ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 декабри соли 1999 "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999, №12, моддаи 296) тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 3:
қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Иштирок дар интихобот озод ва ихтиёрӣ мебошад.";
қисми дуюм қисми сеюм ҳисобида шавад.
2. Дар моддаи 4:
қисмҳои якум ва дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон то рӯзи интихобот ба 18 расидааст, қатъи назар аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва дороии молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан доранд.
Ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон шаҳрвандоне таъин ва интихоб мешаванд, ки ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Қонун ҷавобгӯ буда, дар қаламрави ҷумҳурӣ на камтар аз 5 соли охир истиқомат дошта бошанд.";
дар қисми чоруми моддаи номбурда калимаи "вакили" ба калимаҳои "узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон" ва калимаҳои "ин Қонун муайян мекунад" ба калимаҳои "ҳамин Қонун муайян мекунад" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 8:
дар қисми якум калимаи "аёнӣ" ба калимаи "шаффоф" иваз карда шавад;
қисмҳои сеюм ва чорум хориҷ карда шаванд;
қисми панҷум қисми сеюм ҳисобида шуда, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Намояндагони матбуот, телевизион ва радио дар маҷлисҳои комиссияҳои интихобот иштирок карда, дар биноҳои овоздиҳӣ ҳузур дошта метавонанд, рафти тайёрӣ ва гузаронидани интихобот, инчунин қарорҳои комиссияҳои интихоботро инъикос менамоянд.".
4.Ба Қонун моддаҳои 8(1) ва 8(2) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Моддаи 8(1). Мақом ва ваколатҳои нозирони миллӣ
Ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳои худро ба вакилӣ пешбарӣ намудаанд ва номзадҳо ба вакилӣ, ки ба тарзи худпешбарӣ пешниҳод шудаанд, ҳуқуқ доранд бо тартиби муқарраргардида нозирони миллиро таъин намоянд, ки онҳо дар рӯзи интихобот дар биноҳои овоздиҳӣ назоратро анҷом медиҳанд.
Нозирони миллӣ дорои ҳуқуқҳои зерин мебошанд:
-бо рӯйхати интихобкунандагон шинос шаванд;
-дар хонаи овоздиҳӣ аз оғоз то анҷоми кори комиссияи участкавии интихобот ҳузур дошта бошанд;
-супоридани бюллетенҳои овоздиҳиро ба интихобкунандагон мушоҳида кунанд;
-ҳангоми овоздиҳии интихобкунандагон берун аз ҳуҷраи овоздиҳӣ ҳузур дошта бошанд;
-ҳисоби шумораи бюллетенҳои аз ҳисоб баровардашуда, бюллетенҳои дар қуттии овоздиҳӣ мавҷудбуда, ҳисоби овозҳои интихобкунандагонро, дар шароите ки ба мушоҳидаи ҷараёни ҳисоби бюллетенҳои овоздиҳӣ имкон медиҳад, мушоҳида намоянд;
-бо протоколҳои комиссияҳои участкавии интихобот оид ба натиҷаи овоздиҳӣ ва комиссияҳои ҳавзавии интихобот дар бораи натиҷаи интихобот шинос шаванд;
-аз қарор ва амали (беамалии) комиссияи интихобот ба комиссияи болоии интихобот ва ё суд шикоят намоянд;
-ҳангоми ҳисоби такрории овозҳои интихобкунандагон дар комиссияҳои дахлдори интихобот ҳузур дошта бошанд.
Нозирони миллӣ ҳуқуқ надоранд:
-бюллетенҳои овоздиҳиро ба интихобкунандагон супоранд;
-бо хоҳиши интихобкунанда барои гирифтани бюллетен имзо гузоранд;
-бо хоҳиши интихобкунанда бюллетен пур кунанд;
-амале содир намоянд, ки махфӣ будани овоздиҳиро халалдор созад;
-бевосита дар ҳисоби бюллетенҳо, ки аз тарафи аъзои комиссияи интихобот анҷом дода мешавад, иштирок намоянд;
-амале содир намоянд, ки ба кори комиссияи интихобот монеа шавад ва ё дар қабули қарори комиссияи дахлдори интихобот иштирок намоянд.
