Низомномаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, № 143

Санаи амалкуни: 23.08.2022

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 январи соли 2007 № 143

тасдиқ шудааст

Низомномаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Фармони Президенти ҶТ аз 06.04.2007 № 227, аз 29.04.2008 № 450, аз 18.09.2009 № 708, аз 18.10.2011 № 1151, аз 14.01.2012 № 1223, аз 17.09.2012 № 1351, аз 23.10.2017 № 954, аз 27.12.2017 № 972, аз 15.08.2019 № 1338, аз 23.08.2022 № 435)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) мақомоти ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, назорати давлатии молиявиро оид ба самарабахшии истифодаи воситаҳо ва амволи давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи пешгирӣ, ошкорсозӣ, огоҳсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта иҷро менамояд.

2. Агентӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи назорати давлатии молиявӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба коррупсия", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ", Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Тоҷикистон эътирофшуда ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад (Фармони Президенти ҶТ аз 27.12.2017 № 972, аз 23.08.2022 №435).

II. Ваколатҳои Агентӣ

3. Ваколатҳои Агентӣ инҳоанд:

- ташкил ва анҷом додани тафтишу санҷишҳо оид ба иҷрои қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, фондҳои давлатӣ аз рӯи ҳаҷм, сохтор ва таъиноти мақсаднок, инчунин самаранокии хароҷоти воситаҳои давлатӣ ва истифодаи амволи давлатӣ (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 №435);

- таҳлили асоснокии қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ;

- назорат оид ба саривақт ва пурра маблағгузорӣ намудани барномаҳои давлатии сармоягузорӣ ва иҷтимоӣ, истифодаи мақсадноки воситаҳои аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ҷудошаванда, инчунин тақсимоти кӯмаки башардӯстона ва техникии аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифташуда (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 №435);

- назорат оид ба қабул, истифода ва нигоҳдории фонди давлатии металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ки қисми таркибии захираҳои тиллоию асъори давлат мебошанд;

- санҷиши қонунӣ ва саривақтӣ будани гардиши воситаҳои буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ дар бонкҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳои молиявию кредитӣ;

- назорат оид ба истифодаи мақсадноки захираҳои кредитӣ ва сармоягузории хориҷии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалбшаванда (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 №435);

- таҳлили фарқиятҳои ошкоршуда аз нишондиҳандаҳои тасдиқшудаи буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ, инчунин таҳияи пешниҳодот ҷиҳати бартараф намудани онҳо (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 №435);

- санҷиш ва таҳлили фаъолияти мақомоте, ки функсияҳои назорати дохилиидоравии молиявиро анҷом медиҳанд;

- назорати фаъолияти молиявию хоҷагии субъектҳои давлатии хоҷагидор, инчунин аз ҷониби онҳо таъмин гардидани нигаҳдории воситаҳои давлатӣ ва амволи давлатӣ;

- амалӣ намудани назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот, бонкҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо сарфи назар аз тобеият ва шакли моликият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 №435);

- муайян намудани самтҳои афзалиятноки муқовимат ба коррупсия, аз рӯйи нақшаи кори Агентӣ ва дар муҳлати муқарраршуда гузаронидани тафтишу санҷишҳо (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 №435);

- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- пешгирӣ, ошкоркунӣ ва рафъи амалҳои коррупсионӣ;

- таъмини қонуният дар ҷараёни анҷомдиҳии мубориза бо коррупсия;

- таҳия ва амалисозии барномаҳо ва нақшаи чорабиниҳои мубориза бар зидди коррупсия;

- анҷомдиҳии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, таҳқиқ, тафтиши пешакӣ дар доираи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муайян ва дар амал татбиқ намудани тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия;

- гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 №435);

- истифода ва нигаҳдории тавқифгоҳҳои дахлдори нигоҳдории муваққатӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудан ба мақомоти судӣ бо аризаи даъвоӣ;

- додани дастури ҳаттӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати бартараф намудани сабабҳо ва шароити содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 №435);

