Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2011 № 793 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГИИ АҲОЛӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 "Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №12, мод.677; с. 2008, №10, мод.822; №12, қ. 2, мод. 1015) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 1 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- экспертизаи санитарию эпидемиологӣ - фаъолият оид ба муайян намудани мутобиқати (номутобиқатии) ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, иншооти фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият, маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ ба қоида ва меъёрҳои давлатии санитарию эпидемиологӣ.".

2. Дар моддаи 3:

- дар сархати якум калимаҳои "ва пешгӯии тағйирёбии он" ба калимаҳои "пешгӯӣ, ҷараёни инкишоф ва тағйирёбии онҳо" иваз карда шаванд;

- аз сархати нӯҳум калимаҳои "маводи радиоактивӣ" хориҷ карда шуда, пас аз калимаи "хатарнок" калимаҳои ", мувофиқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.

- сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- ҳамоҳангсозии фаъолияти дигар мақомоти давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ.".

3. Дар сархати сеюми моддаи 4, сархати чордаҳуми моддаи 5, сархатҳои дуюм, чорум ва панҷуми моддаи 7, сархатҳои якум ва дуюми моддаи 8, сархати ҳафтуми моддаи 10, қисми шашуми моддаи 17, қисми сеюми моддаи 18, қисми чоруми моддаи 19, қисми чоруми моддаи 20, қисми дуюми моддаи 42, сархати якуми қисми якуми моддаи 49, сархати якуми қисми панҷум ва сархати сеюми қисми шашуми моддаи 50, сархатҳои чорум, панҷум ва ҳафтуми моддаи 51 калимаҳои "мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва худидора" ва "Мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва худидора" мувофиқан ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" ва "Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд.

4. Сархати панҷуми моддаи 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- муқаррар намудани тартиби пешбурди феҳристҳои давлатии маводи эҳтимолан хатарноки кимиёвӣ, биологӣ, партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, инчунин навъҳои алоқидаи маҳсулоти озуқаи мавҷудаи бори аввал ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ва истеҳсолшаванда;".

5. Дар моддаи 5:

- дар ном ва матни модда калимаҳои "Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд;

- дар сархати ҳаштум калимаҳои "сертификатсияи навъҳои алоҳидаи мол" ба калимаҳои "гузаронидани экспертизаи санитарию эпидемиологии маҳсулот" иваз карда шаванд;

- сархати нӯҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- гузаронидани санҷиш, таҳқиқ, ташхис, озмоиш, арзёбӣ ва экспертизаи санитарию эпидемиологӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;";

- сархатҳои даҳум, ёздаҳум, дувоздаҳум, сенздаҳум ва чордаҳум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"- ташкили чорабиниҳо ҷиҳати ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ;

- мунтазам такмил додани системаи назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва мутобиқсозии он ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ;

- ҷорӣ кардани қоида ва меъёрҳои санитарию гигиенӣ, ки аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон бармеоянд;

- ба эътибор гирифтани сертификати сифат ва бехатарии маҳсулоти воридотии мамлакатҳое, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд;

- пешниҳоди ахбороти муфассал дар бораи чораҳои андешидашуда, қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сифат ва бехатарии маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, оби нӯшокӣ, маводи эҳтиёҷоти шахсӣ ва маишӣ, кор ва хизматрасониҳое, ки ба саломатии инсон эҳтимолияти хатар доранд;".

6. Дар ном ва матни моддаи 6, дар қисмҳои дуюм ва чоруми моддаи 28, қисмҳои дуюми моддаҳои 30 ва 31, сархати дуюми қисми панҷум ва сархати якуми қисми шашуми моддаи 50 калимаҳои "мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ" ва "ҳокимияти маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.

7. Ба моддаи 9 қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дорои ҳамон ӯҳдадориҳое мебошанд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ доранд.".

8. Дар моддаи 10:

- дар сархати чорум калимаи "сифати" ба калимаи "бехатарии" иваз карда шавад;

- сархати панҷум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ тадбирҳо андешанд;".

9. Дар моддаи 14:

- ба қисми дуюми модда пеш аз калимаи "қоидаҳои" калимаҳои "талаботи меъёр ва" илова карда шуда, калимаи "санитарӣ" ба калимаҳои "санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ" иваз карда шавад;

- дар қисми чорум калимаи "сертификат" ба калимаҳои "ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифат ва бехатарии (хулосаи санитарию эпидемиологии) онҳо ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ" иваз карда шавад.

