Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Фармони Президенти ҶТ аз 8.01.2014 № 115, аз 29.11.2014 № 289, аз 31.12.2019 № 1388)
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1) Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2) Шумораи ниҳоии кормандони Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ба миқдори 121 воҳид (бе дарназардошти ҳайати хизматрасон). Аз ҷумла Дастгоҳи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 8 воҳид муқаррар карда шавад
3) Ба Дастгоҳи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 8 адад муқаррар карда шавад.
4) Маблағгузории Палатаи ҳисоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.
5) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҷудо намудани маблағҳо ва таъминоти дигари моддию техникии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намояд;
- ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ вобаста ба таъсисёбии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
12 декабри соли 2011 № 1173
ш.Душанбе
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1) Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2) Шумораи ниҳоии кормандони Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ба миқдори 15 воҳид (бе дарназардошти ҳайати хизматрасон). Аз ҷумла Дастгоҳи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 8 воҳид муқаррар карда шавад.