Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2012 № 34 "Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 ва вазифаҳо барои соли 2012"

Санаи амалкуни: 03.12.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 ва вазифаҳо барои соли 2012

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.12.2012 № 715)

Дар соли 2011 фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи тадбирдое, ки аз Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар бармеоянд, таъмини иҷрои муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми сафарҳояшон ба минтақаҳои кишвар, инчунин иҷрои барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соҳавию маҳаллӣ ва чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуданд.

Дар соли сипаригашта, сарфи назар аз таъсири манфии бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти кишвар, мушкилоти таъминот бо барқ, хушксолӣ ва дигар омилҳои дохилию беруна, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имкон доданд, ки рушди иқтисодиёти кишвар дар сатҳи устувор таъмин гардад.

Дар соли 2011 Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли 2010-5,4 млрд. сомонӣ зиёд гардида, дар маҷмӯъ ҳаҷми он 30,1 млрд. сомониро ташкил намуд. Афзоиши воқеии ММД ба андозаи 7,4 фоиз таъмин гардид.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 3,9 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2010 21 фоиз зиёд гардид.

Дар ин давра ҳиссаи истеҳсоли молҳо дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 43,5 фоиз, хизматрасониҳо 44,7 фоиз ва андозҳо 11,8 фоизро ташкил намуд.

Рушди иқтисодиёт дар соли 2011 асосан аз ҳисоби зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 7,9 фоиз, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 11,4 фоиз, савдои чакана 8,9 фоиз ва саноат 5,9 фоиз таъмин гардид.

Дар соли 2011 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 4,8 млрд. сомонӣ (105 фоиз) маблағгузориҳои асосӣ иҷро гардида, ба маблағи 2,2 млрд. сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуданд.

Идомаи муносибатҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, густариши робитаҳо дар доираи ташкилотҳои иқтисодии минтақавию байналмилалӣ дар соли 2011 ба вусъати савдои хориҷӣ мусоидат намуд.

Дар ин давра гардиши савдои хориҷӣ 15,4 фоиз, аз ҷумла содирот 5.2 фоиз ва воридот 19,9 фоиз афзун гардид. Тавозуни манфии савдои хориҷӣ 1,9 млрд.доллари америкоиро ташкил дод.

Ҳаҷми боркашонӣ ва мусофиркашонӣ тавассути тамоми намудҳои нақлиёт мутаносибан 0,3 фоиз ва 3,4 фоиз афзуд.

Дар соли сипаришуда дараҷаи таваррум дар бозори истеъмолӣ 9.3 фоизро ташкил дод. Сатҳи таваррум аз ҳисоби болоравии нархи молҳои озуқаворӣ ба 10,3 фоиз, тарифҳои хизматрасонӣ 9,2 фоиз ва молҳои ғайриозуқа 7,2 фоиз ташаккул ёфт.

Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ дар сатҳи 101,5 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 8,5 млрд. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки ин 28,2 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад. Даромади ҷории Буҷети давлатӣ мутаносибан 104 фоиз ё 6,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки ба 21,6 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст.

Иҷрои буҷети ҷумҳуриявӣ дар ин давра 103,5 фоиз таъмин гардид.

Дар сохтори пардохтҳои андозӣ, гумрукӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ ҳиссаи Кумитаи андоз 62 фоиз ва Хадамоти гумрук 36,9 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2010 мутаносибан 1,1 банди фоизӣ зиёд ва 0,9 фоиз кам мебошад.

Нақшаи ҷамъоварии андозҳо дар маҷмӯъ иҷро гардида бошад ҳам, як намуди он (роялти барои об) иҷро нашуд. Бақияпулиҳои андоз нисбат ба оғози сол ба маблағи 155 млн. сомонӣ (22,7 фоиз) кам шуд.

Хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра ба андозаи 96 фоиз, инчунин хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба андозаи 99 фоиз таъмин гардид.

Дар баробари натиҷаҳои бадастомадаи соли 2011, дар фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар соҳаҳо норасоиву камбудиҳо ҳанӯз ҳам ҷой доранд. Аз ҷумла ба пуррагӣ истифода нашудани имкониятҳои дохилӣ доир ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, сатҳи пасти коркард ва содироти маҳсулоти тайёр ва дигар омилҳо ба рушди иқтисодиёт ва ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ таъсири манфӣ расониданд.

