Қоидаҳои ташаккул ва мувофиқсозии Номгӯи иншооти аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохташаванда аз 4 октябри соли 2011 № 483

Санаи амалкуни: 30.12.2015

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.03.2018 № 161 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "4" октябри соли 2011, № 483

Қоидаҳои ташаккул ва мувофиқсозии Номгӯи иншооти аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохташаванда

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2015 № 823)

1. Муқаррароти умумӣ

1) Қоидаҳои ташаккул ва мувофиқсозии номгӯи иншооти аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохташаванда, тартиби ташкил ва мувофиқсозии номгӯи сохтмон ва иншооти таъиноти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ (сохтмони нав, васеъшавӣ, азнавсозӣ ва иншооти сохтмонашон нотамом) (минбаъд-Номгӯй)-ро, ки маблағгузории онҳо аз ҳисоби маблағгузориҳои мутамаркази буҷети давлатӣ анҷом дода мешаванд, муқаррар менамояд.

2) Ташаккул ва мувофиқсозии Номгӯй бо тартиби зайл сурат мегирад:

Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ҳамчунин дигар ташкилоту муассисаҳо (минбаъдфармоишгарон) дар мӯҳлатҳои нишондодаи Тавсияҳои методологӣ "Оид ба таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдор ва дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ду соли минбаъда", тибқи Замимаи 1 дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли навбатии баъди соли ҳисоботӣ ва нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бахши сохтмони асосӣ барои ду соли минбаъда, аз ҷумла Номгӯи иншооти сохташавандаро дар давраи миёнамӯҳлат, ки маблағгузориашон аз ҳисоби маблағгузориҳои мутамаркази давлатие, ки ба амалигардонии барномаҳои афзалиятноки давлатӣ ва ҳалли масъалаҳои алоҳидаи иҷтимоию иқтисодии муҳими ба барномаҳо дохилнашуда равона гардидааст, анҷом дода мешаванд, таҳия намуда, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

3) Ҳангоми тартиб додани Номгӯй фармоишгарон дар навбати аввал бояд афзалиятҳои зеринро ба инобат гиранд:

- иншооти нотамом, ки сохтмонашон бояд дар соли навбатӣ ба анҷом расонида шавад;

- иншооте, ки сохтмони онҳо тибқи санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст;

- сохтмонҳо ва иншооте, ки барои сохтмонашон дар буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ маблағҳои муайян тасдиқ гардида, аммо бо сабаби воқеан нокифоя будани маблағҳои ҷудошуда иҷро нашуда мондаанд;

- иншооте, ки сохтмонашон дар барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудаанд.

4) Зимни таҳияи дурнамои иншооти сохташаванда фармоишгарон бояд маблағгузории корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯй ва ташхиси иншооти навро барои солҳои минбаъда дар сатри алоҳида бо нишон додани ном ва мавзеи ҷойгиршавии иншоот ва бо дарназардошти нақшаи генералии шаҳру ноҳияҳо дарҷ намоянд;

5) Барои ворид намудани сохтмони иншооти нав ба Номгӯй, тибқи тартиби муқарраргардида мавҷудияти асосноккунии техникию иқтисодӣ ва (ё) ҳуҷҷатҳои лоиҳавию нархномавии аз ташхиси давлатӣ гузашта ҳатмӣ мебошад. Дар сурати мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои зикршуда, иншооти пешниҳодгардида ба Номгӯй дохил карда намешаванд.

6) Ба Номгӯй дохил намудани сохтмонҳо ва - иншооти нави таъиноти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолидошта баъди бо воситаҳои молиявӣ таъмин гардидани сохтмони иншоот ва иншооти гузаранда, ки дар онҳо иқтидорҳои ҳаммонанд таъсис дода мешаванд, сурат мегирад.

2. Ваколатҳои фармоишгарон

7) Фармоишгарон ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки дар доираи татбиқашон маблағгузории сохтмони иншоот аз ҳисоби саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, дар мӯҳлатҳои дар санадҳои меъёрӣ муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мувофиқа ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Номгӯи иншооти сохташавандаро дар соли лахлдор, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, тибқи Замимаи 2 пешниҳод менамоянд.

