Тартиби ҳимояи маълумот оид ба амалӣ намудани ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ аз 1 марти соли 2012 № 101

Санаи амалкуни: 02.03.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 марти соли 2012, № 101

тасдиқ шудааст

Тартиби ҳимояи маълумот оид ба амалӣ намудани ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 112)

1. Тартиби ҳимояи маълумот оид ба амалӣ намудани ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ (минбаъд - Тартиб) тибқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикстон "Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ" (минбаъд - шахсони ҳимояшаванда) таҳия карда шуда, чорабиниҳоро вобаста ба таъмини ҳимояи маълумот ҳангоми татбиқи чораҳои амниятӣ ва дастгирии иҷтимоӣ, ки нисбати шахсони ҳимояшаванда амалӣ карда мешаванд, муқаррар менамояд.

2. Ба маълумоте, ки мутобиқи Тартиби мазкур бояд ҳифз шаванд, маълумот дар бораи амалисозии ҳимояи давлатӣ ва шахси ҳимояшаванда (минбаъд - маълумот) дохил мешаванд.

3. Асос барои ҳимояи маълумот қарорҳо дар бораи татбиқ намудани амалисозии ҳимояи давлатӣ, ки аз ҷониби суд (судя), прокурор, сардори воҳиди тафтишот, муфаттиш ё сардори воҳиди таҳқиқ ва таҳқикбаранда, роҳбари мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ки дар истеҳсолашон ариза (маълумот) дар бораи ҷиноят ё парвандаи ҷиноӣ қарор дорад (минбаъд - мақомоти ваколатдор) ва дар шакли қарори (таъиноти) асоснокшуда тибқи замимаи №1 бароварда шудааст, ба шумор меравад. Аз лаҳзаи қабули қарорҳои мазкур амалиёти мақоми ваколатдор, ки бо татбиқи он алоқаманд мебошанд, бо дарназардошти хусусияти махфӣ доштани маълумот амалӣ мегарданд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 112).

4. Мақоме, ки чораҳои амниятиро дар асоси қарори (таъиноти) аз ҷониби мақомоти ваколатдор қабулгардида оид ба истифодаи чораҳои амниятӣ амалӣ месозад, қарор қабул мекунад, ки дар он чораҳои амният ва чораҳо оид ба маҳдудсозии дастрасӣ ба маълумот пешбинӣ карда мешаванд.

5. То қабули қарорҳо дар бораи амалӣ намудани чораҳои оид ба маҳдудсозии дастрасӣ ба маълумот, мақоми татбиқкунандаи чораҳои амниятӣ мақомот ва ташкилотҳоеро (минбаъд - ташкилотҳо), ки ба чунин маълумот соҳиб шуда метавонанд, муайян месозад.

6. Барои таъмини ҳифзи маълумот мақоме, ки чораҳои амниятиро амалӣ менамояд, додани маълумоти дар фондҳои давлатӣ ва иттилоотию ахбороти мавҷудбударо метавонад ба таври доимӣ ё муваққатӣ манъ намояд.

7. Мақоме, ки чораҳои амниятиро амалӣ менамояд, ба ташкилотҳои дорои маълумот қарори пешбининамудаи сархати якуми банди 4 Тартиби мазкур ё иқтибос аз онро мефиристанд. Иҷрои қарори мазкур аз ҷониби ташкилотҳое, ки ба онҳо фиристода шудааст, ҳатмӣ мебошад.

8. Шахсони мансабдори мақомоте, ки нисбати шахси ҳимояшаванда чораҳои амниятиро амалӣ менамоянд, вазифадоранд шахсонеро, ки ба онҳо маълумот бовар карда шудааст ё дар робита бо фаъолияти хизматӣ ва вазифаҳои касбӣ барояшон маълум гардидааст, дар бораи фош накардани маълумот ва ҳамчунин дар бораи ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фош кардани онҳо дар шакли замимаи № 2 огоҳ намоянд.

9. Мукотибот ҳангоми амалӣ намудани чораҳои амниятӣ ё дастгирии иҷтимоӣ тавассути роҳбарони ташкилотҳои дахлдор бурда мешавад. Ҳуҷҷатҳо бо нишони "шахсан", бо эзоҳ дар бораи роҳ надодан ба фош гардидани маълумот ва огоҳӣ дар бораи ҷавобгарӣ барои фош кардани онҳо фиристода мешаванд.

10. Тартиби баҳисобгирии захираҳои иттилоотии дорои маълумот, нигоҳдорӣ ва истифодаи онҳо дар мақомоте, ки чораҳои амниятӣ ва ё чораҳои дастгирии иҷтимоиро амалӣ менамоянд ва дар ташкилотҳои дахлдор бо санадҳои ҳамин мақомот ва ташкилотҳое, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, муайян мегардад.

11. Роҳбарони мақомоти амаликунандаи чораҳои амниятӣ ва ё чораҳои дастгирии иҷтимоӣ ва ташкилотҳо мутобиқи Тартиби мазкур фош нагардидани маълумотро таъмин менамоянд.

12. Маълумоти оморӣ дар бораи амалӣ намудани муҳофизати давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ набояд дар бораи шахси ҳимояшаванда маълумот дошта бошанд.

Ниг.ба Замимаи 1-2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 марти соли 2012, № 101

тасдиқ шудааст

Тартиби ҳимояи маълумот оид ба амалӣ намудани ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ

1. Тартиби ҳимояи маълумот оид ба амалӣ намудани ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ (минбаъд - Тартиб) тибқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикстон "Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ" (минбаъд - шахсони ҳимояшаванда) таҳия карда шуда, чорабиниҳоро вобаста ба таъмини ҳимояи маълумот ҳангоми татбиқи чораҳои амниятӣ ва дастгирии иҷтимоӣ, ки нисбати шахсони ҳимояшаванда амалӣ карда мешаванд, муқаррар менамояд.

2. Ба маълумоте, ки мутобиқи Тартиби мазкур бояд ҳифз шаванд, маълумот дар бораи амалисозии ҳимояи давлатӣ ва шахси ҳимояшаванда (минбаъд - маълумот) дохил мешаванд.

3. Асос барои ҳимояи маълумот қарорҳо дар бораи татбиқ намудани амалисозии ҳимояи давлатӣ, ки аз ҷониби суд (судя), прокурор, сардори воҳиди тафтишот, муфаттиш ё сардори воҳиди таҳқиқ ва таҳқикбаранда, ки дар истеҳсолашон ариза (маълумот) дар бораи ҷиноят ё парвандаи ҷиноӣ қарор дорад (минбаъд - мақомоти ваколатдор) ва дар шакли қарори (таъиноти) асоснокшуда тибқи замимаи №1 бароварда шудааст, ба шумор меравад. Аз лаҳзаи қабули қарорҳои мазкур амалиёти мақоми ваколатдор, ки бо татбиқи он алоқаманд мебошанд, бо дарназардошти хусусияти махфӣ доштани маълумот амалӣ мегарданд.