Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 октябри соли 2011, № 484
тасдиқ шудааст
Тартиби маблағгузории фаъолияти бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2020 № 127)
1) Тартиби маблағгузории фаъолияти бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ (минбаъд-Тартиб) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ" таҳия шуда, сарчашма ва шаклҳои маблағгузории фаъолияти Маркази бақайдгирии давлатии дактилоскопии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (минбаъд - Марказ) муайян менамояд.
2) Маблағгузории фаъолияти бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ дар доираи маблағҳое, ки ҳамасола барои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ мешаванд, инчунин аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи Тартиби мазкур амалӣ карда мешавад.
3) Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ аз ҷониби Марказ, раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, минтақа ва ноҳияи Рашт, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо гузаронида мешавад .
4) Гузаронидани бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ пас аз пардохти маблағи муқарраргардида аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад.
5) Тартиби пардохти маблағ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ барои гузаронидани дактилоскопӣ ба таври шартномавӣ бо Марказ мувофиқи Номгӯи хизматрасониҳои пулакии Марказ муайян карда мешавад.
6) Пардохти маблағ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба суратҳисоби махсус, ки дар Саридораи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода мешавад, амалӣ карда мешавад.
7) Марказ метавонад бо шахсони ҳуқуқии дохилию хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати муҷаҳҳаз гардонидани Марказ бо таҷҳизоти зарурӣ ва ҷалб намудани грантҳо ҳамкорӣ намояд.
8) Маблағҳои аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба суратҳисоби махсус воридшуда мувофиқи Низомномаи маблағҳои махсус, ки аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, хароҷот мешаванд.
9) Категорияи шахсоне, ки бақайдгирии давлатии дактилоскопии онҳо ба таври пулакӣ гузаронида мешавад:
- шаҳрвандоне, ки барои бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ ба таври ихтиёрӣ муроҷиат менамоянд;
- барои гирифтани иҷозатномаи истифодабарии яроқи оташфишон муроҷиат мекунанд;
- кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо ё воҳидҳои сохтории онҳо тибқи Номгӯи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда, ки фаъолияташон бо хатари калон ба ҳаёти кормандон ё бо низоми махсуси махфӣ алоқаманд мебошад.
10) Пардохти маблағ барои бақайдгирии давлатии дактилоскопии шахсони дар сархати якум ва дуюми банди 9 Тартиби мазкур зикршуда бевосита аз ҳисоби шахсони мазкур сурат мегирад.
11) Барои бақайдгирии давлатии дактилоскопии шахсони дар сархати сеюми банди 9 Тартиби мазкур зикршуда пардохти маблағ аз ҳисоби корхона, муассиса ва ташкилотҳои мазкур амалӣ карда мешаванд.
12) Номгӯи хизматрасониҳои пулакии Марказ ва ҳаҷми тарифҳои чунин хизматрасониҳоро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
13) Шахсоне, ки такроран аз бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ мегузаранд, аз пардохти маблағ озоданд, ба ғайр аз ҳолати иваз, намудани ному насаб.
14) Аз пардохти хизматрасониҳои пулакии бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони интернатсионалист, маъюбони садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда озод мебошанд.
15) Гузаронидани бақайдгирии давлатии дактилсокопӣ дар асоси аризаи хаттии шахсони воқеӣ ва мактуби расмии шахсони ҳуқуқӣ бо пешниҳод намудани нусхаи ҳуҷҷати тасдиқунандаи пардохти маблағи муқарраргардида амалӣ карда мешавад. Шахсони воқеӣ инчунин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро пешниҳод менамоянд.
16) Ариза ва ё мактуби воридшуда дар бораи гузаронидани бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ аз ҷониби Марказ, раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, минтақа ва ноҳияи Рашт, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар мӯҳлати 10 рӯз баррасӣ карда мешавад .
17) Ба шахсоне, ки мутобиқи Тартиби мазкур ба қайди давлатии дактилоскопӣ гузошта мешаванд, дар муддати 10 шабонарӯз баъди бақайдгирӣ маълумотномаи шакли муқарраршуда дода мешавад.
18) Марказ, раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, минтақа ва ноҳияи Рашт, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо барои нодуруст ба қайд гирифтани шахс, ки дар натиҷаи пешниҳоди маълумоти беэътимод ё хатоҳои ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ асосбуда ба амал омадааст, масъул намебошанд .
