ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
"Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи табиат"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 "Дар бораи ҳифзи табиат" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 2, мод. 36; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, №3, мод. 48, фасли XVII; соли 1997, №23-24, мод. 333, фасли XXI; соли 2002, №4, қ.1, мод.245; соли 2002, №11, мод. 708; соли 2004, №7, мод. 465) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Сархати шашуми қисми якуми моддаи 7 хориҷ карда шавад.
2. Сархати нӯҳуми қисми якуми моддаи 8 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- муроҷиат кардан ба суд бо даъво дар бораи маҳдуд кардан ё қать гардонидани фаъолияти шахсони ҳуқуқие, ки бо вайрон кардани қонунгузории ҳифзи табиат фаъолият менамоянд, аз ҷумла бо даъво дар ҳолати барзиёд будани лимитҳои партовҳои маводи ифлоскунанда;".
3. Сархати шашуми моддаи 9 хориҷ карда шавад.
4. Дар моддаи 66:
- қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравии онҳо бо роҳи гузаронидани санҷиши риояи қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи табиат, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба амал бароварда мешавад;";
- қисми дуюм мутаносибан қисми сеюм ҳисобида шавад;
- сархати панҷуми қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- дар хусуси боздоштани фаъолияти субъектҳои хоҷагидор қарор қабул намояд. Қарор бо мақсади роҳ надодан ба хатари бевосита барои ҳаёт ва саломатии одамон, ба миён омадани фалокати техногенӣ, расонидани зарари барқарорнашаванда ба объектҳои табиат ё ҳолати муҳити зист қабул карда мешавад. Қарор дар ҳолати ошкор шудани ду ва зиёда аз он вайронкунии шарту талабот дар соҳаи ҳифзи муҳити зист қабул мешавад, агар пешгирии ин вайронкуниҳо бо дигар роҳҳо имконнопазир бошад."
5. Қисми дуюми моддаи 67 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Тартиби ташкил ва фаъолияти назорати идоравӣ ва истеҳсолиро қонун муайян менамояд".
6. Дар сархати сеюми моддаи 90 калимаи "бемамониат" ба калимаҳои "тибқи тартиби муқарраргардидаи қонун" иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
13 июни соли 2007 № 284
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи табиат"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи табиат" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
11 майи соли 2007 № 574
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи табиат"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи табиат" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи табиат" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе
7 июни соли 2007 № 342
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
"О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об охране природы"
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 27 декабря 1993 года "Об охране природы" (Ведомости Верховного Совета Республики Таджикистан 1994 г., №2, ст. 36; Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1996г., №3, ст.48, раздел XYII; 1997г., №23-24, ст. 333, раздел XXI; 2002г., №4, ч1, ст.245; 2002г., №11, ст.708; 2004г., №7, ст. 465) следующие изменения и дополнения:
1. Абзац шестой части первой статьи 7 исключить.
2. Абзац девятый части первой статьи 8 изложить в следующей редакции:
"- обращаться в суд с иском об ограничении или прекращении деятельности юридических лиц, если их деятельность осуществляется с нарушением природоохранительного законодательства, в том числе с иском в случае превышения лимитов выбросов и сбросов загрязняющих веществ;".
3. Абзац шестой статьи 9 исключить.
4. В статье 66:
- добавить часть вторую следующего содержания:
"Государственный контроль деятельности хозяйствующих субъектов, независимо от их форм собственности и ведомственной подчиненности путем проведения проверок соблюдения законодательства об охране природы, осуществляется в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О проверках деятельности хозяйствующих субъектов в Республике Таджикистан;";
- часть вторую соответственно считать частью третьей;
- абзац пятый части третьей изложить в следующей редакции:
"- принимать решение о приостановлении деятельности хозяйствующих субъектов". Решение принимается в целях предотвращения непосредственной угрозы жизни или здоровью людей, наступления техногенной катастрофы, причинения невосполнимого вреда природным объектам или состоянию окружающей среды. Решение принимается в случае выявления двух или более нарушений требований и условий в области охраны окружающей среды и, если предотвращение этих нарушений другими способами невозможно.".
5. Часть вторую статьи 67 изложить в следующей редакции:
"Порядок организации и деятельности ведомственного и производственного контроля определяется законом".
6. В абзаце третьем статьи 90 слово "беспрепятственно" заменить словами "в порядке, предусмотренном законом".
Статьи 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Э. Рахмонов
г. Душанбе
13 июня 2007 года №284
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об охране природы"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об охране природы".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан С. Хайруллоев
г. Душанбе, 11 мая 2007 года № 574
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об охране природы"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об охране природы", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об охране природы".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе, 7 июня 2007 года 342