Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012, № 821 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, №11, мод. 510; с. 2006, №3, мод. 164; с. 2008, №3, мод. 200; с. 2009, №12, мод. 824), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 2:

- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ";

- қисми якум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Дар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда мешаванд:";

- пас аз сархати сию чорум сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"- идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои об - низоми идоракунӣ, ки баҳисобгирӣ ва таъсири мутақобилаи захираҳои об (обҳои рӯизаминӣ, зеризаминӣ ва бозпасгашта) ва захираҳои замин, инчунин захираҳои дигари табиии ба онҳо вобастаро дар ҳудуди муайяни гидрографӣ ба асос гирифта, манфиати соҳаҳо ва сатҳҳои гуногуни истифодабарии об ва захираҳои табииро алоқаманд месозад ва онҳоро ба раванди қабули қарор, банақшагирӣ, маблағгузорӣ, ҳифз ва рушди захираҳои об ба манфиати рушди устувори ҷомеа ва ҳифзи муҳити зист ҷалб менамояд;

- иншооти хоҷагии об - обанборҳо, сарбандҳо, каналҳо, заҳбуру заҳкашҳо, қубурҳои об, чоҳҳои об, ҷӯйҳо, иншооти гидротехникӣ, садҳои муҳофизат аз об, новаҳо, қубурҳои об бо коммуникатсияҳо ва дигар ҷузъиёти инфрасохторӣ;

- нақшаи ҳавзавии истифодабарӣ ва ҳифзи заҳираҳои об - нақшаи рушд, истифодаи ҳамгироиёна ва ҳифзи захираҳои об дар ҳудуди гидрографии ҳавзаи асосии манбаи об;

- шабакаи заҳбуру заҳкашҳо - шабакаи бо ҳам пайвасти заҳбурҳо ва заҳкашҳои кушода ва пӯшида, иншооти гидротехникӣ, чоҳҳои амудӣ ва инфрасохтори дигар, аз ҷумла ҳамаи қитъаҳои замине, ки барои таъмини нигоҳдорӣ, истифодабарӣ ва таъмири шабакаҳои заҳбуру заҳкашҳо ҷудо шудаанд;

- ташкилоти ҳавзавии захираҳои об - сохтори ҳудудии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, ки барои идоракунии захираҳои об дар ҳудуди ҳавзаи асосӣ масъул мебошад;

- шартнома оид ба обрасонӣ - санади ҳуқуқие, ки байни истифодабарандагони аввала ва баъдинаи об ва ташкилоти обрасон оид ба шартҳои обрасонӣ ба мӯҳлати муайян баста мешавад;

- Шӯрои миллии об - мақоми машваратию маслиҳатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти дигари давлатӣ, инчунин ташкилотҳои ғайридавлатиро дар бобати банақшагирӣ, идоракунӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об ҳамоҳанг месозад;

- Шӯрои ҳавзавии об - мақоми машваратию маслиҳатии ҳавзавӣ, ки фаъолияти ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро дар бобати банақшагирӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои оби ҳавзаи муайяни об ҳамоҳанг месозад;";

- дар охири сархатҳои якум - сию якум аломати нуқта ба аломати нуқта вергул ";" иваз карда шавад.

2. Дар сархатҳои бистум ва бисту ҳафтуми моддаи 2, моддаи 9, қисми 1 моддаи 12, моддаи 15, қисми 1 моддаи 16, моддаи 19, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 21, қисми 2 моддаи 23, қисми 1 моддаи 25, қисми 2 моддаи 26, моддаи 32, қисми 2 моддаи 34, қисми 1 моддаи 35, қисми 1 моддаи 36, қисми 3 моддаи 37, қисми 2 моддаи 38, сарҳати панҷуми қисми 1 моддаи 43, қисми 4 модцаи 44, сархати даҳуми моддаи 45, сархати панҷуми қисми 1 моддаи 49, қисми 2 моддаи 50, сархати панҷуми қисми 2 моддаи 54, моддаи 56, қисми 2 моддаи 61, қисми 2 моддаи 70, моддаи 72, моддаи 74, қисми 2 моддаи 76, қисми 2 моддаи 79, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 83, қисми 2 моддаи 88, моддаи 92, қисми 1 моддаи 93, моддаи 98, қисми 3 моддаи 100, моддаи 105, моддаи 106, моддаи 108, моддаи 112, моддаи 113, моддаи 114, моддаи 115, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 117, моддаи 127, моддаи 128, моддаи 129, қисми 2 моддаи 130, моддаи 135, қисми 1 моддаи 136, қисми 1 моддаи 137 ва қисми 1 моддаи 140 калимаҳои "мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об", сархати сеюми моддаи 6 калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об", сархати ҳафтуми"’моддаи 7 калимаҳои "мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об", моддаи 46 калимаҳои "мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ доир ба истифода ва ҳифзи об", қисми 2 моддаи 65 калимаҳои "мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи об", қисми 1 моддаи 100 калимаҳои "мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ оид ба танзим истифода ва ҳифзи об", қисми 2 моддаи 100 ва моддаи 120 калимаҳои "мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи об", қисми 3 моддаи 132(2) калимаҳои "мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об" мувофиқан ба калимаҳои "мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об" иваз карда шаванд.

3. Дар қисми 2 моддаи 33 калимаҳои "ба танзими истифода ва ҳифзи об" ба калимаҳои "дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об" иваз карда шаванд.

