Низомномаи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ аз 1 марти соли 2012 № 98

Санаи амалкуни: 27.02.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 марти соли 2012, № 98

 тасдиқ шудааст

Низомномаи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 533, аз 27.02.2024 № 101)

1. Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ (минбаъд - Платформаи миллӣ) дар назди Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда ташкил шуда, мақоми машваратие мебошад, ки дар асоси механизми мавҷудаи ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилоту идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури стратегӣ оид ба ташкили платформаҳои глобалӣ дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ амал менамояд.

2. Платформаи миллӣ бо мақсадҳои зерин таъсис дода шудааст:

- ташаккул ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва садамаҳои техногенӣ, инчунин талафоти ҷонӣ ва зарари иҷтимоию иқтисодӣ;

- гузаронидани машваратҳо доир ба ворид намудани масъалаҳои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ба стратегияҳо, нақша ва барномаҳои тараққиёт.

3. Платформаи миллӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳолатҳои фавқулодда санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда, инчунин Низомномаи мазкурро дастури амал карор медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2024 № 101).

4. Платформаи миллӣ ваколатҳои худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунӣ ва дигар ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ, аз ҷумла байналмилалӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар доираи вазифаҳое, ки ба салоҳияти Платформаи миллӣ дохил мешавад, амалӣ менамояд.

5. Вазифаҳои асосии Платформаи миллӣ инҳоянд:

- таҳияи пешниҳоду тавсияҳо оид ба ташккул ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва садамаҳои техногенӣ, инчунин талафоти ҷонӣ ва зарари иҷтимоию иқтисодӣ;

- ҳамоҳангсозӣ, ташхис ва машварат доир ба самтҳои асосии паст намудани хавфи офатҳои табиӣ, ки дар сатҳи миллӣ амалиёти мувофиқашударо талаб менамояд;

- таъмини пешравӣ дар ноилшавӣ ба мақсадҳои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ, гузаронидани мониторинг дар ин соҳа;

- ташкили иштироки бахшҳои гуногуни ҷомеа дар муҳокимаи фаъолият дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ;

- ҳамоҳангсозии ташкил ва фаъолияти гурӯҳҳои кории тематикӣ, бо дарназардошти дониш, таҷриба ва фикру мулоҳизаҳои тарафҳои манфиатдор дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ;

- таъмини мониторинги иҷрои барномаҳо, лоиҳаҳо, тавсияномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ аз тарафи ташкилотҳо;

- ҳамкорӣ бо ташкилотҳои минтақавӣ, хориҷӣ, донорӣ ва дигар ташкилотҳои махсусгардонидашудаи соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ;

- ташкили омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар раванди бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, инчунин ҳамоҳангсозии ҳамкории вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ дар ин масъалаҳо дар доираи ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз шартномаву созишномаҳои дахлдор бармеояд;

- таҳия ва мувофиқа намудани барномаҳо ва методикаи ягонаи баҳодиҳии хатари офатҳои табиӣ дар соҳаи мазкур;

- истифода ва татбиқи таҷрибаҳои байналмилалӣ дар таҳияи барномаҳо ва баҳодиҳии таъсири хатари офатҳои табиӣ ба муҳити зист;

- ҳамоҳангсозии фаъолият байни мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим вобаста ба низоми идоракунии хавфи офатҳои табиӣ;

- баррасии ҳисобот дар бораи натиҷаи иҷрои нақшаҳои соҳавӣ ва маҳаллӣ оид ба рушд дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2024 № 101);

- тарғиботи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар зинаҳои мухталиф.

6. Платформаи миллӣ ҳуқуқ дорад:

- ба лоиҳаҳои санадхои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тибқи тартиби муқарраргардида ба Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва ҳангоми зарурат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур намояд;

- дар чаҳорчӯбаи Платформаи миллӣ гурӯҳҳои экспертии тематикӣ (шӯрои илмию техникӣ, гурӯҳҳои экспертӣ ва ғайра) ташкил намояд.

7. Ҳайати Платформаи миллӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

8. Маҷлисҳои Платформаи миллӣ ба қадри зарурат, аммо на камтар аз як бор дар шаш моҳ, гузаронида мешавад. Қарорҳои Платформаи миллӣ бо протокол ба расмият дароварда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2024 № 101).

9. Платформаи миллӣ фаъолияти худро дар асоси нақшаи корӣ, ки дар ҷаласаи Платформаи миллӣ қабул мегардад ва аз тарафи Раиси он тасдиқ мешавад, амалӣ менамояд.

10. Масъалаҳое, ки иҷрои онҳо ба салоҳияти Платформаи миллӣ дохил намешавад, тибқи тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ба Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда пешниҳод карда мешавад.

11. Таъминоти ташкилию техникии кори Платформаи миллиро Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаи котиби онро, сардори сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди ин Кумита амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2024 № 101).