- дар ҷараёни тафтишу санҷишҳо мӯҳрзании хазинаҳо, дастгоҳҳои хазинавӣ, бино ва ҷои нигаҳдории ҳуҷҷатҳо, маблағҳои пулӣ ва арзишҳои моддӣ (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 №435);

- бо иштироки соҳибмулк ё намояндаи ӯ, дар ҳолати набудани онҳо ё рад кардан, бо иштироки намояндагони мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, муоинаи объекҳои дахлдор, аз ҷумла воситаҳои нақлиёт, тафтиш ва ё гирифтани ашё, арзишҳои моддӣ ва ҳуҷҷатҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боздоштани амалиёти шахсони ҳуқуқӣ, ки субъекти соҳибкорӣ мебошанд, аз рӯи ҳисобҳо дар бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявӣ ва таҳти ҳабс қарор додани маблағҳои пулӣ, қарзҳои дебиторӣ ва дигар дороиҳои шахсони мазкур дар ҳолатҳои ошкорсозии далелҳои ғайриқонунӣ анҷом додани фаъолияти иқтисодӣ, саркашӣ намудан аз ворид намудани пардохтҳо ба буҷет;

- мубориза ба муқобили қонунигардонии арзишҳои моддӣ ва маблағҳои пулии ғайриқонунӣ ба даст овардашуда ва ба расмият даровардани онҳо;

- дар доираи салоҳияти худ таъмин намудани ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ;

- ташкил намудани тарбияи касбӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандон ва фаъолияти илмию тадқиқотӣ, таълимӣ ва нашриётӣ;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудан, нигаҳдорӣ, бақайдгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонии тартибдодашуда;

- мутобиқи тартиби муқарраргардида таъсис додани мукофотҳои идоравӣ ва бо онҳо сарфароз гардонидани кормандон барои комёбиҳо дар бахши муқарраргардидаи фаъолият (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 №435);

- барои баррасӣ ва такмили масъалаҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҷалб намудани ташкилотҳои илмӣ, дигар ташкилот, олимон ва муттахассисон;

- таъсис додани шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо, аз ҷумла байниидоравӣ, дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;

- баррасии арзу шикоят - иттилооту маълумот, маводҳо оид ба санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагӣ, маводҳо оид ба тафтишоти хизматӣ нисбат ба хизматчиёни давлатӣ вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ;

- вобаста ба баррасии аризаҳо ва иттилооти бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифташуда оид ба ҳуқуқвайронкуниҳо дар доираи салоҳияти худ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ аз рӯи ин ҳуқуқвайронкуниҳо, таъмин намудани санҷишу тафтиши фаъолияти молиявию иқтисодӣ ва санҷишҳои андози шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии субъектҳои соҳибкорӣ сарфи назар аз шакли моликият ва намуди фаъолияти онҳо (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 №435);

- мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати санҷиш ва ё тафтишоти пешакӣ дархост намудан ва гирифтани асл ва нусхаҳои қарорҳо, фармоишҳо, фармонҳо, ҳуҷҷатҳо ва маводи хизматӣ, иттилооти оморӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурии вобаста ба коррупсия аз тамоми мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сийсӣ, бонкҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо сарфи назар аз шаки тобеият ва моликият ва шахсони мансабдори онҳо, оид ба масъалаҳои агентӣ;

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намудани пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои таъси, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии воҳидҳои сохтории Агентӣ ва воҳидҳои маҳаллии он, инчунин таҳкими ташкилию штатӣ, кадрӣ ва моддию техникии мақомот (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 №435);

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани маълумот ва хулосаҳо оид ба натиҷаҳои фаъолияти таҳлилию назоратӣ ва иҷрои буҷети давлатӣ дар соли сипаришуда, инчунин ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намудани ҳисоботи ҷамъбастии солона оид ба натиҷаҳои тафтишу санҷишҳои гузаронидашуда (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 №435);

- иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои таъмини амнияти иқтисодии давлат, назорати давлатии молиявӣ ва дигар масъалаҳо;

