ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1993 "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1993, №15-16, мод.350; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №3, мод. 48, фасли XVIII; с. 1997, №9, мод. 117, фасли VI; с. 1998, 34910, мод. 119, фасли V; №22, мод. 318; с. 1999, №5, мод. 61; №9, мод. 236; №12, мод. 351; с. 2002, №4, қ.1, мод. 158; №11, мод. 711; мод. 735; с. 2005, №7, мод. 406; с. 2007, №7, мод. 695; с.2008, №10, мод. 823; с.2009, №9-10, мод. 547; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2011, №789) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар ном ва матни моддаи 1 калимаҳои "нафақаи давлатӣ" ва "нафақаҳои давлатӣ" ба калимаи "нафақа" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 3:
- дар банди д) калимаҳои "Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- дар банди з) калимаи "16-сола" ба калимаи "18-сола" иваз карда шавад.
3. Матни моддаи 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Шарту меъёрҳо ва тартиби таъминоти нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони воҳидҳои ҳарбишудае, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон воҷиби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ намебошанд ва аъзои оилаи онҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" муқаррар карда мешаванд. Инчунин ба онҳо барои гирифтани нафақа бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ҳуқуқ дода мешавад. Дар чунин ҳолат пардохти нафақаи мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" таъиншуда қатъ мегардад.".
4. Ба моддаи 4(1):
- қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Ба хизматчиёни давлатӣ, ки ҳангоми барҳам додан, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди мақоми давлатӣ, ихтисор шудани шумора ё воҳиди кории хизматчиёни давлатӣ, ки аз мансаби давлатӣ озод шудаанд, дар сурати доштани собиқаи умумии меҳнатии иборат аз 25 сол барои мардҳо ва 20 сол барои занҳо ва аз ин на кам аз 10 солаш собиқаи хизмати давлатӣ бошад, ҳуқуқ дода мешавад, ки ду сол пеш аз мӯҳлати муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа бароянд.";
- қисми дуюм қисми сеюм ҳисобида шавад.
5. Дар моддаи 6 калимаҳои "гуногуни давлатиро" ба калимаи "гуногунро" иваз карда шаванд.
6. Дар моддаи 12:
- қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"То расидани шахсони дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда ба синни нафақаи дар моддаи 11 Қонуни мазкур муқарраргардида пардохти нафақаи онҳо аз ҳисоби маблағҳои ташкилоте, ки дар он корҳои ба нафақаи имтиёзнок ҳуқуқдиҳанда иҷро гардидаанд, амалӣ карда мешавад.".
- қисмҳои сеюм ва чорум хориҷ карда шаванд.
7. Дар қисми якуми моддаи 15:
- банди в) хориҷ карда шавад;
- дар банди г) калимаи "16-сола" ба калимаи "18-сола" иваз карда шавад;
- бандҳои г), д), е) ва ж) мувофиқан бандҳои в), г), д) ва е) ҳисобида шаванд.
8. Дар моддаи 16:
- дар қисми якум калимаҳои "система стажи бефосилаи" ба калимаҳои "соҳа собиқаи" ва калимаҳои "(моддаи 70 ва моддаи 86-уми Қонуни мазкур)" ба калимаҳои "(моддаҳои 70-86 Қонуни мазкур)" иваз карда шаванд;
- ба қисми сеюм баъд аз ҷумлаи якум ҷумлаи нав бо мазмуни зайл илова карда шавад: "Андозаи нафақаи шахсоне, ки собиқаи кории зарурӣ (мардҳо 25 сол ва занҳо 20 сол) доранд, наметавонад аз андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол кам бошад.";
- дар қисми чорум калимаҳои "система стажи бефосилаи" ба калимаҳои "соҳа собиқаи" иваз карда шаванд;
- дар қисмҳои шашум ва ҳафтум калимаҳои "(моддаҳои 70 ва 86 Қонуни мазкур)" ба калимаҳои "(моддаҳои 70-86 Қонуни мазкур)" иваз карда шаванд;
- қисми ҳаштум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.".
9. Дар моддаи 17:
- дар қисми якум калимаҳои "нафақаи иҷтимоӣ (банди "б"-и моддаи 110-уми Қонуни мазкур)" ба калимаҳои "50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол" иваз карда шаванд;
- қисми сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Ба нафақаҳо аз рӯи синну сол, ки бо собиқаи кории нопурра таъин гардидаанд, иловапулиҳои пешбининамудаи моддаи 18 Қонуни мазкур муқаррар карда намешаванд.".
