ЮНЕСКО КОНВЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА МУБОРИЗА БО ДОПИНГ ДАР ВАРЗИШ Париж, 19 октябри соли 2005
Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мубориза бо допинг дар варзиш
Конференсияи генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, ки минбаъд "ЮНЕСКО" номида мешавад, дар иҷлосияи 33-юми худ, ки 3-21 октябри соли 2005 дар Париж баргузор гардид,
бо дарназардошти он ки мақсади ЮНЕСКО мусоидат ба таҳкими сулҳ ва амният тавассути тавсеаи ҳамкории халқҳо дар соҳаи маориф, илм ва фарҳанг маҳсуб меёбад,
ба санадҳои байналмилалии мавҷудаи ба ҳуқуқи инсон дахлдошта истинод оварда,
қатъномаи 58/5 қабулнамудаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 3 ноябри соли 2003, ки ба варзиш ҳамчун воситаи ёрирасони тарбия, саломатӣ, рушд ва сулҳ дахл дорад, аз ҷумла банди 7 онро ба инобат гирифта,
бо дарки ин, ки варзиш бояд дар ҳифзи саломатӣ, тарбияи ахлоқӣ, фарҳангӣ ва ҷисмонӣ, инчунин дар мусоидат ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳи байналмилалӣ бояд нақши муҳимро бозад,
зарурати ҳавасмандӣ ва ҳамоҳангсозии ҳамкории байналмилалиро, ки ба решакан намудани допинг дар варзиш нигаронида шудааст, таъкид намуда,
оид ба истифодаи допинг аз ҷониби варзишгарон дар варзиш ва оқибатҳои он ба саломатии онҳо, ба принсипи бозии одилона, решакан намудани қаллобӣ ва ояндаи варзиш изҳори нигаронӣ намуда,
хатари допингро ба принсипҳои одоб ва арзишҳои тарбиявии тасдиқнамудаи Хартияи байналмилалии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ЮНЕСКО ва Хартияи олимпӣ эҳсос намуда,
Конвенсияро оид ба мукобили истифодаи допинг ва Протоколи иловагӣ ба он, ки дар доираи Созмони Аврупо қабул гардидаанд ва воситаҳои ҳуқуқи байналмилалии оммавиеро, ки ба онҳо сиёсати кишварҳо ва ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаи мубориза бо допинг такя мекунанд, ёдовар шуда,
ба тавсияҳои оид ба масъалаи допинг, ки дар конференсияҳои байналмилалии дуюм, сеюм ва чоруми вазирон ва кормандони роҳбарикунанда ташкил намудаи ЮНЕСКО дар Москва (с. 1988), Пунта- дель-Эсте (1999) ва Афина (с.2004) оид ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш қабул гардидаанд, инчунин ба қатъномаи 32С/9, ки Конференсияи генералии ЮНЕСКО дар иҷлосияи 32-юми он (с. 2003) қабул кардааст, истинод карда,
Кодекси умумиҷаҳонии зидди допингро, ки аз чониби Агентии умумиҷаҳонии зиддидопингӣ аз 5 марти соли 2003 дар Копенгаген дар Конференсияи умумиҷаҳонӣ оид ба допинг дар варзиш, инчунин Эъломияи Копенгагенро оид ба мубориза бо допинг дар варзиш ба назар гирифта,
инчунин таъсиреро, ки варзишгарони номдор ба ҷавонон мерасонанд, ба инобат гирифта,
зарурати гузаронидан ва ба таври доимӣ вусьат бахшидани тадқиқотҳоро барои ташаккули усулҳои ошкор намудани допинг ва омӯзиши нисбатан амиқи омилҳои ба истифодаи он таъсиркунандаро ба мақсади таъмини самаранокии бештари стратегияи пешгирии истифодаи допинг ба ҳисоб гирифта,
...