Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011 № 428 "Дар бораи тасдиқи Тартиби ба фурӯш баровардани амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Тартиби ба фурӯш баровардани амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад.

1) Тартиби замимашудаи ба фурӯш баровардани амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа тасдиқ карда шавад.

2) Тартиби мазкур ба мақомоти вазорату идораҳо, намояндагиҳо, корхонаю ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷи мамлакат қарор доранд, расонида шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 августи соли 2011 № 428

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 августи соли 2011 № 428

тасдиқ шудааст

Тартиби ба фурӯш баровардани амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа

1) Тартиби ба фурӯш баровардани амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа (минбаъд-тартиб) мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ" таҳия гардидааст.

2) Тартиб қоидаҳои ба фурӯш баровардани амволи давлатиро, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, муайян мекунад.

3) Меъёрҳои Тартиб нисбати воситаҳои нақлиёт ва амволи дигари манқули вазорату идораҳо, намояндагиҳо, корхонаю ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷа қарор доранд, инчунин амволи давлатие, ки хусусигардонии онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ мебошад (минбаъд-амволи давлатӣ), татбиқ мегарданд.

4) Фурӯши амволи Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин Тартиб дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, маблағи аз ин ҳисоб бадастомада дар ихтиёри Бонки миллии Тоҷикистон монда мешавад.

5) Қарор дар бораи ба фурӯш баровардани амволи давлатӣ ҳамчун объекти мустақили хусусигардонӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-мақомоти ваколатдор) дар асоси пешниҳоди дорандаи баланси амволи давлатӣ қабул карда мешавад.

6) Барои қабули қарор дар бораи ба фурӯш баровардани амволи давлатӣ аз тарафи дорандаи баланс ба Мақомоти ваколатдор ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

а) фармоиши дорандаи баланс бо имзои роҳбари аввал;

б) маълумотнома дар бораи арзиши балансии амволи ба фурӯш пешниҳодшаванда (мутобиқи замима);

в) нусхаи шиносномаи техникӣ барои воситаҳои нақлиёт;

г) маълумотнома дар бораи сарфи маблағҳои дорандаи баланс дар панҷ соли охир, ки барои таъмир ва барқароркунии амволи давлатӣ равона гардидаанд;

д) аксҳои (суратҳои) амволи давлатӣ, ки ҳолати онҳоро пурра нишон медиҳанд.

7) Нархи ибтидоии амволи давлатӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи дорандаи баланс аз тарафи Мақомоти ваколатдор тибқи тартиби муқарраргардида бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва тасдиқ карда шуда, ба дорандаи баланс пешкаш карда мешавад.

8) Дорандаи баланси амволи давлатӣ дар асоси қарори мақомоти ваколатдор ҳуҷҷатҳои амволи давлатиро барои ташкили савдо тариқи озмун ба Намояндагии худ дар давлатӣ хориҷа (минбаъд-ташкилотчӣ) мерасонад.

9) Фурӯши амволи давлатӣ дар шакли озмуни пӯшида гузаронида мешавад.

10) Ташкилотчӣ барои ташкили озмун иҷрои корҳои зеринро таъмин менамояд:

а) комиссияи озмуниро таъсис медиҳад;

б) хабари иттилоотиро оид ба гузаронидани озмун дар сомонаи расмии намояндагӣ ҷойгир ё дар яке аз рӯзномаҳои давлатӣ хориҷа на дертар аз 10 рӯзи бонкӣ то санаи гузаронидани озмун бо забони расмии давлатӣ хориҷа нашр менамояд.

11) Хабари иттилоотӣ бояд маълумоти зайлро дар бар гирад:

а) ном, суроға ва телефони ташкилотчӣ;

б) сана, ҷой ва вақти гузаронидани озмун;

в) мӯҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун;

г) номгӯи пурра ва суроғаи ҷойгиршавии амволи давлатӣ;

д) шартҳои гузаронидани озмун;

е) нархи ибтидоии амволе, ки ба фурӯш гузошта мешавад;

ё) пардохтҳои ҳатмии дар давлатӣ хориҷа муқарраргардида;

ж) номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки барои иштирок дар озмун зарур мебошанд;

з) маълумоти дигар мувофиқи салоҳдиди ташкилотчӣ.

12) Дар санаи нашри хабари иттилоотӣ нархи ибтидоии амволи давлатӣ, ки аз тарафи мақомоти ваколатдор муайян гардидааст, дар асоси қурби пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ба асъори миллии давлатӣ хориҷа мубодила карда мешавад.

13) Барои иштирок дар озмун аз тарафи иштироккунанда ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

а) нусхаи шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият, барои шахсони ҳуқуқӣ оинномаи шахси ҳуқуқӣ бо тасдиқи нотариалӣ;

б) лифофаи сарбаста, ки дар он номи пурраи амволи давлатӣ ва пешниҳоди иштирокунандаи озмун дар бораи нархи харид нишон дода шудаанд.