10. Ба қисми якуми моддаи 16 пас аз калимаи "нигаҳдошт" калимаи ", интиқол" илова карда шавад.

11. Ба қисми шашуми моддаи 17, қисми дуюми моддаи 18, қисми дуюми моддаи 20, қисми якуми моддаи 22, қисми дуюми моддаи 23, қисмҳои панҷум, шашум ва ҳаштуми моддаи 24, қисми дуюми моддаи 25, сархати ҳафтуми қисми якум ва сархати якуми қисми дуюми моддаи 49 пеш аз калимаи "меъёр" калимаи "талаботи" илова карда шавад.

12. Моддаҳои 26(1), 26(2), 26(3), 26(4) ва 26(5) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Моддаи 26(1). Истифодабарӣ ва мутобиқати тадбирҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ

Тадбирҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ барои ҳимоя, ҳифзи ҳаёт ва солимии аҳолӣ татбиқ гардида, бояд ба доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мутобиқ буда, ба дастовардҳои нави илмӣ асос ёфта бошанд.

Ҳамаи тадбирҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикие, ки аз ҷониби дигар давлатҳо, аз ҷумла дар сатҳи байналмилалӣ андешида шудаанд, мувофиқ ба тадбирҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф мегарданд, агар аз тарафи мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад, ки ин тадбирҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бехатарии инсонро дар сатҳи баробар ва беҳтар таъмин менамоянд.

Ҳангоми мавҷуд набудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлатӣ, стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ ва ё агар тадбирҳои андешидашаванда аз стандартҳо дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ ба куллӣ фарқ намоянд ва ё тадбирҳои андешидашаванда ба савдо таъсири назаррас расонанд, мақоми ваколатдор дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ ӯҳдадор аст:

- ҷиҳати таъмини шаффофияти тадбирҳои татбиқшаванда тамоми чораҳоро андешад;

- тарафҳои манфиатдорро ба таври расмӣ оид ба нияти андешидани тадбири мушаххаси санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ дар марҳилаи пешакии омодагӣ огоҳ намояд, то ки ба давлатҳои манфиатдор барои шиносоӣ имконият фароҳам оварда шавад;

- барои гирифтани эзоҳ, пешниҳодот ва ворид намудани тағйиру иловаҳо тибқи созишномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидааст, матни тадбирҳои андешидашаванда ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии таҳияшударо пешакӣ нашр намояд;

- ҳамаи чораҳоро оид ба асосноккунии илмии тадбирҳои татбиқшаванда андешад;

- доираи вақтиро барои баррасии пешниҳодот ва эзоҳот бо тарафҳои манфиатдор муайян намояд;

- тамоми чораҳоро андешад, ки огоҳсозӣ оид ба андешидани чораҳо ё ҷорӣ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба масолеҳи муайян ё маҳсулот ва асосноккунии он 75 рӯз пеш аз қабули татбиқи расмии он нашр карда шавад.

Моддаи 26(2). Тадбирҳо ҳангоми баҳодиҳии сатҳи хатари маҳсулот ба ҳаёт ва саломатии инсон

Ҳангоми баҳодиҳии сатҳи хатари маҳсулот ба ҳаёт ва саломатии инсон дар раванди таҳия ва татбиқи тадбирҳои санитарӣ мақоми ваколатдор ӯҳдадор аст ҳолатҳои зеринро ба инобат гирад:

- асосноккунии илмӣ, усулҳои мавҷудаи истеҳсол, коркард, усулҳои бозрасӣ, интихоб барои озмоиш ва санҷиш, сатҳи паҳншавии бемориҳо, мавҷуд будани минтақаҳои озод аз бемориҳо ва зараррасонҳо, шароити мусоиди экологӣ, чораҳои карантинӣ ва ғайраҳо;

- омилҳои дахлдори иқтисодӣ, аз ҷумла зарари эҳтимолӣ аз кам кардани ҳаҷми истеҳсолот ё фурӯш дар ҳолати воридшавӣ, нобудсозӣ ё паҳншавии ин ё он зараррасон ва ё беморӣ, хароҷот барои мубориза бар зидди онҳо ё нест кардани онҳо ва таносуби нисбии хароҷот ва самаранокии усулҳои алтернативӣ барои кам кардани хатар.