10. Дар моддаи 18:
- дар банди а) калимаҳои "нафақаи иҷтимоие, ки барои категорияҳои дахлдори шахсони ғайриқобили меҳнат пешбинӣ шудааст;" ба калимаҳои "50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол;" иваз карда шаванд;
- дар банди б) калимаҳои "нафақаи иҷтимоӣ (банди "б"-и моддаи 110- уми Қонуни мазкур)" ба калимаҳои "50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол" иваз карда шаванд;
- дар банди в) калимаҳои "нафақаи камтарини синну сол, ки Қонуни мазкур муқаррар кардааст," ба калимаҳои "ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол," иваз карда шаванд;
- аз банди к) калимаҳои "Донори фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ё" хориҷ карда шаванд.
11. Дар моддаи 27:
- дар сархати якуми қисми якум калимаҳои "(моддаҳои 70 ва 86-уми Қонуни мазкур)" ба калимаҳои "(моддаҳои 70-86 Қонуни мазкур)" иваз карда шаванд;
- қисмҳои чорум ва панҷум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи маъюбӣ ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:
- ба маъюбони гурӯҳи 1-10 ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол;
- ба маъюбони гурӯҳи II - 8 ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол;
- ба маъюбони гурӯҳи III - 6 ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол.
Дар ҳама ҳолат андозаи ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи маъюбӣ наметавонад аз андозаи ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол камтар бошад.".
12. Дар моддаи 28:
- калимаҳои "нафақаи иҷтимоӣ барои маъюбони гурӯҳҳои I ва II муқарраргардида (моддаи 110-уми ҳамин Қонун)" ба калимаҳои "100 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ба маъюбони гурӯҳи I, маъюбони гурӯҳҳои I ва II аз кӯдакӣ ва 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ба маъюбони гурӯҳи II" иваз карда шаванд;

"Ба нафақаҳо аз рӯи маъюбӣ бо собиқаи кории нопурра иловапулиҳои пешбининамудаи моддаи 31 Қонуни мазкур муқаррар карда намешаванд.".
13. Дар моддаи 30(3):
- ҷумлаи дуюм хориҷ карда шавад;

"Ҳадди ақали нафақа аз рӯи маъюбӣ дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ба андозаҳои зерин муқаррар карда мешавад:
- ба маъюбони гурӯҳи I -3 ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол;
- ба маъюбони гурӯҳи II -2,5 ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол;
- ба маъюбони гурӯҳи III -2 ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол.".
14. Дар моддаи 31:
- дар қисми якум:
- дар банди а) калимаҳои "нафақаи иҷтимоии барои категорияҳои дахлдори корношоям пешбинишуда" ба калимаҳои "50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол" иваз карда шаванд;
- дар ҷумлаи якуми банди б) калимаҳои "ҳаҷми нафақаи иҷтимоӣ (банди "б"-и моддаи 110)" ба калимаҳои "50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол" иваз карда шуда, калимаҳои "бо ҳамон сабабҳо" хориҷ карда шаванд;
- дар ҷумлаи дуюми банди б) калимаҳои "навъҳои нафақа ва изофапулӣ" ба калимаҳои "намудҳои нафақа ва иловапулӣ" иваз карда шаванд;
- аз банди е) калимаҳои "Донори фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё" хориҷ карда шаванд;
- қисми панҷум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Ба нафақа аз рӯи маъюбии хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои вазифаи интернатсионалистӣ дар қаламрави дигар давлатҳо дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок кардаанд ва иштирокчиёни минтақаҳои офатҳои экологӣ ба андозаи 75 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол иловапулӣ муқаррар карда мешавад.".
15. Дар моддаи 32 калимаҳои "60-сола" ва "55-сола" мутаносибан ба калимаҳои "63-сола" ва "58-сола" иваз карда шаванд.
16. Аз матни моддаи 35 калимаи "пурра" хориҷ карда шавад.
17. Дар моддаи 36:
- дар қисми дуюм:
- дар банди б) калимаҳои "60-сол" ва "55-сол" мутаносибан ба калимаҳои "63-солагӣ" ва "58-солагӣ" иваз карда шаванд;
- дар банди г) аломати нуқта ба аломати нуқта вергул ";" иваз карда шавад;
- банди д) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"д) донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (таҳсили рӯзона) то вақти хатми муассисаҳои мазкур, вале на зиёда аз синни 23-солагӣ.";
- қисми сеюм хориҷ карда шавад.
