Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 аз 4 октябри соли 2011 № 480

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "4" октябри соли 2011, № 480

тасдиқ шудааст

Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020

1. Муқаррароти умумӣ

Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 (минбаъд Стратегия) ҳуҷҷати муайянкунандаи сиёсат буда, фаъолиятеро инъикос менамояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамӯҳлат анҷом медиҳад ва ҷавобгӯи афзалиятҳои асосии Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 мебошад.

Стратегия барои муайян намудани мақсад, афзалият ва тадбирҳое нигаронида шудааст, ки татбиқи онҳо ба ҳалли вазифаҳои мубрами рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд. Стратегия барои даҳ сол пешбинӣ шуда, то соли 2020 тахмин менамояд ба мақсадҳои худ ноил гардад. Интихоби самтҳои стратегии сиёсати давлатии ҷавонон метавонад танҳо ба натиҷаҳои таҳлил ва дурнамои равандҳои миёнамӯхдат ва дарозмӯҳлати рушди ҳаёти иҷтимоию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси таҳлили ҳисобот ва ҳуҷҷатҳои расмӣ ошкор гардидаанд, асос ёбад. Ғайр аз ин, Стратегия бояд дигаргуниҳоеро, ки дар соҳаи фаъолияти ҳаётан муҳими ҷамъият ва давлат рӯй медиҳад, ба инобат гирад ва пешбинӣ намояд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст: "Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад.".

Тавре маълум аст, яке аз омилҳои асосии рушди ҳар кишварро дар қатори дигар арзишҳо захираҳои инсонӣ, аз ҷумла ҷавонон ташкил медиҳад. Ин имкон медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Дар кишваре, ки вазъи демографӣ мунтазам афзоиш меёбад ва беш аз 35 фоизи аҳолиро насли ҷавон ташкил медиҳад, муайян намудани сиёсати давлатии ҷавонон аз нуқтаи назари сиёсӣ ва иҷтимоӣ аҳамияти калон дорад.

Ба сиёсати ҷавонон, ҳамчун бахши стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар ҳамаи марҳилаҳои рушди ҷомеа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад.

Стратегияи мазкур ба шаҳрвандони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз синни 14 то 30 сола, аз ҷумла ҷавононе, ки дар вазъи душвори зиндагӣ қарор доранд ва ба оилаҳои ҷавон нигаронида шудааст.

Бинобар он ки қисми асосии аҳолии Тоҷикистонро шаҳрвандони то 30 сола ташкил медиҳанд ва синни миёнаи аҳолӣ ба 24,7 сол баробар аст, шаҳрвандони ҷавони мамлакат минбаъд захираи асосии меҳнатии Тоҷикистонро ташкил хоҳанд дод ва фаъолияти меҳнатии онҳо барои таъминоти иҷтимоии кӯдакон, маъюбон ва калонсолон манбаи асосии маблағ маҳсуб меёбад.

Стратегияи сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Стратегия) то соли 2020 таҳия гардида, маҷмӯи самтҳои афзалиятнокро муайян менамояд, ки ба ҷавонон нигаронида шудааст ва вазифаҳоеро фаро мегирад, ки ба иштироки ҷавонон дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ алоқаманд мебошанд.

Барои таҳияи Стратегияи мазкур Шӯрои ҳамоҳангсоз таъсис дода шуд. Ба ҳайати ин Шӯрои ҳамоҳангсоз мутахассисони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ шомил гардиданд.

2. Зарурати қабули Стратегия

1) Ҷавонон объекти манфиатҳои миллию давлатӣ буда, яке аз омилҳои асосии таъмини рушди давлат ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ояндаи наслҳои нав бояд ба таври ногусастани ба вазифаҳои ҳифз, рушд ва эҳёи кишвар алоқаманд буда, вориси таърихӣ ва фарҳангии бошанд.

Суботи сиёсати давлатии ҷавонон бо роҳи татбиқи самарабахши тадбирҳои маҷмӯӣ, ки вазифа, аҳамият ва нақши сиёсати давлатиро нисбат ба насли наврас муайян менамояд, таъмин мегардад.

