Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ барои солҳои 2012-2015 аз 1 марти соли 2012 № 95

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 марти соли 2012 № 95

тасдиқ шудааст

Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ барои солҳои 2012-2015

1. Муқаррароти умумӣ

1. Муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нав ворид гардида, дар заминаи истиқрор ва рушди бонизоми қонунгузории миллӣ дар ҳамбастагӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ташаккул ёфта, бо дарназардошти ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба роҳ монда мешаванд.

2. Мавқеъ, сатҳ ва дурнамои ташаккули қонунгузории миллӣ вобаста ба низоми ягона ва мукаммали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

2. Мақсад ва вазифаҳо

3. Мақсади татбиқи Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ барои солҳои 2012-2015 (минбаъд-Барнома) таъминоти ҳуқуқӣ, таҳким, такмил ва тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи минтақавӣ, байниминтақавӣ ва умумиҷаҳонӣ бо кишварҳои хориҷӣ дар заминаи ҳамкории мутақобилаи судманд, эҳтиром ба тамомияти марзӣ ва баробарҳуқуқӣ дар дастрасӣ ба арзишҳои демократии ҷаҳони муосир мебошад.

4. Рушди ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо муносибатҳои ҳуқуқиии оммавӣ ва хусусии байналмилалӣ чун ҷузъҳои мустақим амалӣ гардида, бо дарназардошти ҳамоҳангсозӣ ва воридсозии меъёрҳои эътирофнамудаи ҳуқуқии байналмилалӣ ба санадҳои меъёрии қонунгузории миллӣ, механизмҳои байналмилалии ҳуқуқӣ дар заминаи методологияҳои ҷадиди таҳлилӣ ва муқоисавӣ таъмин карда мешавад.

5. Расидан ба мақсадҳои стратегии Барнома ҳадди ақал ҳалли масъалаҳои зеринро тақозо менамояд:

- таъмини рушд, тақвияти сиёсати дарҳои кушода дар вобастагӣ ба принсипи ҳуқуқии байналмилалии ҳамкорӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти зинаҳои гуногуни мақомоти ҳокимияти давлатии марбут ба муносибатҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотии соҳа ва дастгирии амалии таҳқиқотҳои илмӣ-амалӣ;

- муайянсозии дурнамои истиқрор ва рушди муносибатҳои минтақавӣ, байниминтақавии ва умумиҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ташаккули муносибатҳои байналмилалӣ тавассути муколама ва мубодилаи афкори дуҷониба ва бисёрҷонибаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ, таҳкими тиҷорати байнисарҳадии судманд ва мутақобил;

- ташаккул ва рушди саривақтии бахшҳои махсуси хизматрасониҳои дипломатӣ ва консулӣ ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз кишвар;

- дастгирии давлатӣ ва моддию техникӣ, таъмини захираҳои иттилоотӣ дар ҷодаи муносибатҳои байналмилалӣ, мураттабсозии Махзани ягонаи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вобастагӣ ба вусъатёбии муносибатҳои байналмилалӣ ва таъмини дастрасии васеъ ва озод ба ин иттилоот тавассути истифодаи бомароми технологияҳои ҷадиди иттилоотӣ дар заминаи ҳамкориҳои байналмилалӣ;

- дастгирии шаклҳои муосири омодасозии мутахассисони ҷавон ва болаёқат, аз ҷумлаи мутарҷимон ва кормандони пуртаҷриба ва кордон дар соҳаҳои муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ дар заминаи вазорату идораҳои дахлдор ва муассисаҳои илмӣтадқиқотӣ;

- андешидани чораҳо ҷиҳати ҳавасмандгардонии мутахассисони соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ ва ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон, ки фаъолияти худро ба таҳким ва рушди муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намудаанд.

3. Мӯҳлати иҷрои Барнома

6. Барнома дар давраҳои татбиқи он бояд ба сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат мусоидат кунад. Барномаи мазкур солҳои 2012-2015-ро дар бар мегирад.