18. Дар қисми дуюми моддаи 36(1) калимаи "ва" ба калимаи "ё" ва калимаи "50-солагӣ" ба калимаи "53-солагӣ" иваз карда шаванд.
19. Дар моддаи 38:
- дар ном ва қисми якум калимаҳои "бачаҳое" ва "бачаҳои" мутаносибан ба калимаҳои "кӯдаконе" ва "кӯдакони" иваз карда шаванд;

"Ба кӯдаконе, ки аз падар ё модар маҳрум шудаанд ва дар таъминоти пурраи давлат мебошанд, 25 фоизи нафақаи таъиншуда пардохт карда мешавад.";

"Тартиби пардохти нафақаро ба кӯдаконе, ки дар таъминоти пурраи давлат мебошанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.".
20. Дар қисми якуми моддаи 40 калимаҳои "вафоткарда (ҳалокшуда)" ба калимаҳои "фавтидаро (ҳалокшударо)" иваз карда шаванд.
21. Дар моддаи 43:
- дар қисми якум калимаҳои "(моддаи 70 ва 86-уми ҳамин Қонун)" ва "синну сол, ки барои категорияҳои дахлдори корношоям муқаррар гардидааст," мутаносибан ба калимаҳои "(моддаҳои 70-86 Қонуни мазкур)" ва "синну сол" иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаҳои "бачаҳое", "бачаҳои" ва "бача" ба калимаҳои "кӯдаконе", "кӯдакони" ва "кӯдак" иваз карда шуда, баъди калимаҳои "синну сол" калимаи "бошад" илова карда шавад.
- қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Ҳадди ниҳоии нафақа барои маҳрум шудан аз саробон ба ҳар як узви корношоями оила ба андозаи ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол муқаррар карда мешавад.".
22. Матни моддаи 44 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Нафақаи кӯдакони ятими бекас аз маблағи умумии маоши падару модар бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ҳисоб карда мешавад.".
23. Қисми сеюми моддаи 45 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Дар ҳар сурат андозаи нафақа ба ҳар як узви корношоями оилаи саробони фавтида наметавонад аз 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол камтар бошад.".
24. Дар моддаи 47(1):
- аз қисми якум калимаҳои "ва ҷанги гражданӣ" хориҷ карда шаванд;
- қисми дуюм хориҷ карда шавад.
25. Дар моддаи 49:
- дар банди б) аломати нуқта вергул ";" ба аломати нуқта иваз карда шавад;
- банди в) хориҷ карда шавад.
26. Дар қисми якуми моддаи 50 калимаҳои "60-сола" ва "55-сола" мутаносибан ба калимаҳои "63-сола" ва "58-сола" иваз карда шаванд.
27. Аз матни моддаи 54 калимаи "пурра" хориҷ карда шавад.
28. Ба қисми якуми моддаи 61 пас аз калимаи "дарозмуддат" калимаҳои "ва иловапулиҳо ба он" илова карда шаванд.
29. Моддаи 63 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 63. Намудҳои фаъолияти меҳнатӣ, ки мавриди таъини нафақа ҳамчун собиқаи корӣ ҳисоб карда мешаванд
Фаъолияти меҳнатие, ки дар асоси шартномаи меҳнатӣ дар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва хоҷагидорӣ, инчунин дар асоси узвият дар колхозҳо ва дигар кооперативҳо, сарфи назар аз хусусияту давомнокии кор ва муддати танаффус, иҷро карда мешавад, собиқаи корӣ ба ҳисоб меравад, ба шарте, ки аз музди меҳнат ё даромад аз чунин фаъолият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдор саҳмҳои суғуртаи иҷтимоӣ пардохт шуда бошанд.
Ҳангоми ҳисоб кардани собиқаи корӣ дар колхоз барои давраи пас аз соли 1965, агар узви колхоз бе сабаби узрнок дар хоҷагии ҷамъиятӣ ба ҳадди ақали муқарраршуда кор накарда бошад, вақти кор аз рӯи давомнокии воқеӣ ба назар гирифта мешавад.
