45 калимаи "Салоҳиятҳои" ба калимаи "Ваколатҳои" иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
16 апрели соли 2012 № 827
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" кабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2011, № 614
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 29 марти соли 2012 № 301