Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011 № 550 "Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии компютеркунонии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимяти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои солҳои 2012-2015"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии компютеркунонии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимяти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои солҳои 2012-2015

Бо мақсади амалӣ намудани Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2008, № 451 тасдиқ шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Барномаи давлатии компютеркунонии мақомоти марказӣ ва маҳаллии хокимяти давлатӣ мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои солҳои 2012-2015 тасдиқ карда шавад.(замима мегардад).

2) Маблағгузории Барнома дар доираи буҷети вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои барзиёд иҷрогардидаи даромад ва бақияҳои озоди буҷетҳои маҳаллии вилоятҳо шаҳрҳо ва ноҳияҳо, маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ грантҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва дигар маблағҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ мегардад.

3) Роҳбарони, вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо барои татбиқи Барнома тадбирҳои мушаххас андешанд.

4) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи Барномаи давлатии сармоягузорӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ маблағгузории Барномаи мазкурро ба инобат гирад.

5) Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмиру хизматрасонии воситаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар вилоятҳо шаҳру ноҳияҳо ва пайваст намудани мақомоти давлатӣ ба шабакаҳои Интернет чораҳои амалӣ андешад.

6) Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон охири ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои Барномаи мазкур ҳисобот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 ноябри соли 2011 № 550

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 ноябри соли 2011, № 550

тасдиқ шудааст

Барномаи давлатии компютеркунонии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои солҳои 2012-2015

1. Муқаддима

1) Яке аз ҳадафҳои асосии Консепсияи сиёсати давлатии иттилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию компютерӣ дар идоракунии давлатӣ мебошад. Истифодаи усулҳои пешқадами идоракунӣ, махсусан технологияҳои иттилоотию компютерӣ барои баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ робитаи дуҷонибаи шаҳрвандон бо мақомоти давлатӣ, дастрасӣ ба иттилооти зарурӣ ва хизматрасонии ҳуҷҷатию иттилоотӣ дар сатҳи ба талаботи замон ҷавобгӯй мусоидат мекунад.

2) Барномаи давлатии компютеркунонии мақомоти марказӣ ва маҳаллии хокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои солҳои 2012-2015 (минбаъд Барнома) мақсад ва вазифаҳои афзалиятноки сиёсати давлатиро дар соҳаи истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ татбиқ менамояд.

3) Барнома барои тақвият додани заминаи моддию техникӣ ва иттилоотии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мутобиқсозии фаъолияти онҳо ба талаботи замони муосир мусоидат мекунад.

2. Таҳлили заминаи иттилоотию компютерии мақомоти давлатӣ ва малакаи компютерии хизматчиёни давлатӣ

4) Тоҷикистон дар даҳсолаи охир дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба комёбиҳои назаррас ноил шудааст. Аммо бо вуҷуди ин барои иттилоотонии идоракунии давлатӣ ва бартараф намудани нобаробарии иттилоотӣ дар Тоҷикистон корҳои муайянеро анҷом додан зарур аст.

5) Яке аз самтҳое, ки мукаммалсозии ҳатмиро талаб менамояд, ба хуҷҷатгузории электронӣ ва мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо гузаштани мақомоти марказӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои расидан ба ин мақсад заминаи имрӯзаи компютерию иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ мукаммал нест.

6) Айни замон таъминоти воқеии хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ бо компютерҳо 55,1 фоиз, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 42,3 фоиз, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот - 18,6 фоиз мебошад. Дар мақомоти давлатӣ як принтер мутаносибан ба 1,3; 1,2 ва 1,1 компютер рост меояд. Ба ҳисоби миёна як компютер ба 2 хизматчии давлатии мақомоти марказӣ, 3 хизматчии давлатии мақомоти маҳаллӣ ва 8 хизматчии давлатии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот рост меояд.

7) Дар баробари ин шумораи муайяни компютерҳое, ки зиёда аз 10 сол дар мақомоти давлатӣ мавриди истифода мебошанд, кӯҳна шуда, барномаҳои дар онҳо васлшуда имрӯз истифода намешаванд ва барои васли барномаҳои компютерии ҳозиразамон мувофиқ намебошанд. Дар мақомоти марказӣ аз шумораи умумии компютерҳо 14,7 фоиз, дар мақомоти маҳаллӣ 12,8 фоиз, дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 19,6 фоиз компютерҳо корношоям мебошанд.

