Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои таъмин намудани маъюбон бо табобати санаторию курортӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448)
Мутобиқи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Қоидаҳои таъмин намудани маъюбон бо табобати санаторию курортӣ тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2) Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳое, ки ҳар сол дар буҷети давлатӣ пешбинӣ карда мешаванд, барои харидории роҳхатҳо ва нигоҳдории муассисаҳои санаторию курортӣ чораҳои зарурӣ андешад .
3) Қарори мазкур аз 1 январи соли 2012 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 декабри соли 2011 № 603
ш. Душанбе