×

Тартиби таъминоти моддии қисмҳо ва сохторҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдаҳии кӯҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 ноябри соли 2011, № 555

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 ноябри соли 2011, № 555

тасдиқ шудааст

Тартиби таъминоти моддии қисмҳо ва сохторҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1) Тартиби мазкур низоми таъминоти моддии қисмҳо ва сохторҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳиро муайян намуда, ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани омодагии ҷангии сохторҳои онҳо баҳри наҷоти одамон ва рафъи садамаҳои зеризаминӣ равона карда шудааст. Инчунин тартиб ва шартҳои пардохтҳои иловагиро ҳангоми фаъолияти ҳамарӯза ва дар рафти рафъи садамаҳо муқаррар намуда, ҳифзи иҷтимоии кормандони қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ ва аҳли оилаи онҳоро таъмин менамояд.

2. Таъминоти моддии қисмҳо ва сохторҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ

2) Системаи таъминоти моддии қисмҳо ва ҷузъу томҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ аз ҳисоби воситаҳои ба таври шартномавӣ бадастомада, воситаҳои иншооти хизматрасонӣ ва воситаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар маблағҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, ташкил карда мешаванд.

3) Низоми таъминоти моддии қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳиро таъминоти пулӣ, таъминоти шайъӣ ва таъминоти техникӣ ташкил медиҳанд.

4) Низоми таъминоти моддии қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ ба он равона карда шудааст, ки сатҳи баланди омодагии сохторҳо, пуррагардонии штатҳо бо ҳайати оперативӣ ва сафарбаршавии мунтазами кормандони баландихтисос ба хизмат, инчунин иҷрои корҳои садамавию наҷотдиҳӣ таъмин карда шавад.

5) Ҷадвали штатӣ ва сметаи хароҷоти қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

3. Таъминоти пулии ҳайати шахсии қисмҳо ва сохторҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ

6) Таъминоти пулии ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ аз таъминоти пулии доимӣ ва иловапулиҳо, Изофапулӣ аз рӯи иҷрои корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва техникӣ, ҳавасмандгардонӣ ва мукофотонидан барои собиқаи хизматӣ дарозмуддат, инчунин аз пардохтҳои иҷтимоӣ ва ғайра иборат аст.

...

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 ноября 2011 года, № 555

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 ноября 2011 года, № 555

Порядок

материального обеспечения военизированных горноспасательных частей и подразделений Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан

1. Общие положения

1) Настоящий порядок определяет порядок материального обеспечения военизированных горноспасательных частей и подразделений, и направлен на стимулирование и повышение боеготовности их подразделений, для спасения людей и ликвидации подземных аварий. Также устанавливает порядок и условия дополнительных выплат при повседневной деятельности и в ходе ликвидации аварий и обеспечивает социальную защиту работников военизированных горноспасательных частей и членов их семей.

2. Материальное обеспечение военизированных горноспасательных частей и подразделений

2) Система материального обеспечения военизированных горноспасательных частей и подразделений организуется на основании средств, поступающих за счет договоров, средств обслуживаемых объектов и средств Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан, а также других средств, не запрещенных законодательством.

3) Систему материального обеспечения военизированных горноспасательных частей составляет денежное обеспечение, вещевое обеспечение и техническое обеспечение.

4) Система материального обеспечения военизированных горноспасательных частей направлена на обеспечение поддержания уровня боеготовности подразделений, их штатной укомплектованности оперативным составом и постоянного притока на службу квалифицированных работников, а также выполнение аварийноспасательных работ.

5) Штатное расписание и смета расходов военизированных горноспасательных частей утверждаются в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.

3. Денежное довольствие личного состава военизированных горноспасательных частей и подразделений

...