- бо тартиби муқарраргардида ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷа ва ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои назорати давлатии молиявӣ ва муқовимат ба коррупсия (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 №435);

- иҷрои ӯҳдадориҳо оид ба созишномаҳои байналмилалӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии мубориза бо коррупсия, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст;

- дар асоси санадҳои ҳуқуқии байнидавлатӣ анҷом додани мубодилаи тарафайни иттилоот оид ба муносибатҳои иқтисодии шахсони воқеӣ ва -ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар давлатҳо;

- ташкил ва истифодаи системаҳои иттилоотӣ барои ҳалли вазифаҳои гузошташуда.

4. Кормандони Агентӣ ваколатҳои худро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомнома пешбинӣ мекунад, татбиқ намуда, ҳамчунин ҳуқуқ доранд:

- мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" ва тибқи номгӯи вазифаҳо, ки Директори Агентӣ тасдиқ мекунад, силоҳи оташфишон, воситаҳои махсусро нигоҳ доранд, бо худ гирифта гарданд ва истифода баранд (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 №435);

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои оперативию ҷустуҷӯӣ, овардан, дастгир намудан ва ҳабс намудан, таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ бо мақсади ошкор, тафтиш, огоҳ намудан ва пешгирии коррупсия, ҷиноятҳои вобаста ба андоз ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҳамчунин таъмини амнияти фаъолияти кормандони Агентиро гузаронанд;

- ба таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, кафолатҳо, ҳимояи ҳуқуқӣ, ҳифзи саломатӣ ҳуқуқ доранд.

III. Ташкили фаъолияти Агентӣ

5. Ба Агентӣ Директор сарварӣ менамояд, он онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд. Директори Агентӣ бевосита ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат мекунад.

Агентӣ дар ҳайати 7 нафар аз ҷумлаи роҳбарият аз рӯйи вазифа, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои мустақили дастгоҳи марказӣ ҳайати мушовара дорад. Ҳайати мушовара бо пешниҳоди директори Агентӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 №435).

Директори Агентӣ се муовин, аз ҷумла як муовини якум дорад, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Муовинони Директори Агентӣ бевосита ба Директори он тобеъ буда, фаъолият ва коргузории Агентиро дар доираи ӯҳдадориҳои вазифавии худ ташкил ва амалӣ менамоянд (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 №435).

Директори Агентӣ роҳбарии соҳаи фаъолияти ба ӯ супурдашударо анҷом медиҳад ва барои иҷрои супоришу ӯҳдадориҳои ба зиммаи он гузошташуда масъулияти шахсӣ дошта, дараҷаи масъулияти муовинон, сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо ва роҳбарони дигар воҳидҳои онро муқаррар менамояд. Директори Агентӣ аз ҷиҳати сатҳи таъминоти моддию техникӣ ва хизматрасонии тиббӣ ба муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар мебошад (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 №435).

6. Директори Агентӣ:

- вазифаҳоро байни муовинони худ тақсим мекунад;

- дастурамали хизматии воҳидҳои сохториро муайян ва тасдиқ менамояд ва тартиби истифодаи ҳуқуқҳои воҳидҳои сохториро муқаррар менамояд;

- кормандонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- масъалаҳои ҳавасмандгардонӣ, расонидани кӯмаки моддиро ҳал менамояд ва ба кормандон ҷазоҳои интизомӣ таъин менамояд;

- харҷнома ва ҷадвали штатҳои Агентиро дар доираи фонди пардохти музди меҳнат ва шумораи кормандони аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида харҷномаи нигаҳдории онро дар доираи маблағҳои барои давраи дахлдор тасдиқгардида, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудаанд, тасдиқ менамояд;

- нақшаи умумии тафтишу санҷишҳои молиявиро барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 №435);

- тибқи тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои қонунҳо, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти он таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод менамояд;

- Агентиро дар мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар хориҷа намояндагӣ менамояд;

- дар ҷаласаҳои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд;