Дар ҳолатҳое, ки асосноккунии илмӣ нокифоя аст, мақоми ваколатдор метавонад дар асоси иттилооти зарурии мавҷуда, аз ҷумла иттилооте, ки аз ташкилотҳои байналмилалӣ гирифта шудааст ва ҳамчунин иттилоот оид ба тадбирҳои санитарие, ки дар дигар давлатҳо татбиқ мегардад, тадбирҳои санитарии муваққатиро амалӣ намояд.

Тадбирҳои санитарӣ бо назардошти хусусиятҳои санитарии маҳал, ё дар тамоми қаламрави мамлакат ва ё дар минтақаҳои алоҳидаи он ё дар якчанд мамлакат ё қисмҳои онҳо, ки дар қаламрави онҳо маҳсулот истеҳсол мешавад ва барои он пешбинӣ шудааст, татбиқ карда мешаванд.

Дар мавриди баҳогузории хусусиятҳои санитарии минтақа, мақоми дахлдор дар қатори дигарҳо дараҷаи паҳншавии зараррасонҳо ё бемориҳои мушаххас, мавҷуд будани барномаҳои мубориза бар зидди онҳо ё нест кардани онҳо ва меъёрҳо ё талаботе (нишондиҳандаҳо,

дастурҳое), ки метавонанд аз тарафи ташкилотҳои байналмилалии дахлдор таҳия шаванд, ба инобат мегирад. Мақоми дахлдор консепсияи минтақаҳои озод аз зараррасонҳо ё бемориҳо ва минтақаҳои паҳншавии на он қадар назарраси зараррасонҳо ё бемориҳоро эътироф мекунад. Ҳангоми муайян кардани чунин минтақаҳо омилҳое, ба монанди ҷуғрофия, экосистема, назорати эпидемиологию санитарӣ ва самарабахшии он ба асос гирифта мешаванд.

Давлатҳои содиркунандае, ки ҳудуди худро минтақаҳои озод аз зараррасонҳо ё бемориҳо ва ё минтақаҳои паҳншавии на он қадар назарраси зараррасонҳо ё бемориҳо эълон кардаанд, бояд ба мақоми дахлдор ҳуҷҷати тасдиқкунандаро пешниҳод намоянд.

Тадбирҳои санитарии татбиқшаванда назар ба тадбирҳое, ки ба заминаи стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ асос ёфтаанд, метавонанд сатҳи баланди ҳимояи санитариро таъмин намоянд, агар дорои асосноккунии илмии дахлдор бошанд ва ё ин сатҳи ҳимояи санитарӣ зарурӣ дониста шаванд. Моддаи 263. Пешниҳоди маълумот Ҳамаи қоидаҳои санитарӣ фавран нашр карда мешаванд.

Мақоми ваколатдор дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ мутобиқи созишномаҳои байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидашуда бояд тавассути системаи ягонаи иттилоотии давлатӣ ахбороти мавҷуда ва ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии зеринро пешниҳод намояд:

- тадбирҳои ҷорӣ ё таҳияшаванда дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ;

- ҳамаи расмиёти назоратӣ ва бозрасӣ, қоидаҳои истеҳсолот ва карантин, расмиёти розигӣ додан ба миқдори имконпазири иловаҳои ғизоӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд;

- андешидани тадбирҳо дар ҳолатҳои фавқулодда ва муайянкунии дараҷаи зарурии ҳимояи ҳаёт ва солимии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- узвият ва иштирок дар ташкилотҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва машваратҳо, тартиб ва расмиёти ҳимояи ҳаёт ва солимии аҳолӣ, мавҷудият ва нигоҳдории санадҳои ҳуқуқии байналмилалии дуҷониба ва бисёрҷониба.

Моддаи 26(4). Ҳамарзишии тадбирҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ

Тадбирҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикии дар дигар давлатҳо татбиқшаванда ба тадбирҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарте ҳамарзиш ҳисобида мешаванд, ки мақоми ваколатдор ва ё мақомоти давлатии дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намоянд, ки

ин тадбирҳо ба дараҷаи баробар ва ё беҳтар бехатарии ҳаёт ва солимии одамро таъмин менамоянд.

Қарор оид ба ҳамарзиш донистани тадбирҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ бояд интишор шавад.

