Тартиби гузаронидани экспертизаи ҳатмии андози қарордодҳои истифодаи қаръи замин
1) Тартиби мазкур мутобиқи моддаи 278 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.
2) Мутобиқи моддаи 278 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми қарордодҳое, ки байни тарафҳои аҳдкунанда баста мешаванд, то лаҳзаи имзо шуданашон бояд аз экспертизаи ҳатмии андоз гузаранд. Ин муқаррарот нисбати тағйирот ва иловаҳое, ки ба қарордодҳои қаблан басташуда ворид карда мешаванд, низ татбиқ мегардад.
3) Барои гузаронидани экспертизаи ҳатмии андоз дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи оид ба гузаронидани экспертизаи ҳатмии андози қарордодҳои (лоиҳаи қарордодҳои) истифодаи қаъри замин (минбаъд- Комиссия) бо намояндагии баробари кормандони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Раиси Комиссия намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раис - намояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
4) Ҳамаи лоиҳаҳои қарордодҳои (қарордодҳои) истифодаи конро тарафҳои аҳдкунанда барои гузаронидани экспертизаи ҳатмии андоз ба Комиссия пешниҳод менамоянд. Дар мавриди зарурат Комиссия дар доираи мӯҳлати баррасии қарордод (лоиҳаи қарордод) метавонад иттилооти иловагиро, ки ба қарордод (лоиҳаи қарордод) алоқамандӣ дорад, талаб намояд.
5) Комиссия дар мӯҳлати як моҳ қарордоди (лоиҳаи қарордоди) истифодаи қаръи замин ва ҳуҷҷатҳои ба онҳо алоқамандро баррасӣ менамояд ва хулосаи экспертизаи андозро оид ба мутобиқати он ба қонунгузории андоз, нисбати сатҳи гаронии андоз ва дигар ҷанбаҳои андозбандӣ медиҳад.
6) Хулосаи экспертизаи андоз оид ба қарордодро (лоиҳаи қарордодро) раис ва муовини раиси Комиссия имзо намуда, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд ва ба он мӯҳрҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд.
7) Хулосаи экспертизаи андоз дар 4 нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум ба истифодабарандаи кон, нусхаҳои дигар ба Саридораи
геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд ва дар парвандаҳои Комиссия нигоҳ дошта мешаванд.
8) Дар матни ниҳоии қарордод дарҷ карда шудани меъёри мувофиқашудаи андоз ҳатмӣ мебошад.
9) Меъёри андози муқаррарнамудаи қарордоди истифодаи қаъри замин, ки тибқи тартиби муқарраргардида баста шудааст ва аз экспертизаи ҳатмии андоз гузаштааст, то ба охир расидани мӯҳлати амали қарордоди мазкур бетағйир, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар банди 10 Тартиби мазкур пешбинӣ гардидаанд, амал мекунад.
10) Дар сурати ворид гардидани тағйирот ба қонунгузорӣ баъди санаи имзои қарордод, ки боиси ғайриимкон гардидани риояи шартҳои ибтидоии қарордод мешаванд ё боиси тағйирёбии назарраси шартҳои умумии иқтисодии он мегарданд, истифодабарандаи қаъри замин ва намояндагони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба қарордод тағйирот ё тасҳеҳоте ворид намоянд, ки барои барқарор намудани манфиатҳои тарафҳо дар лаҳзаи имзои қарордод зарур мебошанд. Тағйирот ё тасҳеҳоти мазкури шартҳои қарордод дар муддати шаст рӯз аз лаҳзаи огоҳонии хаттии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё истифодабарандаи қаъри замин ворид карда мешаванд. Дар айни ҳол тасҳеҳоте, ки ба қарордод ворид карда мешаванд, бояд тибқи тартиби муқарраргардидаи маъмул мавриди экспертизаи андоз қарор дода шаванд.
11) Маводҳои экспертизаи андози қарордодҳои истифодаи қаръи замин бояд дар тӯли тамоми мӯҳлати татбиқи қарордод ва се сол баъди ба анҷом расидани мӯҳлати амали он нигоҳ дошта шаванд.