Моддаи 8(2). Мақом ва ваколатҳои нозирони байналмилалӣ
Бо мақсади назорати интихобот, гузаронидани он дар шароити шаффоф ва ошкоро нозирони байналмилалӣ даъват карда мешаванд.
Фаъолияти нозирони байналмилалӣ тибқи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дахлдори байналмилалӣ танзим мегардад.
Нозирони байналмилалӣ бо тартиби муқарраргардида иҷозатнома гирифта, дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми доштани даъватнома аккредитатсия карда мешаванд. Даъватнома аз ҷониби мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди нашри расмии қарор дар бораи таъини рӯзи интихобот фиристода мешавад.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба нозирони байналмилалӣ дар бораи аккредитатсияи онҳо шаҳодатномаи намунаи муқарраргардидаро медиҳад. Шаҳодатномаи мазкур ба нозири байналмилалӣ ҳуқуқ медиҳад, ки дар давраи омодагирӣ ва гузаронидани интихобот назоратро амалӣ намояд.
Нозирони байналмилалӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зери ҳимояи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Нозирони байналмилалӣ фаъолияти худро мустақилона ва озодона анҷом медиҳанд. Таъминоти моддию молиявии фаъолияти онҳо аз ҳисоби тарафе, ки онҳоро фиристодааст ё аз ҳисоби маблағи худи онҳо анҷом дода мешавад.
Нозирони байналмилалӣ ҳуқуқ доранд:
-ҳуҷҷатҳоеро, ки ҷараёни интихоботро танзим менамоянд, дастрас кунанд, аз комиссияҳои интихобот иттилооти зарурӣ ва нусхаи ҳуҷҷатҳои интихоботиро гиранд;
-бо ҳизбҳои сиёсие, ки дар интихобот ширкат доранд ва бо номзадҳои алоҳида робита дошта бошанд;
-озодона дар ҳар участкаи интихоботӣ ва бинои овоздиҳӣ, аз ҷумла дар рӯзи овоздиҳӣ ҳузур дошта бошанд;
-ҷараёни овоздиҳӣ, ҳисоби овозҳо ва муайян намудани натиҷаи онҳоро, дар шароите ки ба мушоҳидаи ҳисоби бюллетенҳо имкон медиҳад, мушоҳида намоянд;
-бо натиҷаи баррасии шикоятҳо (аризаҳо) ва эродҳо вобаста ба вайрон кардани қонунгузории интихобот шинос шаванд;
-ба намояндагони комиссияҳои интихобот бе дахолат ба кори онҳо, оид ба мушоҳидаҳои худашон иттилоъ диҳанд;
-баъди ба анҷом расидани овоздиҳӣ ақидаи худро оид ба омодагирӣ ва гузарондани интихобот ошкоро изҳор намоянд;
-хулосаи худро оид ба назорати ҷараёни интихобот ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод кунанд.
Нозирони байналмилалӣ ҳуқуқ надоранд:
-ҳангоме, ки интихобкунанда дар бюллетенҳои интихобот қайдҳои худро мегузорад, дар ҳуҷраи овоздиҳӣ ҳозир бошанд;
-ба интихобкунандагон таъсир расонанд, ягон хел мавод ё адабиёти тарғиботиро паҳн намоянд;
-нисбати ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо ба вакилӣ ё тартиби гузаронидани интихобот афзалиятеро баён намоянд;
-аз интихобкунандагон ба тарафдории кӣ овоз додани онҳоро пурсанд;
-дар хулосаи худ аз фактҳое, ки бо ҳуҷҷатҳо асоснок нагардидаанд ва қобили тафтиш нестанд, истифода баранд;
-статуси худро барои содир кардани амале, ки ба мушоҳидаи рафти интихобот вобаста нест, истифода баранд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз тарафи нозирони байналмилалӣ вайрон намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳо ва меъёрҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ аккредитатсияи нозирони байналмилалиро бекор менамояд.
