ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
"ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009 "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2009, №5, мод. 331; с.2010, №7, мод. 555) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 1, ном ва қисмҳои 1, 3, 4 моддаи 3, матни моддаи 4, ном ва қисмҳои 1, 2 моддаи 5, номи боби 2, ном ва қисмҳои 1 ва 3 моддаи 6, қисмҳои 2 ва 4 моддаи 7, қисмҳои 3, 4, 5, 6, 7 моддаи 8, қисми 1 моддаи 9, қисмҳои 1, 2, 3, 7, 8, 10 моддаи 10, ном ва қисмҳои 1, 3, 4, 5, 6 моддаи 11, ном ва қисмҳои 1, 2 моддаи 13, номи моддаи 14, ном ва қисмҳои 1, 2, 3, 4, 5 моддаи 15, моддаи 16, қисмҳои 1, 2, 4 моддаи 18, ном ва қисмҳои 1, 2, 5, 6, 8, 9, 10 моддаи 19, қисмҳои 1, 2, 3 моддаи 21, ном ва қисмҳои 1, 3, 4, 7 моддаи 24, қисми 1 моддаи 25, қисмҳои 1, 2, 3, 4, 7, 8 моддаи 26, ном ва қисмҳои 1, 2, 3 моддаи 27, номи боби 5, ном ва қисмҳои 1, 2, 3, 4 моддаи 28, ном ва қисмҳои 1, 2, 3, 5, 6, 8, 9 моддаи 29, қисмҳои 1, 3, 4 моддаи 30, ном ва қисмҳои 1 ва 3 моддаи 31, моддаи 32, қисмҳои 1, 2, 3, 7, 8 моддаи 33, ном ва қисмҳои 1, 2 моддаи 34, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 36, қисми 2 моддаи 37, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 38, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 39, моддаи 40, қисмҳои 1, 2, 3 моддаи 41, қисмҳои 2, 3 моддаи 42, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 43, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 44, қисмҳои 1, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10 моддаи 45, қисмҳои 1, 2 моддаи 46, қисми 1 моддаи 47, қисмҳои 1, 2, 4, 8, 10, 11 моддаи 48, ном ва қисми 1 моддаи 49, моддаи 50, ном ва қисмҳои 1, 3, 4 моддаи 51, қисмҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 8, 9 моддаи 52, моддаи 53, қисми 1 моддаи 54, қисмҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10, 12 моддаи 55, қисмҳои 1, 2, 3, 4 моддаи 56 калимаҳои "(кредитӣ)", "(кредитии)", "(кредитие)", "(кредит)", "(кридитӣ)", "(кредитиро)", "(кредитҳо)", "(кредитҳои)", "(КРЕДИТӢ)", "(кредитдиҳӣ)", "(кредите)", "(кредитгир)", "(кредити)", "(кредитро)", "(пруденсиалӣ)", "(пруденсиалии)" хориҷ карда шаванд. 2. Дар моддаи 1:аз қисми 1 рақами "1." хориҷ карда шавад;
- дар сархати якум калимаи "бонкие" ба калимаҳои "бонкӣ ва аҳдҳое" иваз карда шавад;
- аз сархати дуюм калимаи "(системаи)" хориҷ карда шавад;
- сархатҳои сеюм ва чорум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"ташкилотҳои қарзӣ - шахсони ҳуқуқие (бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, аз ҷумла ташкилотҳои маблағгузории хурд), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии дар қонун пешбинишударо иҷро менамоянд;
- бонк - ташкилоти қарзие, ки мақсади асосиаш гирифтани фоида буда, дорои сармояи оинномавии барои он муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳуқуқи иҷрои на камтар аз се амалиёти зерин: ҷалби амонат ва пасандозҳо, додани қарз, кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ мебошад;";
- дар ҷумлаи дуюми сархати панҷум пас аз калимаи "ғайрибонкӣ" калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва" илова карда шаванд;
