ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Қонуни конститутсиониии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 3 ноябри соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995, № 21, моддаи 223; соли 1997, № 9, моддаи 110; соли 1998, № 10, Моддаҳои 111 ва 115; соли 2000, № 6, моддаи 349) тағйироту иловаҳои зерин дохил карда шаванд:
1. Дар моддаи 11:
номи модда дар таҳрири зерин фиода шавад:
"Моддаи 11. Бозхонди судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
дар қисми якум калимаи "Ваколатҳои" бо калимаи "Бозхонди" ва калимаи "қатъ" бо калимаи "амалӣ" иваз карда шавад;
ба қисми якум банди 10 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"10) ба охир расидани мӯҳлати ваколати судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
дар қисми дуюм калимаҳои "Бо қатъи ваколатҳои" бо калимаҳои "Баъди бозхонди" иваз карда шавад.
2. Ба Қонуни конститутсионӣ моддаи 11(1). дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 11(1). Истеъфои судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Истеъфои судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихор аз вазифа рафтани ӯ мебошад. Барои судяе, ки дар истеъфо мебошад, номи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафолати дахлнопазирии шахсиаш ва мансубияташ ба ҷомеаи судяҳо нигоҳ дошта шуда, ба ӯ шаҳодатномаи судяи дар истеъфобудаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Ҳар судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, бо хоҳиши худ сарфи назар аз синну сол ба истеъфо барояд.
Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон он гоҳ ба истеъфо баромада ҳисоб мешавад, ки агар ӯ бо асосҳои зерин бозхонд шуда бошад;
аризаи хаттиаш дар бораи ба истеъфо рафтан қонеъ гардида бошад;
агар мӯҳлати ваколаташ ба охир расида бошад;
агар ҳалномаи суд дар бораи ғайри қобили амал донистани ӯ қувваи қонунӣ пайдо карда бошад;
агар бо сабаби вазъи саломатӣ ё бо дигар сабабҳои узрнок муддати дуру дароз (на камтар аз чор моҳ пай дар пай) вазифаи худро иҷро карда натавонад.
Ба судяи Суди конститутсионии дар истеъфобуда, ки аз рӯи касби ҳуқуқшиносӣ ба таври умумӣ на камтар аз бист сол собиқаи корӣ дорад, бо майлу хоҳишаш нафақа ё баробари ҳаштод фоизи музди меҳнати судяи фаъолияткунандаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъминотпулии ҳармоҳаи умрбод дода мешад".
3. Дар қисми дуюми моддаи 40 рақамҳои "4" ва "6" мувофиқан бо рақамҳои "3" ва "5" иваз карда шаванд.
4. Дар қисми якуми моддаи 41 калимаҳои "барои таҳияи масъалаи оғоз намудани мурофиаи Суди конститутсионӣ" бо калимаҳои "барои омӯзиш ва санҷиш" иваз карда шаванд.
5. Қисми якуми моддаи 47 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қарор, хулоса ва таъинот иборатанд".
6. Дар қисми дуюми моддаи 58 баъд аз калимаҳои "Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "бо пешниҳоди Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш.Душанбе, 12 майи соли 2001 № 23