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва ноил гардидан ба рушди устувори соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2012, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ:

- ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин идома додани ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ, бахусус ҷоннок намудани татбиқи тавсияҳое, ки аз таҳлилҳои амудии функсионалии вазорату идораҳо бармеоянд, таъмини интизоми иҷро, татбиқи сифатноки барномаҳои рушди соҳавию маҳаллӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иҷтимою иқтисодии кишвар, истифодаи оқилонаву самараноки маблағҳои буҷетӣ, аз байн бурдани омилҳои маъмурии ба коррупсия мусоидаткунанда ва тақвият бахшидан ба раванди мубориза бо коррупсия дар ҳама зинаҳо тадбирҳои қатъӣ андешанд;

- бо мақсади таъмини рушди мунтазами соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон ва молистеҳсолкунандагони ватанӣ, таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо дар назди буҷети давлатӣ, кам намудани бақияпулиҳои андоз ва пардохти саривақтии онҳо тадбирҳои заруриро амалӣ гардонанд;

- бо мақсади ташаккул ва рушди ҳукумати электронӣ, ҷиҳати таъсис додан ва дар сатҳу савияи замонавӣ ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами сомонаи интернетии худ тадбирҳои мушаххас андешанд;

- дар ҳамкорӣ бо субъектҳои соҳибкорӣ ҷиҳати дастгирии мунтазами ятимону маъюбон, расонидани кӯмак ба эҳтиёҷмандон, баргузории тӯйҳои дастаҷамъона ва дигар амалҳои хайру эҳсонкориро амалӣ намоянд;

- иҷрои дастуру супоришҳо оид ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, қабули шаҳрвандон ва баррасӣ намудани арзу муроҷиатҳои онҳоро таъмин намуда, доир ба рафъи саривақтии проблемаву норасоиҳои мавҷуда мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷоя бо вазорату идораҳо, бо дарназардошти идома бахшидани раванди ислоҳоти иқтисодӣ ва пешгирӣ намудани таъсири манфии бӯҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ дар соли 2012, бо мақсади ноил гардидан ба рушди мӯътадили иқтисодиёти кишвар, рафти иҷрои барномаҳои рушди соҳавӣ ва маҳаллии мамлакатро мунтазам таҳлил намуда, хулосаҳои мукаммал ва асоснокро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

- хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.12.2012 № 715);

- якҷоя бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати устувор нигоҳ доштани вазъи макроиқтисодӣ, пешгирӣ намудани болоравии сунъии нарх ва таъмини рақобати солим, инчунин таъмини ҳарчи бештари талаботи мамлакат ба маҳсулоти худӣ, пешгирии воридшавии маводи озуқавории бесифат ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон чораҳои зарурӣ андешад;

- ҷиҳати иҷрои саривақтии тадбиру нишондиҳандаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи чорабиниҳои Изҳороти муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд дар соли 2012 чораҳои зарурӣ андешад;

- бо мақсади сари вақт ва мақсаднок истифода бурдани сармоягузории асосии мутамарказ, ҳар семоҳа доир ба фармоишгарон ва иншоотҳои мувофиқашуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти таҳлилӣ пешниҳод намояд;

- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор, бо мақсади соддагардонии расмиёти гумрукӣ, раванди татбиқи "Истгоҳи ягона"-ро дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ таъмин кунад;

- бо мақсади сарфакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, роҳ надодан ба тайёркунии барзиёди ихтисосҳо, вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва афзалиятҳои рушди иқтисоди миллӣ тайёр намудани мутахассисони касбӣ, инчунин сифатан беҳтар намудани пояи кадрии муассисаҳои таълимӣ ва илмии кишвар, Барномаи мақсадноки давлатӣ оид ба тайёр намудани мутахассисони таҳсилоти олии касбӣ барои солҳои 2013-2020-ро таҳия намуда, то 1 ноябри соли 2012 ба Ҳукумати мамлакат манзур намояд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҷиҳати сари вақт, мақсаднок ва сифатнок таъмин намудани иҷрои нишондиҳандаҳои қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷет, инчунин ситонидан ва ворид намудани бақияпулиҳои андозӣ ба буҷет ва роҳ надодан ба пайдошавии бақияпулиҳои нав, якҷоя бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ чораҳои таъхирнопазир андешида, аз натиҷааш ҳар семоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намояд;

- оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ташкили бозори фурӯши такрории қоғазҳои қиматнок, аз ҷумла ташкили инфрасохтор, пурзӯр намудани функсияи назоратии мақоми ваколатдори бозори коғазҳои қиматнок ва таъмини риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳа чораҳои зарурӣ андешад;

- дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ҷиҳати паст кардани таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ чораҳои зарурӣ андешад, дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин барномаи сиёсати андозу буҷетиро оид ба пешгирии таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ тибқи тартиби муқарраргардида қабул ва амалӣ созад;

- ҷиҳати сари вақт ташкил намудани шабакаи ягона ва дуруст ба роҳ мондани табодули электронии маълумот байни мақомоти молия, андоз, гумрук, бонкҳо ва дигар соҳаҳо бо истифода аз имконоти Шабакаи ягонаи иттилоотию коммуникатсионии байни вазорату идораҳо дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин чораҷӯӣ намояд;

- бо дарназардошти зарурати пурқувват намудани омилҳои рушд бо роҳи дасггирии фаъолияти иктисодии субъектҳои соҳибкорӣ тавассути бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ, таъмини шаффофият ва кам кардани гаронии андозҳо, ҷиҳати оммафаҳму содда гардонидани лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намудани он чораҳои бетаъхир андешад.