12. Платформаи миллӣ мунтазам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои муҳими аз тарафи Платформаи миллӣ баррасӣ ва ҳалшаванда иттилоот медиҳад.

 

таҳрири нав (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2024 № 101)

Замима 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 марти соли 2012, № 98

тасдиқ шудааст

Ҳайати Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ

Раиси Платформаи миллӣ - муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти соҳа;

муовини якуми раиси Платформаи миллӣ - раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини раиси Платформаи миллӣ - сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

котиби масъули Платформаи миллӣ - сардори сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аъзои Платформаи миллӣ:

муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

муовини котиби генералии Федератсияи байналмиллалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Нозирон:

Бонки Умумиҷаҳонӣ;

Бонки Осиёии Рушд;

Гурӯҳи RЕАСТ (гурӯҳи баҳодиҳии зудамал ва эътино ба офатҳои табиӣ) ва роҳбарони гурӯҳҳои кластерӣ;

агентиҳои Созмони Милали Муттаҳид: Барномаи рушди СММ, Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, Дафтари СММ оид ба паст кардани офатҳо, Хазинаи кӯдакони СММ, Ташкилоти Умумиҷаҳонии тандурустии СММ, Барномаи Озуқавории Ҷаҳонии СММ, Идораи Комиссиариати Олии СММ оид ба гурезаҳо, Дафтари СММ оид ба ҳамоҳангсозии корҳои башардӯстона;

Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар;

созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои дигари ғайридавлатӣ;

ҳамоҳангсозони лоиҳаи ташкилотҳо, ки дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди иқтисод фаъолият менамоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2024 № 101).

Приложение

 Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 1 марта 2012 года, №98

Положение о Национальной платформе Республики Таджикистан по снижению риска стихийных бедствий

(в редакции постановления Правительства РТ от 07.08.2014г.№533, от 27.02.2024 №101)

1. Национальная платформа Республики Таджикистан по снижению риска стихийных бедствий (далее - Национальная платформа) образована при Государственной комиссии Правительства Республики Таджикистан по чрезвычайным ситуациям и является консультационно-совещательным органом, функционирующим на основе существующего механизма координации деятельности организаций и ведомств Республики Таджикистан по снижению риска стихийных бедствий и стратегического руководства по созданию глобальных платформ в области снижения риска стихийных бедствий.

2.Национальная платформа создана в целях:

- формирования и координации деятельности в области снижения риска стихийных бедствий и техногенных катастроф, а также человеческих и социально-экономических потерь;

- проведения консультаций по включению вопросов снижения риска стихийных бедствий в стратегии, планы и программы развития.

3. Национальная платформа в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан по вопросам чрезвычайных ситуаций, международными нормативными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан, Положением о Государственной комиссии Правительства Республики Таджикистан по чрезвычайным ситуациям, а также настоящим Положением.

4. Национальная платформа осуществляет свои полномочия во взаимодействии с органами государственной власти, министерствами и ведомствами, местными исполнительными органами государственной власти, органами самоуправления, неправительственными организациями, частным сектором и гражданским обществом, в рамках задач, входящих в компетенцию Национальной платформы.

5.Основными задачами Национальной платформы являются:

- выработка предложений и рекомендаций по формированию и проведению координации деятельности в области снижения риска стихийных бедствий и техногенных катастроф, а также человеческих и социально-экономических потерь;

- координация, анализ и консультации по приоритетным направлениям снижения риска стихийных бедствий, требующим согласованных действий на национальном уровне;

- обеспечение прогресса в достижении целей снижения риска стихийных бедствий, проведение мониторинга в этой области;

- организация участия различных секторов общества в обсуждении деятельности в области снижения риска стихийных бедствий;

- координация создания и функционирования тематических рабочих групп, с учётом знаний, опыта и мнений всех заинтересованных сторон в области снижения риска стихийных бедствий;

- обеспечение мониторинга выполнения организациями программ и проектов, рекомендаций и других документов и решений в, сфере снижения риска стихийных бедствий;

- сотрудничество и взаимодействие с региональными, международными, донорскими и специализированными организациями в сфере снижения риска стихийных бедствий;

- организация изучения и использования международного опыта в процессе ликвидации стихийных бедствий, а также координация сотрудничества министерств и ведомств республики по этим вопросам в рамках обязательств Республики Таджикистан, вытекающих из соответствующих договоров и соглашений;

- разработка и согласование программ и единой методики оценки риска стихийных бедствий в данной области;

- использование и реализация международного опыта в разработке программ и оценки воздействия риска стихийных бедствий на окружающую среду;

- координация деятельности центральных и местных исполнительных органов государственной власти, международных организаций и гражданского общества в области снижения риска стихийных бедствий и адаптации к изменению климата, связанная с системой управления рисками стихийных бедствий (в редакции пост. Правительства РТ от 27.02.2024 №101);

- рассмотрение отчета об итогах выполнения отраслевых и местных планов развития в области предупреждения и ликвидации чрезвычайных ситуаций (в редакции пост. Правительства РТ от 27.02.2024 №101);

- пропаганда снижения риска стихийных бедствий на различных уровнях.