8) Компютеркунонии мақомоти давлатӣ бе фарогирии компютерҳо бо шабакаҳои маҳаллӣ ва Интернет нопурра ва бесамар ба ҳисоб меравад, зеро танҳо тавассути шабакаҳо мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо ва умуман мубодилаи иттилоотиро ташкил кардан мумкин аст. Дар ҷумҳурӣ фарогирии компютерҳои мақомоти марказӣ бо шаба- каи Интернет 27,2 фоиз, мақомоти маҳаллӣ 16,3 фоиз, мақомоти худи- доракунии шаҳрак ва деҳот 7,9 фоизро ташкил медиҳад. Дар акса- рияти мақомоти давлатӣ шабакаи маҳаллӣ (локалӣ) вуҷуд надорад, ки ин иқтидори иттилоотию коммуникатсионӣ ва мубодилаи иттилоотию ҳуҷҷатии онҳоро маҳдуд мегардонад.

9) Айни замон мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот танҳо дар зинаҳои аввали истифодаи имкониятҳои технологияҳои компютерӣ қарор доранд. Дар мақомоти давлатӣ қисми зиёди иттилоот (ҳуҷҷатҳо) ҳанӯз ҳам дар шакли коғазӣ, қисми дигар, ки баъди соли 2000-ум таҳия шудааст, дар шакли электронӣ маҳфуз аст.

10) Компютеркунонии мақомоти давлатӣ дар баробари таҷҳизонидани техникӣ малакаи кор бо компютер, истифодаи барномаҳои корӣ, ҳуҷҷаттузории электрониро низ дар назар дорад. Таҳлил нишон медиҳад, ки танҳо як қисми хизматчиёни давлатӣ мала- каи кор бо барномаҳои асосии Микрософт Офис (МS Оffiсе): wогd, Ех-се1, ки тавассути онҳо ҳуҷҷатгузории электронии дигар барномаҳои МS Оffiсе дар Интернетро доранд сурат мегирад:

+-----------------+-----------+-----------------+--------------------ҷ
|Малакаи кор      |  Мақомоти |  Мақомоти       | Мақомоти           |
|                 |  марказӣ  |    маҳаллӣ      | худидоракунии      |
|                 |           |                 | шаҳрак ва деҳот    |
+-----------------+-----------+-----------------+--------------------+
|                 |                бо фоиз                           |
+-----------------+-----------+-----------------+--------------------+
|                 |           |                 |                    |
|Кор дар муҳити   |88,5       |77,2             |52,4                |
|     wогd        |           |                 |                    |
|                 |           |                 |                    |
|Кор дар муҳити   |43,6       |29,6             |13,5                |
|Ехсе1            |           |                 |                    |
|                 |           |                 |                    |
|Кор дар муҳити   |16,0       |12,8             |3,3                 |
|барномаҳои       |           |                 |                    |
|дигари МS        |           |                 |                    |
|Оffiсе           |           |                 |                    |
|                 |           |                 |                    |
|Кор бо Интернет  |48,9       |26,3             |7,8                 |
+-----------------+-----------+-----------------+--------------------+

11) Баъзе аз хизматчиёни давлатӣ малакаи кор бо компютерро надоранд. Онҳо дар мақомоти марказӣ 11,4 фоиз, мақомоти маҳаллӣ 20,1 фоиз. дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 38,1 фоизи шумораи умумии хизматчиёни давлатиро ташкил медиҳанд.

12) Сатҳи истифодабарии имкониятҳои мубодилаи иттилооти электронӣ аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ ғайрикофӣ аст. Танҳо 22,6 фоиз хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ, 9,4 фоиз хизматчиёни давлатии мақомоти маҳаллӣ, 2,6 фоиз хизматчиёни давлатии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот почтаи электронӣ доранд.

13) Тахлилҳо инчунин нишон медиҳанд, ки заминаи техникаи компютерии мақомоти марказӣ, маҳаллӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба муҷаҳазгардонии пурра эҳтиёҷ дошта, сатҳи донишу малакаи компютерии хизматчиёни давлатӣ ба баланд бардоштан ва такмил ниёз дорад.

