Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "4" октябри соли 2011, № 480
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "4" октябри соли 2011, № 480
тасдиқ шудааст
Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020
1. Муқаррароти умумӣ
Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 (минбаъд Стратегия) ҳуҷҷати муайянкунандаи сиёсат буда, фаъолиятеро инъикос менамояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамӯҳлат анҷом медиҳад ва ҷавобгӯи афзалиятҳои асосии Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 мебошад.
Стратегия барои муайян намудани мақсад, афзалият ва тадбирҳое нигаронида шудааст, ки татбиқи онҳо ба ҳалли вазифаҳои мубрами рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд. Стратегия барои даҳ сол пешбинӣ шуда, то соли 2020 тахмин менамояд ба мақсадҳои худ ноил гардад. Интихоби самтҳои стратегии сиёсати давлатии ҷавонон метавонад танҳо ба натиҷаҳои таҳлил ва дурнамои равандҳои миёнамӯхдат ва дарозмӯҳлати рушди ҳаёти иҷтимоию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси таҳлили ҳисобот ва ҳуҷҷатҳои расмӣ ошкор гардидаанд, асос ёбад. Ғайр аз ин, Стратегия бояд дигаргуниҳоеро, ки дар соҳаи фаъолияти ҳаётан муҳими ҷамъият ва давлат рӯй медиҳад, ба инобат гирад ва пешбинӣ намояд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст: "Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад.".
Тавре маълум аст, яке аз омилҳои асосии рушди ҳар кишварро дар қатори дигар арзишҳо захираҳои инсонӣ, аз ҷумла ҷавонон ташкил медиҳад. Ин имкон медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Дар кишваре, ки вазъи демографӣ мунтазам афзоиш меёбад ва беш аз 35 фоизи аҳолиро насли ҷавон ташкил медиҳад, муайян намудани сиёсати давлатии ҷавонон аз нуқтаи назари сиёсӣ ва иҷтимоӣ аҳамияти калон дорад.
Ба сиёсати ҷавонон, ҳамчун бахши стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар ҳамаи марҳилаҳои рушди ҷомеа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад.
Стратегияи мазкур ба шаҳрвандони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз синни 14 то 30 сола, аз ҷумла ҷавононе, ки дар вазъи душвори зиндагӣ қарор доранд ва ба оилаҳои ҷавон нигаронида шудааст.
Бинобар он ки қисми асосии аҳолии Тоҷикистонро шаҳрвандони то 30 сола ташкил медиҳанд ва синни миёнаи аҳолӣ ба 24,7 сол баробар аст, шаҳрвандони ҷавони мамлакат минбаъд захираи асосии меҳнатии Тоҷикистонро ташкил хоҳанд дод ва фаъолияти меҳнатии онҳо барои таъминоти иҷтимоии кӯдакон, маъюбон ва калонсолон манбаи асосии маблағ маҳсуб меёбад.
Стратегияи сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Стратегия) то соли 2020 таҳия гардида, маҷмӯи самтҳои афзалиятнокро муайян менамояд, ки ба ҷавонон нигаронида шудааст ва вазифаҳоеро фаро мегирад, ки ба иштироки ҷавонон дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ алоқаманд мебошанд.
...