Нозирони байналмилалӣ ӯҳдадоранд:
-Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалиро риоя намоянд;
-бо худ дар бораи аккредитатсия ба сифати нозири байналмилалӣ шаҳодатномаи нозири байналмилалиро дошта бошанд ва онро бо талаби комиссияи интихобот нишон диҳанд;
-вазифаҳои худро дар асоси принсипҳои бетарафии сиёсӣ, беғаразӣ, худдорӣ аз изҳори ҳама гуна афзалият, баҳодиҳӣ ба комиссияҳои интихоботӣ, мақомоти давлатӣ ва дигар мақомот, шахсони мансабдор ва дигар иштирокчиёни ҷараёни интихобот анҷом диҳанд;
-ба ҷараёни интихобот дахолат накунанд;
-хулосаҳои худро дар асоси назорат ва маводи воқеӣ таҳия намоянд".
5.Моддаи 9 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 9. Маблағгузории интихобот
Маблағ барои тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад.
Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон, ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар интихобот иштирок мекунанд, хазинаи интихоботии худро барои маблағгузории интихобот таъсис медиҳанд. Маблағҳои хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсӣ дар суратҳисоби муваққатии махсуси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк", шӯъбаҳои он нигоҳ дошта мешаванд. Маблағҳои ин хазинаҳо танҳо барои гузаронидани интихобот истифода шуда, аз ҷониби номзад ва ҳизби сиёсӣ ихтиёрдорӣ карда мешаванд.
Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк", шӯъбаҳои он суратҳисобҳои муваққатии махсусро барои ташкили хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсӣ дар асоси маълумоти хаттии комиссияи дахлдори интихобот мекушоянд. Аз ин маблағ фоида гирифта намешавад. Хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсӣ аз маблағҳои зерин метавонанд ташкил карда шаванд:
-маблағҳое, ки барои ташвиқоти пеш аз интихобот аз тарафи комиссияҳои дахлдори интихобот ҷудо карда мешаванд;
-маблағҳои шахсии номзад ба вакилӣ, ки он набояд аз 500 (панҷсад) музди меҳнати ҳадди ақал зиёд бошанд;
-маблағи ҳизби сиёсӣ барои номзаде, ки ҳизби сиёсӣ ба ҳавзаи якмандатии интихобот пешбарӣ намудааст, набояд аз 500 (панҷсад) музди меҳнати ҳадди ақал зиёд бошад;
-маблағҳои хазинаи интихоботии ҳизби сиёсӣ, ки рӯйхати номзадҳоро ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод намудааст, набояд аз 10000(даҳ ҳазор) музди меҳнати ҳадди ақал зиёд бошанд;
-маблағҳои хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ.
Маблағҳои хайрияи шахсони воқеӣ барои хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ набояд аз 50 (панҷоҳ) ва барои ҳизби сиёсӣ набояд аз 100 (сад) музди меҳнати ҳадди ақал зиёд бошанд. Маблағҳои хайрияи шахсони ҳуқуқӣ барои хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ набояд аз 100 (сад) ва барои ҳизби сиёсӣ набояд аз 500 (панҷсад) музди меҳнати ҳадди ақал зиёд бошанд.
Ҳадди ниҳоии хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ набояд аз 1500 (як ҳазору панҷсад) ва ҳизби сиёсӣ набояд аз 30 000 (сӣ ҳазор) музди меҳнати ҳадди ақал зиёд бошад.
Ба таври хайрия маблағгузорӣ ба хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии зерин манъ аст:
-давлатҳои хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ;
-шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд;
-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18 нарасидаанд;
-шахсони ҳуқуқие, ки бо иштироки саҳмияи хориҷӣ таъсис ёфтаанд;
-ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятии байналмилалӣ;
-мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ;
-ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳое, ки саҳми давлат дар онҳо аз сӣ фоиз зиёд мебошад;
-қисмҳо, ҷузъу томҳо ва дигар сохторҳои ҳарбӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
-ташкилотҳои динӣ ва эҳсонкорӣ ва дигар ташкилотҳое, ки аз ҷониби онҳо таъсис дода шудаанд;
-хайрияҳое, ки соҳибашон номаълум аст
Дар сурати аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ҳуқуқи пардохти маблағи хайрияро ба хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсӣ надоранд ва ё маблағи хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки аз ҳадди муайяншудаи моддаи мазкур зиёд мебошад, пурра ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.
Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк", шӯъбаҳои он дар асоси дархости комиссияи интихоботии дахлдор ӯҳдадоранд ба комиссия оид ба ворид шудан ва харҷи маблағи хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсӣ маълумот диҳанд.
Ҳамаи амалиёти молиявӣ аз хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсӣ як рӯз пеш аз рӯзи интихобот қатъ мегардад.
Шакли ҳисоботи молиявии комиссияҳои интихобот оид ба маблағи воридшуда ва харҷшуда, ки барои гузаронидани интихобот ҷудо шудааст, инчунин ҳисоботи молиявии номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсиро оид ба воридшавӣ ва харҷи маблағи хазинаи интихоботии онҳо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсӣ на дертар аз 30 рӯзи баъди интихобот маблағи истифоданашудаи аз буҷет ҷудошударо ба комиссияи дахлдори интихобот бармегардонанд. Маблағи истифоданашудаи хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсӣ, ки аз ҳисоби худи номзад, ҳизби сиёсӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ташкил ёфтаанд, мутаносибан ба онҳо баргардонида мешавад.
Назорат оид ба мувофиқи мақсад истифода намудани маблағе, ки ба комиссияҳои интихоботии дахлдор барои гузаронидани интихобот ҷудо шудааст, инчунин назорат оид ба воридшавӣ, сарчашмаҳои баҳисобгирии дуруст ва истифодаи мақсадноки маблағи хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ ва ҳизбҳои сиёсиро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсӣ наметавонанд маблағи дигарро, ба истиснои маблағҳои хазинаи номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсӣ, барои гузаронидани интихобот истифода баранд. Агар номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсӣ маблағи дигарро, ба истиснои маблағи хазинаи интихоботии вакил ва ҳизби сиёсӣ истифода баранд, комиссияи дахлдори интихобот қарори бақайдгирии номзад ба вакилӣ ва рӯйхати номзадҳои аз ҷониби ҳизби сиёсӣ пешбаришударо бекор мекунад.
Истифодаи амвол ва маблағи давлатӣ, ки қонун пешбинӣ накардааст, манъ аст".
6.Дар моддаи 10:
қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Таъсис ва фаъолияти дигар сохторҳо (мақомот, ташкилотҳо), ки мақомоти интихоботиро иваз мекунанд ё пурра ё қисман вазифаи онҳоро анҷом медиҳанд, ё ба фаъолияти қонунии онҳо халал мерасонанд, ё ғайриқонунӣ ба фаъолияти онҳо дахолат мекунанд, ё мақом, ё салоҳияти онҳоро ба зиммаи худ мегиранд, манъ аст".
7.Дар моддаи 11:
номи модда дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ".
8.Дар моддаи 12:
банди нӯҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"9) бюллетенҳоро барои интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон барои ҳамаи ҳавзаҳои интихобот тайёр мекунад;"
дар банди 11 калимаҳои "нозирон, нозирони хориҷӣ (байналхалқӣ)" ба калимаҳои "нозирони миллӣ, нозирони байналмилалӣ" иваз карда шаванд.
9.Дар моддаи 14:
банди ёздаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"11)ба комиссияҳои участкавии интихобот бюллетенҳои интихоботиро дастрас мекунад;".
10.Ба ҷумлаи якуми қисми чоруми моддаи 18 баъди калимаҳои "вакили Маҷлиси намояндагон", калимаҳои "вакили Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ" илова карда шаванд.
11.Дар моддаи 19:
дар қисми якум баъди ҷумлаи якум ҷумлаи нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Ҳамаи ҷаласаҳои комиссияҳои интихобот ошкоро гузаронида шуда, барои аҳли ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма дастрас мебошанд";
дар ҷумлаи дуюми ҳамин қисм калимаҳои "бо аксарияти овози" бо калимаҳои "аз нисф зиёди" иваз карда шаванд.
12.Дар моддаи 21:
қисми панҷум дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Меъёри шумораи интихобкунандагони ҳавзаи интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ барои ҳар як интихобот бо роҳи тақсими шумораи умумии интихобкунандагони ҷумҳурӣ ба шумораи ҳавзаҳои ташкилёбандаи территориявии якмандата муайян карда мешавад";
қисми шашум дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Ҳавзаҳои интихоботро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ таъсис медиҳад".