- сархатҳои чордаҳум, понздаҳум, шонздаҳум, ҳабдаҳум, ҳаждаҳум ва нуздаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"- қарз - маблағе, ки аз ҷониби ташкилоти қарзӣ ба қарзгир бо шартҳои пардохти фоиз ва баргардонидан ба мӯҳлати муайян дода шудааст;
- амонат - маблағ ва сарвати дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба ташкилоти қарзӣ барои нигаҳдорӣ супурда шудаанд;
- пасандоз - маблағе, ки ҳуқуқи истифодаи муваққатиаш ба ташкилотҳои қарзӣ бо шарти пардохти фоизи муайян вогузор шудааст;
- резидентҳо - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба ҳамин сифат мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" эътироф шудаанд;
- ғайрирезидентҳо - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки резидент намебошанд; - шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод- шахси воқеие, ки:
а) бо ҳукми суд барои содир кардани ҷиноятҳои қасдонаи (аз ҷумла хусусияти коррупсионӣ дошта) ба амалҳои динӣ ё сиёсии ӯ алоқаманд набуда аз озодӣ маҳрум нашуда бошад;
б) аз тарафи суд дар давоми ҳафт соли охир муфлис эътироф нашуда бошад;
в) аз тарафи суд барои кирдори амалҳои динӣ ё сиёсии ӯ алоқаманд набуда, аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти муайян ё аз ишғоли мансабҳои муайян маҳрум нашуда бошад;";
- аз банди г) сархати бисту якум калимаҳои "ин шахси ҳуқуқӣ ва корманди роҳбарикунандаи он" хориҷ карда шаванд;
- дар сархати бисту сеюм калимаи "савдо" ба калимаҳои "аҳдҳои тиҷоратӣ" иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 3:
1) дар қисми 1:
- аз банди в) сархати дуюм калимаҳои "маблағгузории аҳдҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла" хориҷ карда шаванд;
- дар банди а) сархати чорум калимаҳои "сертификатҳои амонатӣ" ба калимаҳои "тасдиқномаҳои пасандозӣ" иваз карда шаванд;
- банди в) сархати чорум хориҷ карда шавад;
- бандҳои г) ва ғ) мувофиқан бандҳои в) ва г) ҳисобида шаванд;
- сархати шашум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- хизматрасонии фосилавии бонкӣ, клирингӣ, ҳисоббаробаркунӣ ва интиқолӣ марбут ба воситаҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок, супоришномаҳои пардохт ва воситаҳои дигари пардохт (аз ҷумла: кортҳои пардохти бонкӣ, чекҳо, чекҳои сафарӣ, векселҳо ва ғайра);".
2) дар қисми 2 калимаи "амалиёте" ба калимаҳои "амалиёти ҷудогонае" иваз карда шавад.
4. Дар сархати чоруми қисми 1 моддаи 9, сархати сеюми қисми 7 моддаи 10 ва қисми 9 моддаи 26 калимаи "коршоям" ба калимаи "босалоҳият" иваз карда шавад.
5. Дар моддаи 11:
- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 11. Филиалҳо ва воҳидҳои дигари сохтории ташкилотҳои қарзӣ";
- дар сархати якуми қисми 1 калимаҳои "тариқи нотариалӣ тасдиқгардидаи" ба калимаҳои "бо мӯҳр ва имзои роҳбари ташкилоти қарзӣ тасдиқгардидаи" иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюми қисми 3 калимаҳои "ҳуқуқӣ ва меъёрҳои ҳатмии иқтисодии Бонки миллии Тоҷикистон" ба калимаҳои "ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва меъёрҳои мақбул" иваз карда шаванд.
6. Дар моддаи 14:қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"2. Ташкилоти қарзӣ барои гирифтани розигии пешакӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон нусхаи қарори мақоми дахлдори худро дар бораи таъсиси филиал, намояндагӣ, бонки фаръӣ ва таъини роҳбарони онҳо пешниҳод менамояд.";
қисми 2 қисми 3 ҳисобида шавад.
