Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2012-2016 аз 3 декабри соли 2011 № 600

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри соли 2011, № 600

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри соли 2011, № 600

тасдиқ шудааст

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2012-2016

Пешгуфтор

Барномаи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати асосии ноҳия афзалият ва самтҳои умумии сиёсати ноҳияро муайян менамояд, ки он барои ноил гардидан ба рушди устувори иқтисодии ноҳия, дастрасии осони аҳолӣ ба хизматрасониҳои заминавии иҷтимоӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ нигаронида шудааст.

Мусоидат намудан ба афзоиши қувваҳои истеҳсолӣ имконият медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ ташкил гардида, сатҳи зиндагии мардум беҳтар шавад.

Дар ин самт баҳри харҷи бештар ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ дар соҳаҳои асосии хоҷагии халқи ноҳия сол аз сол пастшавии сатҳи бекорӣ дар назар аст.

Барои ноил шудан ба ин мақсадхо дар соҳаҳои асосии хоҷагии халқи ноҳия чораҳои мушаххас пешбинӣ гардида, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар назар дошта шудааст. Ҷалби ҳарчи зиёди сармояҳои хориҷӣ ва дохилӣ асоси амалӣ гардидани вазифаҳои гузошташуда буда, дар ин самт аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии нохия тамоми имкониятҳо истифода мегарданд.

Рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2012-2016 бо дарназардошти зиёдшавии имкониятҳои истеҳсолӣ пешбинӣ мешавад ва дар зиёдшавии маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ асос мегузорад.

1. Ҳолати умумӣ ва таҳлили вазъи воқеии ноҳияи Рашт

Маълумоти таърихӣ. Баъд аз ташкил шудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар водии Рашт соли 1921 вилояти Ғарм таъсис ёфт. Санаи 10 марти соли 1931 ноҳияи Ғарм ташкил шуд.

Тибқи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2001, №190 номи ноҳияи Ғарм ба ноҳияи Рашт иваз карда шуд.

...

 Текст Программы приводится на тадж.яз.

...