13.Қисми ҳафтуми моддаи 22 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Раиси шаҳр, ноҳия дар асоси пешниҳоди комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба ташкили участкаҳои интихобот дар муддати се рӯз ҳар як участкаи интихоботро барои гузаронидани интихобот ройгон бо бино таъмин менамояд".
14.Ба моддаи 27 қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Амал ё даъвате, ки барои вайрон кардан, бекор намудан ё ба вақти дигар гузаронидани интихобот, фаъолият ва расмиёти интихоботии муқаррарнамудаи ҳамин Қонун равона шудааст, манъ аст".
15.Дар қисми дуюми моддаи 28 калимаи "маълумоти" ба калимаи "таҳсилоти" иваз карда шавад.
16.Дар қисми шашуми моддаи 29 калимаи "маълумоти" ба калимаи "таҳсилоти" иваз карда шавад.
17.Дар қисми ёздаҳуми моддаи 31 баъд аз калимаи "сиёсӣ" калимаҳои "дар муддати панҷ рӯзи корӣ" илова карда шаванд.
18.Ба Қонун моддаи 32(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 32(1). Гарави интихоботӣ
Номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон пеш аз бақайдгирӣ ва баъд аз муайян намудани мувофиқати ӯ ба талаботи Конститутсия ва Қонуни мазкур аз тарафи комиссияи ҳавзавии интихобот, аз маблағи шахсии худ ба суратҳисоби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба миқдори 200 (дусад) музди меҳнати ҳадди ақал гарави интихоботӣ месупорад.
Гарави интихоботии номзад дар сурати интихоб шуданаш ба вакилии Маҷлиси намояндагон ба ӯ баргардонида мешавад. Ҳангоми бекор кардани қарори бақайдгирии номзад ва ё интихоб нашудани номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон гарави интихоботӣ баргардонида нашуда, ба буҷети ҷумҳуриявӣ мегузарад.
Ҳизбҳои сиёсие, ки рӯйхати номзадҳоро ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод намудаанд, баъд аз санҷиши мувофиқ будани номзадҳо ба талаботи Конститутсия ва Қонуни мазкур аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, аз маблағи худ ба суратҳисоби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ мутаносибан ба ҳар номзади пешниҳодшуда 200(дусад) музди меҳнати ҳадди ақал гарави интихоботӣ месупоранд. Гарави интихоботӣ дар сурати аз тарафи ҳизби сиёсӣ гирифтани на камтар аз панҷ фоизи овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштироккарда ба ҳизби сиёсӣ баргардонида мешавад. Дар ҳама ҳолатҳои дигар гарави интихоботии ҳизби сиёсӣ баргардонида намешавад ва ба буҷети ҷумҳуриявӣ мегузарад".
19.Дар моддаи 33:
дар сархати сеюми қисми якум баъди калимаи "фавқулодда" калимаҳои "ва мудофиаи гражданӣ" илова карда, калимаҳои "Гвардияи Президентӣ" ба калимаҳои "Гвардияи миллӣ" иваз карда, калимаҳои "Кумитаи оид ба таъмини амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд.
20.Дар моддаи 35:
банди 6 қисми якум хориҷ карда шавад;
ба қисми якум бандҳои 6, 7, 8 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"6) маълумоти тиббӣ дар бораи солимии рӯҳӣ;
7) ҳуҷҷат дар бораи гарави интихоботӣ;
8) маълумот дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудан, маҳкум нашудан ва доғи судӣ надоштан. Маълумоти мазкур бо талаби комиссияи ҳавзавии интихобот аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод мегардад";
ба модда қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Пешниҳоди ҳуҷҷатҳоеро, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ нашудааст, талаб намудан манъ аст";
дар қисми ҳафтум баъди калимаҳои "ташкил намояд" калимаҳои "ва ё пешниҳоди маълумоти нодуруст оид ба даромадҳо ва ё амволе, ки ба моликияти номзад мансуб аст" илова карда шаванд;
қисмҳои 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11, 12, 13, 14, 15, 16 ва 17 мутаносибан қисмҳои 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11, 12, 13, 14, 15, 16, 17 ва 18 ҳисобида шаванд.
