Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 ноябри соли 2011, № 551
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 ноябри соли 2011, № 551
тасдиқ шудааст
Барномаи истифодаи самараноки захираҳои обии энергетикӣ ва сарфаҷӯии нерӯи барқ барои солҳои 2012-2016
1. Муқаддима
"Барномаи истифодаи самараноки захираҳои обии энергетикӣ ва сарфаҷӯии нерӯи барқ барои солҳои 2012-2016" дар асоси дастур ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2009 бармеояд, таҳия карда шудааст.
Барномаи мазкур самтҳои асосии истифодаи самараноки захираҳои обии энергетикӣ, амалӣ намудани нақшаю чорабиниҳо дар бахши самаранокӣ ва сарфаҷӯии энергия, оқилона истифода бурдани нерӯи барқ ва кам кардани талафоти энергияро фаро гирифта, сиёсати пешгирифтаи давлатро ҷиҳати ноил гаштан ба истиқлолияти энергетикӣ муайян месозад.
Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги обии энергетикӣ буда, дар ҷаҳон ҷои ҳаштумро ишғол менамояд. Захираҳои потенсиалии барқи обии ҷумҳурӣ 527 млрд. кВт соатро ташкил медиҳад. Аз 115,6 км3 ҳавзаи Баҳри Арал 64 км3-и он (55,4 фоиз) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад ва айни замон танҳо 12,52 фоиз ё ин ки ҳамагӣ 14,58 км3 аз ҳаҷми умумии он барои манфиатҳои ҷумҳурӣ истифода бурда мешавад.
Масъалаи мубрам ва муҳим ҷиҳати таъмин намудани амнияти энергетикии ҷумҳурӣ дар марҳилаи гузариш ба рушди устувори соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар солҳои 2012-2016, тавассути истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ, ба танзим даровардани раванди истеҳсол, интиқол ва тақсимоти нерӯи барқ ва татбиқи сиёсати самаранок дар бахши сарфаҷуии энергия маҳсуб меёбад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қонеъ гардонидани талаботи афзояндаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ бо нерӯи барк, яке аз соҳаҳои Комплекси сӯзишворию энергетикии мамлакат - соҳаи электроэнергетика нақши асосиро мебозад. Нерӯи барқ дар системаи энергетикӣ аз ҳисоби нерӯгоҳҳои барқи обӣ - 98 фоиз ва қисми боқимонда аз ҳисоби нерӯгоҳи барқи ҳароратӣ- 2 фоиз истеҳсол карда мешавад. Нишондиҳандаҳои асосии истеҳсоли нерӯи барқ аз захираҳои обӣ ва воридоти сӯзишворӣ вобаста буда, дар давоми 5 соли охир ба ҳисоби миёна 16,5 млрд. кВт. соатро ташкил медиҳад.
Рушд ва фаъолияти мунтазами системаи энергетикӣ муносибатҳои мутақобилан судманди истифодабарандагон бо корхонаҳои таъминкунандаи нерӯи барқ дар асоси андешидани чорабиниҳои амалӣ дар бахши самаранокӣ ва сарфаҷӯии энергия вобастагӣ дорад.
Норасоии нерӯи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон 4-4,5 млрд. кВт.соатро ташкил медиҳад ва дар ҷумҳурӣ маҳдудияти истифодабарии нерӯи барқ ҷорӣ карда мешавад. Дар мавсими тобистон бошад, ҷумҳурӣ метавонад бо чунин миқдор ҳаҷми иловагии нерӯи барқро истеҳсол намояд, инчунин онро содирот намояд.
Вазъи кунунии сатҳи пасти ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда, нархномаи пасти амалкунанда, истифодабарии таҷҳизоти барқии энергия талаб, дастрас набудани манбаъҳои дигари сӯзишворӣ ба сатҳи пасти техникию иқтисодӣ, норасогии барқ ва талафоти аз меъёр зиёди технологӣ оварда мерасонад.
...