Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "30" декабри соли 2011 № 662
тасдиқ шудааст
Тартиби гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66), аз 30.03.2016 № 125, аз 20.08.2018 № 433)
1) Тартиби мазкур мутобиқи қисми 7 моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" бо мақсади ба танзим даровардани раванди гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳия гардидааст.
2) Гирифтани таълими динӣ дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар муассисаҳои таҳсилоти олии динӣ танҳо баъд аз гирифтани таҳсилоти динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо розигии хаттии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ ба роҳ монда мешавад .
3) Қабули шаҳрвандон ба муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷӣ бо пешниҳоди Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумаги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ дар асоси озмун ба роҳ монда мешавад
4) Интихоби кишварҳо, муассисаҳои таълими динӣ ва ҳиссаҳо (квотаҳо) барои гирифтани таълими динӣ, бо назардошти созишномаҳои байниҳукуматӣ, ки мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидаанд, амалӣ карда мешавад.
5) Барои ба роҳ мондани гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистои дар хориҷи кишвар Вазорати корҳои хориҷӣ ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои чунин корҳоро ба анҷом мерасонанд :
- муайян намудани номгӯи равияҳо, ихтисосҳо, муассисаҳои таълими динии хориҷӣ ва тартиб додани харҷномаҳо барои тайёр намудаии мутахассисон дар онҳо аз хисоби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" оид ба тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ, маблағҳои махсуси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағҳои махсуси муассисаҳои таълими динии Тоҷикистон, бо назардошти манфиатҳои миллӣ давлат дар ҳамкорӣ бо Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- назорати масъалаҳои интихоб, қабул ва фиристодани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба муассисаҳои таълими динии давлатҳои хориҷӣ, ҳамчунин таҳияи низомнома ва хайати комиссияи қабул дар якҷоягӣ бо Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлтҳои хориҷӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- таҳти назорат қарор додани раванди гирифтани таълими дииии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълими динии кишварҳои хориҷӣ;
- баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гирифтани таълими динӣ дар кишварҳои хориҷӣ дар мувофиқа бо Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба инихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ ва мақомоти дахлдор, бо дар назардошти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон;
- барқарор намудани робита бо ҳамин гуна идораҳои кишварҳои хориҷӣ, инчунин бо муассисаҳои таьлими динии хориҷӣ бо мақсади ҳамкорӣ дар соҳаи тайёр кардани кадрҳо барои иттиҳодияҳои динии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ дар асоси қарордоди дуҷониба ва сеҷониба мусоидат намудан ҷиҳати ба Ватан баргаштани шаҳрвандони ҷумҳурӣ пас аз ҳаҷми муассисаҳои таълимӣ динии хориҷӣ ;
- ба имзо расонидани созишномаҳои дуҷониба ва сеҷониба бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои таҳсил ба муассисаҳои таълими динии хориҷӣ фиристода мешаванд, дар бораи риояи шароит ва низоми таҳсил дар кишварҳои хориҷа, қонунгузорӣ ва қоидаҳои тартиби дохилӣ, фаъолияти миибаъдаи кории онҳо баъди хатми таҳсил ва бозгашт ба Ватан;
- дар якҷоягӣ бо Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои тахсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар.мақомоти дахлдори давлатӣ сари вақт пардохт намудани стипендияҳои таълимгирандагоне, ки ба муассисаҳои таълими динии хориҷии аз ҳисоби буҷети давлатӣ фиристода мешаванд;
- дар сурати аз муассисаҳои таълими динии хориҷӣ хориҷ гаштани таълимгирандагон новобаста аз сабабҳои хориҷ шуданашон, аз тариқи намояндагиҳои доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷа андешидани тадбирҳо барои ба Ватан баргардонидани онҳо ва баркарор кардани маблағхое, ки аз буҷети давлатӣ барои онҳо сарф гардидаанд.
6) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таълимгирандагоне, ки дар муассисаҳои таълими динии хориҷӣ таълим мегиранд, маҳзани маълумот омода сохта, ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба иитихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ пешниҳод менамоянд
7) Назорати таҳсили шаҳрвандоне, ки дар муассисахои таьлими динии хориҷӣ ба таълими динӣ фаро гирифта шудаанд, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷа ба амал бароварда мешавад. Сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ аз раванди таҳсили таълимгирандагоне, ки ба таълими динӣ фаро гирифта шудаанд, шароити будубош ва тарзи зисту зиндагонии онҳо ҳар шаш моҳ тавассути Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамоянд
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "30" декабри соли 2011 № 662
тасдиқ шудааст
Тартиби гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66), аз 30.03.2016 № 125)
1) Тартиби мазкур мутобиқи қисми 7 моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" бо мақсади ба танзим даровардани раванди гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳия гардидааст.
