Қоидаҳои муайян намудани меъёрҳои бонуси обунавӣ, меъёрҳои бонуси кашфи тиҷоратӣ, бастани қарордодҳои истифодаи қаъри замин
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2015 № 823)
1. Муқаррароти умумӣ
1) Қоидаҳои мазкур тибқи моддаҳои 274, 279(2) ва 279(4) Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст ва тартиби бастани қарордодҳо барои истифодаи қаъри замин, муқаррар намудани ҳаҷми ҳадди ақали бонуси обунавӣ ва бонуси кашфи тиҷоратиро муайян менамояд.
2) Қарордод барои истифодаи қаъри замин байни истифодабарандаи қаъри замин ва мақомоти ваколатдор оид ба бастани қарордодҳо барои истифодаи қаъри замин баста мешавад. Қарордод дар давоми на дертар аз 3 моҳи тақвимӣ баъди гирифтани иҷозатнома баста мешавад. Истифодаи қаъри замин бе бастани қарордод роҳ дода намешавад.
3) Ҳаҷми ҳадди ақали бонуси обунавӣ аз тарафи мақомоти ваколатдор оид ба бастани қарордод барои истифодаи қаъри замин дар асоси Қоидаҳои мазкур муайян карда мешавад.
4) Ҳаҷми бонуси обунавӣ вазифаи яке аз нишондиҳандаҳоро барои муайян намудани ғолиби озмун барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин иҷро менамояд.
Дар эълон оид ба гузаронидани озмун барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин бояд дар бораи ҳаҷми ҳадди ақали бонуси обунавӣ маълумот дарҷ карда шавад. Ҳангоми аз тарафи иштирокчиёни озмун пешниҳод гардидани барномаҳои баробарарзиш оид ба истифодаи қаъри замин иштирокчие, ки ҳаҷми бештари бонуси обунавиро пешниҳод намудааст, ғолиб дониста мешавад.
Дар ҳолати ҳуқуқ додан барои истифодабарии қаъри замин бо роҳи гуфтушуниди мустақим ҳаҷми бонуси обунавие, ки набояд аз ҳадди ақали бонуси обунавӣ кам бошад, бо мувофиқаи тарафайн муайян карда мешавад.
5) Ҳаҷми бонуси обунавие, ки мутобиқи банди 4 Қоидаҳои мазкур дар асоси гуфтушунидҳои мустақим ё гузаронидани озмун барои истифодаи қаъри замин муайян карда мешавад, дар қарордод барои истифодаи қаъри замин инъикос мегардад.
6) Арзиши захираҳои канданиҳои фоиданок аз рӯи нархҳои ҳамин канданиҳои фоиданок дар ҳолати нашр кардани шартҳои озмун ё имзои протоколи гуфтушунидҳои мустақим дар биржаи металлҳои Лондон, биржаи метталҳои қимматбаҳои Лондон ё дигар биржаи байналмилалӣ (минтақавӣ), ки мақомоти ваколатдор оид ба бастани қарордод барои истифодаи қаъри замин дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, ҳисоб карда мешавад.
Дар ҳолати як рӯз қабл аз рӯзи интишори шартҳои озмун ё имзои протоколи гуфтушунидҳои мустақим оид ба истифодаи қаъри замин нашр нагардидани котировкаи расмиии нархи намудҳои дахлдори канданиҳои фоиданок, котировкаҳои расмии нархи рӯзи охирон, ки аз ин пеш чунин котировкаи нарх нашр шуда буд, истифода бурда мешавад.
Дар ҳолате, ки нархи биржавии канданиҳои фоиданок муқаррар нашудааст, арзиши захираҳои канданиҳои фоиданоки дар сохтмон истифодашаванда, бо дарназардошти нархҳои миёнаи сметавии масолеҳи сохтмонии аз ҷониби Комиссияи байниидоравии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда қабул карда мешавад. Дар ҳолатҳои дигар арзиши захираҳои канданиҳои фоиданок аз рӯйи нархҳои таҳвили на кам аз ду субъекти соҳибкорӣ дар шаҳр, ноҳия ё минтақаи дахлдор аз ҷониби мақомоти ваколатдор оид ба бастани қарордод барои истифодаи қаъри замин дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурин Тоҷикистон муайян карда мешавад .
7) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад бонуси обунавӣ ва (ё) бонуси кашфи тиҷоратиро дар конҳои алоҳидаи канданиҳои фоиданок дар ҳаҷми дигар муқаррар намояд.
2. Тартиби муқаррар намудани бонуси обунавӣ
8) Ҳаҷми ҳадди ақали бонуси обунавӣ барои ҳар як намуди фаъолият оид ба истифодаи қаъри замин алоҳида муқаррар карда мешавад.
9) Фаъолият оид ба истифодаи қаъри замин иборат аст аз:
а) омӯзиши геологӣ, аз ҷумла чустуҷӯ, баҳодиҳӣ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок ва дигар тадқиқотҳои геологӣ;
б) истихроҷи канданиҳои фоиданок;
в) истифодабарии партовҳои истеҳсолии канданиҳои фоиданок ва маҳсулоти коркарди онҳо;
г) истифода бурдани канданиҳои фоиданоки маъмул;
д) ҷамъоварӣ намудани ҷинсҳои минералогӣ, палеонтологӣ ва кӯҳӣ.
10) Ҳадди ақали бонуси обунавӣ барои омӯзиши геологи алоҳида барои ҳар як қарордоди басташуда барои истифодаи қаъри замин дар ҳаҷми зерин муқаррар карда мешавад:
+------------------------------------------------+-------------------ҷ
|Намудҳои омӯзиши геологӣ |Ҳаҷми ҳадди ақали |
| |бонуси обунавӣ (дар|
| |бо карат ба |
| |нишондиҳандаҳо |
| |барои ҳисобҳо) |
+------------------------------------------------+-------------------+
|а) иктишофи геологӣ дар майдонҳои нафту газ |5000 |

|б) иктишофи геологии канданиҳои фоиданоки | |
| маъданӣ |3000 |

|в) иктишофи геологии канданиҳои фоиданоки | |
| ғайримаъданӣ, ба ғайр аз корҳо барои | |
| канданиҳои фоиданоки маъмул, корҳои | |
| ҷустуҷӯӣ ва ҷустуҷӯию арзёбӣ |1000 |

|г) иктишофи геологӣ дар объектҳои партовҳои | |
| истеҳсолоти канданиҳои маъданҳои фоиданок | |
| ва маҳсулоти коркарди онҳо |100 |

|д) ҷамъоварии ҷинсҳои минералогӣ, палеонтологӣ | |
| ва кӯҳӣ |50 |

11) Ҳаҷми ҳадди ақали бонуси обунавӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданок алоҳида барои ҳар як қарордоди басташаванда оид ба истифодаи қаъри замин дар ҳаҷми зерин муайян карда мешавад:
а) барои истихроҷи нафти хом, конденсати газ ва гази табиӣ аз рӯи формулаи (С х 0,04) + (Сп х 0,01), вале на камтар аз андозаи 20000-каратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои конҳои калон, 10000-каратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои конҳои миёна ва 5000-каратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои конҳои хурд;
б) барои истихроҷи канданиҳои фоиданок, ба истиснои канданиҳои фоиданоке, ки дар зербанҳои а) в) ва г) банди мазкур муайян шудаанд, аз рӯи формулаи (С х 0,01) + (Си х 0,005), вале на камтар аз андозаи 10000каратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои конҳои калон, 5000-каратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои конҳои миёна ва 2500-каратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои конҳои хурд;
в) барои истихроҷи канданиҳои фоиданок маъмул аз рӯи формулаи (С х 0,01), вале на камтар аз андозаи 1000-каратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
г) барои истихроҷи партовҳои истеҳсолии канданиҳои фоиданок ва маҳсулоти коркарди онҳо аз рӯи формулаи (С х 0,01), вале на камтар аз андозаи 500-каратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки С - арзиши захираҳои маҷмӯии канданиҳои фоиданоки тасдиқнамудаи Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок аз рӯи категорияҳои саноатии А, В, C;
Сп - арзиши маҷмӯии захираҳои канданиҳои фоиданоки пешакӣ баҳододашудаи категорияи Сг, ки комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок тасдиқ намудааст ва (ё) дар хулосаи комиссияи мазкур ба маълумот гирифта шудаанд;
конҳои калон, миёна ва хурд тибқи Таснифи захираҳои конҳо ва манбаъҳои пешбинигардидаи канданиҳои фоиданок, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2009, №429 тасдиқ шудааст, муайян карда мешаванд.