Ба собиқаи корӣ чунин корҳо низ дохил карда мешаванд:
а) хизмати ҳарбии касбӣ ва хизмат дар дигар воҳидҳои ҳарбишудае, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон воҷиби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ намебошанд;
б) фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шарте, ки аз даромади чунин фаъолият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдор саҳмҳои суғуртаи иҷтимоӣ пардохт шуда бошанд;
в) ҳар кори дигаре, ки зимни иҷрои он шахс мавриди суғуртаи иҷтимоӣ қарор гирифтааст;
г) фаъолияти эҷодии шахсоне, ки дар банди в) моддаи 3 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд. Дар ин ҳол фаъолияти эҷодии аъзои Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи бастакорон, Иттифоқи кинематографистон, Иттифоқи ходимони театр ва дигар кормандони эҷодие, ки аъзои иттифоқҳои эҷодӣ нестанду дар кумитаҳои дахлдори касбӣ муттаҳид шудаанд, то вақти мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур, сарфи назар аз пардохтан ё напардохтани саҳми суғуртаи иҷтимоӣ, собиқаи корӣ ҳисоб карда мешавад. Дар чунин ҳолатҳо собиқаи фаъолияти эҷодӣ аз тарафи котиботи раёсати иттифоқҳои эҷодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи нахустинтишор ё нахустиҷро ва ё нахустнамоиши оммавии асари ҳамин муаллиф муқаррар карда мешавад;
д) корношоямии муваққатӣ, ки дар давраи кор ба амал омадааст;
е) вақти нигоҳубини маъюби гурӯҳи I ё кӯдаки маъюби то 18-сола, ки ба нигоҳубини шахси дигар эҳтиёҷ доранд, инчунин вақти нигоҳубини пиронсоли яккаву танҳои ба синни 80 расида. Зимнан эҳтиёҷмандӣ ба нигоҳубини шахси дигари маъюби гурӯҳи I, кӯдаки маъюби то 18-сола ва пиронсоли яккаву танҳои ба синни 80 расида бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Ҳангоми ҳисоби собиқаи кор дар конҳо, ки барои гирифтани нафақа аз рӯи синну сол бо шартҳои имтиёзнок мувофиқи моддаҳои 12 ва 13 Қонуни мазкур ҳуқуқ медиҳад, вақти маъюбӣ, ки дар натиҷаи маъюбшавии меҳнатӣ ё бемории касбӣ ҳангоми иҷрои ҳамин кор ба амал омадааст, ба собиқаи чунин кор дохил карда мешавад.".
30. Моддаи 63(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 63(1). Давраҳои фаъолияте, ки дар мавриди таъини нафақа ба собиқаи кории умумӣ дохил карда мешаванд
Ба собиқаи кории умумӣ чунин давраҳои фаъолият дохил карда мешаванд:
а) давраи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи махсус, дар омӯзишгоҳҳо, мактабҳо ва курсҳои омӯзиши кадрҳо, такмили ихтисос ва тағйири касб, дар аспирантура, докторантура ва ординатураи клиникӣ;
б) давраи хизмати ҳатмии ҳарбӣ;
в) вақти нигоҳубини кӯдакони хурдсол аз ҷониби модаре, ки муваққатан кор намекунад, вале танҳо то ба синни 3-солагӣ расидани ҳар як кӯдак, ҷамъ ба муддати умумии на зиёда аз 6 сол;
г) давраи истиқомати занҳои ҳайати афсарон, прапоршикҳо, мичманҳо ва хизматчиёни ҳарбии хизмати зиёда аз мӯҳлат бо шавҳарашон дар маҳалҳое, ки барои кор кардан аз рӯи ихтисос имконият набуд, вале на бештар аз 10 сол.
Ҳангоми зиёд намудани нафақа аз рӯи синну сол барои ҳар соли корӣ (моддаи 16 Қонуни мазкур), дар баробари собиқаи корӣ инчунин давраҳое, ки дар бандҳои а) - г) ҳамин модда ва моддаҳои 64-67 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, ба ҳисоб гирифта мешаванд. Давраи кори пас аз таъин гардидани нафақа низ ба собиқаи корӣ дохил карда мешавад.".
31. Дар моддаи 68:
- қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи собиқаи корӣ дафтарчаи меҳнатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи кории корманд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ба ҳисоб мераванд. Тартиби тасдиқи собиқаи кориро дар сурати набудани дафтарчаи меҳнатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи корӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.";
- қисми дуюм хориҷ карда шавад.
32. Дар моддаи 70 калимаи "нормаҳои" ба калимаи "меъёрҳои" иваз карда шавад.
33. Дар моддаи 71:
- ба қисми якум баъд аз калимаҳои "аз 24 моҳи" ва "таи 24 моҳи" калимаи "пайдарпайи" илова карда шавад;
- дар қисми чорум калимаҳои "кор карда бошад" ба калимаҳои "собиқаи корӣ дошта бошад ва он ба талаботи моддаи 23 Қонуни мазкур мутобиқ аст" иваз карда шаванд;
- дар қисми панҷум калимаҳои "кор карда бошад" ба калимаҳои "собиқаи корӣ дошта бошад ва он ба талаботи моддаи 23 Қонуни мазкур мутобиқ аст" иваз карда шаванд.