7. Дар қисмҳои 4 ва 5 моддаи 15 ва қисми 7 моддаи 18 калимаҳои "васоити ахбори умум" ба калимаҳои "воситаҳои ахбори омма" иваз карда шаванд.
8. Моддаи 17 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 17. Барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ
Ташкилоти қарзӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ" барҳам дода мешавад.".
9. Дар қисми 2 моддаи 18:
- сархати якум хориҷ карда шавад;
- сархати сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ.".
10. Дармоддаи 19:
- қисми 3 хориҷ карда шавад;
- қисми 4 қисми 3 ҳисобида шуда, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"3. Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи тағйир додани ҳадди ақалли сармояи оинномавии ташкилоти қарзӣ пас аз 90 рӯзи интишори расмии он мавриди амал қарор дода мешавад.";
- дар қисми 9 калимаҳои "аз андозаи ҳадди ақал камшавии сармояи танзимшаванда" ба калимаҳои "риоя нашудани меъёри кифоятии сармоя" иваз карда шаванд;
- қисмҳои 5, 6, 7, 8, 9 ва 10 мувофиқан қисмҳои 4, 5, 6, 7, 8 ва 9 ҳисобида шаванд.
11. Дар моддаи 21:
- қисми 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"4. Шӯрои нозирон барои муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти ташкилоти қарзӣ ва назорати татбиқи он масъул буда, идоракунии онро назорат мекунад. Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- муайян намудани ҳадафҳои фаъолияти ташкилоти қарзӣ ва дурнамои он;
- муқаррар намудани стандартҳои идоракунии хавфҳо ва ҳадди ақалли меъёрҳои мақбули дохилӣ;
- ошкор намудани хавфҳои асосие, ки ташкилоти қарзӣ дучори онҳо мегардад ва муқаррар кардани ҳадди ҷоизи ин хавфҳо;
- назорати тадбирҳое, ки мақоми иҷроияи ташкилоти қарзӣ барои ошкор, андозагирӣ, мониторинг ва назорати хавфҳо меандешад;
- нигаҳдории низоми мувофиқу босамари назорати дохилӣ, инчунин мониторинги самарабахшии низоми назорати дохилии аз тарафи мақоми иҷроияи ташкилоти қарзӣ амалишаванда;
- муқаррар намудани сиёсати дохилӣ ва сармоягузорӣ, низоми назорати дохилӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ;
- маъқул донистани ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани аъзои Раёсат ва кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ бо пешниҳоди раис ё раиси Раёсати ташкилоти қарзӣ, ба истиснои роҳбар ва сармуҳосиби филиали ташкилоти қарзӣ;
- тасдиқи сохтори ташкилӣ ва таъини роҳбари сохтори аудити дохилии (сараудитори) ташкилоти қарзӣ;
- муайян кардани шартҳо ва андозаи музди меҳнати раис, муовинони ӯ ва сараудитори ташкилоти қарзӣ;
- таъсис ва барҳамдиҳии филиалҳо ва намояндагиҳои ташкилоти қарзӣ;баррасии натиҷаҳои аудит ва санҷиши дохилию берунӣ.";
- ҷумлаи якуми қисми 6 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Шӯрои нозирон метавонад аз ҳисоби саҳмиядорон (иштирокчиён), аз ҷумла муассисон ва мутахассисон-коршиносони даъватшудае, ки дорои таҳсилоти олӣ буда, шахсони аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод мебошанд, интихоб гардад.";
- қисми 7 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"7. Аъзои Шӯрои нозирон наметавонанд:
- дар ягон ташкилоти қарзии дигар, ба истиснои ҷамъияти вобаста кор кунанд;
- аъзои оилаи узви Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ бошанд;
- аъзои Шӯрои нозирон ё саҳмиядори (иштирокчии) дигар ташкилоти қарзӣ бошанд;
- раис ё узви Раёсати ташкилоти қарзӣ бошанд;
- хизматчии давлатӣ бошанд; - синнашон аз сӣ кам бошад.".
