Низомномаи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ аз 1 марти соли 2012 № 98

Санаи амалкуни: 27.02.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 марти соли 2012, № 98

 тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 марти соли 2012, № 98

 тасдиқ шудааст

Низомномаи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 533, аз 27.02.2024 № 101)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 533, аз 27.02.2024 № 101)

1. Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ (минбаъд - Платформаи миллӣ) дар назди Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда ташкил шуда, мақоми машваратие мебошад, ки дар асоси механизми мавҷудаи ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилоту идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури стратегӣ оид ба ташкили платформаҳои глобалӣ дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ амал менамояд.

2. Платформаи миллӣ бо мақсадҳои зерин таъсис дода шудааст:

- ташаккул ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва садамаҳои техногенӣ, инчунин талафоти ҷонӣ ва зарари иҷтимоию иқтисодӣ;

- гузаронидани машваратҳо доир ба ворид намудани масъалаҳои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ба стратегияҳо, нақша ва барномаҳои тараққиёт.

3. Платформаи миллӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳолатҳои фавқулодда санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда, инчунин Низомномаи мазкурро дастури амал карор медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2024 № 101).

4. Платформаи миллӣ ваколатҳои худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунӣ ва дигар ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ, аз ҷумла байналмилалӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар доираи вазифаҳое, ки ба салоҳияти Платформаи миллӣ дохил мешавад, амалӣ менамояд.

...

Приложение

 Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 1 марта 2012 года, №98

Приложение

 Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 1 марта 2012 года, №98

Положение о Национальной платформе Республики Таджикистан по снижению риска стихийных бедствий

(в редакции постановления Правительства РТ от 07.08.2014г.№533, от 27.02.2024 №101)

(в редакции постановления Правительства РТ от 07.08.2014г.№533, от 27.02.2024 №101)

1. Национальная платформа Республики Таджикистан по снижению риска стихийных бедствий (далее - Национальная платформа) образована при Государственной комиссии Правительства Республики Таджикистан по чрезвычайным ситуациям и является консультационно-совещательным органом, функционирующим на основе существующего механизма координации деятельности организаций и ведомств Республики Таджикистан по снижению риска стихийных бедствий и стратегического руководства по созданию глобальных платформ в области снижения риска стихийных бедствий.

2.Национальная платформа создана в целях:

- формирования и координации деятельности в области снижения риска стихийных бедствий и техногенных катастроф, а также человеческих и социально-экономических потерь;

- проведения консультаций по включению вопросов снижения риска стихийных бедствий в стратегии, планы и программы развития.

3. Национальная платформа в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан по вопросам чрезвычайных ситуаций, международными нормативными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан, Положением о Государственной комиссии Правительства Республики Таджикистан по чрезвычайным ситуациям, а также настоящим Положением.

4. Национальная платформа осуществляет свои полномочия во взаимодействии с органами государственной власти, министерствами и ведомствами, местными исполнительными органами государственной власти, органами самоуправления, неправительственными организациями, частным сектором и гражданским обществом, в рамках задач, входящих в компетенцию Национальной платформы.

...