7. Омилҳои муайянкунандаи мӯҳлат ва давраҳои татбиқи Барномаи мазкур инҳоянд:

- такомули доимии низоми миллии муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, банақшагирӣ, дурнамо ва ояндабинии давлатӣ дар ин соҳа,

ки бо дарназардошти пешниҳод ва таҳлилҳои муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, мутахассисон ва таҳлилгарон пешбинӣ мешаванд;

- таъмини фазои ягонаи таъминоти ҳуқуқӣ-иттилотӣ ва истифодаи захираҳои он дар дохил ва хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- рушди муносибатҳои байналмилалӣ, пайгирӣ ва ҳамкорӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ;

- таҳия, такмил ва мувофиқгардонии мунтазами санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ бо қонунгузории миллӣ.

4. Манбаъҳои маблағгузории Барнома

8. Маблағгузорӣ ва татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Барнома мустақиман аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ ва маблағҳое, ки барои вазорату идораҳо, пешбинӣ мешаванд, сармоягузориҳо, грантҳо, худмаблағгузориҳо ва хайрияҳо анҷом дода мешавад.

5. Лоиҳаҳои асосии Барнома

9. Тадбирҳои татбиқи Барнома амалисозии лоиҳаҳоро дар самтҳои зерин тақозо менамоянд:

- муайян намудани вазъи воқеии қонунгузории миллӣ дар таносуб бо раванди инкишофи муносибатҳои байналмилалии оммавӣ ва хусусӣ;

- иштироки фаъоли намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ташкилот ва институтҳои байналмилалии иқтисодӣ, молиявӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ, нақлиёт ва коммуникатисия ва беҳдошти муҳити зист бо мақсади ҳимоя аз манофеи ҷумҳурӣ ва амалисозии лоиҳаҳои рушд;

- таҳияи Дурнамои фаъолияти намояндагиҳои корпуси дипломатӣ ва намоядагиҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2015;

- таҷдиди назар ва таҳлили мунтазами санадҳои меъёрии дохилӣ ҷиҳати татбиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Конфронси Исломӣ, Иттиҳоди иқтисодии Евразия ва Иттиҳоди Аврупо;

- пешниҳоди таҳлили дақиқи қонунгузорӣ ҷиҳати бартарафсозии мухолифатҳои қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, техникӣ, нақлиёт ва коммуникатсия;

- истифодаи васеъ аз ҳуқуқи қайди тавзеҳот ва шаклҳои он дар ҷараёни ифодаи ризоият ба бастани шартномаҳои бисёрҷонибаи минтақавӣ ва байниминтақавӣ, махсусан соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ;

- танзимнамоӣ, бозомӯзӣ ва таҳлили ҳамаҷонибаи шартномаҳои байналмилалӣ ва байнидавлатии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон вориси ҳуқуқии он эътироф гардидааст, тибқи талаботи ҳамин шартномаҳо аз эътибор соқит донистани онҳо;

- сари вақт ба субут расонидани раванди ҳамоҳангсозии санадҳои қонунгузории миллӣ вобаста ба талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқӣ барои амалӣ гардонидани гуфтушунидҳои зинавӣ дар ин самт, тақвияти фаъолияти вазорату идораҳо, муассиса ва ташкилотҳои дахлдори соҳа, новобаста аз шакли моликияташон, батадриҷ аз байн бурдани монеаҳои қонунгузории миллӣ дар ин самт, тақвияти гуфтушунидҳо бо қишварҳои алоҳидаи аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо;

- ба миён овардани муҳити солими рақобатпазирии ширкатҳои миллӣ дар амалисозии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ тавассути ташкили ширкатҳои фаромиллатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика ва таъминоти оби нӯшокӣ;

- вусъати муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, бо дарназардошти манфиатҳо ва хатарҳои якҷояшавии иқтисодиёти ҷаҳонӣ, дар ҳамбастагӣ бо ҳамкориҳои минтақавӣ ва байниминтақавӣ, собит нигаҳ доштани ҳувият ва худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ;

