ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи истифодаи мақсадноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ
Мутобиқи моддаи 13 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 2 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таъмини истифодаи мақсадноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, фармон медиҳам:
1) Қитъаҳои замине, ки ба шаҳрвандони эҳтиёҷманд ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шудаанд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон истифода карда шаванд.
2) Бастани аҳдҳо оид ба хариду фурӯш, тӯҳфа ва дигар аҳдҳои гражданӣ марбут ба ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замини ба эҳтиёҷмандони пешбининамудаи банди якуми ҳамин Фармон додашуда бе бунёди хонаҳои истиқоматӣ ё хонаҳои истиқоматии нотамом ва ба қайди давлатӣ гирифтани аҳдҳои зикргардида манъ карда шавад.
3) Муқаррар карда шавад, ки дар ҳолати ошкор карда шудани ҳолатҳои бастани ҳама гуна аҳдҳои ғайриқонунӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигии ба шаҳрванд ҷудошуда, ҳуқуқи шаҳрванд оид ба истифодаи қитъаи замини мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда мешавад.
4) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати се моҳ Қоидаҳои муайян намудани объектҳои сохтмонашон нотамомро (хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасон), ки метавонанд ба муомилоти гражданӣ бароварда шаванд, таҳия ва тасдиқ намуда, якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ татбиқи Фармони мазкурро таъмин намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
3 октябри соли 2011 № 1147
УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О целевом использовании приусадебных земельных участков
В соответствии со статьей 13 Конституции Республики Таджикистан, статьёй 2 Земельного кодекса Республики Таджикистан и в целях обеспечения целевого использования приусадебных земельных участков, постановляю:
1) Использовать земельные участки, выделенные нуждающимся гражданам под приусадебные земельные участки на основании постановлений Правительства Республики Таджикистан, в установленном законодательством Республики Таджикистан порядке, только для строительства жилых домов и вспомогательных строений.
2) Запретить сделки по купле-продаже, дарению и другие гражданские сделки, связанные с правом использования земельных участков, предоставленных нуждающимся, предусмотренным в первом пункте настоящего Указа, без строительства жилых домов или незавершенных жилых домов и государственную регистрацию указанных сделок.
3) Установить, что, в случае выявления любых незаконных сделок с выделенным гражданину приусадебным земельным участком, права гражданина по использованию данного земельного участка в соответствии с законодательством Республики Таджикистан прекращаются.
4) Правительству Республики Таджикистан в трёхмесячный срок разработать и утвердить Правила определения объектов незавершенного строительства (жилых домов и вспомогательных строений), которые могут быть вовлечены в гражданский оборот и обеспечить реализацию настоящего Указа совместно с местными исполнительными органами государственной власти.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе
3 октября 2011 года № 1147