ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МИЛИТСИЯ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи милитсия" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 352; с. 2006, №3, мод. 148; с. 2007, №7, мод. 663; с. 2008, №6, мод. 450; с. 2009, №12, мод. 820; с. 2011, №3, мод. 156) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Сархати даҳуми моддаи 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- амалӣ намудани назорати муҳоҷират дар доираи салоҳияти худ, танзими масъалаҳои будубоши гурезаҳо ва шахсоне, ки паноҳгоҳ меҷӯянд.".
2. Бандҳои 20) ва 21) қисми якуми моддаи 10 хориҷ карда шаванд.
3. Дар банди 22) қисми якуми моддаи 11:
- аз ҷумлаи якум калимаҳои "амалӣ гардидани фаъолияти меҳнатии онҳо" хориҷ карда шаванд;
- ҷумлаи дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад: "Барои муваққатан нигоҳ доштани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки қоидаҳои будубошро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон намудаанд ва барои иқомати муваққатии шахсоне, ки паноҳгоҳ меҷӯянд, марказҳо таъсис диҳад;".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
26 декабри соли 2011 № 770
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"
Мутобиқи моддаҳои 36 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" қабул карда шавад.
Раиси
Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 3 октябри соли 2011, № 531
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 15 декабри соли 2011 № 221
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О МИЛИЦИИ"
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 17 мая 2004 года "О милиции" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №5 ст. 352; 2006 г., №3, ст. 148; 2007 г., №7, ст. 663; 2008 г., №6, ст. 450; 2009 г., №12, ст. 820; 2011 г., №3, ст. 156) следующие изменения:
1. Абзац десятый статьи 3 изложить в следующей редакции:
"- осуществление иммиграционного контроля в рамках своих полномочий, регулирование вопросов пребывания беженцев и лиц, ищущих убежище.".
2. Пункты 20) и 21) части первой статьи 10 исключить.
3. В пункте 22) части первой статьи 11:
- из первого предложения слова "осуществление ими трудовой деятельности" исключить;
- второе предложение изложить в следующей редакции: "Создавать центры временного содержания для иностранных граждан и лиц без гражданства, нарушивших правила пребывания на территории Республики Таджикистан и для временного проживания лиц, ищущих убежище;".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе
26 декабря 2011 года № 770
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О милиции"
В соответствии со статьями 36 и 40 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Маджлиси Оли Республики Таджикистан" Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О милиции".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан Ш. Зухуров
г. Душанбе, 3 октября 2011 года, №531
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О милиции"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О милиции", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О милиции".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе, 15 декабря 2011 года №221