Сиёсати давлатии ҷавонон дорои хусусияти фаъоли инноватсионӣ ва истеҳсолӣ буда, нерӯи меҳнатӣ ва эҷодии ҷавононро инъикос менамояд.

Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ, кафолатҳо барои аз ҷониби ҷавонон интихоб гардидани роҳи зиндагӣ, худтатбиқнамоии шахсии

ҷавонон, рушд ва дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонону кӯдакон, ҳаракат ва ташаббусҳо нигаронида шудааст.

2) Сиёсати давлатии ҷавонон:

- ин сиёсати давлат дар самти танзими муносибатҳои ҷавонон ва давлат мебошад;

- ин низоми ташаккули афзалиятҳо ва чораҳое мебошад, ки барои фароҳам овардани шароит ва имконият ҷиҳати ба иҷтимоиёт самт бахшидани ҷавонон ва худтатбиқнамоии онҳо, рушди нерӯ ба манфиати кишвар ва мутаносибан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат, таъмини рақобатпазирии он ва таҳкими амнияти миллӣ нигаронида шудааст;

- он аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон ва кӯдакон, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва дигар шахсони ҳуқуқию воқеӣ ташаккул ва татбиқ мегардад;

- самти стратегии давлатро ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, дар ҷавонон ташаккул додани ҳисси ватанпарастӣ ва муҳаббат нисбат ба таърих ва фарҳанг, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос менамояд.

3) Мақсади асосии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фароҳам овардан ва таҳкими шароитҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ барои истиқрори шаҳрвандӣ ва худтатбиқнамоии иҷтимоии ҷавонон иборат мебошад.

4) Татбиқи мақсадҳои гузошташуда, амалӣ намудани чунин афзалиятҳои сиёсати ҷавононро дар назар дорад:

- дар ҷавонон ташаккул додани ҳисси ватанпарастӣ, рушди ахлоқ ва маънавии ҷавонон;

- таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоии ҷавонон дар соҳаи меҳнат, маориф ва ҳифзи саломатӣ;

- фароҳам овардани шароит барои худтатбиқнамоии талаботи иҷтимоию иқтисодии ҷавонон, рушди зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳо;

- дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ташаббуси мусбии ҷамъиятии ҷавонон;

- ҷалби ҷавонон ба равандҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва маърифатии байналмилалӣ;

- ташаккули мавқеи фаъоли ҳаётӣ.

5) Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ бояд бо дарназардошти принсипҳои зайл амалӣ карда шавад:

- муносибати демократӣ нисбат ба ҷавонон, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони ҷавон;

- инкишоф ва навоварӣ (рушд ва инноватсия);

- мақсаднок, воқеъбинона ва самарабахшии фаъолият дар асоси доимӣ;

- оммавият фарогирии пурраи ҷавонони кишвар, сарфи назар аз ҷинс, миллат, вазъи иҷтимоӣ ва мансубияти динӣ;

- муносибати тафриқавӣ бо дарназардошти масъалаҳои гурӯҳбандии иҷтимоӣ ва СИННУОЛӣ;

- ҳимояи суроғавӣ ва дастгирии гурӯҳҳои ҷавонони аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир, аз ҷумла кӯдакони маъюб, атфоли аз ҷиҳати саломатӣ дорои имкониятҳои маҳдуд, бепарасторон, кӯдакон аз оилаҳои серфарзанд ва оилаҳои бо шароити номусоид.

6) Ин принсипҳои асосии ташаккули сиёсати ҷавонон бояд аз ҷониби мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия ба инобат гирифта шаванд ва чун яке аз омилҳои арзёбии фаъолияти онҳо нисбат ба рушди ҷавонон дар кишвар хизмат кунанд.

Риояи принсипҳои мазкур имкон медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон хусусияти муттасил, воқеӣ ва маҷмӯӣ дошта бошад, ворисии таърихии заруриро таъмин намуда, дар татбиқи самтҳои асосии он методология ва самтбахшии ягонаро фароҳам орад.

Аз мавқеи ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, боварӣ ба ояндаи дурахшон ва фаъолнокии онҳо самти рушди Тоҷикистон дар ҷодаи дигаргунсозиҳои демократӣ алоқаманд аст. Маҳз ҷавонон бояд муқовимат бар зидди таҳдидҳои глобалӣ омода бошанд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муҳоҷирати иҷборӣ ҷавонон бояд пешбарандаи ғояҳои сабурию таҳаммулпазирӣ, рушди фарҳанги тоҷик ва таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии наслҳо ва миллатҳо бошанд.

Яке аз масъалаҳои мубраме, ки дар назди ҷавонон истодааст, таъмин нашудан бо манзили зист мебошад, ки аз кӯҳнаю фарсуда шудани фонди манзил ва инкишоф наёфтани механизми карздиҳии ипотекӣ барои насли ҷавон вобастагӣ дорад.

Маълум аст, ки ҷавонон аксаран бо сатҳи баланди қобилияти сафарбарӣ, фаъолнокии зеҳнӣ ва саломатӣ аз дигар гурӯҳҳои аҳолӣ фарқ мекунанд. Маҳз ҷавонон ба шароитҳои нави зиндагӣ зуд мутобиқ мегарданд. Ҳамзамон, дар назди ҷомеа вазифа гузошта шудааст, ки норасоӣ ва талафоти вобаста ба масъалаҳои мубрамро, ки ҷиҳати ба ҷомеа фарогирии ҷавонон, ҳамгироии онҳо ба фазои ягонаи иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ алоқаманданд, ба қадри имкон коҳиш диҳад.

Таҳлили гузаронидашуда ва дурнамои шароити рушди Тоҷикистон, инчунин проблемаҳои ҷавонон дар даҳсолаи наздик таҳияи муносибати нави стратегиро нисбат ба сиёсати давлатии ҷавонон талаб менамояд.

3. Мақсад ва принсипҳои татбиқи Стратегия

7) Мақсади сиёсати давлатии ҷавонон аз рушд ва татбиқи нерӯи ҷавонон манфиатҳои Тоҷикистон иборат мебошад. Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти рушди иҷтимоию иқтисодӣ, дар асоси принсипҳои зайл таҳия ва татбиқ мегардад:

- муайян намудани самтҳои афзалиятнок;

- ба инобат гирифтани манфиат ва талаботи гурӯҳҳои мухталифи ҷавонон;

- иштироки ҷавонон дар таҳия ва татбиқи самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон;

- ҳамкории мутақобилаи давлат, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони бизнес;

- шаффофияти иттилоот;

- мустақилият ҷиҳати баҳодиҳии натиҷаҳои Стратегия.

8) Стратегия системаи самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавононро дар Тоҷикистон баррасӣ менамояд.

Лоиҳаҳое, ки барои татбиқи самтҳои афзалиятнок таҳия гардидаанд, ба ҷавонони Тоҷикистон нигаронида шуда, имкон медиҳанд ҷавонон сарфи назар аз ҷинс, миллат, касб, маҳали зист ва мақоми иҷтимоӣ дар он ба таври баробар иштирок намоянд.

4. Самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон

9) Бо дарназардошти миқёси вазифаҳое, ки дар назди кишвар истодаанд ва маҳдудияти воқеии захираҳои рушд бояд чунин самтҳое афзалиятнок эътироф гарданд, ки метавонанд фароҳам овардани шароитро барои ба иҷтимоиёт ҷалб гардидани ҷавонон ва худтатбиқкунии самарабахши онҳоро таъмин намояд, инчунин имконият диҳанд, ки ҷавонон проблемаҳои мавҷударо мустақилона ва судманд ҳал кунанд. Чунин муносибат ба беҳбудии сифати зиндагии насли ҷавон ва дар маҷмӯъ ба рушди кишвар мусоидат хоҳад кард, ки ба ҳам алоқаи ногусастанӣ доранд.

10) Бо дарназардошти тамоюли рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҷамъиятию сиёсии Тоҷикистон барои дурнамои миёнамӯҳлат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавонон тибқи самтҳои афзалиятноки зайл татбиқ мегардад:

- ҷалби ҷавонон ба амалияи иҷтимоӣ ва иггилоотонии онҳо дар мавриди имкониятҳои воқеии рушд;

- инкишофи фаъолияти эҷодкоронаи ҷавонон;

- ҳамгироии ҷавонони дар вазъи душвори зиндагӣ қарордошта ба ҳаёти ҷомеа.

11) Сиёсати давлатии ҷавонон барои муттаҳид сохтани захираҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ даъват шудааст, ки он барои мақсадҳои зайл хусусияти байниидоравии ҳамкориҳои муштаракро дар назар дорад:

- ҷалби босуботи ҷавонон ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва инкишофи малакаи фаъолияти мустақилонаи ҳаётан муҳими шаҳрвандони ҷавони кишвар, иттилоотонӣ дар мавриди рушду такомули минбаъдаи онҳо ҳам дар ҷумҳурӣ ва ҳам дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, инчунин фарҳанги истифодаи инкишофи шахсият ва ҷомеа, ки имкон медиҳад ҷавонон нерӯи худро дар амал татбиқ намоянд, ба қувваи худ ва ояндаи худ боварӣ дошта бошанд;

- муайян намудан, пешбарӣ кардан ва дастгирии фаъолнокии ҷавонон ва дастовардҳои онҳо дар соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, эҷодию варзишӣ, ки имконият медиҳад ҷавонон қобилияти худро зоҳир намоянд, нерӯи худро дар амал татбиқ кунанд ва дар кишвари худ шоистаи эътироф гарданд;

- ба ҳаёти комил ҷалб намудани ҷавононе, ки ҷиҳати ҳамгироӣ бо ҷомеа ба мушкилот рӯ ба рӯ шудаанд, маъюбон, хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ барои кӯдакони ятим, кӯдакони бесаробон, муассисаҳои махсуси таҳсилотӣ барои онҳое, ки дорои қобилияти маҳдуд мебошанд, муассисаҳои махсуси таълимию тарбиявии шакли пӯшида, ҷабрдидагони зӯроварӣ, кӯчбастагон ва муҳоҷирон, шахсоне, ки аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ҷавоб шудаанд, намояндагони халқҳои маҳаллӣ ва камнуфуз, инчунин ҷавонон аз оилаҳое, ки дар вазъи ногувори иҷтимоӣ қарор доранд, бекорон, шахсони бо ВНМО (Вируси норасоии масунияти одам) сироятшуда ва шахсони истеъмолкунандаи маводи сахттаъсир.

12) Чунин системаи самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ба беҳбуди вазъи зиндагии насли ҷавон, афзоиши саҳми онҳо ҷиҳати рақобатпазирии кишвар мусоидат намуда, ҳамзамон оқибати иштибоҳотро, ки маъмулан барои насли ҷавон хос аст, ба қадри имкон қоҳиш медиҳад.

13) Барои татбиқи самтҳои афзалиятноке, ки ҷалби ҷавононро ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва иттилоотонии онҳо дар хусуси имкониятҳои имконпазири рушд дар Тоҷикистон дар бар мегирад, лоиҳаҳои зайл пешбинӣ шудаанд:

- Барномаи "Ҷавонони Тоҷикистон";

- Барномаи давлатии "Тарбияи ватандӯстии ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

14) Мақсадҳои асосии барномаҳо мусоидат дар татбиқи самарабахши сиёсати давлатии ҷавонон оид ба ташаккул ва рушди шароити ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ташкилӣ барои амалӣ намудани имкониятҳои ҷавонон, тарбияи рӯҳию маънавӣ ва ҳуқуқӣ, тарзи ҳаёти солим ва инкишофи ҷисмонӣ иборат мебошад.

5. Тадбирҳо барои татбиқи Стратегия

15) Айни замон таҷрибаи зиёди кор бо ҷавонон ба даст омадааст. Аксари онҳо вазифаҳои алоҳидаро муваффақона анҷом додаанд ё ба гурӯҳҳои алоҳидаи ҷавонон нигаронида шудаанд, аммо дар амалияи умум истифодаи онҳо ҳамчун маҷмӯи чорабиниҳои алоҳида, ки ба ҳам алоқаманд нестанд ва аз ҷониби идораҳои мухталиф татбиқ мегардиданд, сурат мегирифт, ки самарабахшии системавии заруриро таъмин карда натавонист.

Стратегия дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон муносибати лоиҳавиро ба сифати асос баррасӣ карда, онро мутобиқи се афзалиятҳои дар боло зикргардида муайян мекунад.

Стратегия мақсад ва нишондиҳандаҳои асосии ҳар як лоиҳаро муайян менамояд. Мӯҳтавои мушаххаси онҳо аз ҷониби худи ҷавонон ва ташкилотҳое, ки онҳоро намояндагӣ мекунанд, дар ҳудуди ҷумҳурӣ ташкил гардида, амалӣ менамоянд. Ҳамин тавр, ҳар кадом лоиҳа фаъолияти лоиҳавӣ ва инноватсионии ҳамон ташкилот ва иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонон ва ташаббусҳоро муттаҳид месозад, ки метавонад намудҳои беҳтарини татбиқро пешниҳод намояд ва он усули нисбатан самарабахши ноил гардидан ба мақсадро таъмин месозад.

6. Механизми татбиқи Стратегия

16) Барои ноил гардидан ба мақсадҳои Стратегияи мазкур ҷорӣ намудани механизмҳои таъсири мустақим ба ҷавонон талаб карда мешавад, ки самарабахшии баланд ва ба таври фаврӣ идоракунии равандҳои вобаста ба ҷавонон бамиёномадаро таъмин менамояд.

Аз ин рӯ, самтҳои афзалиятноки Стратегияи мазкур лоиҳаҳоеро пешбинӣ менамояд, ки дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ татбиқ карда мешаванд. Дар доираи лоиҳаҳо дар сатҳи ҷумҳуриявӣ чорабиниҳое дастгирӣ меёбанд, ки нисбат ба тамоми ҷавонони кишвар нигаронида шудаанд, аз ҷумла маъракаҳои оммавӣ, барномаҳо, озмунҳо, иқдомҳои ҷавонон мебошанд. Дар доираи лоиҳаҳо дар сатҳи минтақавӣ барои ҳалли вазифаҳое, ки ҳамин Стратегия ва барномаи миёнамӯҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, шароитҳо фароҳам оварда мешаванд.

Барои ҳар як лоиҳа Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мақомоти ваколатдори корҳо бо субъектҳои ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон асосноксозии техникию иқтисодиро таҳия менамояд, ки он мақсадҳои самти афзалиятноки дахлдори Стратегияро дар бар гирифта, ба афзалиятҳои асосии ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, инчунин нишондиҳандаҳои сиёсати давлатии ҷавонон асос ёфтааст. Ба ин кор ташкилотҳои илмӣ ва созмонҳои ҷамъиятии ҷавонон ҷалб карда мешаванд.

Барои ҷалби иҷрокунандагони самти афзалиятнок, қабл аз ҳама аз ҳисоби мақомоти ваколатдори кор бо субъектҳои ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки дар соҳаи ҷавонон фаъолият менамоянд, озмун гузаронида мешавад. Матлаби интихоби озмун лоиҳа ва чорабиниҳое хоҳанд буд, ки ба ҳалли як ё якчанд вазифаҳои муайяннамудаи Стратегия ва самти дахлдори афзалиятнок нигаронида шудаанд.

Иттилоот дар бораи лоиҳаҳое, ки дастгирӣ ёфтаанд, ташкилотҳои ғолиб, натиҷаҳои пешбинишаванда ва мӯҳлатҳои татбиқи онҳо ба маълумоти ҷомеа расонида мешаванд, аз ҷумла дар доираи корҳое, ки шабакаи таъсисшавандаи иттилоотии ҷавонони Тоҷикистон доир менамояд.

Дар сатҳи ҷумҳуриявӣ барои татбиқи самтҳои афзалиятноки Стратегия мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон

масъул мебошад, фаъолиятро дар ҳамкорӣ бо институтҳои ҷомеаи шаҳравандӣ ва илмӣ анҷом медиҳад. Дар сатҳи минтақавӣ воҳидҳои сохтории дахлдори мақоми ваколатдори ҳокимияти давлатӣ оид ба кор бо ҷавонон масъул мебошад.

7. Шароите, ки барои татбиқи Стратегия зарур аст

17) Барои ноил шудан ба мақсадҳо ва ҳалли масъалаҳои муайяннамудаи Стратегия фароҳам овардани шароити ташкилию ҳуқуқӣ ва моддию молиявӣ талаб карда мешавад.

Мутобиқи муқаррароти Стратегияи мазкур бояд ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба такмили механизми ҳамкории мутақобилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар татбиқи самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон нигаронида шудааст, тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд.

18) Барои татбиқи Стратегия бояд нерӯи кадрии сиёсати давлатии ҷавонон ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ташаккул ёбанд, ки инҳоро дар назар дорад:

- муайян намудани стандартҳои давлатии таҳсил вобаста ба номгӯи ихтисосҳое, ки дар системаи мақомот ва ташкилотҳои татбиқкунандаи сиёсати давлатии ҷавонон пешниҳод гардидаанд;

- таҷдиди талаботи тарифию тахассусӣ нисбат ба мутахассисоне, ки дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон фаъолият мекунанд;

- такмили системаи тайёр намудани кадрҳо дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон дар доираи гузаронидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар самти таҳсилот дар заминаи муассисаҳои шабакаи амалкунандаи таълимӣ.

19) Бо мақсади таъмини татбиқи самарабахши тадбирҳои сиёсати давлатии ҷавонон бояд системаи омилҳо ва нишондиҳандаҳои баҳодиҳии натиҷабахши онҳо муқаррар карда шаванд, ки робитаи мутақобилаи тадбирҳои сиёсати давлатии ҷавонон ва дигаргуниҳои ҳаёти ҷавононро инъикос менамоянд. Таҳияи чунин система азнавсозии омори давлатиро дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумла таҳия ва таҷдиди талаботи мавҷуда ва нишондиҳандаҳои иттилоотиро талаб мекунад, ки вазъи ҷавононро дар соҳаҳои асосии ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар тавсиф менамояд.

20) Чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегия аз сарчашмаҳои асосии зайл амалӣ карда мешаванд:

- буҷети ҷумҳуриявӣ;

- буҷети мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

- маблағҳои ғайрибуҷетӣ.

21) Маблағгузории чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегия дар доираи маблағҳое сурат мегиранд, ки барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар буҷети давлатӣ барои солҳои дахлдор пешбинӣ шудаанд.

8. Натиҷаҳои татбиқи Стратегия, мониторинг ва баҳодиҳии самарабахшии он

22) Натиҷаи асосии татбиқи Стратегия бояд аз беҳтар намудани вазъи ҷавонон дар ҷомеа иборат буда, ба афзоиши саҳми насли ҷавон дар рушди кишвар мусоидат намояд.

Ба натиҷаҳои пешбинишаванда беҳтар намудани вазъи ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи саломатӣ ва сифати хизматрасониҳои маърифатӣ, афзоиши даромади насли ҷавон ва даромади аҳолии калонсоли ҷумҳурӣ дар муқоиса бо давраҳои гузашта вобаста мебошад.

23) Натиҷаи саҳми ҷавонон дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар аз инҳо иборатанд:

- зиёд гардидани шумораи ҷавонон, ки соҳиби таҳсилот гардидаанд (на поёнтар аз сатҳи таҳсилоти миёнаи касбӣ);

- кам гардидани теъдоди насли ҷавоне, ки дорои сатҳи ниҳоят ками даромад мебошад, ки аз сатҳи ҳадди ақали рӯзгузаронӣ поёнтар аст;

- паст кардани сатҳи бекорӣ байни ҷавонон;

- паст кардани сатҳи қонуншиканӣ байни ҷавонон;

- баланд бардоштани самаранокии кор, сатҳи соҳибкорӣ, эҷодӣ ва варзишии ҷавонон;

- баланд бардоштани сатҳи худташкилӣ ва худидоракунии ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа;

-афзоиши Шумораи ҷавононе, ки дар интихоботи мақомоти сатҳҳои мухталифи ҳокимият иштирок менамоянд.

24) Дар қатори тадбирҳои аввалиндараҷаи татбиқи Стратегия таҳияи системаи баҳодиҳии самарабахшии сиёсати давлатии ҷавонон ва вазъи ҷавонон дар Тоҷикистон баррасӣ мегардад, ки миқдори омилҳо бо дарназардошти нишондиҳандаҳои ба он дохилгардида ҳангоми ташаккул муайян карда мешавад. Ба сифати омили асосии баҳодиҳии самарбахшии сиёсати давлатии ҷавонон таъсири тадбирҳои андешидашуда ба беҳтар гардидани вазъи ҷавонон дар ҷомеа, афзоиш ва сифати фаъолнокии ҷамъиятӣ ва иҷтимоию иқтисодии ҷавонон ба инобат гирифта мешавад.

Азбаски Стратегия дорои хусусияти маҷмӯӣ мебошад, дар он таҳияи системаи ченакҳо дар назар дошта шудааст, ки имкон медиҳад беҳтар намудани сифати вазият ҷавонон бо нишондиҳандаҳои умумии инкишофи вазъ дар кишвар муқоиса карда шавад.

Манбаи иттилооти ибтидоӣ аз маълумоти мониторинги вазъи ҷавонон дар Тоҷикистон, баҳодиҳии сифати нақш ва мавқеи сиёсати давлатии ҷавонон дар беҳбудии ин вазъ иборат мебошад, ки ба ҳамаи иштирокчиён ва намояндагони суроғавӣ пешниҳод мегардад.

Низоми ташаккулёбандаи андоза ва андозагирандагон имконияти анҷом додани таҳлили фаврии тадбирҳои Стратегия, пешгӯии вазъи ҷавонон ва ошкор намудани вазифаҳои мубрами Стратегияи давлатии ҷавононро барои дурнамои кӯтоҳмӯҳлат ва миёнамӯҳлат таъмин менамояд.

Ба ғайр аз ин ба системаи ҷамъоварии маълумоти назорати давлатии оморӣ дар қисми инъикоскунандаи вазифаҳои мубрам ва афзалиятҳои сиёсати давлатии ҷавонон, ки бо ҳамин Стратегия асоснок шудааст, тағйирот ворид карда мешавад.

9. Муқаррароти хотимавӣ

25) Дар шароити муосири ҷомеа ва талаботи афзуншаванда нисбат ба сармояи инсони сиёсати давлатии ҷавонон бояд василаи рушд ва дигаргунсозиҳо дар кишвар гардад. Ин аз ҳамаи иштирокчиёни раванди истиқрори иҷтимоии ҷавонон таҳия ва муттасил татбиқ намудани муносибатҳоро талаб менамояд, ки ба ҷалби мустақими насли ҷавон ба ҳалли проблемаи худӣ ва вазифаҳои умумимиллӣ нигаронида шудааст.

Доираи васеи вазифаҳои сиёсати давлатии ҷавонон метавонад танҳо тавассути истифодаи муносибатҳои лоиҳавӣ, ташаккули системаҳои лоиҳаҳои ҷавонон, ки ба самтҳои афзалиятноки Стратегия асос ёфта, аз ҷониби ҷавонон ва ҷомеа дарк ва талаб мегарданд, ҳал карда шавад.

Он дар ниҳояти кор барои худташкилии ҷавонон ва тамоми аҳолӣ, инкишофи ташаббуси ҷавобгӯи миқёси вазифаҳое, ки дар назди Тоҷикистон истодаанд, рушди некӯаҳволии шаҳрвандон ва такмили муносибатҳои ҷамъиятӣ шароити устуворро фароҳам меорад.