- дар доираи ваколатҳои муқарраргардида ба воҳидҳои сохтории он, супоришҳо медиҳад ва иҷрои онҳоро назорат менамояд;

- қарорҳои хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблунамудаи воҳидҳои сохтории Агнетиро бекор мекунад, агар тартиби дигари бекор кардани онҳо муқарра нашуда бошад;

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба кормандон додани рутабаҳои олӣ ва махсус ва дар бораи сарфарозгардонии онҳо бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 №435);

- дар доираи ваколатҳои худ, мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандонро бо медалҳои ҷашнӣ ва Нишони сарисинагии "Аълочии мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия" сарфароз мегардонад ва ба онҳо рутбаҳои махсуси дахлдор медиҳад (Фармони Президенти ҶТ аз 14.01.2012 № 1223);

- фармоишҳои дорои хусусияти меъёрӣ ва ғайримеъёрӣ доштаро дар доираи салоҳияти худ қабул менамояд (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 №435).

7. Номгӯи мансабҳои ҳайати роҳбарикунандаи олии Агентӣ ва рутбаҳои махсуси ба онҳо мувофиқро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

8. Фаъолияти меҳнатии кормандони Агентӣ тибқи қонунгузорӣ дар бораи хизмати давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ анҷом дода мешавад.

9. Маоши кормандони Агентӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

10. Агентӣ шахси ҳуқуқӣ буда, мӯҳри дорои тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ ба забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ, Нишони худ, мӯҳрҳо, штампҳо вабланкҳои дахлдор дорад, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар сатри алоҳида маблағгузорӣ мешавад (Фармони Президенти ҶТ аз 14.01.2012 № 1223).

11. Агентӣ ҳуқуқи идоракунии оперативии амволи махсусро дорад ва ин амвол моликияти давлатӣ мебошад.

12. Меъёри воситаҳои нақлиёти хизматӣ, боркаш ва дигар навъи нақлиётро барои Агентӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

13. Маҳали ҷойгиршявии Агентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе мебошад.

 

Замимаи 2

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 январи соли 2007 № 143

тасдиқ шудааст

 

Таҳрири нав (фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 435)

 

Сохтори дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Роҳбарият

2. Раёсати кадрҳо

3. Раёсати тафтишотӣ

4. Раёсати назорати буҷет ва фондҳои давлатӣ

5. Раёсати назорати буҷетҳои маҳаллӣ

6. Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатӣ

7. Раёсати мубориза бо ҷиноятҳо ба муқобили ҳокимияти давлатӣ, адолати судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ

8. Раёсати мубориза бо ҷиноятҳо ба муқобили моликият, фаъолияти иқтисодӣ ва сармоягузорӣ

9. Раёсати мубориза бо ҷиноятҳо дар соҳаи андоз ва фаъолияти соҳибкорӣ

10. Раёсати мубориза бо ҷиноятҳо дар соҳаи нақлиёт ва гумрук

11. Раёсати муқовимат ба коррупсия

12. Раёсати экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

13. Раёсати таҳлил, иттилоот ва омор

14. Раёсати оперативии махсус

15. Раёсати молиявию хоҷагӣ

16. Шуъбаи ташкили кор ва назорат

17. Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, маркази матбуот ва робита бо ҷомеа

18. Шуъбаи чорабиниҳои оперативӣ

19. Шуъбаи коргузорӣ ва қабули муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ

20. Шуъбаи навбатдории оперативӣ ва изолятор (тавқифгоҳ)-и нигоҳдории муваққатӣ

21. Бахши ташкили фаъолияти оперативӣ

22. Бахши коргузории махфӣ (фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 435)

Замимаи 3

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 январи соли 2007 № 143

тасдиқ шудааст

 

Таҳрири нав (фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 435)

 

Нақшаи идоракунии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Дастгоҳи марказӣ

2. Раёсати Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

3. Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон

4. Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд

5. Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе

6. Шуъбаи Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб

7. Шуъбаи Агентӣ дар минтақаи Рашт

8. Шуъбаи минтақавии Агентӣ дар водии Зарафшон

9. Шуъбаи Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор (фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 435)

