ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ДИГАР ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӢ БА БУҶЕТ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" аз 28 июли соли 2006 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №7, мод.345; с. 2009, №5, мод.327; с. 2010, №1, мод.3) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Қисми 1 моддаи 41 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1. Пардохт барои амалҳои зерини марбут ба ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ (минбаъд - пардохт) ситонида мешавад:
- пешниҳоди арзнома;
- бақайдгирӣ ва додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ;
- ворид намудани тағйирот ба Феҳристи давлатӣ ва шаҳодатномаи тамғаи молӣ;
- нигаҳдории эътибори ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ихтироъ ва намунаи саноатӣ;
- тамдид намудани мӯҳлати амали бақайдгирии тамғаи молӣ ва мӯҳлати амали шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи номи маҳалли истеҳсоли мол;
- барқароркунии амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ;
- тамдид ва барқарор намудани мӯҳлати гузашта.".
2. Дар моддаи 42 калимаҳои "ҳуҷҷатҳои ҳифзкунандаро мегиранд" ба калимаҳои "амалҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ ба манфиати онҳо иҷро карда мешаванд" иваз карда шаванд.
3. Дар қисми 1 моддаи 44 калимаҳои "ихтирои" ва "патенти ихтирои" мутобиқан ба калимаҳои "ихтироъ ва" ва "патенти ихтироъ ва" иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 45:
- аз қисми 1 калимаҳои "барои додани ҳуҷҷати ҳифзкунанда" хориҷ карда шаванд;
- аз ҷумлаи дуюми қисми 2 калимаҳои "барои гирифтани ҳуҷҷати ҳифзкунанда" хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
26 декабри соли 2011 № 784
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров
ш. Душанбе, 23 ноябри соли 2011, № 577
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи-кистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" баррасӣ намуда, қа р о р мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 15 декабри соли 2011 № 235
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ИНЫХ ОБЯЗАТЕЛЬНЫХ ПЛАТЕЖАХ В БЮДЖЕТ"
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "Об иных обязательных платежах в бюджет" от 28 июля 2006 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2006 г., №7, ст.345; 2009 г., №5, ст.327; 2010 г., №1, ст.З) следующие изменения:
1. Часть 1 статьи 41 изложить в следующей редакции:
"1. Плата взимается за следующие действия, связанные с правовой охраной объектов промышленной собственности (далее - плата):
- подачу заявки;
- регистрацию и выдачу охранного документа;
- внесение изменений в Государственный реестр и в свидетельство товарного знака;
- поддержание в силе охранного документа на изобретение и промышленные образцы;
- продление срока действия регистрации товарного знака и срока действия свидетельства на право пользования наименованием места происхождения товара;
- восстановление действий охранного документа;
- продление и восстановление пропущенных сроков.".
2. В статье 42 слова "получающие охранные документы" заменить словами "в пользу которых выполняются действия, связанные с правовой охраной объектов промышленной собственности".
3. В части 1 статьи 44 слова "изобретения" и "патента на изобретение" соответственно заменить словами "изобретения и" и "патента на изобретение и".
4. В статье 45:
- из части 1 слова "на выдачу охранного документа" исключить;
- из предложения второго части 2 слова "на получение охранного документа" исключить.
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе
26 декабря 2011 года № 784
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "Об иных обязательных платежах в бюджет"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "Об иных обязательных платежах в бюджет".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан Ш. Зухуров
г. Душанбе, 23 ноября 2011 года, № 577
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "Об иных обязательных платежах в бюджет"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "Об иных обязательных платежах в бюджет", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "Об иных обязательных платежах в бюджет".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе, 15 декабря 2011 года №235