Низомномаи Гурӯҳи миллии ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба масъалаҳои татбиқи Стратегияи миллии идора намудани сарҳад аз 1 августи соли 2011 № 371

Санаи амалкуни: 12.12.2019

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 августи соли 2011, № 371

тасдиқ шудааст

Низомномаи Гурӯҳи миллии ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба масъалаҳои татбиқи Стратегияи миллии идора намудани сарҳад

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.12.2019 № 623)

1) Гурӯҳи миллии ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба масъалаҳои татбиқи Стратегияи миллии идора намудани сарҳад (минбаъд-Гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ) мақоми машваратӣ буда, дар давраи амалигардонии Стратегияи миллии идора намудани сарҳад (минбаъд Стратегия) таъсис дода мешавад ва фаъолияти вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба татбиқи Стратегия ҳамоҳанг месозад.

2) Дар фаъолияти худ Гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳамчунин мутобиқи Низомномаи мазкур амал менамояд.

3) Вазифаи асосии Гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ таъмин намудани татбиқи ҳамоҳангшудаи Стратегия аз ҷониби вазорату идораҳо мебошад.

4) Бо мақсади иҷрои вазифаҳои гузошташуда Гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:

- ташкили фаъолияти муштарак ва ҳамоҳангсозӣ байни вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми омодасозии пешниҳодҳо оид ба татбиқи Стратегия;

- банақшагирӣ ва муайянсозии афзалиятҳо дар татбиқи Стратегия;

- назорати аз ҷониби вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намудани нақшаи татбиқи Стратегия ва карорҳое, ки аз ҷониби Гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ қабул шудаанд;

- таъмини алоқаи доимӣ бо созмонҳои байналмилалии манфиатдор ва кишварҳои мададрасон, ки дар татбиқи Стратегия иштирок мекунанд, иттилоотонии онҳо дар бораи рафти татбиқи Стратегия;

- пешкаш кардани пешниҳодҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи Стратегия, иттилоотонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти татбиқи Стратегия.

5) Гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ ҳуқуқ дорад:

- бо тартиби муқарраршуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи татбиқи Стратегия таклифҳо пешниҳод кунад;

- аз вазорату идораҳои дахлдор дар бораи амалисозии Стратегия пешниҳодҳо қабул намояд;

- бо вазорату идораҳои дахлдор масъалаҳои вобаста ба амалисозии Стратегия ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ҳамоҳанг созад;

- дар ҷаласаҳои худ гузоришҳои вазорату идораҳои дахлдорро оид ба татбиқи чорабиниҳои мушаххас, ки дар Нақшаи иҷрои Стратегия пешбинӣ шудаанд, гӯш кунад, пешниҳод кардани маводи заруриро талаб намояд;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалии манфиатдор ва кишварҳои мададрасон лоиҳаҳоро барои ворид кардан ба буҷети давлатӣ ва дастрас кардани кӯмаки байналмилалӣ пешниҳод намояд;

- гурӯҳҳои кории байниидоравӣ ва комиссияҳои коршиносонро барои амалисозии бандҳои алоҳидаи Стратегия таъсис диҳад;

- аз вазорату идораҳои дахлдор иттилоот дар бораи лоиҳаҳои ба нақша гирифта ва амалишавандаро дархост намояд, ки ба масъалаҳои идора намудани сарҳад вобастаанд;

- бо тартиби муқарраршуда барои кор дар Гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ кормандони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷалб намояд.

6) Ҳайати Гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

7) Раиси Гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ, ҳамзамон ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои татбиқи Стратегия буда, дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- фаъолияти Гурӯҳи ҳамоҳангсозиро роҳбарӣ менамояд;

- роҳбарии умумии фаъолияти Котиботи байниидоравиро амалӣ менамояд;

- барномаҳо ва нақшаҳои кории Гурӯҳи ҳамоҳангсозиро тасдиқ менамояд;

- вазифаҳоро байни аъзои Гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ тақсим менамояд;

- назорати бевоситаро аз рӯи иҷрои қарорҳои Гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ амалӣ менамояд;

- дар ҳамоҳангсозӣ бо аъзои Гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ афзалиятҳоро дар татбиқи Стратегия муайян менамояд;

- низомнома ва ҳайати Котиботи байниидоравиро тасдиқ менамояд;

Гурӯҳи ҳамоҳангсозро дар муносибат бо созмонҳои байналмилалии манфиатдор ва кишварҳои мададрасон муаррифӣ менамояд;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи Стратегия ҳисобот медиҳад.