Замимаи 1

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 январи соли 2007 № 143

тасдиқ шудааст

Низомномаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Фармони Президенти ҶТ аз 29.04.2008 № 450, аз 06.04.2007 № 227, аз 18.09.2009 № 708, аз 18.10.2011 № 1151, аз 14.01.2012 № 1223, аз 17.09.2012 № 1351, аз 23.10.2017 № 954)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) мақомоти ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, назорати давлатии молиявиро оид ба самарабахшии истифодаи воситаҳо ва амволи давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи пешгирӣ, ошкорсозӣ, огоҳсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта иҷро менамояд.

2. Агентӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи назорати давлатии молиявӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ", Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Тоҷикистон эътирофшуда ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

II. Ваколатҳои Агентӣ

3. Ваколатҳои Агентӣ инҳоанд:

- ташкил ва анҷом додани ревизия ва санҷишҳо оид ба иҷрои қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, фондҳои давлатӣ аз рӯи ҳаҷм, сохтор ва таъиноти мақсаднок, инчунин самаранокии хароҷоти воситаҳои давлатӣ ва истифодаи амволи давлатӣ;

- таҳлили асоснокии қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ;

- назорат оид ба саривақт ва пурра маблағгузорӣ намудани барномаҳои давлатии инвеститсионӣ ва иҷтимоӣ, истифодаи мақсадноки воситаҳои аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ҷудошаванда, инчунин тақсимоти кӯмаки башардӯстона ва техникии аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифташуда;

- назорат оид ба қабул, истифода ва нигоҳдории фонди давлатии металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ки қисми таркибии захираҳои тиллоию асъори давлат мебошанд;

- санҷиши қонунӣ ва саривақтӣ будани гардиши воситаҳои буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ дар бонкҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳои молиявию кредитӣ;

- назорат оид ба истифодаи мақсадноки захираҳои кредитӣ ва инвеститсияҳои хориҷии азҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалбшаванда;

- таҳлили фарқиятҳои ошкоршуда аз нишондиҳандаҳои тасдиқшудаи буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ва таҳияи пешниҳодот ҷиҳати бартараф намудани онҳо;

- санҷиш ва таҳлили фаъолияти мақомоте, ки функсияҳои назорати дохилиидоравии молиявиро анҷом медиҳанд;

- назорати фаъолияти молиявию хоҷагии субъектҳои давлатии хоҷагидор, инчунин аз ҷониби онҳо таъмин гардидани нигаҳдории воситаҳои давлатӣ ва амволи давлатӣ;

- амалӣ намудани назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, бонкҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо сарфи назар аз тобеият ва шакли моликият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муайян намудани самтҳои афзалиятноки мубориза бо коррупсия, аз рӯи нақшаи кории Агентӣ, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад ва дар мӯҳлатҳои муқарраршуда гузаронидани санҷишҳо;

- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- пешгирӣ, ошкоркунӣ ва рафъи амалҳои коррупсионӣ;

- таъмини қонуният дар ҷараёни анҷомдиҳии мубориза бо коррупсия;

- таҳия ва амалисозии барномаҳо ва нақшаи чорабиниҳои мубориза бар зидди коррупсия;

- анҷомдиҳии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, таҳқиқ, тафтиши пешакӣ дар доираи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- истифода ва нигаҳдории тавқифгоҳҳои дахлдори нигоҳдории муваққатӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудан ба мақомоти судӣ бо аризаи даъвоӣ;

- додани дастури ҳатмӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати бартараф намудани сабабҳо ва шароити содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда;

- дар ҷараёни ревизия ва санҷишҳо мӯҳрзании кассаҳо, дастгоҳҳои кассавӣ, бино ва ҷои нигаҳдории ҳуҷҷатҳо, маблағҳои пулӣ ва арзишҳои моддӣ;

- бо иштироки соҳибмулк ё намояндаи ӯ, дар ҳолати набудани онҳо ё рад кардан, бо иштироки намояндагони мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, муоинаи объекҳои дахлдор, аз ҷумла воситаҳои нақлиёт, тафтиш ва ё гирифтани ашё, арзишҳои моддӣ ва ҳуҷҷатҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боздоштани амалиёти шахсони ҳуқуқӣ, ки субъекти соҳибкорӣ мебошанд, аз рӯи ҳисобҳо дар бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявӣ ва таҳти ҳабс қарор додани маблағҳои пулӣ, қарзҳои дебиторӣ ва дигар дороиҳои шахсони мазкур дар ҳолатҳои ошкорсозии далелҳои ғайриқонунӣ анҷом додани фаъолияти иқтисодӣ, саркашӣ намудан аз ворид намудани пардохтҳо ба буҷет;

- мубориза ба муқобили қонунигардонии арзишҳои моддӣ ва маблағҳои пулии ғайриқонунӣ ба даст овардашуда ва ба расмият даровардани онҳо;

- дар доираи салоҳияти худ таъмин намудани ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ;

- ташкил намудани тарбияи касбӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандон ва фаъолияти илмию тадқиқотӣ, таълимӣ ва нашриётӣ;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудан, нигаҳдорӣ, бақайдгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонии тартибдодашуда;

- мутобиқи тартиби муқарраргардида таъсис додани нишонҳои хизмати шоиста ва мукофотҳои идоравӣ ва бо онҳо сарфароз гардонидани кормандон барои комёбиҳо дар бахши муқарраргардидаи фаъолият;

- барои баррасӣ ва такмили масъалаҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҷалб намудани ташкилотҳои илмӣ, дигар ташкилот, олимон ва муттахассисон;

- таъсис додани шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо, аз ҷумла байниидоравӣ, дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;

- баррасии арзу шикоят- иттилооту маълумот, маводҳо оид ба санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагӣ, маводҳо оид ба тафтишоти хизматӣ нисбат ба хизматчиёни давлатӣ вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ;

- вобаста ба баррасии аризаҳо ва иттилооти бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифташуда оид ба ҳуқуқвайронкуниҳо, салоҳияти худ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани таҳқиқ ё ревизия аз рӯи ин ҳуқуқвайронкуниҳо, таъмин намудани ревизияи фаъолияти молиявию иқтисодӣ ва санҷишҳои андози шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии субъектҳои соҳибкорӣ сарфи назар аз шакли моликият ва намуди фаъолияти онҳо;

- мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати санҷиш ва ё тафтишоти пешакӣ дархост намудан ва гирифтани асл ва нусхаҳои қарорҳо, фармоишҳо, фармонҳо, ҳуҷҷатҳо ва маводи хизматӣ, иттилооти оморӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурии вобаста ба коррупсия аз тамоми мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сийсӣ, бонкҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо сарфи назар аз шаки тобеият ва моликият ва шахсони мансабдори онҳо, оид ба масъалаҳои агентӣ;

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намудани пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои таъси, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии мақомоти Агентӣ васохторҳои тобеи он, инчунин таҳкими ташкилию штатӣ, кадрӣ ва моддию техникии мақомоти он;

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани маълумот ва хулосаҳо оид ба натиҷаҳои фаъолияти таҳлилию назоратӣ ва иҷрои буҷети давлатӣ дар соли сипаришуда, инчунин ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намудани ҳисоботи ҷамъбастии солона оид ба натиҷаҳои ревизия ва санҷишҳои гузаронидашуда;

- иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои таъмини амнияти иқтисодии давлат, назорати давлатии молиявӣ ва дигар масъалаҳо;

- бо тартиби муқарраргардида ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷа ва ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои назорати давлатии молиявӣ ва коррупсия;

- иҷрои ӯҳдадориҳо оид ба созишномаҳои байналмилалӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии мубориза бо коррупсия, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст;

- дар асоси санадҳои ҳуқуқии байнидавлатӣ анҷом додани мубодилаи тарафайни иттилоот оид ба муносибатҳои иқтисодии шахсони воқеӣ ва -ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар давлатҳо;

- ташкил ва истифодаи системаҳои иттилоотӣ барои ҳалли вазифаҳои гузошташуда.