6. Национальная платформа имеет право:

- представлять предложения по проектам нормативных правовых актов по вопросам снижения риска стихийных бедствий в установленном порядке Государственной комиссии Республики Таджикистан по чрезвычайным ситуациям и при необходимости Правительству Республики Таджикистан;

- создавать в рамках Национальной платформы тематические экспертные группы (научно-технический совет, экспертная группа и т.д.).

7. Состав Национальной платформы утверждается Правительством Республики Таджикистан.

8. Заседания Национальной платформы проводятся по мере необходимости, но не реже одного раза в шесть месяцев. Решения Национальной платформы оформляются протоколом (в редакции пост. Правительства РТ от 27.02.2024 №101).

9. Национальная платформа осуществляет свою деятельность в соответствии с планом работы, принимаемым на заседании Национальной платформы и утверждённым её Председателем.

10. Вопросы, решение которых не входят в компетенцию Национальной платформы, в установленном порядке представляются на рассмотрение Государственной комиссии Правительства Республики Таджикистан по чрезвычайным ситуациям.

11. Организационно-техническое обеспечение работы Национальной платформы осуществляет Комитет по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан, а обязанности секретаря Национальной платформы, начальник главного управления защиты населения и территорий этого Комитета (в редакции пост. Правительства РТ от 27.02.2024 №101).

12. Национальная платформа систематически информирует Правительство Республики Таджикистан по наиболее важным вопросам, рассматриваемым и решаемым Национальной платформой.

 

Утверждён

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 7 августа 2014 года, №533

Утверждено в новой редакции пост. Правительства РТ от 27.02.2024 №101

Состав Национальной платформы Республики Таджикистан по снижению риска стихинных бедствий

Председатель Национальной платформы - заместитель Премьерминистра Республики Таджикистан, куратор отрасли;

первый заместитель председателя Национальной платформыпредседатель Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан;

заместитель председателя Национальной платформы - начальник управления обороны и правопорядка Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан;

ответственный секретарь Национальной платформы - начальник главного управления защиты населения и территорий Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан.

Члены Национальной платформы:

заместитель министра юстиции Республики Таджикистан;

заместитель министра сельского хозяйства Республики Таджикистан;

заместитель министра образования и науки Республики Таджикистан;

заместитель министра финансов Республики Таджикистан;

заместитсль министра труда, миграции и занятости население Республики Таджикистан;

заместитель министра транспорта Республики Таджикистан;

заместитель министра экономического развития и торговли Республики Таджикистан;

заместитель министра промышленности и новых технологий Республики Таджикистан;

заместитель министра здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан;

заместитель министра энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан;

заместитель председателя Государственного комитета по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан;

заместитель предссдателя Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан;

заместитель директора Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан;

заместитель председателя Комитета по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан;

заместитель председателя Комитета по развитию туризма при Правительстве Республики Таджикистан;

заместитель председателя Комитета по телевидению и радио при Правительстве Республики Таджикистан;

заместитель председателя Комитета по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан;

заместитель директора Агентства мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан;

заместитель директора Государственного агентства материальных ресурсов при Правительстве Республики Таджикистан;

заместитель директора Агентства лесного хозяйства при Правительстве Республики Таджикистан;

заместитель руководителя Службы государственного контроля за безопасностью труда в промышленности и горному надзору при Правительстве Республики Таджикистан;

заместитель начальника Главного управления геологии при Правительстве Республики Таджикистан;

вице-президент Национальной академии наук Таджикистана;

директор Института геологии, сейсмостойкого строительства и сейсмологии Национальной академии наук Таджикистана;

заместитель генерального секретаря Международная федерация обществ Красного Креста и Красного Полумесяца.

Наблюдатели:

Всемирный Банк;

Азиатский Банк Развития;

Группа RЕАСТ (группа быстрой оценки и координации в чрезвычайных ситуациях) и руководители кластерных групп;

агентства Организации Объединенных Наций: Программа Развития ООН, Продовольственная и сельскохозяйственная организация ООН, Управление ООН по уменьшению опасности стихийных бедствий, Детский фонд ООН, Всемирная Организация Здравоохранения ООН. Всемирная Продовольственная Программа ООН, Верховный комиссар ООН по делам беженцев, Управление ООН по координации гуманитарных вопросов;

Международная федерация обществ Красного Креста и Красного Полумесяца;

международные и другие неправительственные организации;

координаторы проектов организаций, осуществляющих деятельность в области управления бедствиями, снижения уровня бедности и экономического развития.