Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 сентябри соли 2008 № 532
тасдиқ шудааст
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 сентябри соли 2008 № 532
тасдиқ шудааст
Оинномаи интизомии кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Фармони президенти ҶТ аз 14.01.2012 № 1222, аз 23.08.2022 № 437)
(Фармони президенти ҶТ аз 14.01.2012 № 1222, аз 23.08.2022 № 437)
Оинномаи интизомии воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Оиннома) моҳияти интизоми хизматиро дар воҳидҳои ҳифзи хуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ), намудҳои ҳавасмандгардонӣ ва ҷазоҳои интизомӣ, ҳуқуқи директори Агентӣ ҷиҳати татбиқи онҳо, инчунин тартиби арзу шикоят овардан ба ҷазоҳои интизомиро муайян мекунад ().
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
1. Интизоми хизматӣ дар мақомоти Агентӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин Оинномаи мазкур асос меёбад ().
2. Интизоми хизматӣ - аз ҷониби ҳайати шахсии воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ катъиян ва дақиқ риоя намудани тартиб ва қоидаҳое мебошад, ки қонунҳо ва фармонҳо муқаррар намудаанд. Интизоми хизматӣ дар Агентӣ дар асоси шуурнокии баланд, иродаи устувор ва дуруст дарк намудани қарзи хизматӣ, масъулиятнокии ҳайати шахсии воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ оид ба ҳифзи саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳимояи манфиатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ иборат мебошад ().
3. Интизоми хизматӣ дар мақомоти Агентӣ ҳайати шахсии воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентиро вазифадор менамояд, ки ():
- ба савганди хизматӣ содиқ монда, Конститутсия (Сарқонун), қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қатъиян риоя намоянд;
...