4. Кормандони Агентӣ ваколатҳои худро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомнома пешбинӣ мекунад, татбиқ намуда, ҳамчунин ҳуқуқ доранд:

- мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" ва тибқи номгӯи вазифаҳо, ки Директори Агентӣ тасдиқ мекунад, яроқи оташфишон, воситаҳои махсусро нигоҳ доранд, бо худ гирифта гарданд ва истифода баранд;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои оперативию ҷустуҷӯӣ, овардан, дастгир намудан ва ҳабс намудан, таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ бо мақсади ошкор, тафтиш, огоҳ намудан ва пешгирии коррупсия, ҷиноятҳои вобаста ба андоз ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҳамчунин таъмини амнияти фаъолияти кормандони Агентиро гузаронанд;

- ба таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, кафолатҳо, ҳимояи ҳуқуқӣ, ҳифзи саломатӣ ҳуқуқ доранд.

III. Ташкили фаъолияти Агентӣ

5. Ба Агентӣ Директор сарварӣ менамояд, он онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд. Директори Агнетӣ бевосита ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат мекунад.

Агентӣ дар ҳайати 7 нафар аз ҷумлаи роҳбарият аз рӯи вазифа ва сардорони сарраёсатҳо ва раёсатҳо, ки бо пешниҳоди Директори Агентӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегарданд, ҳайати мушовара дорад.

Директори Агентӣ се муовин, аз ҷумла як муовини аввал дорад, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Муовинони Директори Агентӣ бевосита ба Директори он тобеъ буда, фаъолият ва коргузории Агентиро дар доираи ӯҳдадориҳои вазифавии худ ташкил ва амалӣ менамоянд.

Директори Агентӣ роҳбарии соҳаи фаъолияти ба ӯ супурдашударо анҷом медиҳад ва барои иҷрои супоришу ӯҳдадориҳои ба зиммаи он гузошташуда масъулияти шахсӣ дошта, дараҷаи масъулияти муовинон, сардорони сарраёсатҳо, раёсатҳо, шӯъбаҳо ва роҳбарони дигар воҳидҳои онро муқаррар менамояд. Директори Агентӣ аз ҷиҳати сатҳи таъминоти моддию техникӣ ва хизматрасонии тиббӣ ба муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар мебошад.

6. Директори Агентӣ:

- вазифаҳоро байни муовинони худ тақсим мекунад;

- дастурамали хизматии воҳидҳои сохториро муайян ва тасдиқ менамояд ва тартиби истифодаи ҳуқуқҳои воҳидҳои сохториро муқаррар менамояд;

- кормандонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- масъалаҳои ҳавасмандгардонӣ, расонидани кӯмаки моддиро ҳал менамояд ва ба кормандон ҷазоҳои интизомӣ таъин менамояд;

- харҷнома ва ҷадвали штатҳои Агентиро дар доираи фонди пардохти музди меҳнат ва шумораи кормандони аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида харҷномаи нигаҳдории онро дар доираи маблағҳои барои давраи дахлдор тасдиқгардида, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудаанд, тасдиқ менамояд;

- нақшаи кори ҳарсола, инчунин ҳисобот оид ба иҷрои онро ба тасдиқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои қонунҳо, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти он таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод менамояд;

- Агентиро дар мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар хориҷа намояндагӣ менамояд;

- дар ҷаласаҳои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд;

- дар доираи ваколатҳои муқарраргардида ба воҳидҳои сохтории он, супоришҳо медиҳад ва иҷрои онҳоро назорат менамояд;

- қарорҳои хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблунамудаи воҳидҳои сохтории Агнетиро бекор мекунад, агар тартиби дигари бекор кардани онҳо муқарра нашуда бошад;