Дар баробари пешниҳод намудани Номгӯй дар соли ҳисоботӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, фармоишгарон ва марказҳо ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикисгон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иншооти сохтмонаш нотамоми дар тавозун баҳисобгирифташуда тибқи Замимаи 3 маълумот пешниҳод менамоянд.

8) Фармоишгарон ва марказҳо Рӯйхати иншооти аз ҳисоби буҷети давлатӣ сохташавандаро, ки бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа гардидааст, барои мувофиқа ва маблағгузорӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.

9) Фармоишгарон ва марказҳо истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои барои сохтмони асосӣ ҷудошударо таъмин намуда,"на дертар аз санаи 5-уми ҳар моҳ ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳаҷми маблағҳои азхудшудаи мутамарказ доир ба иншоот тибқи Замимаи 4 ҳисобот пешниҳод менамоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2015 № 823).

10) Марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки дар доираи татбиқи онҳо маблағгузории сохтмони иншоот аз ҳисоби саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, тибқи Замимаи 4 ва дар мӯҳлатҳои дар банди 7 ҳамин Қоидаҳои муқарраршуда ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба истифодаи маблағҳои саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот ирсол менамоянд.

3. Ваколатҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

11) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳия намудани лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли дахлдор, афзалиятҳо ва меъёрҳои муайянамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли навбатии ҳисоботӣ ва таклифҳои даровардаи фармоишгарон Нишондиҳандаҳои асосии маблағгузориҳои мутамарказро дар давраи миёнамӯҳлат ва соли навбатӣ таҳия намуда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

12) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Номгӯи мувофиқашудаи иншооти сохташавандаи фармоишгарон дар соли дахлдорро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маълумот ирсол менамояд.

4. Ваколатҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

13) Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввали соли навбатӣ рӯйхати иншооти сохтмони нотамомро, ки дар соли ҳисоботӣ тибқи тартиби муқарраргардида хусусӣ гардонида шудаанд, барои маълумот ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

14) Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида бо ҷамъбасти иншооти сохтмонаш нотамоме, ки дар тавозуни фармоишгарон ба ҳолати 1 январи соли навбатӣ ба ҳисоб гирифта, Номгӯи иншооти аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашуда аз он истисно шудааст, барои қабули қарорҳои дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамояд.

5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

15) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида нисбат ба иншооти сохтмони нотамоми фармоишгарон, ки маблағгузориашон дар солҳои гузашта қатъ ва дар соли навбатӣ маблағгузорӣ пешбинӣ нашудааст, қарорҳои дахлдор қабул менамояд.

6. Ваколатҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни тартиб додани Буҷети давлатӣ барои соли дахлдор, Нишондиҳандаҳои асосии маблағгузориҳои мутамарказро тибқи Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои навбатӣ дар бахши сохтмони асосӣ ба асос мегирад.

16) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории мутамаркази сохтмони асосиро қатъиян дар доираи маблағҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва қарору фармоишҳои тасдиқшудаи мутобиқи соли дахлдор бо риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ" анҷом медиҳад.

Ниг.ба Замима.

Ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "4" октябри соли 2011, № 483

Қоидаҳои ташаккул ва мувофиқсозии Номгӯи иншооти аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохташаванда

1. Муқаррароти умумӣ

1) Қоидаҳои ташаккул ва мувофиқсозии номгӯи иншооти аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохташаванда, тартиби ташкил ва мувофиқсозии номгӯи сохтмон ва иншооти таъиноти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ (сохтмони нав, васеъшавӣ, азнавсозӣ ва иншооти сохтмонашон нотамом) (минбаъд-Номгӯй)-ро, ки маблағгузории онҳо аз ҳисоби маблағгузориҳои мутамаркази буҷети давлатӣ анҷом дода мешаванд, муқаррар менамояд.