12. Моддаҳои 22 ва 23 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"Моддаи 22. Мақомоти иҷроияи ташкилоти қарзӣ
1. Роҳбарии бевоситаи фаъолияти ҷории ташкилоти қарзӣ аз ҷониби мақоми иҷроияи он - Раёсат (мақоми дастаҷамъии иҷроия) ё раиси ташкилоти қарзӣ (мақоми инфиродии иҷроия) ё Раёсат ва раиси ташкилоти қарзӣ амалӣ мегардад. Агар Раёсат ва раиси ташкилоти қарзӣ дар як вақт ҳамчун мақоми иҷроия таъсис дода шаванд, он гоҳ раиси ташкилоти қарзӣ вазифаи раиси Раёсати онро иҷро менамояд.
2. Мақоми иҷроияи ташкилоти қарзӣ аз ҷониби Шӯрои нозирон таъсис дода шуда, он барои иҷрои қарорҳои Шӯрои нозирон ва идоракунии амалиёти ҳаррӯзаи ташкилоти қарзӣ масъул мебошад. Ҳайати Раёсати ташкилоти қарзӣ набояд аз се нафар кам бошад.
3. Раис ва узви Раёсати ташкилоти қарзӣ наметавонанд узви Шӯрои нозирон интихоб гарданд.
4. Раёсати ташкилоти қарзӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад: - татбиқи самтҳои асосии фаъолияти ташкилоти қарзӣ;
- таъмини риояи меъёрҳои идоракунии корпоративӣ ва талаботи идоракунии хавфҳои ташкилоти қарзӣ;
- таъмини сатҳи зарурии низоми идоракунии ташкилоти қарзӣ, ки масъулият, ваколат ва муносибатҳои байниҳамдигарии сохторҳои дохилӣ, шахсони мансабдор ва кормандони дигари ташкилоти қарзиро муқаррар менамояд;
- ташкили низоми назорати дохилии ташкилоти қарзӣ, мониторинги мутобиқат ва самаранокии он
5. Раиси ташкилоти қарзӣ ваколатҳои зеринро ба зимма дорад:
- аз номи ташкилоти қарзӣ бе ваколатнома баромад карда, онро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ намояндагӣ мекунад, шартномаҳо мебандад;
- кормандони ташкилоти қарзиро ба кор қабул ва аз кор озод мекунад;дар ҷаласаҳои Раёсати ташкилоти қарзӣ раисӣ мекунад;
- ба қарорҳо ва протоколҳои маҷлисҳои Раёсати ташкилоти қарзӣ имзо мегузорад;
- вазифаҳоро дар байни муовинон тақсим мекунад;
- фармону амрҳо медиҳад, ки иҷрояшон барои кормандони ташкилоти қарзӣ ҳатмӣ мебошад;
- шартҳо ва андозаи музди меҳнати кормандони ташкилоти қарзиро, ба истиснои раис, муовинони раис ва сараудитори ташкилоти қарзӣ муайян мекунад;
- барои фаъолияти ташкилоти қарзӣ пурра масъул мебошад;
- масъалаҳои дигари фаъолияти ташкилоти қарзиро, ки ба салоҳияти Раёсат, Шӯрои нозирон ва Маҷлиси умумии саҳмиядорони (иштирокдорони) ташкилоти қарзӣ тааллуқ надоранд, баррасӣ мекунад. 6. Ҳангоми аз ҷониби як шахс таъсис додани ташкилоти қарзӣ ҳамин шахс наметавонад раис ё раиси Раёсати ташкилоти қарзӣ бошад.