8) Барои ташкили кор ва таъмини фаъолияти Гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ Котиботи байниидоравӣ таъсис дода мешавад (минбаъд Котибот), ки мақоми кории Гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ мебошад.

9) Котибот фаъолияти худро дар асоси Низомнома, ки аз ҷониби Гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ тасдиқ мегардад, ба poҳ монда, вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:

- ташкил ва роҳбарии фаъолияти гурӯҳҳои кории байниидоравӣ оид ба масъалаҳои татбиқи Стратегия;

- ташкили ҳамоҳангсозӣ ва фаъолияти муштарак байни вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалии манфиатдор ва кишварҳои мададрасон ҳангоми таҳияи пешниҳодот ва татбиқи лоиҳаҳо;

- баҳисобгирӣ, таҳлил ва ба танзим даровардани лоиҳаҳо дар соҳаи идора намудани сарҳад, ки аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ва созмонҳон байналмилалии манфиатдор ва кишварҳои мададрасон татбиқ мешаванд;

- расонидани кӯмаки методӣ, машваратӣ ва техникӣ ба вазорату идораҳо, гурӯҳҳои кории дохилиидоравиву байниидоравӣ оид ба омодасозии пешниҳодҳо, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои мушаххас;

- ҷамъоварӣ, таҳлил, арзёбӣ ва ҷамъбасти пешниҳодоте, ки аз ҷониби гурӯҳҳои кории байниидоравии вазорату идораҳо оид ба татбиқи Стратегия ворид мешаванд, пешниҳоди онҳо барои тасдиқи Гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ;

- муаррифии лоиҳаҳои аз ҷониби Гурӯҳи байниидоравӣ тасдиқшуда дар назди созмонҳои байналмилалии манфиатдор ва кишварҳои мададрасон, ташкили татбиқи ин лоиҳаҳо ва назорат аз ҷараёни иҷрои онҳо, огоҳсозии донорҳо дар бораи рафти татбиқи Стратегия;

- таъмини алоқаи доимӣ бо созмонҳо ва донорҳои байналмилалӣ, баргузор намудани машваратҳо, мизҳои мудаввар, мулоқотҳои кӯтоҳ ва семинарҳо;

- пеш бурдани коргузории Гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ, омодасозии ҷаласаҳо ва таҳияи маводҳои ҷаласаҳои Гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ, омодасозӣ ва пешниҳоди гузоришҳо ба Гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ дар бораи фаъолияти вазорату идораҳо, гурӯҳҳои кории дохилиидоравӣ ва байниидоравӣ дар доираи татбиқи лоиҳаҳо;

- омодасозии пешниҳодҳо оид ба ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Стратегия ва Нақшаи иҷрои он.

10) Ҳайати Котибот аз намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар татбиқи Стратегия иштирок мекунанд, иборат буда, ба ҳайати он метавонад дар асоси созишҳои дуҷониба бо созмонҳои байналмилалии манфиатдор ва кишварҳои мададрасон, мушовирони байналмиллаливу миллӣ ва кормандони маъмуриву техникӣ ба кор ҷалб карда шаванд.

11) Гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ фаъолияти худро мутобиқи барномаву нақшаҳои аз ҷониби он тасдиқшуда ташкил менамояд.

Ҷаласаҳои Гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ ҳангоми зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар як семоҳа, баргузор мешаванд.

12) Қарорҳои Гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ дар сурате қабул мегарданд, ки агар дар онҳо камаш аз се ду ҳиссаи аъзои Гурӯҳи ҳамоҳагсозӣ иштирок дошта бошанд. Қарорҳо бо аксарияти умумии овозҳои аъзои ҳузурдоштаи Гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ қабул карда мешаванд.