14) Барои пурра таъмин намудани мақомоти марказӣ, маҳаллӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо техникаи компютерӣ, ташкили хуҷҷатгузории электронӣ ва мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо амалӣ намудани чорабиниҳои зерин зарур аст:

- таҳия ва такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои ҳалли масъалаҳои таҳия, истифода ва мубодилаи ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ, ташкили захираҳои иттилоотӣ, бартараф ва кам кардани маҳдудиятҳои маъмурӣ;

- ба шакли ягона, стандартҳои умумиҷумҳуриявӣ даровардани хуҷҷатҳои расмӣ (бланкаҳо, маълумотномаҳо, шаклҳо ва ғайра), ҳуҷҷатгузорӣ ва коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ , таъмини стандартҳои мубодилаи иттилоот, механизмҳои таъминкунандаи амнияти иттилоотӣ ва ҷорӣ намудани имзои электронию рақамӣ;

- таъмини ҳамкории самараноки мутақобилаи мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ҳамкории мутақобилаи мақомоти давлатӣ бо шаҳрвандон дар асоси истифодаи технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ;

- такмили дастурамалҳои мансабии ҳизматчиёни давлатӣ, ба онҳо ворид намудани талаботу меъёрҳо доир ба сатҳи дониши компютерӣ;

- банақшагирии талабот ба мутахассисони касбии самти кор 63 бо технологияҳои иттилоотию компютерӣ дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

- таъмини пурраи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо техникаи компютерӣ;

- ташкил намудани бунгоҳҳои ҷамъиятии дастрасӣ ба компютерҳо дар ҷамоатҳо;

- муайян намудани механизми мунтазами гузариши пурра ва саросарӣ ба мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо;

-таҳия ва васли барномаҳои муосири автоматикунонидашудаи компютерӣ ҷиҳати ташкили маҳзани иттилоотию маълумотдиҳӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ барои Шабакаи ягонаи иттилоотии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатӣ;

- истифодаи барномаҳои компютерии дастрас, ягона, башаклдаровардашуда, мувофиқаткунанда, инчунин таҳияи барномаҳо ва модулҳои таълимӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ ва мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар мақомоти давлатӣ;

- дар мақомоти давлатӣ ташкил намудани шабакаҳои маҳаллӣ (локалӣ) ва шабакаҳои байнимақомотӣ ва байниидоравӣ, таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо бо мақомоти амният;

- ташкили системаҳои мубодилаи электронии хуҷҷатҳои байнимақомотӣ ва байниидоравӣ;

- банақшагирии талаботи мақомоти марказӣ ва маҳаллии " ҳокимияти давлат мақомоти худидоракунии шаҳрак" ва деҳот ба омӯзиши асосҳои технологияи компютерӣ ва ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати мунтазами омӯзиши малакаи кор бо компютер ва курсҳои такмили ихтисос барои хизматчиённ давлатӣ дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатӣ;

-гузаронидани мониторинги сатҳи дониши компютерии хизматчиёни давлатӣ, тахассуси шахсони масъули бахши технологияҳои иттилоотонию коммуникатсионӣ дар мақомоти давлатӣ.

3. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

15) Барнома тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттилоотонӣ", Барномаи давлатии "Рушд ва ҷорикунии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 № 468 тасдиқ шудааст, Консепсияи сиёсати давлатии иттилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои такмили идоракунии давлатӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2010, № 629 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.

16) Мақсади Барнома фароҳам овардани шароити дахлдори техникию технологӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию компютерӣ ва коммуникатсионӣ мебошад.

17) Вазифаҳои Барнома:

- пурра таъмин намудани мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо техникаи компютерӣ;

- тадриҷан гузаронидани мақомоти давлатӣ ба мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо ва коргузории электронӣ;

- фароҳам овардани шароит барои робитаи мутақобилаи мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, байни мақомоти давлатӣ бо шаҳрванд тавассути истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;

- рушди низоми омӯзиши компютерӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар самти технологияҳои компютерӣ.

18) Татбиқи Барнома имконият медиҳад, ки нобаробарии иттилоотӣ дар мақомоти давлатӣ бартараф карда шуда, воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷомеаи иттилоотӣ мусоидат намояд.

4. Талабот ба техникаи компютерӣ ва омӯзиши компютерӣ

19) Татбиқи Барнома ба соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ ва сифати фаъолияти мақомоти давлатӣ таъсири мусбӣ мерасонад.

20) Истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аз ҳисоби кам кардани ҳайати кормандони техникӣ хароҷоти идоракуниро низ сарфа мекунад.

21) Барои васлшавӣ ба системаҳои иттилоотӣ бояд инфрасохторҳои коммуникатсионии мавҷуда, аз он ҷумла шабакаи алокаи истифодаи умумӣ ва шабакаҳои алоқаи идоравӣ ба таври пурра ва васеъ истифода шаванд.

22) Ҳиссаи мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар ҳаҷми умумии мубодилаи ҳуҷҷатҳои мақомоти марказӣ ва мақаллии ҳокимияти давлатӣ бояд тадриҷан зиёд карда шавад.

23) Дар натиҷаи компютеркунонии пурраи мақомоти давлатӣ низоми ягонаи ҳуҷҷатгузории электронӣ коркард, чамъоварӣ, ҷустуҷӯй, ва мубодилаи иттилоот (ҳуҷҷатҳо) ба роҳ монда мешавад. Дар ҷараёни компютеркунонӣ диққати асосӣ ба муттаҳидкунии захираҳои иттилоотии давлатӣ ва маҳаллӣ дода шуда, бо ин васила фазои ягонаи иттилоотию ҳуҷҷатӣ созмон дода мешавад.

24) То соли 2015 бояд ҳамаи хизматчиёни давлатӣ пурра бо техникаи компютерӣ таъмин карда шуда, шумораи хизматчиёни давлатӣ истифодабарандагони Интернет дар соли 2015 дар муқоиса бо соли 2011 дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 2 маротиба, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 14 маротиба зиёд гардад.

25) Талаботи мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба техникаи компютерӣ, рушди шабакаи мавҷуда ва васли шабакаҳои маҳаллӣ ва Интернет дар солҳои 2012-2015 чунин аст:

+-+----------------------+--------------------------------ҷ
|№| Мақомот              |         Талабот                |
| |                      +----------+--------+------------+
| |                      |          |        |Нуқтаи      |
| |                      |Компютер  | Принтер|Дастрасии   |
| |                      |          |        |            |
| |                      |          |        +-----+------+
| |                      |          |        |рушд |  насб|
+-+----------------------+----------+--------+-----+------+
|1|Мақомоти иҷроияи      |5144      |560     |64   |5     |
| |марказии ҳокимияти    |          |        |     |      |
| |давлатии Ҷумҳурии     |          |        |     |      |
| |Тоҷикистон            |          |        |     |      |
+-+--Р-------------------+----------+--------+-----+------+
|2|Мақомоти иҷроияи      |2923      |410     |60   |12    |
| |маҳаллии ҳокимияти    |          |        |     |      |
| |давлатии              |          |        |     |      |
| |Ҷумҳурии Тоҷикистон   |          |        |     |      |
| |                      |          |        |     |      |
+-+----------------------+----------+--------+-----+------+
|3|Мақомоти худидоракунии|3499      |875     | 14  |46    |
| |шаҳрак ва деҳот       |          |        |     |      |
+-+----------------------+----------+--------+-----+------+
| |                      |11566     |1845    |138  |63    |
| |Ҳамагӣ                |          |        |     |      |
+-+----------------------+----------+--------+-----+------+

26) Талабот ба омузиши компютерӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар самти малакаи кор бо компютер чунин мебошад:

+-+----------------+-----------+------------------+------------------ҷ
| |                |Талабот    |  Дар заминаи     |   Дар заминаи    |
|№|  Мақомот       |           |  Донишкадаи      |   мақоми давлатӣ |
| |                |           |  такмили ихтисоси|                  |
| |                |           |  хизматчиёни     |                  |
| |                |           |  давлатӣ         |                  |
| |                +-----+-----+--------+---------+-------+----------+
| |                |так- |ому- |такмил  |омӯзиш   |так-   |  омӯ-    |
| |                |мил  |зиш  |        |         |мил    |  зиш     |
+-+----------------+-----+-----+--------+---------+-------+----------+
| |Мақомоти иҷроияи|9968 |1278 |9968    |   -     | -     |1278      |
| |марказии ҳокими |     |     |        |         |       |          |
| |яти давлатии    |     |     |        |         |       |          |
| |Ҷумҳурии Тоҷикис|     |     |        |         |       |          |
| |тон             |     |     |        |         |       |          |
+-+----------------+-----+-----+--------+---------+-------+----------+
| |Мақомоти иҷроияи|3783 |949  |3783    |   -     |  -    | 949      |
| |маҳаллии ҳокими-|     |     |        |         |       |          |
| |яти давлатии    |     |     |        |         |       |          |
| |Ҷумҳурии        |     |     |        |         |       |          |
| |Тоҷикистон      |     |     |        |         |       |          |
| |                |     |     |        |         |       |          |
+-+----------------+-----+-----+--------+---------+-------+----------+
| |Мақомоти худидо-|2518 |1548 |2518    |1548     |  -    |    -     |
| |ракунии шаҳрак  |     |     |        |         |       |          |
| |ва деҳот        |     |     |        |         |       |          |
+-+----------------+-----+-----+--------+---------+-------+----------|
| |Ҳамагӣ          |     |     |        |         |       |          |
| |                |16269|3775 |16269   |1548     |  -    |2227      |
+-+----------------+-----+-----+--------+---------+-------+----------+

27) Курсҳои омӯзиши компютерӣ ва курсҳои такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатӣ дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мақомоти давлатӣ бо назардошти имконияти кофии техникӣ ва таълимию методии онҳо гузаронида мешаванд.

5. Маблағгузории Барнома

28) Маблағгузории Барнома барои солҳои 2012-2015 ҳамасола ҳангоми ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ба нақша гирифта мешавад.

29) Манбаъҳои маблағгузории Барнома буҷети давлатӣ, маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ, кӯмакҳои техникии ташкилотҳои байналмилалӣ, грантҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва дигар воситаҳои пулие, ки конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ба ҳисоб мераванд.

30) Хариди техникаи компютерӣ дар асоси озмун ҷиҳати ҷойгир кардани фармоишҳо оид ба таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад.

31) Барои харидорӣ кардани техникаи компютерӣ, пайвасткунӣ ба шабакаҳои маҳаллӣ ва Интернет бо роҳи рушди шабакаи мавҷуда ё васли шабакаи нав ҳаҷми маблағҳои зерин ҷудо карда мешаванд (нархҳо дар ҳолати майи соли 2011):

+-+------------------+-------------+---------+-----------------------ҷ
|№|    Мақомот       |Компютер     |Принтер  |     Нуқтаи дастраси   |
| |                  +-------------+---------+----------+------------+
| |                  |                       |    рушд  | насб       |
+-+------------------+-----------------------+----------+------------+
| |                  |          бо сомонӣ                            |
|1|Мақомоти иҷроияи  +-------------+---------+----------+------------+
| |марказии ҳокимияти|18929920     |308936   |17664     |2300        |
| |давлатии Ҷумҳурии |             |         |          |            |
| |Тоҷикистон        |             |         |          |            |
+-+------------------+-------------+---------+----------+------------+
|2|Мақомоти иҷроияи  |10756640     |226136   |16560     |5520        |
| |маҳаллии ҳокимияти|             |         |          |            |
| |давлатии Ҷумҳурии |             |         |          |            |
| |Тоҷикистон        |             |         |          |            |
+-+------------------+-------------+---------+----------+------------+
|3|Мақомоти          |12876320     |483184   |3864      |21160       |
| |худидоракунии     |             |         |          |            |
| |шаҳрак ва деҳот   |             |         |          |            |
+-+------------------+-------------+---------+----------+------------+
| |Ҳамагӣ            |42562880     |1018256  |38088     |28980       |
+-+------------------+-------------+---------+----------+------------+

32) Маблағгузории курсҳои омузиши компютерӣ ва курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои дар Фармоиши давлатӣ оид ба тайёркунии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ пешбинишуда амалӣ мегардад.

33) Курсҳои омӯзиши компютерии, хизматчиёни давлатӣ дар заминан мақомоти давлатӣ, аз ҳисоби маблағҳои барои ин мақсадҳо дар буҷети мақомоти давлатӣ пешбинишуда маблағгузорӣ карда мешаванд.

