Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "2" ноябри соли 2011 № 554
тасдиқ шудааст
Тартиби таъсис ва пешбурди фонди давлатии стандартҳо
1. Муқаррароти умумӣ
1) Тартиби мазкур расмиёти таъсис ва пешбурди фонди давлатии стандартҳо, қоидаҳои истифодаи он, инчунин тартиби ташкил ва фаъолияти системаи ягонаи иттилоотӣ оид ба стандартониро, ки барои таъмини иттилоот дар бораи стандартҳо пешбинӣ шудааст, муқаррар менамояд.
2) Фонди давлатии стандартҳо маҷмӯи ҳуҷҷатхои ташкил ва танзимшударо дар соҳаи стандартонӣ дар бар гирифта, захираи иттилоотии давлатӣ мебошад.
3) Фонди давлатии стандартҳо дар асоси стандартҳои давлатӣ, стандартҳои байнидавлатӣ, байналмилалӣ, минтақавӣ, қоидаҳо меъёрҳо ва тавсияҳо оид ба стандартонӣ, стандартҳои миллии дигар давлатҳо бо мақсадҳои зайл ташкил дода мешавад:
- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод намудани иттилооти пурра, дақиқ ва саривақтӣ оид ба стандартҳо;
- таьмин намудани мутобиқати стандартонӣ ба манфиати иқтисодиёти миллӣ;
- мусоидат ба истифодабарии дастовардҳои муосири илму техника дар соҳаи стандартонӣ.
4) Фонди давлатии стандартҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ оид ба стандартонӣ ва метрология таъсис ва пешбурд мешавад.
5) Системаи ягонаи иттилоотӣ оид ба стандартонӣ бо мақсади таъмин намудани шахсони маифиатдор бо иттилоот дар бораи ҳуҷҷатҳое, ки ба фонди давлатии стандартҳо дохил мешаванд, таъсис дода мешавад. Системаи ягонаи иттилоотӣ оид ба стандартонӣ системаи иттилоотии истифодаи умум буда, дар худ ҳуҷҷатҳоро дар намуди нашрияи расмӣ дар коғаз ё дар шакли электронию рақамӣ, дастгоҳи маълумотдиҳию ҷустуҷӯӣ ва технологияҳои иттилоотии дахлдор дар бар мегирад. Ирсол намудани иттилоот аз системаи ягонаи иттилоотӣ оид ба стандартонӣ метавонад тавассути истифодабарии шабакаҳои телекоммуникатсионӣ амалӣ гардад.
2. Фонди давлатии стандартҳо
6) Фонди давлатии стандартҳоро ҳуҷҷатҳои зерин ташкил медиҳанд:
- стандартҳои давлатӣ;
- матнҳои фармонҳо дар бораи тасдиқ, ворид намудани тағйирот, боздоштани амал, бекор ё беэътибор донистани стандартҳои давлатӣ, иичунин матнҳои ба онҳо тағйирот вориднамуда;
- стандартҳои байнидавлатӣ;
- нашрияҳои расмии стандартҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва стандартҳои миллии дигар давлатҳо;
- нашрияҳои расмии иттилоотии ташкилотҳои баймалмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ оид ба стандартонӣ;
- феҳристҳо, нишондодҳо, номгӯйҳо, бюллетенҳо;
- маҳзани маълумоти компютерӣ.
7) Ҳуҷҷатҳои дар қисми 1 банди мазкур номбаршуда дар фонди давлатии стандартҳо дар ҳомили коғазӣ ё дар шакли электронию рақамӣ нигоҳ дошта мешаванд.
8) Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ корҳои зеринро ташкил менамояд: - таъмин намудани фонди давлатии стандартҳо бо ҳуҷҷатҳои дахлдор;
- баҳисобгирии (бақайдгирии) марказонидашуда ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои фонди давлатии стандартҳо, инчунин назорати доимии он;
- мубодилаи ҳуҷҷатҳо оид ба стандартонӣ бо мақомоти байиалмилалӣ, минтақавӣ ва миллии дигар давлатҳо оид ба стандартонӣ;
- ба имзо расонидани шартномаҳо бо мақомоти байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллии дигар давлатҳо оид ба стандартонӣ доир ба пешниҳоди ҳуқуқ ҷиҳати тавсеаи стандартҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллии дигар давлатҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- пешниҳод намудани иттилоот ба истифодабарандагон оид ба ҳуҷҷатҳои фонди давлатии стандартҳо ва нусхаҳои онҳо (дар коғаз ё дар шакли электронию рақамӣ).
9) Муроҷиат намудан ба фонди давлатии стандартҳо дар намуди дархост, ки тавассути алоқаи почта, факсимилӣ, телефонӣ ё почтаи электронӣ, инчунин ҳангоми ташрифи шахсӣ ба фонди номбурда амалӣ мегардад.
10) Таъсис ва пешбурди фонди давлатии стандартҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаҳо аз ҳисоби маблағҳои субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, ташкилотҳои буҷетӣ ва ҷамъиятӣ амалӣ мешавад.
3. Системаи ягонаи иттилоотӣ оид ба стандартонӣ
11) Системаи ягонаи иттилоотӣ оид ба стандартонӣ таъмин менамояд:
- ташаккули захираҳои иттилоотӣ, дастрасии озод ба онҳо, аз он ҷумла ба ҳуҷҷатҳои фонди давлатии стандартҳо;
- тибқи тартиби муқарраршуда дар шакли электронию рақамӣ интишор намудани огоҳинома оид ба таҳияи лоиҳаҳои стандартҳои давлатӣ ва хотима ёфтани муҳокимаи оммавии онҳо, огоҳинома оид ба тасдиқ намудани стандартҳои давлатӣ, инчунин номгӯйҳои стандартҳое, ки дар натиҷаи истифодаи ихтиёрии онҳо риояи талаботи регламентҳои техникӣ таъмин мегарданд;
- иҷрои муқаррароти Созишнома оид ба монеаҳои техникӣ дар савдои Созмони умумиҷаҳонии савдо, ки ба иттилоот оид ба стандартҳо дахл доранд;
- пешниҳоди намудҳои зерини маҳсулот ва хизматрасонӣ:
- иттилоот оид ба ҳуҷҷатҳо (оид ба мавҷуд будани онҳо, мӯҳлати амал, тағйироти воридшуда, аз нав дида баромадан, иваз ва бекор кардани онҳо);
- ҳуҷҷатҳо ва нусхаҳои ҳуҷҷатҳо дар қоғаз ё дар шакли электронию рақамӣ;
- маҳсулот ва хизматрасонии иттилоотие, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои фонди давлатии стандартҳо таъсис дода мешаванд.
12) Ба мақомоти давлатии ҳокимияти қонунгузор, инчунин ба мақомоти судӣ ва прокуратура маҳсулот ва хизматрасонии дар қисми 1 банди мазкур ишорашуда, ба таври ройгон пешниҳод карда мешаванд. Ба дигар мақомот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маҳсулот ва хизматрасонӣ бар ивази маблағе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ бо дарназардошти муқаррароти шартномаҳо бо мақомоти байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллии дигар давлатҳо оид ба стандартонӣ дар бораи пешниҳоди ҳуқуқҳо ҷиҳати тавсеаи ҳуҷҷатҳои стандартонӣ муқаррар карда шудаанд, дастрас карда мешаванд.
13) Пардохти маблағ барои маҳсулот ва хизматрасониҳои номбаршуда, ба истиснои хароҷоти таҳвил, барои истифодабарандагони ватанӣ ва хориҷӣ баробар мебошад.