4. Дар сархати сеюми моддаи 69 калимаҳои "мақомоти ваколатдори махсуси вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об" ба калимаҳои " мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об ва ташкилотҳои дар маҳал будаи онҳо" иваз карда шаванд.

5. Дар ном ва матни моддаи 114 калимаҳои "ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот" ва "Ҷамоати шаҳрак ва деҳот" мувофиқан ба калимаҳои "мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" ва "Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд.

6. Ба Кодекс Боби 23(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"БОБИ 23(1). ИДОРАКУНИИ ҲАВЗАВИИ ИСТИФОДАБАРӢ ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБ

Моддаи 140(1). Идоракунии ҳавзавии захираҳои об

1. Идоракунии ҳавзавии захираҳои об бо назардошти манфиати ҳамаи истифодабарандагони об дар ҳудудҳои алоҳидаи гидрографӣ дар асоси принсипи идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои об ба роҳ монда мешавад.

2. Барои ташкили идоракунии ҳавзавии захираҳои об Шӯрои миллии об ва дар ҳавзаҳои алоҳида шӯроҳои ҳавзавии об таъсис дода мешаванд.

Моддаи 140(2). Шӯрои миллии об ва салоҳияти он

1. Шӯрои миллии об аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад, ки он дорои чунин салоҳият мебошад:

- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти дигари давлатӣ, инчунин ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар бобати банақшагирӣ, идоракунӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об;

- таҳияи пешниҳодҳо оид ба муқаррар намудани ҳудуди гидрографии ҳавзаҳои асосии об;

- баррасии лоиҳаи Стратегияи миллии об ва пешниҳоди он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тасдиқи нақшаҳои ҳавзавии истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об;

- баррасии ҳисоботи солонаи вазорату идораҳо ва мақомоти дигари давлатӣ оид ба идоракунӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об;

- иҷрои дигар вазифаҳое, ки Кодекси мазкур муайян намудааст.

2. Шӯрои миллии об аз роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти дигари давлатие иборат аст, ки масъулияти идоракунии захираҳои об, аз ҷумла ҷанбаҳои молиявӣ ва амнияти давлатиро ба зимма доранд. Ба ҳайати Шӯрои миллии об намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, мутахассисон ва коршиносони алоҳидаи соҳаи захираҳои об ва иқтисодиёт метавонанд дохил карда шаванд. Ҳайати Шӯрои миллии об ва раиси он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

3. Фаъолияти Шӯрои миллии об тибқи низомномаи он, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, амалӣ карда мешавад.

Моддаи 140(3). Шӯрои ҳавзавии об ва ваколатҳои он

1. Шӯрои ҳавзавии об дар назди ташкилоти ҳавзавии захираҳои об барои ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатии ба об алоқаманд таъсис дода мешавад.

2. Ба ҳайати Шӯрои ҳавзавии об намояндагони корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, ки фаъолияташон ба банақшагирӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои оби ҳавза алоқаманд аст, дохил мешаванд. Роҳбари ташкилоти ҳавзавии захираҳои об ҳамзамон раиси Шӯрои ҳавзавии об мебошад.

3. Шӯрои ҳавзавии об дорои чунин вазифаҳо мебошад:

- баррасӣ ва тасдиқи нақшаи солонаи ҳавзавии истифодабарии об;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо доир ба масъалаҳои банақшагирӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об дар ҳавза;

- баррасии ташаккули ҳаҷми маблағгузории солонаи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо - истифодабарандагони об доир ба идоракунӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои оби ҳавза, тарифи ҳаққи хизмати обрасонӣ, таъмини оби нӯшокӣ ва дигар хизматрасонӣ;

- иҷрои дигар вазифаҳое, ки Кодекси мазкур муайян кардааст.

4. Фаъолияти Шӯрои ҳавзавии об тибқи низомномаи он, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзим истифода ва ҳифзи захираҳои об тасдиқ гардидааст, амалӣ карда мешавад.

Моддаи 140(4). Стратегияи миллии об

1. Стратегияи миллии об ба принсипи идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои об асос ёфта, самтҳои асосии банақшагирӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои обро бо назардошти дурнамои рушди соҳаҳои иқтисодиёт муайян менамояд.

2. Стратегияи миллии об аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об бо ҷалби мақомоти дигари манфиатдор таҳия ва дар Шӯрои миллии об баррасӣ гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об қоидаҳои асосии Стратегияи миллии обро тавассути воситаҳои ахбори омма ба маълумоти аҳли ҷомеа мерасонанд.

Моддаи 140(5). Нақшаҳои ҳавзавии истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об

1. Лоиҳаҳои нақшаҳои ҳавзавии истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об барои ҳавзаҳои алоҳида аз ҷониби ташкилоти ҳавзавии захираҳои об бо назардошти идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои об таҳия карда мешаванд.

2. Лоиҳаҳои нақшаҳои ҳавзавии истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об дар Шӯрои ҳавзавии об тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ ва барои тасдиқ ба Шӯрои миллии об пешниҳод карда мешаванд.

3. Нақшаҳои ҳавзавии истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об дар асоси Стратегияи миллии об таҳия гардида, нақшаҳои кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати истифода ва ҳифзи захираҳои обро дар ҳудуди ҳавзаи муайян дар бар мегирад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

16 апрели соли 2012 № 821

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 29 феврали соли 2012, № 704

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                              М.Убайдуллоев

ш. Душанбе, 29 марти соли 2012 № 295