2) Ташаккул ва мувофиқсозии Номгӯй бо тартиби зайл сурат мегирад:

Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ҳамчунин дигар ташкилоту муассисаҳо (минбаъдфармоишгарон) дар мӯҳлатҳои нишондодаи Тавсияҳои методологӣ "Оид ба таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдор ва дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ду соли минбаъда", тибқи Замимаи 1 дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли навбатии баъди соли ҳисоботӣ ва нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бахши сохтмони асосӣ барои ду соли минбаъда, аз ҷумла Номгӯи иншооти сохташавандаро дар давраи миёнамӯҳлат, ки маблағгузориашон аз ҳисоби маблағгузориҳои мутамаркази давлатие, ки ба амалигардонии барномаҳои афзалиятноки давлатӣ ва ҳалли масъалаҳои алоҳидаи иҷтимоию иқтисодии муҳими ба барномаҳо дохилнашуда равона гардидааст, анҷом дода мешаванд, таҳия намуда, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

3) Ҳангоми тартиб додани Номгӯй фармоишгарон дар навбати аввал бояд афзалиятҳои зеринро ба инобат гиранд:

- иншооти нотамом, ки сохтмонашон бояд дар соли навбатӣ ба анҷом расонида шавад;

- иншооте, ки сохтмони онҳо тибқи санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст;

- сохтмонҳо ва иншооте, ки барои сохтмонашон дар буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ маблағҳои муайян тасдиқ гардида, аммо бо сабаби воқеан нокифоя будани маблағҳои ҷудошуда иҷро нашуда мондаанд;

- иншооте, ки сохтмонашон дар барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудаанд.

4) Зимни таҳияи дурнамои иншооти сохташаванда фармоишгарон бояд маблағгузории корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯй ва ташхиси иншооти навро барои солҳои минбаъда дар сатри алоҳида бо нишон додани ном ва мавзеи ҷойгиршавии иншоот ва бо дарназардошти нақшаи генералии шаҳру ноҳияҳо дарҷ намоянд;

5) Барои ворид намудани сохтмони иншооти нав ба Номгӯй, тибқи тартиби муқарраргардида мавҷудияти асосноккунии техникию иқтисодӣ ва (ё) ҳуҷҷатҳои лоиҳавию нархномавии аз ташхиси давлатӣ гузашта ҳатмӣ мебошад. Дар сурати мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои зикршуда, иншооти пешниҳодгардида ба Номгӯй дохил карда намешаванд.

6) Ба Номгӯй дохил намудани сохтмонҳо ва - иншооти нави таъиноти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолидошта баъди бо воситаҳои молиявӣ таъмин гардидани сохтмони иншоот ва иншооти гузаранда, ки дар онҳо иқтидорҳои ҳаммонанд таъсис дода мешаванд, сурат мегирад.

2. Ваколатҳои фармоишгарон

7) Фармоишгарон ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки дар доираи татбиқашон маблағгузории сохтмони иншоот аз ҳисоби саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, дар мӯҳлатҳои дар санадҳои меъёрӣ муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мувофиқа ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Номгӯи иншооти сохташавандаро дар соли лахлдор, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, тибқи Замимаи 2 пешниҳод менамоянд.

Дар баробари пешниҳод намудани Номгӯй дар соли ҳисоботӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, фармоишгарон ва марказҳо ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикисгон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иншооти сохтмонаш нотамоми дар тавозун баҳисобгирифташуда тибқи Замимаи 3 маълумот пешниҳод менамоянд.

8) Фармоишгарон ва марказҳо Рӯйхати иншооти аз ҳисоби буҷети давлатӣ сохташавандаро, ки бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа гардидааст, барои мувофиқа ва маблағгузорӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.

9) Фармоишгарон ва марказҳо истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои барои сохтмони асосӣ ҷудошударо таъмин намуда,"на дертар аз санаи 5-уми ҳар моҳ ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳаҷми маблағҳои азхудшудаи мутамарказ доир ба иншоот тибқи Замимаи 4 ҳисобот пешниҳод менамоянд.