4. Ба Бонки миллии Тоҷикистон тавсия дода шавад:

- нигоҳдории сатҳи таваррумро дар соли 2012 дар доираи нишондиҳандаи барномавӣ таъмин намояд;

- таъмини пардохтпазирии бонкҳоро бо роҳи инкишофи бозори коғазҳои қиматнок, бозори байнибонкии асъор, захираҳои қарзӣ ва идома додани ислоҳот дар соҳаи бонкдорӣ ба роҳ монад;

- то 1 ноябри соли 2012 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор"-ро дар таҳрири нав таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

- ҷиҳати фароҳам овардани шароит барои зиёд гардонидани ҳаҷми маблағгузориҳои қарзӣ ба корхонаҳои истеҳсолӣ ва соҳаи кишоварзӣ, татбиқи сиёсати иқтисодии кишвар оид ба қонеъ гардонидани талаботи аҳолии ноҳияҳои дурдаст ва соҳибкории хурду миёна бо хизматрасониҳои бонкӣ тавассути зиёд намудани шумораи филиалҳо, намояндагиҳо, инчунин идомаи ҳамкорӣ бо созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва бонкҳои кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати ҷалби сармоя чораҳои таъхирнопазир андешад.

5. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дуруст ба роҳ мондани баҳисобгирӣ ва ташкили дурусти маълумоти омориро дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, савдо, хизматрасонӣ, нақлиёт, сохтмон ташкил намояд, инчунин то кадом дараҷа воқеиятро дуруст инъикос намудани нишондиҳандаҳои соҳавиро таҳлил намуда, барои пешгирии нишондиҳандаҳои таҳрифшуда мунтазам чораҷӯӣ намояд;

- якҷоя бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон корҳоро дар самти омодагӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 вусъат диҳад.

6. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идорадои дахлдор таҳлили пурраи санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаро гузаронида, ҷиҳати мутобиқ намудани онҳо ба талаботи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" чораҳои зарурӣ андешад.

7. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати омода ва баргузор намудани Конфронси 5-уми ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RЕССА) дар шаҳри Душанбе (26-27 марти соли 2012) чораҷӯӣ намояд;

- якҷоя бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор оид ба ҳалли мушкилоти марбут ба транзити мол ва воситаҳои нақлиёт тавассути кишварҳои ҳамҷавор чораҳои зарурӣ андешад.

8. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷоя бо ШСХК "Барқи Тоҷик" таъмини барқро ба аҳолӣ дар фасли зимистони соли ҷорӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар қатьиян тибқи реҷаи тасдиқшуда амалӣ намуда, ҷиҳати ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда чораҷӯӣ намояд;

- якҷоя бо ШСХК "Барқи Тоҷик" ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани содироти барқи изофагӣ дар мавсими тобистон чораҳои зарурӣ андешида, барои кам кардани талафоти технологӣ ва тиҷоратӣ дар системаи энергетикӣ чорабиниҳои ташкилию техникиро амалӣ кунад;

- якҷоя бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати сохтмони иншооти энергетикӣ, хатҳои интиқоли барқ, татбиқи чорабиниҳо барои кам кардани талафоти энергия ва сарфаи он, амалӣ намудани барномаҳои ислоҳоти соҳа, вусъат бахшидани корҳо оид ба азхудкунии конҳои истихроҷи нафту газ ва истифодаи тамоми захираву имкониятҳо вобаста ба таъминоти кишвар бо маводи сӯзишвориву нерӯи барқ чораҷӯӣ намояд;

- ҷиҳати азхудкунии бозори дохилӣ диверсификатсияи истеҳсолотро ба роҳ монда, тавассути ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар ҳамаи соҳаҳои саноати кишвар ва барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда барои таъмини коркарди пурраи ашёи хоми дар мамлакат тавлидшаванда то маҳсулоти ниҳоӣ ва коркарди пурраи маҳсулоти кишоварзӣ, тавсеаи истеҳсолии маҳсулоти воридотивазкунанда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва зиёд намудани манбаъҳои иловагии андозбандишаванда тадбирҳо андешад;

- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати пешниҳоди таклиф оид ба таъсиси корхонаҳои нави саноатии коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ тибқи барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои таъхирнопазир андешад;

- якҷоя бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ҳалли масъалаҳои барқарорсозии корхонаҳои азкормонда, сарфи назар аз шакли моликияташон, бунёди корхонаҳои коркарди маъдан, барқарорсозии саноати сабук ва хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон, инчунин ташкил ва густариши фаъолияти корхонаҳои хурду миёнаи коркарди металлҳо ва сангҳои қиматбаҳову ороишӣ ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар созанд;

- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор масъалаи тақсими маҳсулот бо шарикони хориҷиро бо дарназардошти манфиатҳои иқтисодии кишвар таҳлил намуда, хулоса ва таклифҳои худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд.

9. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати бунёду барқарорсозӣ ва нигоҳдории роҳҳои дохиливу байнишаҳрӣ дар кишвар чораҳои муассир андешад;

- дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати беҳтарсозии хизматрасониҳои нақлиётӣ оид ба мусофиркашонӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва барқарорсозии фаъолияти терминалҳои нақлиёти мусофирбар чораҷӯӣ намояд;

- якҷоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ барои суръат бахшидани сохтмони хатти роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа (қитъаи Ваҳдат-Ёвон) тадбирҳои судманд андешад;

- бо мақсади ба низом даровардани фаъолияти нақлиёти автомобилии мусофирбару боркаш, риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи нақлиётро таъмин намуда, ҷиҳати назорат ва танзими он тадбирҳои иловагӣ андешад;

- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баҳри азнавсозии заминаи техникию истеҳсолии инфрасохтори нақлиёти ҷумҳурӣ, мутобиқсозии он ба меъёрҳои байналмилалӣ чораҷӯӣ намуда, ба таҳкими фаъолияти он ҳамаҷониба мусоидат намояд;

- назорати истифодаи масолеҳи сохтмонӣ ва сифати корҳои иҷрошавандаро дар лоиҳаҳои бунёдию таҷдидии маҷмааи нақлиётӣ пурзӯр намуда, оид ба нигоҳдории дурусти роҳҳои автомобилгард, инчунин баҳри рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ ва баланд бардоштани иқтидори транзитии кишвар оид ба фароҳам овардани шароит ҷиҳати суръат бахшидани бунёди терминалҳои наздисарҳадии автомобилии байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.

10. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷоя бо Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати азхудкунии заминҳои нав, беҳтар намудани ҳолати мелиоративӣ ва истифодаи дурусту самараноки ҳар як ваҷаб замин ва дар як сол гирифтани ду-се ҳосил мунтазам чораҷӯӣ намоянд;

- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба татбиқи саривақтии барномаҳои қабулгардида оид ба ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва барномаҳои соҳавӣ, бахусус оид ба рушди боғдорию ангурпарварӣ, сабзавоткорӣ, пахтакорӣ, чорводорӣ ва асалпарварӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обу замин, инчунин таъмини рушди соҳаҳои кишоварзӣ бо роҳи инноватсионӣ чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷааш ҳар семоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти таҳлилӣ ирсол намояд;

- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста ба афзун намудани истеҳсоли картошка дар мамлакат ва дар давоми ду-се соли наздик ба як миллион тонна расонидани он ва ба ин васила пурра таъмин кардани талаботи дохилӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар чораҳои зарурӣ андешад;

- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва дар робита ба он рушди илми кишоварзиро мавриди таҳлил қарор дода, ҷиҳати беҳтар намудани кори онҳо дар самти таъмини хоҷагиҳои кишоварзии мамлакат бо тухмии аълосифат чораҷӯӣ намояд;

- ҷиҳати пурра барқарор намудани корхонаҳои паррандапарварӣ, истифодаи мақсадноки субъектҳои хоҷагидории хусусигардонидашудаи кишоварзӣ, пурқувват намудани базаи хӯрокаи чорвою парранда дар дохили кишвар, хушзот намудани чорво ва баланд бардоштани потенсиали генетикии чорвои зотӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии кӯлҳо, ҳавзҳо ва обанборҳои мавҷудаи мамлакат баҳри зиёд намудани истеҳсоли моҳӣ чораҳои зарурӣ андешад.

11. Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷоя бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати пешгирии партовшавии заминҳои корам, баланд бардоштани сифати корҳои сохтмонию барқарорсозии иншооти ирригатсионӣ, инчунин ҳимояи иншооти хоҷагии халқ аз офатҳои табиӣ тадбирҳои мушаххас андешад;

- якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСҲК "Барқи Тоҷик" ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дарёфти механизми ислоҳоти пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ ва нерӯи барқ чораҳои зарурӣ андешида, "Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012- 2020"-ро таҳия намуда, то 1 июли соли 2012 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунад.

12. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- бо дарназардошти муҳимияти беҳдошти сатҳи зиндагӣ ва расонидани кӯмакҳои суроғавии иҷтимоӣ ба аҳолӣ, дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор то 1 апрели соли 2012 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро вобаста ба муайян намудани ҳаҷми сабади истеъмолӣ ва мӯҳлати мавриди амал қарор додани онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунад;

- якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ масъалаҳои ҳимояи гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ, хусусан хизматрасонии иҷтимоии маъюбону иштирокчиёни ҷанг ва собиқадорони меҳнат, суръат бахшидан ба ислоҳоти нафақа, ҷорӣ намудани тартиби ихтиёрии нафақаи суғуртавии ҷамъшаванда, ташкили низоми суғуртакунонии ихтиёрии муҳоҷирони меҳнатиро ҳаматарафа омӯхта, то 1 апрели соли 2012 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқие, ки масъалаҳои мазкурро ба низом ва ба тартиб медарорад, манзур намояд;

- ҷиҳати мусоидат ба шуғли аҳолии қобили меҳнати бекор ва таъсиси ҷойҳои кории нав лоиҳаи барномаи дахлдорро таҳия ва пешниҳод намояд;

- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаю ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, ҷиҳати нигоҳ доштани ҷойҳои мавҷудаи корӣ, зиёд намудани шумораи коргарони кироя ва баланд бардоштани музди меҳнати онҳо пайваста чораҷӯӣ ва мусоидат намуда, дар ҳисобдории муҳосибавии корхонаҳо, ҳисоботи оморӣ ва ҳисоботи андозӣ дуруст инъикос намудани ин нишондиҳандаҳоро назорат барад;

- якҷоя бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бо мақсади таъмини маблағгузорӣ ва пардохти саривақтии нафақаю кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ, ҷиҳати иҷрои пурраи нақшаи воридоти андози иҷтимоӣ тадбирҳои амалӣ андешад;

- якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии ташхиси тиббии иҷтимоии назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини шаффофият, аз байн бурдани ҳолатҳои беасос муқаррар намудани нафақаи маъюбӣ ва пешгириву бартараф намудани камбудиҳо тадбирҳои қатъӣ андешида, оид ба мукаммалгардонидани низоми мазкур чораҷӯӣ намояд.

13. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, тарбияи хонандагон дар рӯҳияи арзишҳои миллӣ ва дунявӣ, муайян намудани хонандагони болаёқат ва тайёр намудани онҳо барои интихоби бошууронаи касб, ҷиҳати таҳкими заминаи моддию техникӣ, таъмини мактабҳо бо омӯзгорони соҳибкасби самтҳои мухталиф, интихоб ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон ва фароҳам овардани шароити мусоиди моддию маишӣ ба онҳо чораҳои зарурӣ андешад;

- бо мақсади рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, такмили заминаи моддию техникии онҳо ва қонеъ намудани талаботи бозори меҳнат бо кадрҳои ихтисосманд, ҳуҷҷати барномавии миёнамӯҳлатро оид ба ислоҳот ва рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида то 1 апрели соли 2012 таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

- якҷоя бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, шароити зист, вазъи саломативу шароити иҷтимоӣ, инчунин баъди хатми таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо кор таъмин намудани ятимону маъюбон ва тарбиягирандагони мактаб-интернатҳо чораҳои иловагиро амалӣ намояд;

- якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо доир ба бунёди муассисаҳои томактабии нав ва таъмиру таҷдиди кӯдакистонҳои мавҷуда аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва бо истифода аз имкониятҳои бахши хусусӣ чораҷӯӣ намояд.

14. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар доираи татбиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ҷиҳати беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба аҳолӣ ва баланд бардоштани дараҷаи тахассуси мутахассисон чораҳои зарурӣ андешад;

- ҷиҳати бартараф намудани тамоюли афзоиши гирифторшавӣ ба бемориҳо ва маъюбӣ ҳуҷҷати стратегии пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 ноябри соли 2012 таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

- якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он, вазорату идораҳои дахлдор доир ба бартараф намудани камбудӣ ва мушкилоти мавҷудаи соҳа чораҳои бетаъхир андешад.

15. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ғамхорӣ нисбат ба ёдгориҳои таърихӣ ва ҳифзу нигоҳдории онҳоро тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ" ба роҳ монда, барои бунёди боғҳои фарҳангию фароғатӣ дар саросари кишвар чораҳои мушаххас андешад;

- бо мақсади дастгирии истеъдодҳои ҷавон, баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ, таҳкими ҳисси худшиносиву ватандӯстии ҷавонон, эҳтироми суннату арзишҳои неки фарҳанги миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои умумибашарӣ, пешгирӣ кардани гароиши наврасону ҷавонон ба ҷараёну равияҳои бегона ва тарғиби тарзи ҳаёти солим чораҳои доимӣ амалӣ намояд.

16. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- бо мақсади беҳтар намудани шароити ҷалби сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, ҷиҳати кам намудани монеаҳои маъмурӣ чораҳо андешида, татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки ба ислоҳоти дастгирии бахши хусусӣ равона гардидаанд, зери назорати қатъӣ гирад;

- ҷиҳати беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ вобаста ба таъмини ҳуқуқии кафолату имтиёзҳои сармоягузорон ва ҷорӣ намудани механизми ягонаи пешбурди сиёсати мутамаркази сармоягузорӣ таҳлили ҳамаҷониба гузаронида, то охири соли 2012 пешниҳоди асосноки худро оид ба қабули барномаи махсуси дарозмуддати рушди сармоягузорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур созад;

- якҷоя бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи пурраи механизми бақайдгирии субъектҳои соҳибкориро бо усули "Равзанаи ягона" таъмин намояд;

- якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои соҳавӣ иҷрои саривақтии лоиҳаҳои муштараки сармоягузориро таъмин намуда, фаъолияти марказҳои татбиқи лоиҳаҳоро зери назорати қатъӣ қарор диҳад;

- фаъолиятро дар самти такмилдиҳии санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки раванди истифодабарии моликияти давлатиро ба танзим медароранд, тақвият дода, ҷиҳати муқаррар намудани низоми шаффоф дар масъалаҳои аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосии давлатӣ ва таъмини иштироки мақомоти идораи амволи давлатӣ дар идораи ҷамъиятҳои хоҷагидори муштарак тадбирҳои мушаххас андешад.

17. Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷоя бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста ба масъалаҳои тақсимоти саривақтиву одилонаи қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ба оилаҳои эҳтиёҷманд тадбирҳои мушаххас андешад;

- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои сари вақт ба ҳолати воқеии заминҳо мутобиқ кардани намуди ба расмият даровардашудаи кадастрии онҳо, бо Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин намудани шаҳрвандоне, ки ба онҳо қитъаҳои замин барои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ҷудо карда шудааст, чораҳои зарурӣ андешад;

- якҷоя бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои вайрон намудани қонунгузории замин, бахусус зимни тақсимоти қитъаҳои замин барои сохтмони манзил ба шаҳрвандон, беҳтар намудани фаъолият дар самти иҷрои қонунҳо оид ба истифодаи самараноку оқилонаи замин ва тақсимоти одилонаи он ба шаҳрвандон чораҳои қатъӣ андешад.

18. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намудани бақайдгирии қатъӣ, пурра ва шаффофи тамоми манбаъҳои андозбандиро таъмин намуда, ҷиҳати дарёфти манбаъҳои иловагии андоз тадбирҳо андешад.

19. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои табиии кишвар ва рушди туризм лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шикор"-ро таҳия намуда, мувофиқи тартиби муқарраргардида то 1 августи соли 2012 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

- якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мушкилоти мамнӯъгоҳҳои табиӣ ва дигар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро, ки дар натиҷаи сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва ташкили ҳоҷагидорӣ дар ҳудуди онҳо ба амал омадааст, таҳлил намуда, ҷиҳати ҳалли онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди мушаххас манзур намояд.

20. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷоя бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ бо мақсади дастгирии истеъдодҳои ҷавон, баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ, таҳкими ҳисси худшиносиву ватандӯстии ҷавонон, пешгирии омилҳои номатлуб, пешгирӣ кардани гароиши наврасону ҷавонон ба ҷараёни равияҳои бегона ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ва барои ба беҳтар намудани фаъолияти қасру клубҳои фарҳангӣ, марказҳои ҷавонон дар маҳалҳо, таъмиру таҷҳизонидани онҳо, баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, фароғатӣ, оммавӣ, идеологӣ ва варзишӣ мусоидат намуда, ташаббуси ҷавононро дар самти ташаккули фаъолияти соҳибкорӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон дастгирӣ намояд;

- дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомот ҷиҳати ташкили инфраструктураи туризм ва тақвияти рушди соҳа ҳамчун соҳаи афзалиятнок чораҷӯӣ намояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида лоиҳаи Барномаи ҷавонони Тоҷикистонро барои солҳои 2013-2015 таҳия ва то 1 сентябри соли 2012 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол кунад.

21. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пахши барномаҳои телевизиону радиои марказиро дар ноҳияҳо ва маҳалҳои аҳолинишини дурдасти кӯҳистон, хусусан вилояти Суғд таъмин намояд;

- бахшида ба 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин намоишу гуфторҳои таҳлилиро аз рӯи жанрҳои телевизион ва радио дар бораи дастовардҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат дар ин давра ба роҳ монда, аз натиҷааш то 1 декабри соли 2012 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод кунад.

22. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- тибқи муқаррароти "Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015" оид ба ҳалли масъалаҳои илмию техникӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии афзалиятнок ва ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, рушди минбаъдаи робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм ва технология тадбирҳои мушаххас андешад;

- ҷиҳати дар оянда таҳким бахшидан ба рушд, ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ Барномаи рушди нерӯ ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020-ро таҳия ва 1 июни соли 2012 ба Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунад.

23. Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- сифати корҳои лоиҳакаширо баланд бардошта, лоиҳаҳои хонаҳои истиқоматиро бо талаботи миллӣ таҳия намояд, инчунин сохтмони иншоотро бо дарназардошти сарфаҷӯӣ ва истифодаи технологияҳои каммасрафи барқӣ ба инобат гирифта, назорати муаллифиро дар рафти корҳои сохтмонӣ пурзӯр намояд;

- ҷиҳати сари вақт ва дар мӯҳлатҳои пешбинишуда додани хулосаи ташхиси давлатӣ ба фармоишгарон, ҳамчунин амалӣ намудани сохтмони иншооти сохташаванда бо истифода аз технологияи муосир ва маводи сохтмонии баландсифат чораҳои зарурӣ андешад;

- шарту талаботи иҷозатномадиҳиро беҳтар намуда, назорати ҷараёни иҷрои шартҳои мазкурро дар ташкилотҳои сохтмонию лоиҳакашӣ, инчунин беҳтар кардани ташкили корбарӣ ва назорати фаъолияти сармеъморони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳоро таъмин намояд.

24. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- бо мақсади рушди соҳибкории ватанӣ, ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми нави назорати сифат дар корхонаҳои истеҳсолӣ аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ чораҳои зарурӣ андешад;

- амалӣ намудани марҳилаи аввали ислоҳоти Стратегияи инфраструктураи сифат ва низоми танзими техникиро таъмин намояд.

25. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- марҳила ба марҳила татбиқи Консепсияи рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмин намудани самаранокии фаъолияти гумрукиро амалӣ намояд;

- иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукиро таъмин намояд.

26. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати доимиро аз рӯи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ оид ба пешгирӣ, маҳдудкунӣ, қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдононаи субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ дар самти риояи тартиби муқарраргардидаи қоидаҳои нархгузорӣ пурзӯр намояд, инчунин мунтазам мониторинги бозорҳои молиро гузаронад.

27. Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷоя бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати ба низом даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъмини ҳуқуқу кафолатҳои меҳнатию иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ тадбирҳои зарурӣ андешад;

- ҳамкориро бо вазорату идораҳои дахлдор пурзӯр намуда, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва зиёд намудани шумораи субъектҳои хоҷагидор оид ба интиқоли муташаккилонаи нерӯҳои корӣ ба хориҷа чораҷӯӣ намояд.

28. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон насби як миллион адад телефонҳои хонагиро тезонида, дар навбати аввал оилаҳои камбизоат ва дигар шахсони эҳтиёҷмандро бо алоқаи телефонӣ таъмин созад.

29. Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар давоми солҳои 2012-2013 омӯзиш ва ҳисоби қаблии захираи конҳои танталро дар ноҳияҳои Ишкошиму Мурғоб ба анҷом расонад;

- якҷоя бо Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ва маблағгузории корҳои ҷустуҷӯию геологӣ, иктишофи конҳои нав ва истихроҷу коркарди маъдан, инчунин бо технология ва таҷҳизоти инноватсионӣ таъмин намудани лабораторияҳои омӯзиши геологӣ чораҳои зарурӣ андешад;

- якҷоя бо Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзишу коркарди конҳои масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла объектҳои коркарди санги хорои шаҳри Душанберо таъмин намояд.

30. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷоя бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даромади нақшавии буҷети давлатиро, ки бевосита ба фаъолияти мақомоти онҳо мансубанд, таъмин намоянд;

- дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати таъмини волоияти қонун, риояи қатъии қонуният ва таҳкими интизоми касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатӣ, бахусус мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои мушаххас андешида, масъулияти онҳоро барои поквиҷдонона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ баланд бардорад;

- дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бо мақсади ба таври воқеъбинона муайян намудани вазъи криминогении кишвар, сабабҳои объективӣ ва субъективии баланд шудани сатҳи ҷинояткориро таҳлил намуда, ҷиҳати пешгирӣ ва паст намудани шиддати ҷинояткорӣ чораҳои муассир андешад;

- дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати бартараф намудан ва роҳ надодан ба истифодаи азобу шиканҷа ва дигар тарзу усулҳои ғайриқонунии таҳқиқ ва тафтиши ҷиноятҳо ва мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ амалӣ гардонидани чорабиниҳои оперативию ҷустуҷӯӣ дар фаъолияти мақомоти зертобеъ тадбирҳои зарурӣ андешанд ва дар фаъолияти кормандони худ риояи қатъии қонуниятро таъмин намояд;

- дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо истифода аз усулҳои муосир муборизаро бар зидди тамоми шаклҳои хариду фурӯши одамон, аз ҷумла меҳнати маҷбурӣ тақвият бахшида, ҷиҳати ошкор ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони ҷинояткор чораҳои судманд андешад.

31) Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо аз ҷараёни иҷрои қарори мазкур ҳар семоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 24 январи соли 2012 № 34

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 ва вазифаҳо барои соли 2012

Дар соли 2011 фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи тадбирдое, ки аз Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар бармеоянд, таъмини иҷрои муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми сафарҳояшон ба минтақаҳои кишвар, инчунин иҷрои барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соҳавию маҳаллӣ ва чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуданд.

Дар соли сипаригашта, сарфи назар аз таъсири манфии бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти кишвар, мушкилоти таъминот бо барқ, хушксолӣ ва дигар омилҳои дохилию беруна, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имкон доданд, ки рушди иқтисодиёти кишвар дар сатҳи устувор таъмин гардад.

Дар соли 2011 Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли 2010-5,4 млрд. сомонӣ зиёд гардида, дар маҷмӯъ ҳаҷми он 30,1 млрд. сомониро ташкил намуд. Афзоиши воқеии ММД ба андозаи 7,4 фоиз таъмин гардид.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 3,9 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2010 21 фоиз зиёд гардид.

Дар ин давра ҳиссаи истеҳсоли молҳо дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 43,5 фоиз, хизматрасониҳо 44,7 фоиз ва андозҳо 11,8 фоизро ташкил намуд.

Рушди иқтисодиёт дар соли 2011 асосан аз ҳисоби зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 7,9 фоиз, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 11,4 фоиз, савдои чакана 8,9 фоиз ва саноат 5,9 фоиз таъмин гардид.

Дар соли 2011 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 4,8 млрд. сомонӣ (105 фоиз) маблағгузориҳои асосӣ иҷро гардида, ба маблағи 2,2 млрд. сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуданд.