- ташкили низоми миллии қонунгузорӣ дар робита бо ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқӣ ҷиҳати амалисозии шаклҳои муосири хадамоти дипломатӣ, аз ҷумла хадамоти алтернативӣ ва фосилавӣ тавассути шабакаи Интернет, муқаррар кардани асосҳои ҳуқуқии таъминоти он ва муайян кардани имтиёзҳо дар фаъолияти ин хадамот;

- таъсиси Маҳзани ягонаи электронии иттилоотӣ оиди шарикони боэътимоди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ, бо мақсади дастгирии фаъолияти мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, муассиса, ташкилотҳо ва аҳолӣ;

- рушди инфрасохтори захираҳои кадрӣ, бозомӯзӣ ва ба таҳсилот фаро гирифтани онҳо дар вобастагӣ бо талаботи байналмилалӣ, таъсиси Академияи миллии хизмати дипломатӣ;

- таҳияи низоми мукаммали баҳисобгирӣ ва нигахдории санадҳои байналмилалии минтақавй, байниминтақавӣ ва универсалй, таҳияи санадҳои меъёрии дахлдор дар ин самт;

- такмил ва рушди сиёсати давлатӣ вобаста ба тартиби додани раводид ба шаҳрвандони хориҷӣ, муқаррар намудани Қоидаҳои нави додани раводид ба шаҳрвандони хориҷӣ дар робита ба ҷараёни инкишофи муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани ашхосе, ки аз ҳуқуқи афзалиятнок истифода аз низоми соддакардашудаи додани раводидро бархӯрдоранд;

- таҳияи Қоидаҳои миллии қабул ва гусели протоколии намояндагии сафирон ва консулҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту муассисаҳо навобаста аз шакли моликияташон, дар ҷараёни амалисозии сиёсати давлатии хориҷӣ дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ, омодасозии барномаҳои соҳавии рушди қонунгузории миллӣ бо дарназардошти низоми муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалии оммавӣ ва хусусӣ;

- таҳлили Дурнамои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат, натиҷагирӣ аз воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилотҳои байналмилалии минтақавӣ ва байниминтақавӣ;

- манзури хулоса ва пешниҳодоти экспертӣ аз ҷониби намояндагони Шӯрои миллии ҳамоҳангсози муносибатҳои байналмилалӣ ҷиҳати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шартномаҳои байналмилалии дуҷониба ва бисёрҷониба;

- васеъ ба роҳ мондани таҷрибаи эъломи бародаршаҳрии шаҳрдорӣ на танҳо дар доираи шаҳри Душанбе, балки тамоми шаҳрҳо ва марказҳои бузурги саноатӣ, фарҳангӣ ва таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти ривоҷу равнақи муносибатҳои байналмилалии судманд ва тақвияти ғояҳои башардӯстӣ.

10. Дар доираи лоиҳаҳои асосии амалишавандаи Барнома бояд талаботи амнияти миллии давлатӣ, ҷомеа ва шахс, инкишофи низоми самараноки муносибатҳои байналмилалӣ ва муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи байналмилалӣ, пешбарандаи ғояи сулҳ ва ризоияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ба инобат гирифта шавад.

6. Натиҷагирӣ аз иҷрои Барнома

11. Амалишавии мақсад ва ҳадафҳои асосии Барнома боиси ба вуҷуд омадани низоми мукаммали қонунгузории миллӣ гашта, мақом ва нақши мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, муассисаҳо ва такшкилотҳои соҳавиро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам ва муайян менамояд.

12. Бо дарназардошти ҳамоҳангсозӣ ва мураттабсозии муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ, ташаккули афкори умуми ҷомеа ба миён омада, омили муайянкунанда дар ин ҷабҳа пайравӣ -ба эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон ва шаҳрвандон, аҳкоми ҳуқуқи башар ва арзишҳои эътирофгардидаи инсонӣ хоҳанд буд, ки аз моҳияти давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи байналмилалӣ далолат хоҳанд дод.

Ниг.ба Замима.