Тартиби маблағгузории фаъолияти бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ аз 4 октябри соли 2011 № 484

Санаи амалкуни: 27.02.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 октябри соли 2011, № 484

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 октябри соли 2011, № 484

тасдиқ шудааст

Тартиби маблағгузории фаъолияти бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2020 № 127)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2020 № 127)

1) Тартиби маблағгузории фаъолияти бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ (минбаъд-Тартиб) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ" таҳия шуда, сарчашма ва шаклҳои маблағгузории фаъолияти Маркази бақайдгирии давлатии дактилоскопии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (минбаъд - Марказ) муайян менамояд.

2) Маблағгузории фаъолияти бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ дар доираи маблағҳое, ки ҳамасола барои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ мешаванд, инчунин аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи Тартиби мазкур амалӣ карда мешавад.

3) Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ аз ҷониби Марказ, раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, минтақа ва ноҳияи Рашт, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо гузаронида мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2020 № 127).

4) Гузаронидани бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ пас аз пардохти маблағи муқарраргардида аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад.

5) Тартиби пардохти маблағ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ барои гузаронидани дактилоскопӣ ба таври шартномавӣ бо Марказ мувофиқи Номгӯи хизматрасониҳои пулакии Марказ муайян карда мешавад.

6) Пардохти маблағ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба суратҳисоби махсус, ки дар Саридораи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода мешавад, амалӣ карда мешавад.

7) Марказ метавонад бо шахсони ҳуқуқии дохилию хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати муҷаҳҳаз гардонидани Марказ бо таҷҳизоти зарурӣ ва ҷалб намудани грантҳо ҳамкорӣ намояд.

...

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 4 октября 2011 года,

№484

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 4 октября 2011 года,

№484

Порядок финансирования деятельности государственной дактилоскопической регистрации

(в редакции постановления Правительства РТ от 27.02.2020г.№127)

(в редакции постановления Правительства РТ от 27.02.2020г.№127)

1) Порядок финансирования деятельности государственной дактилоскопической регистрации (далее - Порядок) разработан в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О государственной дактилоскопической регистрации", определяет источники и формы финансирования деятельности Центра государственной дактилоскопической регистрации Министерства внутренних дел Республики Таджикистан (далее - Центр).

2) Финансирование деятельности государственной дактилоскопической регистрации осуществляется за счет средств, предусмотренных ежегодно в республиканском бюджете для Министерства внутренних дел Республики Таджикистан, а также из средств физических и юридических лиц в соответствии с настоящим Порядком.

3) Проведение государственной дактилоскопической регистрации осуществляется Центром, управлениями Министерства внутренних дел по Горно-Бадахшанской автономной области, областям, городу Душанбе, по Раштской группе районов, отделами Министерства внутренних дел в городах и районах (в редакции постановления Правительства РТ от 27.02.2020г.№127).

4) Проведение государственной дактилоскопической регистрации осуществляется после оплаты физическими и юридическими лицами установленных средств.

5) Порядок оплаты средств юридическими лицами определяется по договору с Центром на основании Перечня платных услуг Центра.

6) Оплата средств физическими и юридическими лицами производится на специальный счет, открытый в Главном управлении казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан.

...