Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 марти соли 2012, № 98
тасдиқ шудааст
Низомномаи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 533)
1. Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ (минбаъд - Платформаи миллӣ) дар назди Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда ташкил шуда, мақоми машваратие мебошад, ки дар асоси механизми мавҷудаи ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилоту идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури стратегӣ оид ба ташкили платформаҳои глобалӣ дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ амал менамояд.
2. Платформаи миллӣ бо мақсадҳои зерин таъсис дода шудааст:
- ташаккул ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва садамаҳои техногенӣ, инчунин талафоти ҷонӣ ва зарари иҷтимоию иқтисодӣ;
- гузаронидани машваратҳо доир ба ворид намудани масъалаҳои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ба стратегияҳо, нақша ва барномаҳои тараққиёт.
3. Платформаи миллӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳолатҳои фавқулодда санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда, инчунин Низомномаи мазкурро дастури амал карор медиҳад.
4. Платформаи миллӣ ваколатҳои худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунӣ ва дигар ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ, аз ҷумла байналмилалӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар доираи вазифаҳое, ки ба салоҳияти Платформаи миллӣ дохил мешавад, амалӣ менамояд.
5. Вазифаҳои асосии Платформаи миллӣ инҳоянд:
- таҳияи пешниҳоду тавсияҳо оид ба ташккул ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва садамаҳои техногенӣ, инчунин талафоти ҷонӣ ва зарари иҷтимоию иқтисодӣ;
- ҳамоҳангсозӣ, ташхис ва машварат доир ба самтҳои асосии паст намудани хавфи офатҳои табиӣ, ки дар сатҳи миллӣ амалиёти мувофиқашударо талаб менамояд;
- таъмини пешравӣ дар ноилшавӣ ба мақсадҳои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ, гузаронидани мониторинг дар ин соҳа;
- ташкили иштироки бахшҳои гуногуни ҷомеа дар муҳокимаи фаъолият дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ;
- ҳамоҳангсозии ташкил ва фаъолияти гурӯҳҳои кории тематикӣ, бо дарназардошти дониш, таҷриба ва фикру мулоҳизаҳои тарафҳои манфиатдор дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ;
- таъмини мониторинги иҷрои барномаҳо, лоиҳаҳо, тавсияномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ аз тарафи ташкилотҳо;
- ҳамкорӣ бо ташкилотҳои минтақавӣ, хориҷӣ, донорӣ ва дигар ташкилотҳои махсусгардонидашудаи соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ;
- ташкили омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар раванди бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, инчунин ҳамоҳангсозии ҳамкории вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ дар ин масъалаҳо дар доираи ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз шартномаву созишномаҳои дахлдор бармеояд;
- таҳия ва мувофиқа намудани барномаҳо ва методикаи ягонаи баҳодиҳии хатари офатҳои табиӣ дар соҳаи мазкур;
- истифода ва татбиқи таҷрибаҳои байналмилалӣ дар таҳияи барномаҳо ва баҳодиҳии таъсири хатари офатҳои табиӣ ба муҳити зист;
- тарғиботи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар зинаҳои мухталиф.
6. Платформаи миллӣ ҳуқуқ дорад:
- ба лоиҳаҳои санадхои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тибқи тартиби муқарраргардида ба Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва ҳангоми зарурат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур намояд;
- дар чаҳорчӯбаи Платформаи миллӣ гурӯҳҳои экспертии тематикӣ (шӯрои илмию техникӣ, гурӯҳҳои экспертӣ ва ғайра) ташкил намояд.
7. Ҳайати Платформаи миллӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
8. Маҷлисҳои Платформаи миллӣ ба қадри зарурат, аммо на камтар аз як бор дар семоҳа, гузаронида мешавад. Қарорҳои Платформаи миллӣ бо протокол ба расмият дароварда мешавад.
9. Платформаи миллӣ фаъолияти худро дар асоси нақшаи корӣ, ки дар ҷаласаи Платформаи миллӣ қабул мегардад ва аз тарафи Раиси он тасдиқ мешавад, амалӣ менамояд.
10. Масъалаҳое, ки иҷрои онҳо ба салоҳияти Платформаи миллӣ дохил намешавад, тибқи тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ба Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда пешниҳод карда мешавад.
11. Таъминоти ташкилию техникии кори Платформаи миллиро Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаи котиби онро, сардори Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди ин Кумита амалӣ менамояд
12. Платформаи миллӣ мунтазам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои муҳими аз тарафи Платформаи миллӣ баррасӣ ва ҳалшаванда иттилоот медиҳад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 7 августи соли 2014, № 533
тасдиқ шудааст
Ҳайати Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ (аз рӯи вазифа)
Раиси Платформаи миллӣ - Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти соҳа;
Муовини якуми раиси - Раиси Кумитаи холатҳои фавқудда ва
Платформаи миллӣ мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини раиси - Сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи
Платформаи миллӣ ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Котиби масъули - Сардори Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва
Платформаи миллӣ ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аъзои Платформаи миллӣ:
- муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини Вазири маариф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Директори Институти геология, сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини Котиби генералии Ҷамъияти миллии Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Нозирон
Бонки умумиҷаҳонӣ (WB)
Гурӯхи RЕАСТ (гурӯҳи баҳодиҳии зудамал ва эътино ба офатҳои табиӣ) ва роҳбарони гурӯҳҳои кластерӣ
Агентиҳои Созмони Милали Муттаҳид: Барномаи рушди СММ (UNDP), Ташкилоти СММ оид ба озуқа ва кишоварзӣ (UNFAO), Стратегияи байналмиллалии СММ оид ба паст кардани офатҳои табиӣ (UNISDR), Фонди СММ оид ба кӯмаки кӯдакон (UNICEF), Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустии СММ (UNWHO), Лоиҳаи умумиҷаҳонии озуқавии СММ (UNWFP), Комиссиариати Олии СММ оид ба гурезаҳо (UNHCR), Дафтари СММ оид ба ҳамоҳангсозии корҳои башардӯстона (UNOCHA)
Федератсияи Байналхалқии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар
Ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳои ғайридавлатӣ
Ҳамоҳангсозони лоиҳаи ташкилотҳо, ки дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ, паст кардани камбизоатӣ, рушди иқтисод фаъолият менамоянд