13) Қарорҳои Гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ ба таваҷҷӯҳи мақоми манфиатдор дар шакли иқтибос аз протоколи ҷаласаҳои Гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ расонида мешаванд.

14) Тавсияҳои Гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ, ки ба ҳалли масъалаҳои бо татбиқи Стратегия алоқамандандбуда мусоидат менамоянд, бояд бо тариқи ҳатмӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ баррасӣ карда шаванд.

 

Таҳрири нав (қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.12.2019 № 623)

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 декабри соли 2019, № 623

тасдиқ шудааст

 

Ҳайати Гурӯҳи миллии ҳамоҳангсозии байни идоравӣ оид ба масъалаҳои татбиқи Стратегияи миллии идора намудани сарҳад

 

1. Раиси Гурӯҳи миллии ҳамоҳангсозии байнмидоравӣ, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои татбиқи Стратегияи миллии идора намудани сарҳад - муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон-фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Муовини раиси Гурӯҳи миллии ҳамоҳангсозии байниидоравӣ - муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

3. Аъзои Гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ:

- муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон;

- муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини якуми фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

- сардори сарситоди қӯшунҳои сарҳадии Кумитам давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон.

 

 

 

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 1 августа 2011 года, №371

Положение о Национальной межведомственной координационной группе по вопросам реализации Национальной стратегии управления границами

(в редакции постановления Правительства РТ от 12.12.2019г.№623)

1) Национальная межведомственная координационная группа по вопросам реализации Национальной стратегии управления границами (далее - Координационная группа) является консультативным органом, создаваемым на весь период реализации Национальной стратегии управления границами (далее - Стратегия), координирующим деятельность министерств и ведомств Республики Таджикистан по вопросам реализации Стратегии.

2) В своей деятельности Координационная группа руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами и иными нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан, а также настоящим Положением.

3) Основной задачей Координационной группы является обеспечение скоординированной реализации Стратегии министерствами и ведомствами Республики Таджикистан.

4) В целях выполнения возложенных задач, Координационная группа осуществляет следующие функции:

- организация взаимодействия и координация деятельности министерств и ведомств Республики Таджикистан при подготовке предложений по реализации Стратегии;

- планирование и определение приоритетов в реализации Стратегии;

- осуществление контроля за выполнением министерствами и ведомствами Республики Таджикистан плана реализации Стратегии и решений, принятых Координационной группой;

- поддержание контактов с заинтересованными международными организациями и странами-донорами, участвующими в реализации Стратегии, их информирование о ходе её реализации;

- представление предложений Правительству Республики Таджикистан по реализации Стратегии, информирование Правительства Республики Таджикистан о ходе реализации Стратегии.

5) Координационная группа имеет право:

- вносить в установленном порядке в Правительство Республики Таджикистан предложения по реализации Стратегии;

- получать у соответствующих министерств и ведомств предложения по реализации Стратегии;

- согласовывать с соответствующими министерствами и ведомствами вопросы, связанные с реализацией Стратегии и совершенствования нормативной правовой базы;

- заслушивать на своих заседаниях отчеты соответствующих министерств и ведомств по реализации конкретных мероприятий, предусмотренных Планом реализации Стратегии требовать представления необходимых материалов;

- создавать межведомственные рабочие группы и экспертные комиссии для реализации отдельных пунктов Стратегии;

- запрашивать в заинтересованных министерствах и ведомствах информацию о планируемых и реализуемых проектах, касающихся вопросов управления границами;

- привлекать в установленном порядке для работы в Координационную группу работников заинтересованных министерств и ведомств Республики Таджикистан.

6) Состав Координационной группы утверждается Правительством Республики Таджикистан.

7) Председатель Координационной группы одновременно является Национальным координатором по вопросам реализации Стратегии и осуществляет следующие полномочия:

- осуществляет руководство деятельностью Координационной группы;

- осуществляет общее руководство деятельностью Межведомственного секретариата;

- утверждает программы и планы работы Координационной группы;

- распределяет задачи между членами Координационной группы;

- осуществляет непосредственный контроль за выполнением решений Координационной группы;

- по согласованию с членами Координационной группы определяет приоритеты в реализации Стратегии;

- утверждает положение и состав Межведомственного секретариата;

- представляет Координационную группу в отношениях с заинтересованными международными организациями и стран-доноров;

- отчитывается перед Правительством Республики Таджикистан о результатах деятельности Координационной группы и реализации Стратегии.

