ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1997 "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, №23-24, мод. 350; соли 2003, №8, мод. 458; соли 2006, №4, мод. 200; соли 2007, № 3, мод. 177) тағйироти зайл ворид карда шаванд:
1. Дар қисми чоруми моддаи 12 калимаҳои "комиссияи экспертии тиббию меҳнатӣ" ба калимаҳои "Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ" йваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 15 калимаҳои "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шуғли аҳолӣ" ба калимаҳои "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" иваз карда шаванд.
3. Дар қисми якуми моддаи 17 калимаи "профилактикӣ" ба калимаи "пешгирикунанда" ва дар сархати якуми қисми дуюми ҳамин модда калимаи "муҳофизати" ба калимаи "ҳимояи" ва калимаи "меҳнаткашон" ба калимаи "кормандон" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
30 июли соли 2007 № 332
ш. Душанбе
30 июли соли 2007 № 332
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ"
...