Моддаи 26(5). Чорабиниҳо дар соҳаи назорат, бозрасӣ ва маъқул донистани тадбирҳои санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ

Чорабиниҳо дар соҳаи назорат, бозрасӣ ва маъқул донистани тадбирҳои санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ бояд ба таври зайл анҷом дода шаванд:

- дар доираи вақти муайяншуда, батаъхирандозии беасос байни маҳсулоти воридшаванда ва маҳсулоти ба ин монанди ватанӣ;

- дар асоси маълумоти камтарин гузаронидани назорат, бозрасӣ ва маъқул донистан;

- огоҳ намудани муроҷиаткунанда дар бораи мӯҳлати хотимаёбии расмиёт, нишон додани тамоми камбудиҳо дар ҳуҷҷатҳои таҳияшуда, доираи вақти ҳуҷҷатгузорӣ ва додани натиҷаҳо; - риояи қатъии махфияти маълумоти дастрасшуда;

- риояи қоида ва меъёрҳо ҳангоми гирифтани намунаҳои барои сертификатсияи маҳсулот зарурӣ;

- агар гурӯҳбандии маҳсулот нисбат ба талаботи татбиқшаванда пас аз назорат ва бозрасӣ тағйир ёбад, он гоҳ расмиёти татбиқшаванда ба маҳсулоти тағйирёфта то даме маҳдуд карда мешавад, ки маҳсулоти тағйирёфта новобаста ба меъёр ва стандартҳои мавҷудбуда, ҳамчун пештара мутобиқ мебошад;

- ҳамаи талабот оид ба назорат, бозрасӣ ва маъқул донистан ба намунаи алоҳидаи маҳсулот дар ҳолате маҳдуд карда мешавад, ки он асоснок ва зарурӣ шуморида шавад;

- боҷҳои давлатӣ вобаста ба расмиёти ба молҳои воридшаванда татбиқшаванда бояд аз намуди боҷҳои молҳои ҳамшабеҳи ватанӣ ё молҳои интиқолшаванда дар ҳудуди дигар давлатҳо истеҳсолшуда, аз нархи воқеии хизматрасониҳо зиёд набошанд.".

13. Дар қисми сеюми моддаи 30 калимаҳои "хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва марказҳои дезинфексияи профилактикӣ" иваз карда шаванд.

14. Дар сархати чоруми қисми дуюми моддаи 35 пас аз калимаи "санитарӣ" калимаҳои "дар доираи экспертизаи давлатии лоиҳаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ" илова карда шаванд".

15. Сархати нуздаҳуми моддаи 39 хориҷ карда шавад.

16. Ба моддаи 40 пас аз калимаи "эпидемиологии" калимаҳои "Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии" илова карда шаванд.

17. Дар қисми якуми моддаи 43 калимаҳои "хадамоти давлатии" ба калимаҳои "Хадамоти назорати давлатии" иваз карда шаванд.

18. Ба қисми панҷуми моддаи 47 пеш аз калимаи "сертификат" калимаҳои "ё тандурустии ҷамъиятӣ" илова карда шаванд.

19. Дар моддаи 48:

- қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад: "Сардухтурони давлатии санитарии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо розигии Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод карда мешаванд.";

- дар қисми сеюм калимаҳои "роҳбарони воҳиди сохтории дахлдори" ба калимаҳои "сардори раёсати санитарию эпидемиологии" ва калимаҳои "Маркази ҷумҳуриявии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ" ба калимаҳои "сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ" иваз карда шаванд.

20. Ба сархати шашуми қисми якуми моддаи 49 пеш аз калимаи "қоида" калимаи "талаботи" илова карда шавад. 

21. Ба сархати ҳаштуми қисми панҷуми моддаи 50 пеш аз калимаи "мақомот" калимаҳои "муассисаҳои табобатию профилактикӣ," илова карда шаванд.

22. Ба сархати дуюми қисми якуми моддаи 51 пас аз калимаи "(заҳролудшавӣ)" калимаҳои "дар байни аҳолӣ" илова карда шаванд.

23. Дар қисми якуми моддаи 54 калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроия" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Эмомалӣ Раҳмон

 ш.Душанбе

26 декабри соли 2011 № 793

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Ш.Зуҳуров

ш. Душанбе, 30 ноябри соли 2011, № 597

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон."Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                       М.Убайдуллоев

ш. Душанбе, 15 декабри соли 2011 № 246