8) Для организации работы и обеспечения деятельности Координационной группы создается Межведомственный секретариат (далее - Секретариат), который является рабочим органом Координационной группы.

9) Секретариат осуществляет свою деятельность в соответствии с Положением, утверждаемым Координационной группой и осуществляет следующие функции:

- организация и руководство работой межведомственных рабочих групп по отдельным вопросам реализации Стратегии;

- организация координации и взаимодействия между министерствами и ведомствами и международными донорами при разработке предложений и реализации проектов;

- ведение учета, анализа и систематизации реализуемых соответствующими министерствами и ведомствами и международными организациями проектов в области управления границами;

- оказание методической, консультационной и технической помощи министерствам и ведомствам, внутриведомственным и межведомственным рабочих группам по подготовке предложений, разработке и реализации конкретных проектов;

- сбор, анализ, оценка и обобщение предложений поступающих из межведомственных рабочих групп и министерств и ведомств по реализации Стратегии, их представление на утверждение Координационной группы;

- представление (презентация) проектов утвержденных Межведомственной группой перед странами донорами, организация реализации этих проектов и контроль за ходом их исполнения, информирование доноров о ходе реализации Стратегии;

- поддержание контактов с международными донорами, проведение консультаций, круглых столов, брифингов и семинаров;

- ведение делопроизводства Координационной группы, подготовка заседаний и материалов к заседаниям, подготовка и представление отчетов о деятельности министерств и ведомств, внутриведомственных и межведомственных рабочих групп о ходе реализации проектов Координационной группе;

- подготовка предложений по внесению изменений и дополнений в Стратегию и План её реализации.

10) Секретариат состоит из представителей министерств и ведомств Республики Таджикистан, участвующих в реализации Стратегии, а также может включать международных и национальных советников и вспомогательных работников, предоставляемых международными организациями или двусторонними донорами на основе взаимной договоренности.

11) Координационная группа организует свою работу в соответствии с утверждаемыми ею программами и планами.

Заседания Координационной группы проводятся по мере необходимости, но не менее одного раза в квартал.

12) Решения Координационной группы принимаются при условии присутствия на его заседании не менее двух третей её членов. Решения принимаются простым большинством голосов присутствующих членов Координационной группы.

13) Решения Координационной группы доводятся до заинтересованных органов в виде выписок из протокола заседаний Координационной группы.

14) Рекомендации Координационной группы, способствующие решению вопросов, связанных с реализацией Стратегии, в обязательном порядке должны рассматриваться соответствующими государственными органами.

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 12 декабря 2019 года, №623

Состав Национальной межведомственной координационной группы по вопросам реализации Национальной стратегии управления границами

1. Председатель Национальной межведомственной координационной группы, Национальный координатор по вопросам реализации Национальной стратегии управления границами - первый заместитель председателя Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан - командующий пограничными войсками Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан.

2. Заместитель председателя Национальной межведомственной координационной группы - заместитель министра иностранных дел Республики Таджикистан.

3. Члены Координационной группы:

- заместитель председателя Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан;

- заместитель министра юстиции Республики Таджикистан;

- заместитель министра финансов Республики Таджикистан;

- заместитель министра экономического развития и торговли Республики Таджикистан;

- заместитель министра внутренних дел Республики Таджикистан;

- заместитель министра транспорта Республики Таджикистан;

- заместитель министра здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан;

- заместитель министра труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан;

- заместитель председателя Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан;

- первый заместитель председателя Государственного комитета по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан;

- заместитель председателя Комитета продовольственной безопасности при Правительстве Республики Таджикистан;

- заместитель директора Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан;

- заместитель директора Агентства по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан;

- первый заместитель командующего пограничными войсками Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан - начальник главного штаба  пограничных войск Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан;

- первый заместитель начальника Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан;

- заместитель директора Агентства гражданской авиации при Правительстве Республики Таджикистан.