Моддаи 23. Тартиби интихоб ва ба вазифа таъин кардани кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ
1. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон баъди аз санҷиши тахассусӣ гузаштани онҳо ба вазифа таъин карда мешаванд. Тартиби гузаронидани санҷиши тахассусии номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
2. Аъзои Раёсати ташкилоти қарзиро Шӯрои нозирон интихоб намуда, раиси ташкилоти қарзӣ ва раиси Раёсати онро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
3. Муовини раиси ташкилоти қарзӣ ва сармуҳосибро раиси ташкилоти қарзӣ бо ҷонибдории Шӯрои нозирон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
4. Роҳбар ва сармуҳосиби филиали ташкилоти қарзӣ аз ҷониби раис ё раиси Раёсати ташкилоти қарзӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
5. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд:
- дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ва собиқаи кории на камтар аз панҷсола аз рӯи ихтисос дар низоми бонкӣ, ки на камтар аз се соли онро собиқа дар вазифаҳои роҳбар ё муовини роҳбари воҳидҳои сохтории иқтисодӣ ташкил диҳад - барои аъзои Раёсат, раис, муовини вай, сармуҳосиб;
- дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ва собиқаи кории на камтар аз сесола аз рӯи ихтисос дар сохторҳои иқтисодии низоми бонкӣ ё таҳсилоти дигари олӣ ва собиқаи кории на камтар аз даҳсола дар сохторҳои иқтисодии низоми бонкӣ - барои роҳбар ва сармуҳосиби филиал; - шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод бошанд;
- оид ба қонунгузории бонкӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон дониши кофӣ дошта бошанд;
- корманди ташкилоти дигари қарзӣ набошанд;
- дар ҳамин ташкилоти қарзӣ пурра ва дар як вазифа кор кунанд;
- дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ кунанд.
6. Ташкилоти қарзӣ ӯҳдадор аст, ки Бонки миллии Тоҷикистонро дар бораи аз вазифа озод кардани кормандони роҳбарикунанда на дертар аз се рӯзи баъди қабули қарори дахлдор хабардор намояд.
7. Корманди роҳбарикунанда, ки бинобар татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ нисбат ба ташкилоти қарзӣ аз вазифа озод шудааст, ҳуқуқи ишғоли минбаъдаи вазифаи корманди роҳбарикунандаи ташкилоти қарзиро надорад.
8. Роҳбар, муовини роҳбари мақоми иҷроия ё сармуҳосиби ташкилоти қарзӣ, ки дар давраи фаъолият кардан иҷозатномаи ташкилоти қарзиашон бинобар татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ нисбат ба он бозхонд шудааст, наметавонанд минбаъд вазифаҳои корманди роҳбарикунандаи ташкилоти қарзиро ишғол намоянд.".
13. Дар моддаи 24:
- дар қисми 6 калимаи "хадамоти" ба калимаи "сохтори" иваз карда шавад;
- дар қисми 7 рақами "22" ба рақами "23" иваз карда шавад.
14. Дар моддаи 25:
- дар қисми 1 калимаҳои "ва аҳли оилааш," ба калимаҳои ", аъзои оила ва шахсони дигаре, ки бо ӯ хоҷагии умумӣ доранд" иваз карда шаванд;қисми 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"2. Ҳангоми аз ҷониби Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ ё мақоми дигари ваколатдори он баррасӣ гардидани масъалаи вобаста ба манфиатҳои шахсии молиявии корманди роҳбарикунанда ӯ ҳуқуқ дорад дар чунин баррасӣ иштирок намояд.".
15. Дар моддаи 26:
- ба қисми 3 сархати ҳаштум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- хулосаи пешакии хаттии ташкилоти қарзӣ;";
- дар қисми 6 калимаҳои "қарзӣ (кредитӣ) ё манфиатҳои амонатгузорон ё ташкилоти қарзиро (кредитиро)" ба калимаҳои "қарзӣ ё манфиатҳои амонатгузорону пасандоздорон ва қарздеҳонро" иваз карда шаванд.
