Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2011 № 780 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҶАМЪИЯТҲОИ САҲОМӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2007, №3, мод.170; с. 2008, №10, мод.812; с. 2009, №5, мод.318; №7-8, мод.496; с. 2010, №1, мод.9; №12, қ.1, мод.816) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Аз банди сеюми қисми 1 моддаи 71 калимаҳои "ва ё дар овоздиҳӣ иштирок нанамудаанд" хориҷ карда шаванд.

2. Дар моддаи 86:

- дар қисми 1 пас аз калимаҳои "анҷом дода шудааст" калимаҳои "ё ин аҳд ба ҷамъияти саҳомӣ ва саҳмдорони он зиён расонидааст" илова карда шаванд;

- қисми 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2. Шахси манфиатдор дар назди ҷамъияти саҳомӣ ва саҳмдорон дар ҳаҷми зиёни ба ҷамъияти саҳомӣ ва саҳмдорони он расонидаи худ масъул мебошад ва ӯҳдадор аст зиёни ба ҷамъияти саҳомӣ ва саҳмдорони он дар натиҷаи бастани аҳд расонидааш ва ҳамаи даромади аз чунин аҳд бадастовардаро, ки дар бастани он манфиати шахсони дар моддаи 83 Қонуни мазкур пешбинигардида ва вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур вуҷуд дорад, диҳад. Дар сурати масъулият доштани якчанд шахс масъулияти онҳо дар назди ҷамъияти саҳомӣ муштарак аст.";

- қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"3. Аз ҷониби маҷлиси умумии саҳмдорон маъқул дониста шудани ахдҳое, ки дар анҷом додани онҳо манфиатдории шахсони дар моддаи 83 Қонуни мазкур зикршуда вуҷуд дорад, шахсони мансабдори ҷамъияти саҳомиро аз ҷавобгарӣ озод намекунад, агар дар натиҷаи аҳд ба ҷамъияти саҳомӣ ва саҳмдорони он зиён расонида шуда бошад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

26 декабри соли 2011 № 780

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи кабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарормекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Ш.Зуҳуров

ш. Душанбе, 3 октябри соли 2011, № 526

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни "Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" баррасӣ намуда, қарормекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                       М.Убайдуллоев

ш. Душанбе, 15 декабри соли 2011 № 231