34) Ҳаҷми маблағгузорӣ дар солҳои 2012-2015 дар маҷмӯъ 43 648 204 сомониро ташкил медиҳад, ки 32 736 153 сомонӣ ё 75 фоизи он аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва 10 912 051 сомонӣ ё 25 фоизи он аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ мебошад. Маблағгузории Барнома дар солҳои 2012-2015 чунин тақсим карда мешавад:

+-----------------+------------+-------------------------------------ҷ
|                 |            |            Аз он ҷумла              |
|Манбаъ           |Ҳаҷми       |                                     |
|                 |маблағгузорӣ+--------+---------+---------+--------+
|                 |сомонӣ      |2012    |   2013  |   2014  |  2015  |
|                 |            |        |         |         |        |
+-----------------+------------+--------+---------+---------+--------+
|Буҷети           | 32 736 153 |8184039 | 8184038 | 8184038 | 8184038|
|давлатӣ          |            |        |         |         |        |
|                 |            |        |         |         |        |
+-----------------+------------+--------+---------+---------+--------+
|Маблағҳои        |10 912 051  |4 364821|3 273615 |2 182410 |1 091205|
|ғайрибуҷетӣ      |            |        |         |         |        |
|                 |            |        |         |         |        |
+-----------------+------------+--------+---------+---------+--------+
|Ҳамагӣ           |43 648204   |12548860|11457653 |10 366448|9 275243|
|                 |            |        |         |         |        |
+-----------------+------------+--------+---------+---------+--------+

35) Барнома таъмини ҳар як хизматчии давлатиро бо компютери алоҳида пешбинӣ менамояд. Бо мақсади истифодаи самараноки техникаи компютерӣ дар назар дошта мешавад, ки дар сохторҳои воҳидии мақомоти давлатӣ принтер тавассути шабака дастҷамъона истифода шавад.

36) Ҳар як сохтори воҳидии мақомоти давлатӣ бояд бо шабакаи маҳаллӣ ва Интернет фаро гирифта шавад. Дар мақомоти давлатие, ки аллакай шабакаи маҳаллӣ ё Интернет васл карда шудааст, фарогирии компютерҳо бо шабакаҳо бо роҳи рушди шабакаи мавҷуда 100 фоиз расонида шуда, дар сурати набудани онҳо, шабакаҳои нав васл карда мешаванд.

37) Хизматрасонии техникӣ, инчунин таъмири ҷории техникаи компютерии дар мақомот мавҷудбуда ё тибқи Барнома харидоришаванда дар доираи маблағҳои дар мақомоти давлатӣ ба ин мақсад ҷудошуда, амалӣ карда мешавад.

38) Мутобиқи талаботи тахассусӣ ва вазифаҳои хизматӣ ҳар як хизматчии давлатӣ бояд бо компютер кор карда тавонад, малакаи кор бо барномаҳои Wогd ва Ехсе1, барномаҳои дигари компютериро дошта бошад, инчунин бо Интернет кор карда тавонад.

39) Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи компютерӣ, Барнома барои хизматчиёни давлатӣ курсҳои омӯзиши компютерӣ ва курсҳои такмили ихтисосро пешбинӣ менамояд.

40) Дар натиҷаи татбиқи Барнома дар давраи солҳои 2012-2015:

- мақомоти давлатӣ бо техникаи компютерӣ, шабакаҳои маҳаллӣ ва Интернет пурра таъмин карда мешавад;

- дар мақомоти давлатӣ барномаҳои башаклдаровардашуда ва мутобиқшуда насб карда мешаванд;

- фарогирии пурраи мақомоти давлатӣ бо шабакаҳои маҳаллӣ ва Интернет дастрас мегардад;

- дар мақомоти давлатӣ фазои ягонаи мубодилаи иттилоотию ҳуҷҷатӣ ташкил карда мешавад;

- мақомоти давлатӣ пурра ба ҳуҷҷатгузории электронӣ ва мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо мегузаранд;

- савияи донишу малакаи иттилоотию компютерии хизматчиёни давлатӣ баланд мегардад.

41) Ҳангоми татбиқ намудани Барнома санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаҳои ҳифзи сирри давлатӣ, ҳифзи техникии иттилоотонӣ ва ҳифзи иттилоот риоя карда шаванд.

42) Назорати иҷро, ҳамоҳангсозӣ, инчунин баҳодиҳии самаранокии татбиқи Барнома тавассути мониторинг сурат мегирад, ки аз ҷониби Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

43) Нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии компютеркунонии мақомоти марказӣ ва мақаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои солҳои 2012-2015 замима мегардад.

Ниг ба Замима.