16. Дар моддаи 28:
- сархати дуюми қисми 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- ҳангоми пастшавии арзиши дороиҳо фонди ҷуброни талафоти имконпазирро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ташкил намоянд;";
- ба қисми 2 сархатҳои панҷум ва шашум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"- барои иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳо ва ҷуброни зиён захираи кофӣ дошта бошанд;
- бо мақсади кам кардани хавфҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон низоми худии идоракунии хавфҳо ва назорати дохилиро ташкил намоянд;".
- қисми 5 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"5. Агар ба раиси ташкилоти қарзӣ маълум гардад, ки меъёри кифоятии сармояи ташкилоти қарзӣ аз андозаи муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон кам гардидааст, ӯ бояд дар ин хусус дар шакли хаттӣ фавран ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳад."
17. Дар моддаи 29:
- сархати дуюми қисми 1 хориҷ карда шавад;
- дар қисми 5 пас аз калимаи "амонат" калимаҳои "ва пасандоз" илова карда шаванд;
- сархати дуюми банди б) қисми 9 хориҷ карда шавад.
18. Дар моддаи 30:
- дар қисми 1:
- сархати якум хориҷ карда шавад;
- аз сархати дуюм калимаи "калони" хориҷ карда шавад;
- қисми 2 хориҷ карда шавад;
- дар қисми 3 калимаҳои "қисмҳои 1 ва 2" ба калима ва рақами "қисми 1" иваз карда шаванд;
- қисмҳои 3 ва 4 мувофиқан қисмҳои 2 ва 3 ҳисобида шаванд.
19. Дар моддаи 31:
- ба қисми 1 сархати чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- мӯҳлати қарз, барасмиятдарории он ва сифати гарав аз қарзҳои мавҷуда моҳиятан фарқ дошта бошанд;";
- қисми 2 хориҷ карда шавад;
- қисми 3 қисми 2 ҳисобида шавад.
20. Дар моддаи 33:
- қисмҳои 4 ва 5 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"4. Ташкилоти қарзӣ ҳуқуқ надорад соҳиби молу мулки ғайриманқул гардад, ба истиснои молу мулки ғайриманқуле, ки барои таъмини фаъолияти худ ва эҳтиёҷоти иҷтимоии кормандон, аз ҷумла таъмини онҳо бо манзил зарур аст.
5. Ташкилоти қарзӣ ӯҳдадор аст ҳар гуна молу мулки ғайриманқулеро, ки дар рафти гузаронидани амалиёти бонкӣ ба моликияташ гузаштааст, ҳангоми зарар надидан дар муддати кӯтоҳ (на дертар аз се моҳ) ва дар ҳар сурат, дар мӯҳлати на дертар аз ду соли баъди ба даст оварданаш фурӯшад.";
- қисми 6 хориҷ карда шавад;
- дар қисми 7 калимаи "амволи" ба калимаҳои "молу мулки" иваз карда шавад;
- қисмҳои 7 ва 8 мувофиқан қисмҳои 6 ва 7 ҳисобида шаванд.
21. Моддаи 35 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 35. Аҳд ва амалиёти шубҳанок
1. Ташкилоти қарзӣ ӯҳдадор аст дар бораи иҷрои ҳама гуна аҳд ва амалиёти шубҳаноки муштариёни худ (кӯшиши анҷом додани аҳд ва амалиёти шубҳанок) фавран ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм бо тартиби муқарраршуда хабар диҳад.
2. Аз ҷониби ташкилоти қарзӣ тибқи қисми 1 моддаи мазкур ифшо намудани маълумот риоя нашудани талаботи сирри бонкӣ ҳисоб наёфта, ташкилоти қарзӣ барои амали мазкур ҷавобгар намебошад.".
22. Дар моддаи 36:
- ба номи модда пас аз калимаи "Маҳдудияти" калимаҳои "амалиёт бо" илова карда шаванд;
- ба қисми 1 пас аз калимаи "диҳад" калимаҳои "ё дигар ӯҳдадориҳоро ба зимма гирад" илова карда шаванд.