14) Пешниҳоди иштироккунандаи озмун дар бораи нархи хариди амволи давлатӣ бояд аз нархи ибтидоии он, ки дар хабари иттилоотӣ нашр гардидааст, кам набошад.

15) Шахсони зерин иштирокчиёни озмун шуда наметавонанд:

а) шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат аз 25 фоиз зиёд аст;

б) аъзои Комиссияи озмунӣ.

16) Бақайдгирии иштироккунандагони озмун аз тарафи ташкилотчӣ аз рӯзи нашри хабари иттилоотӣ оғоз гардида, як соат пеш аз доир гардидани озмун ба анҷом мерасад.

17) Ташкилотчӣ ному насаби иштироккунандагони озмунро дар китоби махсус ба қайд мегирад ва бо рақами муайян сабт намуда, ин рақамро ба лифофаи пешниҳоднамудаи иштироккунанда мегузорад.

18) Ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳо ташкилотчӣ ҳуқуқ надорад:

а) аз иштирокчӣ маълумотро оид ба нияти харидани ин ё он амволи давлатии ба фурӯш баровардашуда талаб намоянд;

б) талаб намудани пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои аз қайд гузаштан ба сифати иштирокчӣ, ба ғайр аз ҳуҷҷатҳое, ки дар ин Тартиб номбар карда шудаанд;

в) иттилоотеро, ки ба иштироккунандагони озмун иртибот дорад ё ба рафти озмун ҳангоми гузаронидани он таъсир мерасонад, ошкор намояд.

19) Маҷлиси Комиссияи озмунӣ дар ҳолати ворид шудани як ё якчанд пешниҳод гузаронида мешавад.

20) Лифофаҳо аз ҷониби Комиссияи озмунӣ дар вақти доир намудани озмун кушода мешаванд.

21) Ғолиби озмун иштироккунандае дониста мешавад, ки нархи пешниҳоднамудаи ӯ нисбати иштироккунандагони дигар зиёд бошад.

22) Агар ба озмун танҳо як иштироккунанда ҳуҷҷат пешниҳод намуда бошад ва агар пешниҳоди ӯ аз нархи ибтидоии дар хабари иттилоотӣ нашргардида кам набошад, иштироккунандаи мазкур ғолиби озмун дониста мешавад.

23) Комиссияи озмунӣ аз рӯи ҳар як номгӯи амволи давлатӣ, ки дар хабари иттилоотӣ нашр гардидааст, дар алоҳидагӣ Протоколи натиҷаи озмун тартиб медиҳад, ки дар он маълумоти зерин дарҷ карда мешаванд:

а) ҳайати Комиссияи озмунӣ;

б) шумораи иштироккунандагоне, ки барои иштирок дар озмун ҳуҷҷат пешниҳод намудаанд;

в) рақами ғолиби озмун, ки дар рӯи лифофа сабт шудааст;

г) нархи фурӯши амволи давлатӣ.

24) Протоколи натиҷаи озмун аз тарафи аъзои комиссия имзо карда мешавад. Нусхаи Протоколи натиҷаи озмун дар муддати на дертар аз 3 рӯзи бонкӣ ба харидор супорида шуда, асос барои пардохти нархи фурӯши амволи давлатӣ мебошад.

25) Дар сурати аз тарафи ду ё якчанд иштироккунанда пешниҳод гардидани нархи якхела амволи давлатӣ аз нав ба озмун гузошта мешавад.

26) Дар сурати ғолиб омадан, харидор дар муддати 5 рӯзи бонкӣ баъд аз гузаронидани озмун ба суратҳисоби ташкилотчӣ нархи фурӯши амволи давлатӣ ва пардохтҳои ҳатмии давлатӣ хориҷаро, ки ба нархи фурӯши амволи давлатӣ дохил намешаванд, мепардозад.

27) Ташкилотчӣ ҳуқуқ надорад, ки аз харидор пардохтҳои иловагиро, ба ғайр аз нархи фурӯши амволи давлатӣ ва пардохтҳои ҳатмии давлатӣ хориҷа, талаб намояд.

28) Шартномаи хариду фурӯши амволи давлатӣ байни ташкилотчӣ ва харидор баъди иҷрои шартҳои дар банди 26 Тартиб дарҷгардида, бо риояи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории давлатӣ хориҷа ба имзо расонида мешавад.

29) Ташкилотчӣ маблағи аз ҳисоби фурӯши амволи давлатӣ бадастомадаро барои интиқол додан ба буҷети ҷумҳуриявӣ ба суратҳисоби махсуси Мақомоти ваколатдор дар давоми 10 рӯзи бонкӣ пардохт намуда, нусхаи ҳуҷҷатҳои натиҷаи озмунро ба мақомоти ваколатдор пешниҳод менамояд.

30) Дар ҳолатҳое, ки қонунгузории давлати хориҷа талаботи иловагиро нисбати фурӯши амвол муқаррар намудааст, ташкилотчӣ ин талаботро дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор амалӣ менамояд.

Ниг.ба замима