2) Гирифтани таълими динӣ дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар муассисаҳои таҳсилоти олии динӣ танҳо баъд аз гирифтани таҳсилоти динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо розигии хаттии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ ба роҳ монда мешавад .
3) Қабули шаҳрвандон ба муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷӣ бо пешниҳоди Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумаги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ дар асоси озмун ба роҳ монда мешавад .
4) Интихоби кишварҳо, муассисаҳои таълими динӣ ва ҳиссаҳо (квотаҳо) барои гирифтани таълими динӣ, бо назардошти созишномаҳои байниҳукуматӣ, ки мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидаанд, амалӣ карда мешавад.
5) Барои ба роҳ мондани гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистои дар хориҷи кишвар Вазорати корҳои хориҷӣ ва Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои чунин корҳоро ба анҷом мерасонанд :
- муайян намудани номгӯи равияҳо, ихтисосҳо, муассисаҳои таълими динии хориҷӣ ва тартиб додани харҷномаҳо барои тайёр намудаии мутахассисон дар онҳо аз хисоби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" оид ба тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ, маблағҳои махсуси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағҳои махсуси муассисаҳои таълими динии Тоҷикистон, бо назардошти манфиатҳои миллӣ давлат дар ҳамкорӣ бо Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- назорати масъалаҳои интихоб, қабул ва фиристодани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба муассисаҳои таълими динии давлатҳои хориҷӣ, ҳамчунин таҳияи низомнома ва хайати комиссияи қабул дар якҷоягӣ бо Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлтҳои хориҷӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- таҳти назорат қарор додани раванди гирифтани таълими дииии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълими динии кишварҳои хориҷӣ;
- баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гирифтани таълими динӣ дар кишварҳои хориҷӣ дар мувофиқа бо Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба инихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ ва мақомоти дахлдор, бо дар назардошти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон;
- барқарор намудани робита бо ҳамин гуна идораҳои кишварҳои хориҷӣ, инчунин бо муассисаҳои таьлими динии хориҷӣ бо мақсади ҳамкорӣ дар соҳаи тайёр кардани кадрҳо барои иттиҳодияҳои динии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ дар асоси қарордоди дуҷониба ва сеҷониба мусоидат намудан ҷиҳати ба Ватан баргаштани шаҳрвандони ҷумҳурӣ пас аз ҳаҷми муассисаҳои таълимӣ динии хориҷӣ ;
- ба имзо расонидани созишномаҳои дуҷониба ва сеҷониба бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои таҳсил ба муассисаҳои таълими динии хориҷӣ фиристода мешаванд, дар бораи риояи шароит ва низоми таҳсил дар кишварҳои хориҷа, қонунгузорӣ ва қоидаҳои тартиби дохилӣ, фаъолияти миибаъдаи кории онҳо баъди хатми таҳсил ва бозгашт ба Ватан;
- дар якҷоягӣ бо Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои тахсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар.мақомоти дахлдори давлатӣ сари вақт пардохт намудани стипендияҳои таълимгирандагоне, ки ба муассисаҳои таълими динии хориҷии аз ҳисоби буҷети давлатӣ фиристода мешаванд;
- дар сурати аз муассисаҳои таълими динии хориҷӣ хориҷ гаштани таълимгирандагон новобаста аз сабабҳои хориҷ шуданашон, аз тариқи намояндагиҳои доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷа андешидани тадбирҳо барои ба Ватан баргардонидани онҳо ва баркарор кардани маблағхое, ки аз буҷети давлатӣ барои онҳо сарф гардидаанд.
6) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таълимгирандагоне, ки дар муассисаҳои таълими динии хориҷӣ таълим мегиранд, маҳзани маълумот омода сохта, ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба иитихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ пешниҳод менамоянд .
7) Назорати таҳсили шаҳрвандоне, ки дар муассисахои таьлими динии хориҷӣ ба таълими динӣ фаро гирифта шудаанд, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷа ба амал бароварда мешавад. Сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ аз раванди таҳсили таълимгирандагоне, ки ба таълими динӣ фаро гирифта шудаанд, шароити будубош ва тарзи зисту зиндагонии онҳо ҳар шаш моҳ тавассути Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамоянд .