Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 1998, № 518 "Дар бораи тасдиқи Шартномаи намунавӣ ва Низомнома оид ба истеҳсоли муштараки пахта ва фурӯши маҳсулоти пахта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 15.05.2003с. № 223 беэътибор дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Шартномаи намунавӣ ва Низомнома оид ба истеҳсоли муштараки пахта ва фурӯши маҳсулоти пахта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади таъмиқи ислоҳоти иқтисодӣ дар соҳаи пахтакорӣ ва муҳайё намудани шароит барои ҷалби сармоягузорӣ дар ин соҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Шартномаи намунавӣ ва Низомномаи замимагардида оид ба истеҳсоли муштараки пахта ва фурӯши маҳсулоти пахта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд.

2. Муқаррар карда шавад, ки:

шартномаҳо байни истеҳсолкунандагони пахта ва сармоягузорон оид ба истеҳсоли муштараки пахта ва фурӯши маҳсулоти пахта барои соли кишоварзӣ баста мешаванд ва онҳо ба шарте ҳақиқи дониста мешаванд, ки дар Биржаи ҷумҳуриявии пахтаи Тоҷикистон бо тартиби муқарраркардаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 сентябри соли 1998 № 369 "Дар бораи такмили баҳисобгирӣ, муайян кардани ҳаҷмҳои истеҳсоли пахта, нахи пахта, дигар маҳсулоти пахта ва тартиби фурӯши онҳо" ба қайд гирифта шуда бошанд;

ба нахи пахта нархҳо аз рӯи нархгузории Биржаи ҷумҳуриявии пахтаи Тоҷикистон дар санаи ҳамлу нақл (фурӯхтан) ва бо дарназардошти нархҳои ҷаҳонӣ муайян гардидааст муқаррар карда мешаванд.

3. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо бонкҳои хизматрасон назорати дахлдорро ба истифодаи мақсадноки маблағҳои павпардохташуда амалӣ намуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ҷараёни иҷрои шартномаҳо дар бораи истеҳсоли муштараки пахта ва фурӯши маҳсулоти пахта мунтазам маълумот пешниҳод кунад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Э. Раҳмонов

аз 30 декабри соли 1998 № 518

ш. Душанбе

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 15.05.2003г.№223

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Типового договора и Положения о совместном производстве хлопка-сырца и реализации хлопковой продукции в Республике Таджикистан

В целях углубления экономической реформы в хлопководстве и создания условий для привлечения инвестиций в эту отрасль Правительство Республики Таджикистан постановляет:

I. Утвердить прилагаемые Типовой договор и Положение о совместном производстве хлопка-сырца и реализации хлопковой продукции в Республике Таджикистан.

2. Установить, что :

договора о совместном производстве хлопка-сырца и реализации хлопковой продукции между производителями и инвесторами заключаются на сельскохозяйственный год и считаются они действительными при условии регистрации (фиксации) их на Таджикской республиканской хлопковой бирже, в порядке определенном постановлением Правительства Республики Таджикистан от 12 сентября 1998 года № 369 "О совершенствовании учета, определения объемов производства хлопка-сырца, хлопкового волокна и другой хлопковой продукции";

цены на хлопковое волокно устанавливаются по котированным ценам Таджикской республиканской хлопковой биржи на дату отгрузки (реализации, продажи), ориентированные на мировые.

3. Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан совместно с обслуживающими банками осуществлять соответствующий контроль за целевым использованием авансированных средств и периодически представлять Правительству Республики Таджикистан информацию о ходе исполнения договоров о совместном производстве хлопка-сырца и реализации хлопковой продукции.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                Э. Рахмонов

от 30 декабря 1998 года, №518

г. Душанбе