ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ КАРАНТИНИ РАСТАНӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009 "Дар бораи карантини растанӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №3, мод. 91) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 5 баъд аз сархати чорум сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- шаффофиятро ҳангоми таҳия, қабул ва татбиқи чораҳои карантини фитосанитарӣ таъмин менамояд;".
2. Дар қисми панҷуми моддаи 10 калимаи "ҳамқурби" ба калимаи "ҳамарзиши" иваз карда шавад.
3. Ба Қонун моддаҳои 5(1), 9(1), 9(2), 10(1) ва 18(1) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Моддаи 5(1). Назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ
Назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ бояд бо тартиби зерин амалӣ карда шавад:
- бе ҳеҷ гуна таъхири беасос ва табъиз (дискриминатсия) аз назорати фитосанитарӣ гузаронидани маводи воридотии таҳтикарантинӣ;
- танҳо дар асоси далелҳо ва иттилооте, ки барои гузаронидани расмиёти назорат зарур мебошанд;
- ҳангоми огоҳ кардани дархосткунанда аз мӯҳлати анҷом ва натиҷаи расмиёти назорат, инчунин норасоиҳои имконпазири дар дархост ҷойдошта;таъмини ҳифзи иттилооти махфӣ;
- бо гирифтани намуна танҳо ба миқдоре, ки барои амалӣ намудани назорат ва сертификатсия зарур аст.
Моддаи 9(1). Таҳия ва қабули тадбирҳои карантини фитосанитарӣ
Тадбирҳои карантини фитосанитарӣ дар ҳолатҳои зерин таҳия ва қабул мегарданд:
- танҳо дар доираи барои ҳифзи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воридшавӣ ва паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ, инчунин ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон зарурӣ;
- бо назардошти замина ва нишондодҳои илмии мавҷуда, стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ;
- дар асоси арзёбии хатар, ки мутобиқи методологияи ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешавад;
- бо мақсади роҳ надодан ба табъиз (дискриминатсия)- и худсарона ё беасос байни ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳудуди дигар мамлакатҳо, инчунин байни ҳудудҳои шароити фитосанитариашон якхела ё монанд;
- бо тарзе, ки дар савдои байналмилалӣ боиси маҳдудияти ниҳонӣ нашавад.
Ҳангоми арзёбии хатар ва дар раванди таҳия ва қабули тадбирҳои карантини фитосанитарӣ мақоми ваколатдори давлатӣ нуқтаҳои зеринро бояд ба назар гирад:
- нишондодҳои илмӣ, раванд ва усулҳои муайяни истеҳсолот, тарзҳои назорат, интихоб ва озмоиши намунаҳо, мавҷудияти организмҳои зараррасони карантинӣ, мавҷудияти минтақаҳои аз организмҳои зараррасони карантинӣ озод ва ё минтақаҳои дорои сатҳи пасти паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ, шароити муносиби муҳити атроф ва дигар тадбирҳо;
- нишондодҳои иқтисодӣ, аз ҷумла муайян намудани талафоти истеҳсолот ва савдо дар ҳолати воридшавӣ ва паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ;
- хароҷоти назорат ва нобудсозии организмҳои зараррасони карантинӣ;самаранокӣ ва арзиши чораҳои дигари кам кардани хатар. Ҳангоми мавҷудияти далелҳои кофии илмӣ барои арзёбии объективии хатар ё дар ҳолатҳои фавқулодда мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси нишондодҳои мавҷуда, аз ҷумла нишондодҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва иттилоот дар бораи тадбирҳои карантини фитосанитарии дигар мамлакатҳо, ҳуқуқи андешидани тадбирҳои муваққатии карантини фитосанитариро дорад.
Тадбирҳои карантини фитосанитарии қабулшаванда бояд ба шароити карантини фитосанитарии минтақае, ки маводи таҳтикарантинӣ истеҳсол шудааст ё ба минтақае, ки чунин мавод равона мегардад, мутобиқат кунанд. Дар рафти арзёбии шароити карантини фитосанитарӣ мақоми ваколатдори давлатӣ бояд ҳолати фитосанитарии растаниро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мамлакати содиркунанда, мавҷудияти организмҳои зараррасони карантинӣ, мавҷудияти назорат ва нобудсозии организмҳои зараррасони карантинӣ ва мавҷудияти минтақаҳои аз организмҳои зараррасони карантинӣ озод ё дорои сатҳи пасти паҳншавӣ, инчунин принсипҳо ва меъёрҳои дастурии ташкилотҳои дахлдори байналмилалиро ба назар гирад.
Тадбирҳои карантини фитосанитарии қабулгардида сатҳи нисбатан баланди ҳифзи растаниҳоро аз организмҳои зараррасони карантинӣ ва ҳифзи ҳаёту саломатии инсонро нисбат ба сатҳе, ки дар натиҷаи қабули чораҳои ба стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ дарҷёфта ба
даст омадааст, метавонанд таъмин намоянд, агар онҳо ба таври илми асоснок шуда бошанд ё ба ин сатҳи муҳофизат мувофиқат намоянд.
Ҳангоми қабули чораҳои карантини фитосанитарӣ, аз ҷумла чораҳои муваққатӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ бояд нишондодҳои нави илмиро ба инобат гирад. Моддаи 92. Пешниҳоди иттилоот
Мақоми ваколатдори давлатӣ тавассути маркази ягонаи иттилоотӣ ба тарафҳои манфиатдор тибқи созишномаҳои байналмилалӣ бояд иттилоот, ҳуҷҷатҳо ва маълумотро оид ба масъалаҳои зерин пешниҳод намояд:
- тадбирҳои карантини фитосанитарии пешниҳодшуда ва андешидашуда;
- тадбирҳои тафтишотию назоратӣ ва сертификатсияи маводи таҳтикарантинӣ ва расмиёти карантинӣ қарордошта;
- расмиёти арзёбии хатар ва усулҳои муайян кардани сатҳи зарурии ҳифзи растанӣ аз организмҳои зараррасони карантинӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- узвият ва иштирок дар ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, низоми ҳифзи растанӣ аз организмҳои зараррасони карантинӣ, инчунин оид ба мавҷудият ва мазмуни созишномаҳои байналмилалии дутарафаю бисёртарафа ва шартномаҳо.
Моддаи 10(1). Ҳамарзишии тадбирҳои карантини фитосанитарӣ
Тадбирҳои карантини фитосанитарии дар мамлакатҳои дигар қабулгардида ба тадбирҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқшаванда ҳамарзиш ҳисобида мешаванд, агар мақоми ваколатдори давлатӣ муайян кунад, ки тадбирҳои дар мамлакати дигар андешидашуда растаниро аз организмҳои зараррасони карантинӣ ба андозаи баробар ё аз сатҳи тадбирҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқшаванда баландтар ҳифз намоянд.
Қарор оид ба эътироф намудани ҳамарзишии тадбирҳои карантини фитосанитарӣ бояд дастраси умум бошад.
Моддаи 18(1). Тадбирҳои карантини фитосанитарӣ дар сурати мавҷуд набудани стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ
Агар стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ мавҷуд набошанд ё тадбирҳои карантини фитосанитарӣ ба стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ мутобиқат накунанд ва ё агар чунин тадбирҳо ба савдо таъсири назаррас расонида тавонанд, мақоми ваколатдори давлатӣ бояд:
- бо мақсади татбиқи тадбирҳо дар марҳилаи аввали таҳияи онҳо огоҳинома нашр намояд;
- мутобиқи созишномаҳои байналмилалӣ ба ҷонибҳои манфиатдор оид ба маводи таҳтикарантинӣ, ки нисбати онҳо ин тадбир истифода мегардад, иттилоъ диҳад ва қабул намудани тадбири пешниҳодшавандаро асоснок кунад;
- бо дархости мақомоти ваколатдори дигар мамлакатҳо мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ матни санади меъёрии ҳуқуқии тадбири пешниҳодшавандаро бо нишон додани фарқият аз стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ пешниҳод намояд;
- барои пешниҳоди мулоҳизот мӯҳлати ниҳоӣ муқаррар кунад ва бо дархости ҷонибҳои манфиатдор машварат гузаронад.
Огоҳинома оид ба маводи таҳтикарантинӣ, ки нисбат ба онҳо чораҳо амалӣ карда мешаванд ва асосноккунии чораҳои пешниҳодшаванда бояд 75 рӯз пеш аз қабули тадбиқи ин чораҳо нашр карда шаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
26 декабри соли 2011 № 787
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи карантини растанӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи карантини растанӣ" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 30 ноябри соли 2011 № 595
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи карантини растанӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи карантини растанӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи карантини растанӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 15 декабри соли 2011 № 240