3. Тартиби муқаррар намудани бонуси кашфи тиҷоратӣ
12) Бонуси кашфи тиҷоратӣ барои ҳар як кашфи нави тиҷоратии канданиҳои фоиданок дар ҳудуди ҷудонамуда муқаррар карда мешавад.
13) Бонуси кашфи тиҷоратӣ аз истифодабарандаи қаъри замин барои ҳар як кашфи канданиҳои фоиданок бо меъёри 0,01 % аз нархи захираҳои табиии кашфшуда, ки онҳоро Комиссияи давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, ситонида мешавад.
4. Тартиби бастани қарордодҳо
14) Барои бастани қарордод истифобарандаи қаъри замин ба мақомоти ваколатдор оид ба бастани қарордод барои истифодаи қаъри замин аризаро барои бастани қарордод, нусхаи иҷозатнома ва рақами мушаххаси андозсупорандаро пешниҳод менамояд.
15) Мақомоти ваколатдор оид ба бастани қарордод барои истифодаи қаъри замин дар мӯҳлати як моҳ аризаро барои истифодаи қаъри замин баррасӣ менамояд, лоиҳаи қарордоди истифодаи қаъри заминро ба расмиият медарорад, пешниҳодҳоро оид ба мӯҳлати пардохти бонуси обунавӣ таҳия менамояд ва лоиҳаи қарордодро барои баррасӣ ба Комиссия оид ба гузаронидани экспертизаи ҳатмии андоз ирсол менамояд.
16) Мақомоти ваколатдор оид ба бастани қарордод барои истифодаи қаъри замин дар мӯҳлати 15 рӯз пас аз гирифтани хулосаи экспертизаи андоз бо истифодабарандаи қаъри замин қарордод ба имзо мерасонад. Нусхаи аслии қарордод ба истифодабарандаи қаъри замин ва нусхаҳои қарордод ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
17) Мӯҳлати қарордод мутобиқи мӯҳлати амали иҷозатнома муқаррар карда мешавад.
18) Шакли қарордодро мақомоти ваколатдор оид ба бастани қарордод барои истифодаи қаъри замин дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ менамояд.
19) Қарордод барои истифодаи қаъри замин дар давоми мӯҳлати амали иҷозатнома ва боз дар давоми се сол пас аз ба анҷом расидани мӯҳлати амали иҷозатнома дар дасти истифодабарандаи қаъри замин,
дар мақомоти ваколатдор, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андоз нигоҳ дошта мешавад.
20) Дар ҳолати тағйир ёфтани қонунгузорӣ дар соҳаи истифодаи қаъри замин, ки ба тартиби бастани қарордод барои истифодаи қаъри замин метавонад таъсир расонад, қарордодҳои барои истифодаи қаъри замин бо дарназардошти тартиби тағйирдодашуда баста мешаванд. Дар ин ҳолат қарордодҳои пештар баимзорасида аз нав ба расмият дароварда мешаванд.