23. Қисми 1 моддаи 37 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1. Суратҳисоби бонкие, ки соҳибаш дар давоми даҳ соли охир ба он ягон хел таваҷҷӯҳ зоҳир накардааст, ба истиснои суратҳисобҳои пасандозии шахсони воқеӣ, суратҳисоби ғайрифаъол дониста шуда, маблағи он бо риояи қоидаҳои дар моддаи мазкур пешбинишуда нигоҳ дошта мешавад.".
24. Қисми 1 моддаи 42 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1. Ташкилоти қарзӣ бояд қоидаҳо ва низоми ҳисобдорӣ, аз ҷумла баҳисобгирии ҳаррӯзаи даромаду хароҷотро риоя намояд.".
25. Дар моддаи 45:
- ба қисми 5 пас аз калимаи "амонат" калимаҳои "ва пасандоз" илова карда шаванд;
- дар қисми 8 калимаҳои "панҷ сол бе розигии хаттии Бонки миллии Тоҷикистон" ба калимаҳои "се сол" иваз карда шаванд;
- қисми 11 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"11. Ташкилоти қарзӣ дар мӯҳлати на дертар аз 30 рӯзи баъди дастрасии хулосаи аудиторӣ ва тавсияномаи ташкилоти аудиторӣ нусхаи онҳоро ба Бонки миллиӣ Тоҷикистон ирсол менамояд. Ташкилоти қарзӣ ӯҳдадор аст, ки бо дарназардошти хулосаи аудиторӣ ҳисоботи молиявии ислоҳшударо ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намояд.";
- қисми 13 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"13. Пешниҳод кардани хулосаи аудитории носаҳеҳ ва ё муносибати ғаразноки ташкилоти аудиторӣ бо ташкилоти қарзӣ сабаби хориҷ кардани ташкилоти аудиторӣ аз рӯйхати Бонки миллии Тоҷикистон мегардад.".
26. Дар моддаи 46:

"- таъмини иштироки намояндагон барои баррасии хулосаи аудитории ташкилоти қарзӣ бо даъвати Бонки миллии Тоҷикистон;";
- дар қисми 2 калимаҳои "вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои" ба калимаҳои "иҷрои ӯҳдадориҳои иловагӣ" иваз карда шаванд.
27. Дар моддаи 48:сархати чоруми қисми 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- ба судҳодар асоси қарори (таъиноти) суд (судя);";
- дар сархати панҷуми қисми 3 пас аз калимаҳои "қарори иҷрочии суд" калимаҳои "вобаста ба ҳуҷҷати иҷро" илова карда шаванд;
- дар сархати шашуми қисми 3 калимаҳои "Бюрои таърихи қарз (кредит)" ба калимаҳои "бюрои таърихи қарз" иваз карда шаванд;
- сархати ҳафтуми қисми 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- ба мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба муштариёни ташкилоти қарзӣ - дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя) мутобиқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;";
- қисми 9 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"9, Маблағҳои дар суратҳисобҳои бонкӣ ё маблағҳои ва дороиҳои дигари дар ташкилотҳои қарзӣ нигоҳдошташаванда дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя), қарори иҷрочии суд вобаста ба ҳуҷҷати иҷро ҳабс карда мешаванд.".
28. Дар ном ва матни моддаи 53 калимаи "ислоҳнамоӣ" ба калимаи "ислоҳӣ" иваз карда шавад.
29. Дар қисми 1 моддаи 54 калимаи "ислоҳнамоӣ" ба калимаҳои "фаврии ислоҳӣ" иваз карда шавад.
30. Аз моддаи 55 қисми 10 хориҷ карда шуда, қисмҳои 11 ва 12 мувофиқан қисмҳои 10 ва 11 ҳисобида шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
26 декабри соли 2011 № 782
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров
ш. Душанбе, 30 ноябри соли 2011, № 601
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 15 декабри соли 2011 № 233