34. Дар қисми дуюми моддаи 72 калимаи "Ёрдампулие" ба калимаи "Кӯмакпулие" иваз карда шавад.
35. Дар моддаи 76:
- ба номи модда баъд аз калимаҳои "музди меҳнат" калимаҳои "ҳангоми ҳисоб кардани нафақа" илова карда шаванд;
- дар матни модда баъд аз калимаҳои "оғоз ё қатъи кор" калимаҳои "рухсатии бемузд" ва баъд аз калимаи "бевосита" калимаҳои "пеш ё" илова карда шуда, калимаҳои "бачаи маъюби то 16-сола" ба калимаҳои "кӯдаки маъюби то 18-сола" иваз карда шаванд.
36. Ба моддаи 81 баъд аз калимаҳои "фиристода шудаанд" калимаҳои "(рафтаанд), аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ" ва баъд аз калимаи "фиристодан" калимаи "(рафтан)" илова карда шаванд.
37. Матни моддаи 82 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаанд, аз музди меҳнат (даромаде), ки аз он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмҳои суғуртаи иҷтимоӣ пардохт шудаанд, ҳисоб карда мешавад.
Нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз маблағи саҳмҳои суғуртаи иҷтимоии ба мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтнамудаашон ҳисоб карда мешавад.
Тартиби ҳисоби нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.".
38. Моддаи 84 хориҷ карда шавад.
39. Моддаи 95 хориҷ карда шавад.
40. Моддаи 96 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 96. Пардохти нафақа
Нафақаҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори пардохткунандаи нафақа дар маҳалли истиқомати воқеии нафақагир, сарфи назар аз ҷойи қайд, пардохт карда мешаванд.".
41. Моддаи 97 хориҷ карда шавад.
42. Дар моддаи 106:
- қисми чорум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Дар сурати фавти нафақагир ба аъзои оилаи ӯ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмакпулӣ барои дафн пардохт карда мешавад.";
- дар қисми панҷум калимаи "ёрдампулӣ" ба калимаи "кӯмакпулӣ" иваз карда шавад.
43. Дар матни моддаи 109 калимаҳои "бачаҳои маъюби то 16-сола" ба калимаҳои "кӯдакони маъюби то 18-сола" иваз карда шаванд.
44. Дар моддаи 110 калимаи "бачаҳои маъюби то 16-сола" ва "камтарини" мутаносибан ба калимаҳои "кӯдакони маъюби то 18-сола" ва "ҳадди ақали" иваз карда шаванд.
45. Матни моддаи 112 дар таҳрири зайл ифода карда шавад.
"Дар сурати дар як вақт мавҷуд будани ҳуқуқ ба нафақаи иҷтимоӣ ва иловапулӣ ба нафақаи меҳнатии саробони гирандаи нафақаи иҷтимоӣ барои аъзои корношоями оила тибқи моддаҳои 18 ва 31 Қонуни мазкур, мувофиқи интихоби муроҷиаткунанда ё нафақаи иҷтимоӣ ё иловапулӣ ба нафақаи меҳнатии саробони ӯ таъин карда мешавад.".
46. Моддаи 118 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 118. Нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун илова ба нафақаи таъингардидаи меҳнатӣ барои мардон аз синни 63-солагӣ ва барои занҳо аз синни 58-солагӣ ё дар ҳолатҳои дигаре, ки мувофиқи Қонуни мазкур нафақаи меҳнатӣ таъин гардидааст, муқаррар карда мешавад.
Шартҳо ва тартиби таъини нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.".
47. Дар сархати якуми қисми сеюми моддаи 119 калимаҳои "нафақаи давлатӣ" ба калимаи "нафақаҳо" иваз карда шаванд.
48. Дар қисми якуми моддаи 120:
- дар сархати якум калимаҳои "нафақаҳои давлатӣ" ба калимаи "нафақаҳо" иваз карда шаванд;
- сархати сеюм хориҷ карда шавад;
- ба сархати чорум баъд аз калимаҳои "ба нафақахӯрони" калимаи "яккаву" илова карда шавад;
- дар қисми дуюм калимаи "бачаҳои" ба калимаи "кӯдакони" иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
16 апрели соли 2012 № 823
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров
ш.Душанбе, 8 феврали соли 2012, № 679
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 29 марти соли 2012 № 297