Идомаи муносибатҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, густариши робитаҳо дар доираи ташкилотҳои иқтисодии минтақавию байналмилалӣ дар соли 2011 ба вусъати савдои хориҷӣ мусоидат намуд.

Дар ин давра гардиши савдои хориҷӣ 15,4 фоиз, аз ҷумла содирот

5.2 фоиз ва воридот 19,9 фоиз афзун гардид. Тавозуни манфии савдои хориҷӣ 1,9 млрд.доллари америкоиро ташкил дод.

Ҳаҷми боркашонӣ ва мусофиркашонӣ тавассути тамоми намудҳои нақлиёт мутаносибан 0,3 фоиз ва 3,4 фоиз афзуд.

Дар соли сипаришуда дараҷаи таваррум дар бозори истеъмолӣ 9.3 фоизро ташкил дод. Сатҳи таваррум аз ҳисоби болоравии нархи молҳои озуқаворӣ ба 10,3 фоиз, тарифҳои хизматрасонӣ 9,2 фоиз ва молҳои ғайриозуқа 7,2 фоиз ташаккул ёфт.

Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ дар сатҳи 101,5 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 8,5 млрд. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки ин 28,2 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад. Даромади ҷории Буҷети давлатӣ мутаносибан 104 фоиз ё 6,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки ба 21,6 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст.

Иҷрои буҷети ҷумҳуриявӣ дар ин давра 103,5 фоиз таъмин гардид.

Дар сохтори пардохтҳои андозӣ, гумрукӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ ҳиссаи Кумитаи андоз 62 фоиз ва Хадамоти гумрук 36,9 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2010 мутаносибан 1,1 банди фоизӣ зиёд ва 0,9 фоиз кам мебошад.

Нақшаи ҷамъоварии андозҳо дар маҷмӯъ иҷро гардида бошад ҳам, як намуди он (роялти барои об) иҷро нашуд. Бақияпулиҳои андоз нисбат ба оғози сол ба маблағи 155 млн. сомонӣ (22,7 фоиз) кам шуд.

Хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра ба андозаи 96 фоиз, инчунин хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба андозаи 99 фоиз таъмин гардид.

Дар баробари натиҷаҳои бадастомадаи соли 2011, дар фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар соҳаҳо норасоиву камбудиҳо ҳанӯз ҳам ҷой доранд. Аз ҷумла ба пуррагӣ истифода нашудани имкониятҳои дохилӣ доир ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, сатҳи пасти коркард ва содироти маҳсулоти тайёр ва дигар омилҳо ба рушди иқтисодиёт ва ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ таъсири манфӣ расониданд.

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва ноил гардидан ба рушди устувори соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2012, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ:

- ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин идома додани ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ, бахусус ҷоннок намудани татбиқи тавсияҳое, ки аз таҳлилҳои амудии функсионалии вазорату идораҳо бармеоянд, таъмини интизоми иҷро, татбиқи сифатноки барномаҳои рушди соҳавию маҳаллӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иҷтимою иқтисодии кишвар, истифодаи оқилонаву самараноки маблағҳои буҷетӣ, аз байн бурдани омилҳои маъмурии ба коррупсия мусоидаткунанда ва тақвият бахшидан ба раванди мубориза бо коррупсия дар ҳама зинаҳо тадбирҳои қатъӣ андешанд;

- бо мақсади таъмини рушди мунтазами соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон ва молистеҳсолкунандагони ватанӣ, таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо дар назди буҷети давлатӣ, кам намудани бақияпулиҳои андоз ва пардохти саривақтии онҳо тадбирҳои заруриро амалӣ гардонанд;

- бо мақсади ташаккул ва рушди ҳукумати электронӣ, ҷиҳати таъсис додан ва дар сатҳу савияи замонавӣ ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами сомонаи интернетии худ тадбирҳои мушаххас андешанд;

- дар ҳамкорӣ бо субъектҳои соҳибкорӣ ҷиҳати дастгирии мунтазами ятимону маъюбон, расонидани кӯмак ба эҳтиёҷмандон, баргузории тӯйҳои дастаҷамъона ва дигар амалҳои хайру эҳсонкориро амалӣ намоянд;

- иҷрои дастуру супоришҳо оид ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, қабули шаҳрвандон ва баррасӣ намудани арзу муроҷиатҳои онҳоро таъмин намуда, доир ба рафъи саривақтии проблемаву норасоиҳои мавҷуда мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷоя бо вазорату идораҳо, бо дарназардошти идома бахшидани раванди ислоҳоти иқтисодӣ ва пешгирӣ намудани таъсири манфии бӯҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ дар соли 2012, бо мақсади ноил гардидан ба рушди мӯътадили иқтисодиёти кишвар, рафти иҷрои барномаҳои рушди соҳавӣ ва маҳаллии мамлакатро мунтазам таҳлил намуда, хулосаҳои мукаммал ва асоснокро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

- якҷоя бо вазорату идораҳои мамлакат, бо мақсади пешгирии таъсири манфии бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти кишвар, барномаи мушаххаси дастгирии бозори истеъмолиро аз рӯи намудҳои асосии маҳсулоти хӯрока таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;