Қоидаҳои бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон аз 3 декабри соли 2011 № 604

Санаи амалкуни: 30.07.2021

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 3 декабри соли 2011 № 604

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448, аз 4.10.2019 № 493, аз 30.07.2021 № 309)

1. Муқаррароти умумӣ

1) Қоидаҳои бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон (минбаъд Қоидаҳо) тартиби бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбонро муқаррар менамояд.

2) Таъмини воситаҳои техникии тавонбахшӣ ба маъюбон аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (минбаъд - мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ) ба таври ройгон ва ба тариқи зайл амалӣ мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448):

а) дастрас ва пешниҳод намудани воситаҳои техникии тавонбахшии зарурӣ;

б) таъмир ва ё иваз кардани воситаҳои техникии тавонбахшии қаблан ба истифода додашуда;

в) таъмини маъюб ба ҷои зист ва хӯрока дар давраи тайёр намудани воситаҳои техникии тавонбахшӣ дар шароити стасионарӣ;

г) ҷуброни маблағӣ рафтуомади маъюб ва ҳангоми зарурат роҳбалади он то маҳалли ҷойгиршавии муассисаи протезкунонӣ мувофиқи тарифҳои муайяншуда ва дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448).

3) Барои дастрас намудани воситаҳои техникии тавонбахшӣ ба мақомоти маҳаллии мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448):

- ариза;

- нусхаи шиноснома;

- барномаи инфиродии тавонбахшии маъюб;

- хулосаи Маркази саломатии ҷои истиқомати маъюб.

4) Аризаи маъюб тибқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шуда, дар муддати 15 рӯз аз ҷониби мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баррасӣ ва ба аризадиҳанда ба таври хаттӣ хабар дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448).

5) Барои дастрас намудани воситаҳои техникии тавонбахшӣ ба маъюб аз тарафи мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ роҳхат дода мешавад. Намунаии роҳхат аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448).

6) Воситаҳои техникии тавонбахшӣ фурӯхта ва тӯҳфа карда намешаванд.

7) Агар маъюб воситаи техникии тавонбахширо аз ҳисоби маблағҳои худ дастрас карда бошад, арзиши он ба андозаи на зиёдтар аз 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хароҷот аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448).

8) Иваз намудани воситаҳои техникии тавонбахшӣ дар асоси аризаи маъюб ва бо санади мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ шуда, дар ҳолатҳои зерин сурат мегирад: - бо анҷом расидани мӯҳлати муқарраргардидаи истифодабарӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448);

- дар сурати ғайриимкон будани таъмир;

- зарурияти бо намуди дигар иваз намудани воситаи техникӣ.

9) Воситаҳои техникии тавонбахшӣ тибқи мӯҳлатҳои бо Қоидаҳои мазкур муқарраргардида дода мешаванд (замима мегарданд).

10) Маблағгузории хароҷоти бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон аз ҳисоби Буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад.

Таҳрири нав (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.07.2021 № 309)

Замима

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 3 декабри соли 2011 № 604

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448)

Ба Қоидаҳои бо воситаҳои

техникии тавонбахшӣ таъмин

намудани маъюбон

Мӯҳлати истифодабарии воситахои техникии тавонбахшӣ, протезҳо ва маҳсулоти протезию ортопедӣ

+----+--------------------------------------------+------------------ҷ
|р/т |   Номгӯи воситаҳои техникии тавонбахшӣ,    |     Мӯҳлати      |
|    |  протезҳо ва маҳсулоти протезию ортопедӣ   |   истифодабарӣ   |
+----+--------------------------------------------+------------------+
|  I |                    II                      |       III        |
+----+--------------------------------------------+------------------+
|1.  |Асои асобағал, асобағалҳо, такякунандаҳо    | на кам аз 1 сол  |
+----+--------------------------------------------+------------------+
|2.  |Аробача - курсии хонагӣ                     | на кам аз 4 сол  |
+----+--------------------------------------------+------------------+
|3.  |Аробача-курсии кӯдакона                     | на кам аз 2 сол  |
+----+--------------------------------------------+------------------+
|4.  |Аробачаи дастии идорашаванда                | на кам аз 3 сол  |
+----+--------------------------------------------+------------------+
|5.  |Протезҳо ва аппарати муайянкунанда,         |                  |
|    |аз ҷумла :                                  |                  |
|    |                                            |                  |
|5.1.|Ангуштҳои чармин ва бозубанд                | на кам аз 3 моҳ  |
|    |                                            |                  |
|5.2.|Протезҳои бозубанди болоӣ ва поёнӣ,         | на кам аз 2 сол  |
|    |аппарати муайянкунандаи болоӣ               | (барои кӯдакон   |
|    |                                            | на кам аз 1 сол) |
|    |                                            |                  |
|5.3.|Протезҳои табобатию машқӣ                   | на кам аз 1 сол  |
|    |                                            | (гилзаи протезро |
|    |                                            | 3 маротиба дар як|
|    |                                            | сол иваз кардан  |
|    |                                            | мумкин аст)      |
|    |                                            |                  |
|5.4.|Аппарати муайянкунандаи бозубанди поёнӣ     | на кам аз 1 сол  |
|    |                                            |                  |
|5.5.|Аппарати муайянкунандаи бозубанди поёнӣ     | на кам аз 1 сол  |
|    |барои оббозӣ                                |                  |
|    |                                            |                  |
|5.6 |Миёнбанд, туторҳо                           | на кам аз 1 сол  |
|    |                                            |                  |
|5.7.|Миёнбанди ортопедӣ барои сутунӯҳраи қафаси  | на кам аз 6 моҳ  |
|    |сина                                        |                  |
|    |                                            |                  |
|5.8 |Миёнбанди чармин                            | на кам аз 3 моҳ  |
|    |                                            |                  |
|5.9.|Рӯйпӯши пашмин, ҷоруби пахтагин барои       | на кам аз 3 моҳ  |
|    |бозубанди поёнӣ                             |                  |
+----+--------------------------------------------+------------------+
|6.  |Пойафзоли ортопедӣ:                         |                  |
|    |                                            |                  |
|6.1.|Пойафзоли мураккаби ортопедӣ ва пойафзол    |                  |
|    |дар дастгохи ортопедӣ, аз он ҷумла як ҷуфт  |                  |
|    |пойафзоли  гармнигоҳдоранда:                |                  |
|    |         - барои калонсолон                 | на кам аз 6 моҳ  |
|    |         - барои кӯдакон                    | на кам аз 3 моҳ  |
|    |                                            |                  |
|6.2.|Пойафзоли ортопедии содда (гармнигоҳдоранда |                  |
|    |мувофиқи хоҳиши маъюб):                     |                  |
|    |         - барои калонсолон                 | на кам аз 6 моҳ  |
|    |         - барои кӯдакон                    | на кам аз 6 моҳ  |
|    |                                            |                  |
|6.3.|Пойафзол барои протез                       | на кам аз 6 моҳ  |
|    |                                            |                  |
|6.4.|Пойафзоли ортопедии яктарафаи ампутасияи пой| на кам аз 6 моҳ  |
|    |(гармнигоҳдоранда мувофиқи хоҳиши маъюб)    |                  |