Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии таълимии "Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Турсунзода"
Мутобиқи моддаи 52 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Пешниҳоди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси Муассисаи давлатии таълимии "Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Турсунзода" маъқул дониста шавад.
2. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи таълимии Муассисаи давлатии таълимии "Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Турсунзода"-ро тибқи стандартҳои таълимӣ, мувофиқи қонунгузории маориф таҳия ва қабул намоянд.
3. Маблағгузории Муассисаи давлатии таълимии "Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Турсунзода" аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллии шаҳри Турсунзода амалӣ карда шавад.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода Муассисаи давлатии таълимии "Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Турсунзода"-ро бо биноҳои маъмурию таълимӣ, хобгоҳ, таҷҳизот, нақлиёт, алоқа ва дигар воситаҳои моддию техникии зарурӣ таъмин намояд.
5. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии таъсиси Муассисаи давлатии таълимии "Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Турсунзода"-ро бо тартиби муқарраргардида ҳал намояд.
6. Ба Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2006 № 603 "Дар бораи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати панҷоҳу панҷум дар таҳрири зерин илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии таълимии "Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Турсунзода".
Сархатҳои панҷоҳу панҷум - шасту ҳаштум мутобиқан сархатҳои панҷоҳу шашум - шасту нуҳум ҳисобида шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 31 августи соли 2007 № 460
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О создании Государственного учебного учреждения "Медицинское училище города Турсунзаде"
В соответствии со статьей 52 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 28 Закона Республики Таджикистан "Об образовании" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Одобрить предложение Министерства здравоохранения Республики Таджикистан о создании Государственного учебного учреждения "Медицинское училище города Турсунзаде".
2. Министерству здравоохранения Республики Таджикистан совместно с Министерством образования Республики Таджикистан разработать и утвердить учебную программу Государственного учебного учреждения "Медицинское училище города Турсунзаде" согласно стандартам обучения и в соответствии с законодательством об образовании.
3. Финансирование Государственного учебного учреждения "Медицинское училище города Турсунзаде" осуществить за счёт средств местного бюджета города Турсунзаде.
4. Исполнительному органу государственной власти города Турсунзаде обеспечить Государственное учебное учреждение "Медицинское училище города Турсунзаде" административно -учебными помещениями, общежитием, оборудованием, транспортом, средствами связи и другими необходимыми материально-техническими ресурсами.
5. Министерству здравоохранения Республики Таджикистан в установленном порядке решить организационно -правовые вопросы создания Государственного учебного учреждения "Медицинское училище города Турсунзаде".
6. Перечень предприятий и организаций системы Министерства здравоохранения Республики Таджикистан, утверждённый постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, № 603 "О Министерстве здравоохранения Республики Таджикистан", дополнить пятьдесят пятым абзацем в следующей редакции:
"Государственное учебное учреждение "Медицинское училище города Турсунзаде".
Абзацы пятьдесят пятый - шестьдесят восьмой считать соответственно абзацами пятьдесят шестой - шестьдесят девятый.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов
от 31 августа 2007 года № 460
г. Душанбе