Қоидаҳои муайян намудани меъёрҳои бонуси обунавӣ, меъёрҳои бонуси кашфи тиҷоратӣ, бастани қарордодҳои истифодаи қаъри замин
1. Муқаррароти умумӣ
1) Қоидаҳои мазкур тибқи моддаҳои 274, 279(2) ва 279(4) Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст ва тартиби бастани қарордодҳо барои истифодаи қаъри замин, муқаррар намудани ҳаҷми ҳадди ақали бонуси обунавӣ ва бонуси кашфи тиҷоратиро муайян менамояд.
2) Қарордод барои истифодаи қаъри замин байни истифодабарандаи қаъри замин ва мақомоти ваколатдор оид ба бастани қарордодҳо барои истифодаи қаъри замин баста мешавад. Қарордод дар давоми на дертар аз 3 моҳи тақвимӣ баъди гирифтани иҷозатнома баста мешавад. Истифодаи қаъри замин бе бастани қарордод роҳ дода намешавад.
3) Ҳаҷми ҳадди ақали бонуси обунавӣ аз тарафи мақомоти ваколатдор оид ба бастани қарордод барои истифодаи қаъри замин дар асоси Қоидаҳои мазкур муайян карда мешавад.
4) Ҳаҷми бонуси обунавӣ вазифаи яке аз нишондиҳандаҳоро барои муайян намудани ғолиби озмун барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин иҷро менамояд.
Дар эълон оид ба гузаронидани озмун барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин бояд дар бораи ҳаҷми ҳадди ақали бонуси обунавӣ маълумот дарҷ карда шавад. Ҳангоми аз тарафи иштирокчиёни озмун пешниҳод гардидани барномаҳои баробарарзиш оид ба истифодаи қаъри замин иштирокчие, ки ҳаҷми бештари бонуси обунавиро пешниҳод намудааст, ғолиб дониста мешавад.
Дар ҳолати ҳуқуқ додан барои истифодабарии қаъри замин бо роҳи гуфтушуниди мустақим ҳаҷми бонуси обунавие, ки набояд аз ҳадди ақали бонуси обунавӣ кам бошад, бо мувофиқаи тарафайн муайян карда мешавад.
5) Ҳаҷми бонуси обунавие, ки мутобиқи банди 4 Қоидаҳои мазкур дар асоси гуфтушунидҳои мустақим ё гузаронидани озмун барои истифодаи қаъри замин муайян карда мешавад, дар қарордод барои истифодаи қаъри замин инъикос мегардад.
6) Арзиши захираҳои канданиҳои фоиданок аз рӯи нархҳои ҳамин канданиҳои фоиданок дар ҳолати нашр кардани шартҳои озмун ё имзои протоколи гуфтушунидҳои мустақим дар биржаи металлҳои Лондон, биржаи метталҳои қимматбаҳои Лондон ё дигар биржаи байналмилалӣ (минтақавӣ), ки мақомоти ваколатдор оид ба бастани қарордод барои истифодаи қаъри замин дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, ҳисоб карда мешавад.
Дар ҳолати як рӯз қабл аз рӯзи интишори шартҳои озмун ё имзои протоколи гуфтушунидҳои мустақим оид ба истифодаи қаъри замин нашр нагардидани котировкаи расмиии нархи намудҳои дахлдори канданиҳои фоиданок, котировкаҳои расмии нархи рӯзи охирон, ки аз ин пеш чунин котировкаи нарх нашр шуда буд, истифода бурда мешавад.
Дар ҳолате, ки нархи биржавии канданиҳои фоиданок муқаррар нашудааст, арзиши захираҳои канданиҳои фоиданоки дар сохтмон истифодашаванда, бо дарназардошти нархҳои миёнаи сметавии масолеҳи сохтмонии аз ҷониби Комиссияи байниидоравии Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда қабул карда мешавад. Дар ҳолатҳои дигар арзиши захираҳои канданиҳои фоиданок аз рӯйи нархҳои таҳвили на кам аз ду субъекти соҳибкорӣ дар шаҳр, ноҳия ё минтақаи дахлдор аз ҷониби мақомоти ваколатдор оид ба бастани қарордод барои истифодаи қаъри замин дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурин Тоҷикистон муайян карда мешавад.