19) Барои вайрон кардани талаботи Тартиби мазкур шахсони мансабдор ба ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашида мешаванд.
Утвержден
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 4 октября 2011 года,
№484
Порядок финансирования деятельности государственной дактилоскопической регистрации
(в редакции постановления Правительства РТ от 27.02.2020г.№127)
1) Порядок финансирования деятельности государственной дактилоскопической регистрации (далее - Порядок) разработан в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О государственной дактилоскопической регистрации", определяет источники и формы финансирования деятельности Центра государственной дактилоскопической регистрации Министерства внутренних дел Республики Таджикистан (далее - Центр).
2) Финансирование деятельности государственной дактилоскопической регистрации осуществляется за счет средств, предусмотренных ежегодно в республиканском бюджете для Министерства внутренних дел Республики Таджикистан, а также из средств физических и юридических лиц в соответствии с настоящим Порядком.
3) Проведение государственной дактилоскопической регистрации осуществляется Центром, управлениями Министерства внутренних дел по Горно-Бадахшанской автономной области, областям, городу Душанбе, по Раштской группе районов, отделами Министерства внутренних дел в городах и районах
4) Проведение государственной дактилоскопической регистрации осуществляется после оплаты физическими и юридическими лицами установленных средств.
5) Порядок оплаты средств юридическими лицами определяется по договору с Центром на основании Перечня платных услуг Центра.
6) Оплата средств физическими и юридическими лицами производится на специальный счет, открытый в Главном управлении казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан.
7) Центр может сотрудничать с юридическими лицами, в том числе иностранными, а также международными организациями для обеспечения Центра необходимым оборудованием и привлечения грантов.
8) Специальные средства, образующие за счет перечисления денежных средств от физических и юридических лиц, расходуются в соответствии с Положением о специальных средствах, утвержденным Министром внутренних дел Республики Таджикистан.
9) Категория лиц, проведение государственной дактилоскопической регистрации которых осуществляется на платной основе:
- граждане, обратившиеся в добровольном порядке для проведения государственной дактилоскопической регистрации;
- обратившиеся для получения разрешения на использование огнестрельного оружия;
- работники предприятий, учреждений и организаций, либо их структурных подразделений, деятельность которых связана с повышенным риском для их жизни или особым режимом секретности по перечню, утвержденному Правительством Республики Таджикистан.
10) Оплата средств за проведение государственной дактилоскопической регистрации лиц, указанных в абзацах первом и втором пункта 9 настоящего Порядка, производится непосредственно этими лицами.
11) Для лиц, указанных в абзаце третьем пункта 9 Порядка, оплата средств осуществляется данными предприятиями, учреждениями и организациями.
12) Перечень платных услуг Центра и размер тарифов на эти услуги определяется Министерством внутренних дел Республики Таджикистан по согласованию с Антимонопольной службой при Правительстве Республики Таджикистан.
13) Лица, ранее прошедшие государственную дактилоскопическую регистрацию, кроме случаев изменения фамилии и имени, освобождаются от выплаты средств.
14) От взимания средств на платные услуги государственной дактилоскопической регистрации освобождаются инвалиды и участники Великой Отечественной войны, воины-интернационалисты, инвалиды аварии на Чернобыльской АЭС и приравненные к ним лица.
15) Проведение государственной дактилоскопической регистрации осуществляется на основании письменного заявления физических лиц и официального письма юридических лиц с предоставлением копии документа, подтверждающего оплату установленных средств. Физическими лицами представляется также документ, удостоверяющий личность.
16) Поступившие заявления или письма о проведении государственной дактилоскопической регистрации рассматриваются Центром, управлениями Министерства внутренних дел по Горно-Бадахшанской автономной области, областям, городу Душанбе, по Раштской группе районов, отделами Министерства внутренних дел в городах и районах в течении 10 дней
17) Лицам, поставленным на государственный дактилоскопический учет в соответствии с настоящим Порядком, в течение 10 суток после регистрации выдается справка установленного образца.
18) Центр, управления Министерства внутренних дел по Горно-Бадахшанской автономной области, областям, городу Душанбе, по Раштской группе районов, отделы Министерства внутренних дел в городах и районах не несут ответственность за неправильную регистрацию лиц, возникшую в результате предоставления недостоверных сведений или ошибок в документах, являющихся основанием для государственной дактилоскопической регистрации
19) За нарушение требований настоящего Порядка должностные лица несут ответственность, предусмотренную законодательством Республики Таджикистан.