Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 октябри соли 2011, № 487
тасдиқ шудааст
Низомномаи Фонди чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.09.2025
№ 504)
1. Муқаррароти умумӣ
1) Фонди чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ (минбаъд Фонд) тибқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи байторӣ" ва бо мақсади самаранок гузаронидани чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ, ҷуброни зарар дар натиҷаи мусодира ва нобуд кардани ҳайвонот ва маҳсулоти ҳайвонот, ки барои саломатии ҳайвонот ва инсон хатарнок мебошанд, таъсис дода шудааст.
2) Фонд дар назди Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомнома амал мекунад (№ 504).
3) Фонди мазкур аз ҳисоби маблағҳои дар Буҷети давлатӣ барои чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ пешбинигардида, ҷалби грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, сарчашмаҳои худӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ, оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, ташаккул меёбад.
4) Назорати истифодаи мақсадноки Фонд мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Ҳангоми зарурат ва бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои ниҳоят хавфнок, ки барои ҳайвонот ва одам умумӣ мебошанд, бояд пешниҳоду дастурҳои Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шаванд (№ 504).
5) Ташхис ва гузаронидани ҳар гуна чорабиниҳои пешгирикунанда, ки ба гурӯҳи номгӯи бемориҳои дар замимаи Низомномаи мазкур нишондодашуда дохил намешаванд, аз тарафи сохторҳои Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон музднок анҷом дода шуда, маблағҳои аз ин ҳисоб бадастомада ба суратҳисоби маркази хазинадорӣ таҳвил дода мешаванд ва истифодаи минбаъдаи онҳо бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (№ 504).
6) Банди 5 Низомномаи мазкур бо дарназардошти сатҳи даромаднокии ҳар як хоҷагӣ, новобаста аз шакли моликияташ ва сатҳи
зиндагии шаҳрвандон амалӣ гардида, дараҷаи камбизоатии мардум ба асос гирифта мешавад.
2. Сметаи хароҷоти Фонд
7) Маблағгузории Фонди чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ дар асоси меъёрҳои хароҷоти молиявӣ сурат гирифта, ба қисми хароҷоти буҷети ҳамаи сатҳҳо дар зерфасли "Чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ" нишон дода шуда, тибқи Низомномаи мазкур тақсим карда мешавад.
8) Харидорӣ намудани эмдоруҳо бар зидди бемориҳои сӯхтанӣ, ҳорӣ, вабои сумдарди чорво, тоуни чорвои калони шохдор ва чорвои майда брутселлёз, сил, гули гӯсфандон ва бузҳо, тоуни парранда инчунин маводи ташхисии онҳо (реактивҳо, рангҳо, ҳайвоноти озмоишӣ, диагностикумҳо, маводи безарарнамоӣ) барои муайян намудани ин бемориҳо бо дарназардошти вазъи эпизоотии ҷумҳурӣ тавассути тендер сурат мегирад (№ 504).
9) Маблағҳои Фонд барои анҷом додани корҳои зерин дар шакли фоиз аз маблағи умумии солонаи Фонд истифода бурда мешаванд:
- харидорӣ, нигаҳдорӣ, интиқол ва истифодаи маводи пешгирӣ, ташхис ва безарарнамоии зидди бемориҳое, ки ташхис ва пешгирии онҳо барои ҳамаи шакли хоҷагидорӣ ва шаҳрвандон аз ҳисоби буҷети давлатӣ гузаронида мешаванд - 70 фоиз;
- хароҷоти сафарҳои хизматии байторон ба манбаҳои бемориҳои сироятии барои ҳайвонот ва одам умумӣ, маводи сӯхт ва молиданӣ барои нақлиёт ва сӯзонидани ҷасади ҳайвонот, либосҳои махсус - 4,5 фоиз;
- пардохти музди меҳнати иловагии мутахассисони байтории дар манбаҳои эпизоотӣ фаъолияткарда ба андозаи дукаратаи музди меҳнати вазифавии онҳо - 0,5 фоиз;
- маблағ барои таҳрир ва чопи ҳарсолаи шиносномаи фардӣ ва варақаҳои бақайдгирии ҳайвонот, бо мақсади нишонагузории онҳо, бо дарназардошти ҷуброн кардани хароҷот аз тарафи соҳибони чорво, - 5 фоиз;
- ҷуброни зарар дар натиҷаи мусодира ва нобуд кардани ҳайвонот ва маҳсулоти ҳайвоноти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои саломатии ҳайвонот ва инсон хатарнок мебошанд - 10 фоиз;
- харидорӣ намудани дастгоҳ ва таҷҳизоти махсус - 10 фоиз.
Замима
ба Низомномаи фонди
чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ
Номгӯйи бемориҳои ҳайвонот, ки ташхис ва пешгирии хоссаи онҳо барои ҳамаи категорияҳои ҳайвонот ва шаҳрвандон аз ҳисоби буҷети давлатӣ гузаронида мешавад
1.Вабои сумдарди чорво;
2.Сӯхтанӣ;
3.Брутселлёз;
4.Сил;
5.Тоуни чорвои калони шохдор ва чорвои майда;
6.Ҳорӣ;
7.Гули гӯсфандон ва бузҳо;
8. Тоуни паранда (№ 504)