21.Дар моддаи 38:
дар ҷумлаи дуюми қисми дуюм баъд аз калимаҳои "шахси боэътимод" калимаҳои "дар муддати се рӯз" илова карда шаванд;
дар қисми сеюм рақами "15" ба рақами "5" иваз карда, баъди калимаҳои "шахсони боэътимод" калимаҳои "барои ҳар як номзад" илова карда шаванд.
22.Дар моддаи 39.
Қисми дувоздаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Ҳар як номзад ба вакилӣ аз ҳавзаи якмандата барои баромад аз тариқи радио ва телевизиони давлатӣ то 15 дақиқа, ҳар як ҳизби сиёсӣ то 30 дақиқа вақти эфир ҳуқуқ дорад";
дар қисми чордаҳум баъд аз калимаҳои "дар вақти бурдани ташвиқот" калимаҳои "истифодаи методҳои маҷбуркунии рӯҳӣ, ҷисмонӣ, динӣ" илова карда, калимаи "ба" хориҷ карда шавад.
23.Дар моддаи 40:
ҷумлаи дуюми қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Қуттиҳои интихоботӣ бояд дар ҷои намоён ва дастрас барои аъзои комиссия ва нозирон тавре гузошта шаванд, ки овоздиҳандагон ба назди онҳо ҳатман аз ҳуҷраҳо ё хонаҳои овоздиҳии пинҳонӣ гузашта раванд";

"Дар рӯзи интихобот дар дохили хонаи овоздиҳӣ ҳузури шахсони мусаллаҳ ва либоси низомидошта, аз ҷумла кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ба истиснои ҳолатҳои барои бартараф намудани ҳуқуқвайронкунӣ, манъ аст".
24.Дар моддаи 41:
қисми якум ба мазмуни зайл илова карда шавад:
"Бюллетенҳои интихоботро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ чоп мекунад ва онҳо бояд на кам аз як дараҷаи ҳифозат дошта бошанд".
Дар охири ҷумлаи дуюми қисми якум калимаҳои зерин илова карда шаванд: ",ки онҳо бояд дар ҳузури аъзои комиссияи участкавии интихобот ҳисоб карда, санҷида ва ба протокол то оғози овоздиҳӣ ҳамроҳ карда шаванд".
Қисмҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8 ва 9 мутаносибан қисмҳои 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9 ва 10 ҳисобида шаванд.
25.Дар қисми дувоздаҳуми моддаи 42 баъди калимаҳои "интихобкунандагони мазкур" калимаҳои "дар ҳузури нозирон ва шахсони боэътимод" илова карда шаванд.
26.Дар моддаи 46:
дар қисми дуюм калимаҳои "шахсони дигар" ба калимаҳои "шахсони боэътимод" иваз карда шаванд;
қисми сенздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Нусхаҳои тасдиқшудаи протокол дар бораи натиҷаи овоздиҳӣ аз ҷониби раис ё котиб ба ҳама аъзои комиссияи участкавии (ҳавзавии) интихобот шинос карда шуда, дарҳол нусхаи он ба мӯҳлати се шабонарӯз ба девори бинои овоздиҳӣ овехта мешавад".
27.Дар ҷумлаи дуюми қисми дуюми моддаи 47 баъд аз калимаи "интихобот" калимаҳои "ва дар ҳузури нозирон ва шахсони боэътимод" илова карда шаванд.
28.Дар қисми чоруми моддаи 54 баъд аз калимаҳои "риоя нашуда бошад", калимаҳои "ки он барои муайян намудани номзади ғолиб таъсир дошта бошад" илова карда, калимаҳои "ва вакили Маҷлиси намояндагонро ба қайд нагирад" хориҷ карда шаванд.
29.Ба моддаи 55 қисми якум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Натиҷаи пешакии интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон аз тариқи воситаҳои ахбори омма дар муддати 24 соати баъди ба охир расидани интихобот эълон карда мешавад".
Қисми якум қисми дуюм ҳисобида шавад.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш.Душанбе, 15 июли соли 2004 № 44