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба кормандон додани рутабаҳои махсуси ҳайати олии роҳбарикунанда ва дар бораи сарфарозгардонии онҳо бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодот манзур менамояд;

- дар доираи ваколатҳои худ, мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандонро бо медалҳои ҷашнӣ ва Нишони сарисинагии "Аълочии мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия" сарфароз мегардонад ва ба онҳо рутбаҳои махсуси дахлдор медиҳад (Фармони Президенти ҶТ аз 14.01.2012 № 1223);

- фармонҳои дорои хусусияти меъёрӣ ва ғайримеъёрӣ доштаро дар доираи салоҳияти худ қабул менамояд.

7. Номгӯи мансабҳои ҳайати роҳбарикунандаи олии Агентӣ ва рутбаҳои махсуси ба онҳо мувофиқро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

8. Фаъолияти меҳнатии кормандони Агентӣ тибқи қонунгузорӣ дар бораи хизмати давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ анҷом дода мешавад.

9. Маоши кормандони Агентӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

10. Агентӣ шахси ҳуқуқӣ буда, мӯҳри дорои тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ ба забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ, Нишони худ, мӯҳрҳо, штампҳо вабланкҳои дахлдор дорад, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар сатри алоҳида маблағгузорӣ мешавад (Фармони Президенти ҶТ аз 14.01.2012 № 1223).

11. Агентӣ ҳуқуқи идоракунии оперативии амволи махсусро дорад ва ин амвол моликияти давлатӣ мебошад.

12. Меъёри воситаҳои нақлиёти хизматӣ, боркаш ва дигар навъи нақлиётро барои Агентӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

13. Маҳали ҷойгиршявии Агентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе мебошад.

Замимаи 2

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 январи соли 2007 № 143

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Фармони Президенти ҶТ 17.09.2012 № 1351)

Роҳбарият

Сарраёсати назорати давлатии молиявӣ

Сарраёсати мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии характери коррупсионидошта

Сарраёсати пешгирии коррупсия (Фармони Президенти ҶТ аз 23.10.2017 № 954)

Раёсати тафтишот

Раёсати оперативии махсус

Раёсати ташкили кор ва назорат (Фармони Президенти ҶТ аз 23.10.2017 № 954)

Раёсати кадрҳо

Раёсати амнияти дохилӣ

хориҷ карда шуд (Фармони Президенти ҶТ аз 23.10.2017 № 954)

Раёсати молиявию хоҷагӣ

Раёсати таҳлил, иттилоот ва омор (Фармони Президенти ҶТ аз 23.10.2017 № 954)

Шӯъбаи чорабиниҳои оперативӣ (Фармони Президенти ҶТ аз 23.10.2017 № 954)

Шуъбаи навбатдории оперативӣ ва изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ (Фармони Президенти ҶТ аз 23.10.2017 № 954)

Шуъбаи коргузорӣ ва қабули муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  (Фармони Президенти ҶТ аз 23.10.2017 № 954)

Ёрдамчиёни директори Агентӣ оид ба супоришҳои махсус (Фармони Президенти ҶТ аз 23.10.2017 № 954)

Бахши коргузории махфӣ (Фармони Президенти ҶТ аз 23.10.2017 № 954)

Бахши тиббӣ (Фармони Президенти ЧТ 17.09.2012 № 1351)

Замимаи 3

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 январи соли 2007 № 143

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Дастгоҳи марказӣ

2. Раёсати Агентӣ

3. Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон ва шӯьбаи минтақавии он дар шаҳри Кӯлоб

4. Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд ва шӯъбаи минтақавии он дар водии Зарафшон (Фармони Президенти ҶТ аз 18.09.2009  № 708)

5. Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе

6. Шуъбаи минтақавии Агентӣ дар ноҳияҳои водии Ҳисор (Фармони Президенти ҶТ аз 23.10.2017 № 954)

7. Шуъбаи минтақавии Агентӣ дар минтақаи Рашт (Фармони Президенти ҶТ аз 23.10.2017 № 954)