Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи қонунгузории гражданӣ ва соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2015 аз 1 марти соли 2012 № 96

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 марти соли 2012, № 96

тасдиқ шудааст

Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи қонунгузории гражданӣ ва соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2015

1. Муқаррароти умумӣ

Дар замони муосир рушди муносибатҳои гражданӣ ва соҳибкорӣ яке аз омилҳои пешбарандаи иқтисодиёт ба шумор меравад. Дар ин ҷараён қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурӣ тақозои замон мебошад. Санадҳои мазкур бояд манфиатҳои иқтисодии давлат ва ҳар як соҳибкорро ифода карда, бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилӣ ва байналмилалӣ мувофиқ бошад. Аз ин лиҳоз, Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи қонунгузории гражданӣ ва соҳибкорӣ дар асоси Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011, №1021 тасдиқ шудааст, таҳия гардида, барои мустаҳкам кардани асосҳои ҳуқуқии иқтисодиёт пешбинӣ карда шудааст.

2. Мақсад ва вазифаҳои барнома

1. Мақсади асосии Барнома аз такмил ва тақвияти санадҳои қонунгузории танзимкунандаи муносибатҳои гражданӣ ва соҳибкорӣ иборат мебошад. Ноилшавӣ ба мақсадҳои асосии барнома ҳалли вазифаҳои зеринро тақозо менамояд:

- таҳлил намудани санадҳои қонунгузории соҳаи гражданӣ ва соҳибкорӣ ҷиҳати мутобиқ намудани онҳо ба Конситутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;

- таҷдиди назар намудани қонунгузории соҳаи муносибатҳои гражданӣ ва соҳибкорӣ;

- мусоидат ба рушди муносибатҳои молумулкӣ, шахсии ғайримолумулкӣ, соҳибкорӣ ва ғайра бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои дахлдор;

- такмили меъёрҳои ҳуқуқии граждании танзимкунандаи муносибатҳое, ки вобаста ба моликият, ӯҳдадориҳои шартномавӣ, ғайришартномавӣ ва моликияти зеҳнӣ ба вуҷуд меоянд;

- ташкили низоми самараноки дастгирии давлатии соҳибкорӣ, таъмини шароити мусоиди ташкилию ҳуқуқӣ ҷиҳати рушди соҳибкорӣ, бахусус дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони ватанӣ;

- таъмини ҳамоҳангсозӣ ва бо ҳам наздикшавии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиёт бо қонунгузории давлатҳои иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди иқтисодии Евразия;

- такмил додани санадҳои қонунгузорӣ дар соҳаҳои фаъолияти соҳибкорӣ, тиҷоратӣ, қонунгузории зиддиинҳисорӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ.

3. Мӯҳлати татбиқи Барнома

3. Татбиқи Барномаи мазкур солҳои 2012-2015-ро дар бар мегирад.

4. Дар солҳои 2012-2015 вазифаҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

- мусоидат ба рушди муносибатҳои молумулкӣ, шахсии ғайримолумулкӣ, соҳибкорӣ ва ғайра бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо ва қонунҳои дахлдор;

- такмил додани Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- такмили меъёрҳои ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳое, ки вобаста ба моликият, ӯҳдадориҳои шартномавӣ, ғайришартномавӣ ва моликияти зеҳнӣ ба вуҷуд меоянд;

- мутобиқсозии меъёрҳои ҳуқуқии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- такмил додани санадҳои қонунгузорӣ дар соҳаи маҳдуд кардани фаъолияти зиддиинҳисорӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ.

4. Манбаъҳои маблағгузории Барнома

7. Маблағгузорӣ ва татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Барнома бевосита аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, ки барои вазорату идораҳо ва муассисаҳои дахлдор пешбинӣ гардидаанд, ҳамчунин аз ҳисоби ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ, аз ҷумла сармоягузориҳо, грантҳо ва хайрияҳо анҷом дода мешаванд.

Ниг.ба Замима.